Фанни Педагогика

Предмети омузиш ва вазифахои фанни таърихи педагогика ва маориф

Нақша:

  1. Тарбия дар сохти ҷомеаи ибтидоӣ.

2. Тарбия дар сохти ҷомеаи ғуломдорӣ.

3. Тарбия дар сохти ҷомеаи феодалӣ.

Таърихи педагогика ва маориф яке аз соҳаҳои илми педагогика буда, дар бораи таърихи пайдоиш ва тараққиёти мактабу ақидаҳои педагогӣ аз замонҳои қадаим маълумот медиҳад. Таърихи пайдоиши мактаб ва маориф ба якчанд давра ҷудо мешавад:

1. Мактабу маориф аз замонҳои қадим то ғалабаи Револутсияи Кабири Сотсиалистии Октябр.

2. Таърихи мактабу маориф дар замони Шӯравӣ.

3. Мактабу маорифи давлатҳои хориҷӣ.

4. Мактабу маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият.

Одамон дар зинаи аввали тараққиёти ҷамъияти ибтидоӣ, дар ҷамъияти табақавӣ, маҳсулоти тайёри табиатро аз худ менамуданд ва ба шикор машғул мегардиданд. Протсеси пайдо намудани воситаҳои замон бисёр меҳнатталаб буданд. Шикори ҳайвонҳои калон, муборизаи шадид бо табиат танҳо дар шароити калони коллективонаи зиндагӣ, меҳнат талабот имконпазир буд. Ҳама чиз умумӣ буда, дар байни аъзоёни коллектив тафовути иҷтимои вуҷуд надошт.

Дар ҷамъияти ибтидоӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ дар пояи муносибатҳои хешутаборӣ асос ёфта буданд. Дар он тақсимоти меҳнат ва мақоми иҷтимоӣ дар асосҳои биологӣ – таббии қарор ёфта, аз ҳамин ҷиҳат тақсимоти меҳнат дар байни модарону занон ва инчунин ҷудо кардани коллективӣ ҷамъиятӣ аз рӯи сину сол вуҷуд дошт.

Ҷамъияти тоқабилавӣ аз рӯи сину соли ба се гурӯҳ тақсим мешуд: бачаҳо ва наврасон; иштирокчиёни арзанда ва комилҳуқуқи ҳаёт ва меҳнат; одамони солхӯрда ва мӯйсафедоне, ки алакай қувваи ҷисмониашон барои иштироки ҳақиқӣ дар зиндагии умумӣ намерасад.

Бо пайдо шудани моликияти хусусӣ, ғуломдорӣ ва оилаи якникоҳӣ таназзули ҷомеаи ибтидоӣ сар шуд. Никоҳи фардӣ ба вуҷуд омад. Оила яке аз муҳимтарин падидаи ҷамъиятӣ гардида пеш бурдани хоҷагии мустақилона авҷ гирифта, вазифаи тарбияи бачагон низ ба уҳдаи он гузашт. Тарбияи оилавӣ шакли оммавии тарбия гардид.

Дар натиҷаи тараққиёти минбаъдаи таърихии сохти ҷамъиятӣ ибтидоӣ ҷои онро форматсияи нави ҷамътӣ – сохти ғуломдорӣ гирифт. Дар шарқи қадим аввалин ҷамъиятҳои синфӣ пайдо шуданд ва асосҳои маданияти моддӣ ва маънавиро гузоштанд, ки он ба дараҷаи маълуме аз тарафи ҳалқҳои Юнон ва Рим қабул гардид ва аз нав кор карда шуд.

Дар мамлакатҳои Шарқи қадим муассисаҳои (мактабҳо) махсус торафт ба имтиёзҳои гурӯҳҳои ҳукумронӣ табдил меёфт. Дар Ҳиндустон мактаб дар замонҳои хеле қадим ташкил шуда, мустаҳкам гардидааст. Дар ин ҷо дар тули ҳазор солҳо мактаби ба ном мактаби ҷамоа, ки дар он ҷо аз тарафи ҷамъияти деҳқонони оддӣ ташкил шуда буд, вуҷуд дошт ва амал мекард.

Дар Осиёи Хурд ва Африқо (Миср) ҳам мактабҳо инкишоф меёфтанд. Дар як қатор давлатҳои ин сарзаминҳо бо роҳи обёрӣ, истифодаи чунин ҳодисаҳои табиат, ба мисли обхезиҳои даврагии даёҳо вобаста мавҷуд буд. Дар Хитои қадим мактабҳои поёнӣ ва олӣ мавҷуд буданд. Дар мактабҳои олӣ фарзандони одамони имтиёзманд бо усули иероглафҳои мураккаб хондан ва навиштанро ёд мегирифтанд. Дар Юнони қадим якчанд давлатҳо вуҷуд дошт ва дар онҳо системаи тарбияи спартагӣ ва системаи тарбияи афинагӣ. Ин системаҳо аз якдигар фарқ мекарданд. Ҳар ду давлат давлати ғуломдорӣ буда тарбия ба манфиати ғуломдорон хизмат мекард.

Мактаб дар сохти ҷамъияти ҳғуломдорӣ (тахминан асрҳои 8 – 7 пеш аз мелод дар давлатҳои ғуломдории Спарта ва Афина пайдо шудааст). Дар Афина бачагон то 7 – солагӣ дар хона тарбия мегирифтанд ва аз синни 7 солагӣ ба мактаб мерафтанд.

Тарбия дар сохти ҷамъияти феодалӣ низ характери синфӣ дорад ва ба манфиати феодалҳо истифода бурда мешуд. Дар ҷамъияти феодалӣ табақаҳои ҳукумрон феодалҳо ва руҳониёни ашрофзода буданд, ки тамоми замин ва деҳқонон дар фармони онҳо буд. Калисо такягоҳи идеологии гурӯҳҳои ҳукумрони ҷамъияти феодалӣ буд. Тамоми мазмуни маълумоти бачагон ва калонсолон ба дин омезиш ёфта буд. Дини тамоми халқҳо одамони оддиро дар руҳияи ба хӯҷаинҳо тобеъ будан ва барои манфиатҳои онҳо хизмат намуданро мепарварид. Дини насронӣ бо ин мақсад аз таълимоти модарзод табиатан соими гуноҳ будани табиати одамизод истифода бурдани одамонро барои наҷоти рӯҳашон дар он дунё ва даст кашидан аз неъматҳои олам, гӯшнанишинӣ, тарки дунё талқин менамуд.

Дар асри 8 арабҳо нимҷазираи Пирейнро истило карданд, дар ҳудуди Европаи Ғарбӣ низ як қатор мактабҳои мусулмонӣ пайдо шуданд. Мактаби олии (мадраса) типии донишгоҳи (университети) Кордова аҳамияти калон пайдо намуд. Ба ин мадраса аз мамлакатҳои гуногуни Европаи Ғарбӣ донишҷӯён омада таҳсил мекарданд.

Калисои католикӣ дар ҳаёти мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ аҳамияти калон дошт. Он тамоми корҳои таълиму тарбияро мустаҳкам дар дасти худ нигоҳ медошт. Дар монастрҳои (дайрҳои) асри миёна китобҳоро барои эҳтиёҷоти ибодаткунандаҳо нусха мебардоштанд, мунишҳоро тайёр менамуданд, китобхонаҳо ва мактабҳо ташкил мекарданд.

Адабиётҳо:

1. Н. А. Константинов, Е. Н. Медынский. М. Ф. Шабоева. Таърихи педагогика соли 1982.

2. М. Орифӣ. Аз таърихи афкори педагогии халқи тоҷик. Душанбе 1962.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *