Фанни Педагогика

Назарияи педагогии Ян Амос Коменский (1592 — 1670).

Нақша:

1. Фаъолияти педагогии Ян Амос Коменский.

2. Мафҳуми ҳамрангии табиат будани тарбия.

3. Ба давраҳо тақсим кардани бачаҳо аз рӯи синну сол.

Педагоги машҳури Чех Ян Амос Коменский дар оилаи ба ҷамъияти «Бардарони Чех» дохил буда, таваллул шуда аз ҳисоби он маълумоти миёна ва олӣ гирифтааст. Аввал вазифаи сардори руҳониён ва баъдан муаллими ин ҷамъиятро ба ҷо овардааст.

Соли 1631 асари «Дарҳои кушод барои ҳамаи забонҳо ва илмҳо»-ро навишта бори аввал таълим додани забони лотиниро дар алоқамандӣ бо олами атроф пешниҳод кард. Коменский ба душвориҳои ҳаёти бадарғагӣ нигоҳ накарда, асари барҷастаи худ соли 1632 асари машҳуртаринаш «Дидактикаи бузург» — ро навишта аввалин шуда ибтидои илмро дар бораи ҷараёни таълим гузоштааст. Ин асар ба забонҳои гуногун тарҷума шуда номи Коменскийро дар ҷаҳон машҳур гардонидааст.

Соли 1633 аввалин шуда дар ҷаҳон барои муассисаҳои томактабӣ бо номи «Мактаби модарӣ» дастури методӣ навиштааст аз ин рӯ Коменскийро асосгузори натанҳо илми педагогика балки асосгузори тарбияи томактабӣ низ мегӯянд.

Коменский иборат аз 7 ҷилд асареро бо номи «Маслиҳатҳои умумӣ доир ба ислоҳ намудани корҳои инсоният» таълиф менамояд (ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш Коменский 2 ҷилди ин китоб чоп шуда буд. Ҷилдҳои боқимондааш танҳо дар соли 1935 ёфт шуданд ва баъдтар дар

Республикаи Сотсиалистии Чехословакия интишор гардиданд), ки дар он программаи одамдӯстона ва демократии «ҳаматарафа ислоҳ кардани ҳама ва ҳар чизро» пешбинӣ намудааст.

Ба фикри Комненский се зина, се вазифаи тарбия тарбия мавҷуд аст: маърифат намудани худ ва олами атроф (тарбияи фикрӣ), худро идора кардан (тарбияи ахлоқӣ), ва ба дин бовар кардан (тарбияи динӣ). Коменский ба роли тарбия баҳо баланд

додаст. Одам танҳо ба туфайли тарбия – тарбияи аз хурдсолӣ гирифта, одам мешавад, -мегӯяд ӯ. «Аз ҳар гуна кӯдак инсони комил тайёр кардан мумкин аст», — исрор мекунад вай. Коменский чунин мешуморид, ки дар қатори бачагони қобилиятнок, боғайрат ва таъсири педагог додашаванда, инчунин гурӯҳи ками бачаҳои беқобилият, танбал гарданшах низ ҳастанд. Коменский тарбия додан ва хондани ин қабл бачаҳоро низ зарур мешуморид.

Тамоми таълифоти педагогии Коменский, алахусус асари машҳури вай «Дидактакаи бузург» бо фикри тарбияи дуруст аз ҳар ҷиҳат бояд бо табиат монанд бошад, саршор мебошад. Коменский чунин ҳисоб мекард, ки инсон ҳамчун як қисми табиат ба қонунҳои асоситарину умумие, ки ҳам дар олами набототу ҳайвонот ва ҳам инсбат ба одамон амалкунанда аст, тобеъ мебошад. Коменский таълим медиҳад, ки «дар тартиботи аниқи мактаб аз табиат ибрат гирифтан лозим аст» ва «зарур аст, ки дар ин амр мушоҳидае ба асос гирифта шавад, ки табиат дар ҳама ҷо нишонаҳои худро зоҳир менамояд». Ӯ саъй менамояд, ки қонуниятҳои табиатро бо роҳи муташобеҳ кунонидани «асосҳои» табиии қонунҳои табиат барқарор намояд. Фикрҳои дурусти дидактики Коменскийро аз тарзи баёнёфтаи онҳо фарқ кардан лозим аст.

Коменский дар натиҷаи омӯхтани ҳаёти ҷамъият ва вазъияти тарбия, инчунин ба таҷрибаи педагогии худ такя намуда, доир ба тарбия ва таълим хулосаҳои амиқ баровардааст. Фикрҳои амиқи назариявие, ки мо дар

«Дидактикаи бузург» дармеёбем, дар асоси фаъолияти шахсии худи ӯ ба таҷрибаи пешқадами давр ба вуҷуд омадаанд. Вай ин таҷрибаи педагогиро аз ҷиҳати философӣ асоснок кунонид. Қаблан бошад ҳар як нуқта ва фикрҳои соҳаи педагогӣ бо далелҳои динӣ ва иқтибос овардан аз китобҳои ба ном муқаддас асоснок карда мешуданд.

Аммо Коменский аз усули кӯҳна ҳам даст накашида, дар баробари бо усули нави дар давраи Эҳё пайдошуда – ба он бо роҳи аз табиат далелҳо оварда исбот исбот намуданро ворид кунонида, барои ифода қонуниятҳои умумии («нуқтаҳои асосии») табиат ва тарбия кӯшиш менамояд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ба назарияи педагогии Ян Амос Коменский дохи аст ва дар ҳамаи асарҳояш зикр ёфтааст принсипи табиатворона дар тарбия мебошад. Коменский чунин ҳисоб мекард, ки одам ҳамчун қисми табиат бояд ба қонунҳои асосӣ ва умумии он, ки ҳам дар олами ҳайвонот ва ҳам дар олами наботот ва ҳам дар муносибатҳои байни одамон амал мекунад итоат кунад.

Яке аз масъалаҳои марказие, ки ба назарияи педагогии Коменский дохил аст дар асоси табиатворона ва давраҳои синну солӣ ҷудо кардани ҳаёти насли наврас мебошад. Коменский ҳаёти насли наврасро ба 4 давра ҷудо кард ва ҳар яки он 6 солро дар бар мегирад:

  1. Давраи кӯдакӣ аз таваллуд то 6 сола.

Ба ин давра тараққиёти тези ҷисмонӣ ва органҳои ҳиссӣ хос аст. Барои ин синну соли мактабӣ модарӣ яъне тарбияи томактабӣ таҳти роҳбарии модарро тавсия додаст.

  • Давраи наврасӣ аз 6 то 12 сола.

Хусусиятҳои ин давраро тараққиёти хаёлу хотира бо истифодабарии органҳои онҳо яъне дасту забон барои наврасон

дар ҳар як деҳа обшина кушодани мактаби забони модариро тавсия додаст. Мактаби забони модарӣ 6 сола буда барои ҳамаи кӯдакони ҳарду ҷинс сарфи назар аз миллату диндорӣ аст. Хизмати шоистаи Коменский дар он аст, ки роли мактаби ибтидоиро баланд бардошта муҳлати таҳсил ва ба забони модарӣ таҳсил намуданро ҷорӣ намудааст. Мазмуни таълимро дар ин мактабҳо васеъ намуда ба он маълумотҳо аз соҳаи геометрия, география, табиатшиносӣ ва таълими меҳнатро ҷорӣ кардааст.

  • Давраи ҷавонӣ аз 12 то 18 сола.

Илова ба сифатҳои номбаршуда тараққиёти баланди тафаккур ва ба камлрасӣ, яъне тараққиёти ирода хос аст. Барои

ҷавонон дар ҳар як шаҳр кушодани мактабҳои лотинӣ ва гимназияро тавсия додаст.

  • Давраи камолот аз 18 то 24 сола.

Барои ин давра дар ҳар як давлат кушодани академияро тавсия кардааст. Ҳамин тавр Коменский принсипи демократии системаи ягонаи мактабҳоро пешниҳод кардааст.

Адабиётҳо:

1. Н. А. Константинов, Е. Н. Медынский. М. Ф. Шабоева. Таърихи педагогика соли 1982.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *