Фанни Педагогика

Маълумоти оли дар давраи муосир

Аз таърихи афкори тарбия ва таълим:

а)   Общинаи ибтидой.

б)   Давраи атиқа.

в)   Давраи миёна.

г)    Таҷаддуд.

  1. Маориф, мактаб дар Осиёи Марказӣ аз давраи қадимтарин то давраи ҳозира.

Адабиёт:

1-. Ғафуров Б. Таджики. 1-2 книги.-Д.,: Ирфон, 1989.

  1. Ильина Т.А. Педагогика. Курс лекций.- М.,Просвещение, 1988.
  2. Константинов Н.А. Медынский Е.Н., Шабаева М.Ф. История педагогики.-М.,: Просвещение, 1984.
  3. Педагогикаи мактаб. Зери таҳр. Г.И. Шукина.- Д.,:Маориф,1988.
  4. Педагогика и психология высшей школы. Для студентов вузов.-Ростов-на- -Дону.,:Феникс,1988.
  5. Пулодов И. Асосхои педагогикаи умумӣ.-Хуҷанд,2000.

САРСУХАН

Дар шароити кунунӣ барои Тоҷикистон ва тоҷикистониён нисбати маълумоти олй талабот торафт меафзояд. Одамон дарк карда истодаанд, ки маълумоти олӣ фактори асосии прогресси иқтисодӣ-сотсиалӣ аст. Сабаби ба он аҳамият додан дар он аст„ ки инсон капитали асосии пурқимат ҳисобида мешавад ва маҳз ӯ қувваи худро барои ҷустуҷӯи дониши нав ва қабули қарорҳои ғайристандартӣ равона мекунад.

Инкишофи инсонро бошад фақат аз назари иқтисодй ва техникй ба худ тасаввур кардан хато мебуд, чунки инкишофи оянда бештар ба дараҷаи маданият, дарк ва донишмандии инсон вобастагй дорад.

Аз руи исботи олимон-чомеашиносон даврахои инкишофи инкилоби илми техники ва намунахой чомиаи’ ба даврахо мувофйкро мисол меоварем, ки нешгуи шудаанд:

1945

Инқилоби бо автоматика алоқаманд Ҷомеаи автоматикунонй 1974

Инқилоби бо кибернетика алоқаманд Ҷомеаи кибернетикй 2004

Инқилоби бо бионика алоқаманд Ҷомеаи ОПтималекунонӣ 2025

Инқилоби бо психонетика алоқаманд Ч,омсаи худмухтор 2033

Инкишофи бо мегапсихонетика алоқаманд

Ҷомеаи табий

Дар пешрафт ва ҳалли масъалаҳои бузурги одамият имрузҳо роли аз ҳама муҳимро маълумот мебозад. Дар яке аз ҳуҷҷатҳои ЮНЕСКО /Доклад о положении дел в мировом образовании за 1991г.-Париж, 1991/ омадааст, ки сиёсати ба мубориза алайҳи қашшоқй, кам кардани фоизи фавти кӯдакон ва беҳтаргардонии саломатии ҷомеа, ҳифзи муҳити зист, мустаҳкам намудани ҳуқуқи инсон,беҳтар намудани ҳамдигарфаҳмй ва ғанй гардонидани маданияти миллӣ бе маълумоти ба талаботи замон мувофиқ ҳалнашаванда мемонад.

Инкишофи ҷомеаи имрӯза системаи нави маълумотро металабад, яъне дар одамон таъмин намудани қобилияти мутобиқи лоиҳавй, ҷавобгарй ба он, боварй ба худ ва таъсири онро ба қобилияти касбии худ барои оянда ташаккул дихад.

Яке аз камбудии ҷавонони мо дар он аст, ки бо сабабҳои гуногун худро аз донишгирй ба канор мегиранд, яъне худро фирефта намуда, маблағи сарфшудаи буҷаи оилавиашонро беҳуда масраф мекунанд, бйлохир чунин кутоҳандешӣ барои соҳаҳои хоҷагии халқамон дар оянда зарар хоҳад овард.

  1. Аз таърихи афкори тарбия ва таълим

Ҳар кас, ки таърихи инкишофи халки худ, маорифу фарҳанг ва маданияти миллаташро наомӯзад, донад, ки барои ояндаи халқи худ хизмат карда наметавонад. Бинобар он бо орзуи ба халқи худ хизмат расонидан зарур шуморидем, ки мухтасаран бо гузаштаи тарбияи аз сар ғузаронида инсоният маълумот пайдо кунем.

А) Тарбия ва таълим дар обшинаи ибтидой.

\Мақсад ва мазмуни тарбия дар ин давра аз инкишоф додани малакаи меҳнатй, содиқ будан ба авлоду аҷдод, дар итоати бечунучарою .риояи анъанаҳо ва иҷрои нормаҳои рафтори қабилаҳоро ба ҷо овардан иборат буд. Ҷои намоёнро дар тарбияи общинаи ибтидоӣ бози ишғол менамуд, ки ба намудҳои меҳнати аъзоёни калонсоли қабилаҳо монандӣ дошт-шикор, моҳидорй ё дигарҳо.

■ Бояд қайд кард, ки ҷазои меҳнатй ҳамчун воситаи тарбия мавҷуд набуд ё ниҳоят кам буда, дар ҳолати зарурӣ истифода мешуд.

. Аввалин нишонаҳои маълумотдиҳй дар мамолики Шарқи Қадим/Ҳиндустон, Чин, Ассирия,. Вавнлон… / пайдо шудаанд. Се типи мактабҳо васеъ паҳн шудаанд: динӣ, дарборй, ҳарбӣ.

Мактабҳои динй дар калисоҳо руҳониёнро тайёр меқардаанд.

Мактабҳои дарборӣ амалдоронро барои кори идораи хоҷағй-маъмурӣ тайёр мекарданд.

Мактабҳои харбй фармондеҳони ҳарбиро тайёр мекарданд.

Дар мактабҳои динӣ бисёрфаннӣ ба чашм мерасид: ба ғайр аз хат, ҳисоб ва хониш, ҳуқуқ, астрология, тиб ва як қатор фанҳои динӣ омузонда мешуд. Таҳсил дурудароз /10 сол/ ва ҳам қимат буду фақат ба фарзандони доро хизмат мекард. Духтарон таҳсил намекарданд. Дар мактабҳо интизоми чӯбӣ ҳукмфармо буд, дарс аз саҳарии барвақт то бевақтии шаб давом мекард.

Б) Давраи атиқа.

Дар Юнони Қадим ва Рим афкори педагогӣ бо татбиқаш ру ба тараққи ниҳод. Дар Юнони Қадим асосан ду

системай тарбия ба назар мерасид: сдартагӣ ва афинагй.

Маълумот дар давлати спартагиҳо дар дасти ғуломдорон буд. Системаи ҷамъиятии тарбия асосӣ дониста мешуд. Фарзандони ғуломдорон аз 7 то 15- солагӣ берун аз оила хондан, навиштан, ҳисоб карданро меомухтанд ва тайёрии ҷисмонию ҳарбӣ мегирифтанд. Аз 15 то 20-солагй спартагиҳои ҷавон тарбияи мусиқӣ. омӯхта, тайёрии пухтаи ҷисмонй-ҳарбй мегирифтанд. Ба соволҳо ҷавоби кутоҳ ва равшан додан аҳамияти хосса медоданд. Бо ин санъат сокинони Лакония /вилояти Спарта/ машҳур буданд, ки аз ҳамин ҷо ибораи “услуби лаконй” ба вуҷуд омад.

Спартагиҳои ҷавон тахминан дар 20-солагӣ аз . санҷиш мегузаштанд, ки асосаш аз пуртоқатй иборат буд. Баъдан ба онҳо ҳамчун спартагиҳои баробарҳуқуқ аслиҳа супурда мешуд ва дар ғуломкӯбӣ барои иштирок иҷозат пайдо мекарданд.

^Системаи спартагии тарбия инчунин барои духтарон низ бо шакли осону кӯтоҳ амал мекард. Ба ғайр аз хонадорй, нигоҳубини бачагон, мусиқидонй системаи машқҳои ҷисмонй-ҳарбй бояд мегузаштанд. I

Машқҳои ҷисмонй барои он лозим буданд, ки ҷисми худро пурқувват гардонанд, то ин ки фарзандони солиму пурқувват ба дунё оваранд: давидан, ҷаҳидан, ҳарб, ҳаводиҳи халқа, найзапартоӣ ва ғайра.

Якчанд принсипҳои тарбияи спартагӣ аз карни асрҳо бо ислоҳоташон ба нормаҳои имрӯза омада расидаанд: пуртоқатӣ, фурӯтанӣ, росткорй, бонуфузй дар кори артиши миллӣ.

Системаи тарбияи аФинагихо нисбат ба епартагиҳо пурра ва афзунтар буд. Бачагон то 7-солагй

дар иҳотаи тарбияи оила мемонданд. Аз 7-солагй писарбачагон дар мактабҳои хусусии пулакӣ таҳсил мекарданд. Дар мактаби грамматикй онҳо асосҳои маълумотнокй омӯхта, дертар мусиқӣ, суруд меомухтанд. Дар мактаби кифористӣ бошад, санъати сухаи / декламатсия/ меомӯхтанд.)-Аз синни 12-16-солагй наврасон дар мактаби палестра бо гимнастика щ панҷҳарба /давидан, ҷаҳидан, мубориза, найзапартой, ҳаводиҳии ҳалқа/ машқ мегузаштанд. Ҷавонон аз ошшҳои маъмул аз синни 16-18-солагй маълумотгириро дар гимПшзияҳо давом медоданд, ки дар онҳо фалсафа, адабиёту санъат омӯзонида мешуд.

Дар эфебия дараҷаи аз ҳама баланди маълумот дода мешуд, ки дар он ҷавонони 18-20 сола таҳсил мекарданд: илмҳои сиёсӣ, қонунҳои давлати Афина ва якбора курси махсуси ҳарбии сиёсй мегузаштанд. Тамом кардани таҳсили дусолаи таълим дар эфебия ҳуқуқи пурраи граждании Афинаро медод.

Маълумоти Афинагй характери арҷстократӣ дошт. Дар вай фақат фарзандони синфидоро таҳсил мекарданд ва тамоман аз меҳнат дур буданд. Меҳнат фақат ба души ғулом вогузр шуда буд.

Мактаби ритории М.Ф. Квинтилиан яке аз аввалин мактабҳои аҳамияти давлатй доштаи муассисаи таълимӣ буд. М.ф. Квинтилиан мактабро аз руи педагогикаи гуманистй, озодии безуроварӣ, озод (бе фармонфармой) асоснок кард. Вай ба 3 методи таълим ва тарбия такя менамуд: тақлид, насиҳат, машқ. М.Ф.Квинтилиан қайд карда аст, ки таълими мактабӣ аз инфироди бартарй дорад. Кори илмии асосии вай “ Дастур ба санъати наттоқй” (“Наставления в риторском

искусстве”), ки аз ин асар педагогика сарчашма мегирад.

В) Давраи миёна (аз асри У то XVI) Инкишофи ҳунармандй, савдо дар асри XIII- XIV, ба пайдоиши макотиби сехи бурда расонд. Фарзандони ҳунармандон дар ин мактаб таҳсил намуда маълумоти ибтидой мегирифтанд. Таълим дар хонай ҳунармандон ё дар вақти шогирд истодан дар худи сех ба иҷро мерасид. Мактабҳои Гилдеӣ савдогаронро муттаҳид кард. Дар ин мактаб фарзандони шахсони босарват таҳсил мекарданд.

Фӯодалҳоро системаи тарбияи ҷавонмардй ҳимоя мекард, ки аз 7 корҳои неки ҷавонмардона иборат буд: аспсаворй, заврақронй, найзапартой, шамшербозй, шикор, шоҳмотбозй, шеъргӯй ё мусиқанавозй. Меҳнат аз онҳо тамоман дур буд, ҳатто меҳнати фикрй. Дар онҳо фақат чаққонӣ, роҳбарй карда тавонистан қадр карда мешуд.

Г) Давраи Тачаддуд (Баркароршавӣ).

Ин давра (ХУ-ХУ1), давраи инкишофи муносибатҳои капиталистй, прогресси илму маданият гашт, ки ба ном давраи Таҷаддудро ба миён овард. Аз зурии калтак ба гуманитарикунонй қадам гузошта шуд.

Педагогикаи давраи таҷаддуд ба ҳавасмандгардонии хонанда дар донишгирй ва барпо намудани атмосфераи таълимй аҳамияти беандоза дод, барои хонандагон ҷараёчи хурсандибахш ва ҳавасмандй овард. Бо ҳамин мақсад ҳамаи намудҳои аёният васеъ исгифода мешуд: бозй, экскурсия, дарс дар муҳити табиат, бк ташкили дарс эътибор дода шуд, таълим бо

шавқу завқ ташкил карда мешуд.

Ғояҳои педагогии машҳури чех Я.А.Коменский (1592-1670) ба давраи таҷадцуд рост омад. “Дидактикаи бузург” ном асараш ҳамагонро ба таълимгирии умумй даъват намуд, ки бо забони модарӣ таҳсил кунанд (на бо забони лотинй барои ҳама чун дар давраи асримиёнагй). Вай падари системаи дарсй-синфии таълим ном гирифт, ки дар замони худ дар кори таълим Инқилоби Кабир номидан мумкин аст.

  1. Маориф, мактаб дар Осиёи Марказй дар давраи қадимтарин то охири асри XVII.

Вақто ки ба ҷои ҷамъияти ғуломдорй ҷамъияти феодалй омад, дини буддой ва ислом динҳои асосӣ ҳисобиДа шуданд. Ду забткорон — арабҳо ва муғулҳо ба ҳаёти халқияти таҳҷоӣ дар инкишофу маданият дигаргуниҳои кулли оварданд.

7То забти арабҳо’маданияти Осиёи Марказй бо забони эронӣ ва ҳуруфоти он вобастагӣ дошт. Дар соли 651 арабҳо Марвро, яъне пуштибони охири Сомониёнро ба даст дароварданд, забони арабй ва алифбои онро ҷорй намуданд.

Дар соли 1219 муғулҳо тамоми мамлакатро аз Шимолу Шарқ то баҳри Каспий ғасб намуданд, ки ба адабиёту инкишофи мактаб ва афкори педагогй таъсири манфй расонд. и

Дар давраи азвали феодалй дар Осиёи Марказй бисёр маконҳои новобаста (Хоразм, Бухоро ва диг.) мавҷуд буданд: Ҷанубу Шарқ дар империяи Сосониён буд (226-651), ки “шоҳи шоҳон” ҳисобида мешуд.

Ҷавонон аз оилаҳои феодалҳои барӯманд ба хизмату ҳимояи шоҳон тайёр карда мешуданд ва ба хизмати дарборй фиристода мешуданд.

Дар давраи задухурдҳои ғасбии арабу (VII) муғулҳо (XIII) халқиятҳои қазоқ, тоҷик, узбек, туркман ва дигарҳо ҷудо шуданд.

чВақто ки арабҳо ҳамаро зӯран дар Осиёи Марказӣ мусалмон гардониданд, дар Хоразм сарлашкар Ибни Қутайба тамоми олимони машҳурро, ки навиштаҷоти хоразмиҳоро медонистанд, несту нобуд кард. Инчунин хати Суғдй ва дигарҳоро манъ карда, ягона забони Қуръон — забони дини ислом — забони арабиро ҷорӣ кард./ Дар асрҳои УШ-ХН дар Осиёи Марказӣ мактабҳои (ибтидоӣ) мусалмонй ва мадрасаҳо (типи мактаби миёнаю олй) кушода шуданд.

Дар аери XI дар Самарқанд мактаби дабирӣ (аҳли қалам) ба кор шуруъ кард. Қуръон васеъ паҳн карда шуд ва Қуръоннависӣ (кучондани матнҳо) сармашқ гашт. Ьачагон ҳарфҳоро навишта, баъд онҳоро бо ҳам мепайвастанду мехонданд. Аз имоми одди ёд додану навиштан талаб карда намешуд, фақат Қуръонхонй галаб карда мешуду бас. Дар мактабҳои оддии деҳот хониши Қуръон ба азёдкунй аз хониши муаллим ё- срдамчии вай сурат мегирифт. у*

Фанҳои асосии таълимй дар мадраса фиқҳ, илоҳиёт (богословие) ва ҳуқуқи исломӣ, инчунин филологияи арабй буд. Дар баъзе мадрасаҳо асосҳои илм дар шакли факултативӣ амал мекард.

Дар халифати арабй Эрон ва Осиёи Марказй аввалҳо тарҷумаи Қуръон ба забони дигар манъ буд, ки асрҳо риоя карда мешуд. Дар асри X дар Бухоро Табарӣ

Қуръонро ба забони форсй тарҷума кард, аммо он китобро неот карданд, ҳатто дар асри XII дар Самарқанд шахсеро, ки тарҷумаи Қуръонро ба забони тоҷикй маслиҳат медода аст, сарашро аз танаш ҷудо кардаанд, (1. Самария (Пер. В.Л.Вяткина) Справочная книга Самаркандск. обл. т. VI, 1898.)

Ҳасани Басрй (фавташ 728) ақоиди зиёиёни миллии форсу тоҷикро дар асри XI дар сиёсатнома чунин баён кардааст: “Доно он кас нест, ки луғату ибораҳои забони арабиро зиёд донад, балки оне, ки аз ҳама тараф пурдон бошад”.

^Педагогҳо 2 ҳалли масъаларо пеша карданд: аз тамоми матни Қуръон аз 7 як қисми онро ҷудо карда рисолаи хурд тартиб доданд^/ки барои паҳн кардани ғояҳои ислом дар ноҳияҳои ғайриарабй навсаркардагон китоби пурраи Қуръон ҳисобида мешуд. Дертар ин рисола чун китоби дарсй бо номи Ҳафтяк барои хонанда хизмат кард.

»Барои хонандагони эронзабон энсиклопедияи хурди динй ба забони форсй-точикй мураттаб сохта шуд, ки аз чор рисолача (Чоркитоб) иборат шуд.

^Дар соли 1219 ба Осиёи Марказй ва Қазокистон муғулҳо аз тарафи Шарқ ҳамла оварданд.ҶЦар давоми се сол таъсири бузурги манфй ба ҳамаи соҳаҳо расонида шуд. Дар асри XVI халқиятҳои қазоқ, қароқалпок, қиргиз пайдо шуданд, корҳои дипломатию тиҷоратӣ бо давлати Рус пурзур гардонида шуд.

Қабилаҳои туркман, ки аввалҳо “огуз” ном доштанд дар давраи баъди гасби муғул аз китоби дарсии Ахмад Ясавй дарс меомӯхтанд. Сониян аз китоби “Ҳафтяк”, “Чоркитоб” хонандагони синни калони

I уркман аз узбекон бисёртар шеърҳои Ҳофизро бо забони форсӣ мехонданд.

Дар соли 1464 аз тарафи Вафой бо забони гуркмании қадим рисолаи “Равнақулислом” навишта шуд.

Китоби Абдураҳмони Ҷомӣ (асри XV) аз | рамматикаи забони арабӣ, китоби Бурҳониддин Чарниҷӣ “Ҳикматҳо дар роҳи таълим” барои хонандагони дар оянда таҳсилро давом диҳанда дар мадрасаи мусалмонии дар ҷаҳон машҳури Бухоро таълиф шуданд.

Аз мадрасаҳои машҳур мадрасаи Бухоро, се мадрасаҳои майдони Регистони Самарқанд, маркази илмй-расадхонаи Улуғбек, таблисаи кайҳонии Улуғбек ва феҳристӣ 900 истораҳо, ки бо чашми оддӣ ба назар мерасанд ба илми дунёй ворид шудаанд.

Т1ас аз ба итмом расидани тохтутози муғулҳо дар Осиёи Марказӣ илму дониш ҷои худро пайдо кард, рисолаҳои бисёр эҷод карда шуданд. Алоқаи илм бо эҷодиёти даҳанакии халқ мустаҳкам шуд. На фақат дар шаҳрҳо, балки дар тамоми гушаю канори мамлакат, қишлоқҷойҳо хондани шеърҳои шоирон, афсонаҳои халқӣ барои маърифатнокгардонии халқ муҳайё гардид.^

Маориф ва мактаб (асри ХУШ-авв. XIX)

Дар мазмуни мундариҷаи маълумоти классикй дигаргуниҳои кулли ба вуҷуд омад. Дар гимназияҳое, ки ба идеали Рими Қадим-итткишофи гармоникии шахс такя мекард, мақоми риёзиёт бо мақоми забонҳои қадима баробар карда шуда, фанҳои забони модарй, таърих, ҷуғрофия, табиатшиносй ҷои намоёнро ишғол намуд.

Дар Руеия гимназияҳои давлатӣ аз руи низомномаҳои соли 1804 кушода шуданд, ки дар давраи инкишофи маълумоти классикиро тартиб дод ва то инқилоби Октябр ҳамчун типи асосии муассисаи маълумоти умумии миёна хизмат кард.

Маориф дар асри XX ва муосир

Дар ин давра дар қатори мактабҳои мйёнаи классикй мактабҳои касбие, ки талаботи болоравии савдо ва истеҳсолотро бояд қонеъ мегардонад, васеъ карда шуд. Якумин мактабҳои реалй дар Русия ва Олмон дар аввали асри XVIII пайдо шуданд. Якумин дар ҷахон муассиеаи маълумоти реалӣ дар Маскав 14 январи 1701 бо Укази Пётри I мактаби илми риёзй ва навигатсионӣ кушода шуд. Дар назди мактаб вазифаи тайёр намудани мутахассисони соҳаи ҳарбй ва ҳарбӣ-баҳрй гузошта шуд. Як қисми тамомкунандагони ин мактаб омӯзгорони риёзй таъин гаштанд. Маълумоти реалӣ якҷоя дар мубориза бо клаесикӣ инкишоф ёфт.

Дар асри XX дар мамолики мутараққии дунё системаи маълумот аз руи умумият бо нигоҳдории анъаноти халқии хоса амал кард. Маълумоти миёна дар мамолики мутараққии бурунмарзӣ аз руи се типи мактабй амал кард:

  • Мактаби умумии ба ҳама дастрас дар ҳамаи мамлакатҳо-макта’би миёнаи хатмӣ, ки ҳамеша се масъалаҳои “абадй” дошт:

а)  миқдори зт:ёди хонандагон (25-40);

б)  музди паст;

в)  таъминоти камр молие, ки ба талаботи моддию техникӣ номувофиқ мебошад.

Ин гуна мактаб доимо аз сари худ азнавсозй мегузаронд, яъне ислоҳоти муттасил гузаронидан масъаларо ҳал намекард, балки шароитро андак муътадил мегардонид, бинобар он ислоҳотгузаронй барҳам намехурд.

  • Фарзандони оилаҳои давлатманд бо мактаби хусусӣ таъмин буданд. Ин мактабҳо бо таъминоти баланди моддй-техникии худ фарқ мекарданд. Маоши баланди омӯзгорон имкон медод, ки дар асоси конкурс кадрҳои педагогии бехтарин интихоб карда шаванд.
  • Мактабҳои давлатй барои бачагони болаёқат.

Чунин мактабҳо аз тарафи давлат ҳақгузорй карда

мешуд, албатта аз руи нормаи баланд, ки қариб бо мактаби хусусй баробар буд. Ба чунин мактабҳо танҳо хонандагони боистеъдод қабул карда мешуданд. Меъёри асосӣ-ғолибони конкурсҳо, олимпиадаҳо буд. Миқдори чунин мактабҳо ниҳоят кам буданд.

Хусусияти хосаи маълумотро дар мамлакати хориҷии дур (ИМА) агар бинем таълим аз 6-солагӣ то 16-солагӣ хатмй буд. Мактаби ибтидои 6-8 сол, мактаби миёна бо хонандагони хурдсол (синфҳои 7-9), боло (синфхои 10-12) таксим карда мешуданд. Синфҳои боло дар мактаби миёна ба ду касб тақсим мешуданд: академй (бо мақсади ба мактаби олй дохил шудан), амалй (бо мақсади коргар шудан). Миқдори фанҳои интихобӣ то ба 100 адад мерасиданд, аммо миқдори фанҳои ҷатмӣ ниҳоят кам буданд.

Типҳои асосии мактаби олй-донишгоҳҳои нархашон ниҳоят баланд (барои таҳсил): Колумбия, Гарвард, Стенфорд, Принстон. Ба ғайр аз ин маълумоти

олиро дар донишкадаҳо ва коллеҷҳои гуногунсоҳа гирифтан мумкин буд.

Асри XX дар таърихи маълумот, хусусан дар Русия пас аз инқилоби Октябр, инчунин дар Тоҷикистон қариб тамоман аз нав шуд. Мактаб бепул, ба ҳама дастрас гашт, новобаста ба миллат, ҷинс, аҳволи ичтимой, ва мактаб аз масҷид ҷудо карда шуд.

Бо вуҷуди ин мактабу маълумот дар таҳти фишори сахти тарбия буд, ки дар баъзе давраҳо баъзе илмҳо ё самтҳои он тамоман манъ карда шудайд (генетика ва кибернетика). Ҳоло мактаб дар амал аст ва ба ҷои кори таълиму тарбияи плюралистй, принсипи маълумоти элитарӣ (яккачин, сарчин) барои сарватдорон ва мактаб барои фарзандони оилаҳои камбизоат мавҷуд аст. Укази машҳури №1, ки музди мехнати омӯзгоронро то ба дараҷаи ҳадди ақали коркунони саноат мебардорад, фақат дар қоғаз истифода карда мешаваду халос, аммо дар амал не. Бо вуҷуди ин норасоиҳои имрӯзаи халқи тоҷик аз қадимулайём ба қувваи бузурги тарбия бовар карда меояд ва бисёр бузургони миллати тоҷику форс, ба монанди Абӯабдуллои Рӯдакй, Абулқосими Фирдавсй, Муслиҳиддин Саъдии Шерозй, Ҳофизи Шерозй, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомй, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнй, Бобоҷон Ғафуровро ба майдон овардааст, ки шуҳрати ҷахонӣ доранд. Халқи мо боварӣ дорад, ки дар оянда мактаб дар арсаи нав марказу макони маърифат гашта барои пешравии халқи тоҷик ҳиссаи арзанда мегузорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *