Фанни Педагогика

Мактабу маорифи Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти Тоҷикистон

Нақша:

1. Барҳам хурдани Ҳукумати Шӯравӣ ва қонуну қоидаҳои ҳамондавра.

2. Қабули қонун «Дарбора имаориф» аз тарафи раёсати Шӯроиолии Тоҷикистон

3. Баровардани нақша – чорабиниҳои нави таълимии давраи истиқлолият.

Пас аз табаддулоти моҳи августи соли 1991 Ҳукумати Шӯрав, моҳи декабри ҳамон сол барҳам хӯрд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 Истиқлолияташро ба даст овард.Яке аз ин навсозиҳо системаи «Маориф» ба шумор мерафт. 26- августи соли 1991 қарори раёсати Шӯрои олии Тоҷикистон қонуни худро «Дар бораи маориф» ба амал даровард. Ба ҳамаи камбудиҳои ҷанги шаҳрванди нигоҳ накарда, 27-декабри соли 1993 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба амал бароварда шуд.

Мувофиқи моддаи 41 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳаряк шахс ҳуқуқи таҳсил карданро дора два таълими умумии асосӣ ҳатмист». Давлат таълими миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва мувоқи қобилият дар асоси озмун таълими махсус ва олии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.Мувофиқи қонун дар Ҷумҳури системаи зерини маориф муқаррар карда шудааст.

1. Тарбияи то мактабӣ.

2. Маълумоти ибтидоӣ (синфҳои 1- 4)

3. Маълумоти асосӣ (синфҳои 5 — 9).

4. Маълумоти миёнаи пурра (синфҳои 10 — 11).

Маълумоти асосӣ аз синфи 1-9 ҳатмист. Таълим дар мактабҳои Олӣмувофиқи қонун ба таври бисёрзинагӣ амал карда, вобаста ба низомномаи тасдиқкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатмкунандагон варақаи дипломӣ дода мешавад. Дар қонуни маориф ва идоракунии муассисаҳои давлатии таълимӣ диққати махсус дода шудааст. Роҳбари умумии муассисаҳои таълимию тарбиявиро Шӯрои таълимгоҳ ва роҳбарии бевоситаи онҳо аз тарафи мудир, директор, ректор ва ё дигар сарварон ба амал бароварда метавонад.

Ректори мактабҳои Олӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таин карда мешавад. Шахсоне, ки дар таълимгоҳҳои маориф роҳбари мекунанд, дар фаъолияти хидматиашон худ фақат дар асоси қонун амал карда, таҳти назорати ҳеҷ гуна ҳизб, иттоҳодияҳои диннӣ, ҷамъияти ва созмонҳо қарор намегиранд.

Моҳи июни соли 1994 Вазорати маориф нақшаҳои таълими мактабҳои таҳсилоти ҳамагониро барои хониши 1994-1995 ва то соли таҳсили 1999 — 2000-ум тасдиқ намуд.

Мувофиқи қонуни маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонмашғулиятҳои таълими дар ҳамаи таълимгоҳҳои ҳамагони 1- сентябр оғоз ёфта, 25 — май ба итмом мерасанд.

Давомнокии соли таҳсил 38-ҳафтаро дар бар мегирад. Таътилҳо дар давоми соли хониш 30 – рӯзро ташкил мекунад, ки баъди ҷамъбасти ҳар чоряк фаро мерасанд. Давомнокии дарсҳо дар синфҳои ибтидои 35-дақиқа ва синфҳои 5 — 11, 45 дақиқаро дар бар мегирад.

Барои ба касби муаллими ҷалб намудани ҷавонон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 6 — ноябри соли 1996 барои донишҷӯёни аълохон «Идрори Президенти» таъсис дода шуд. Мувофиқи он аз 1 — январи соли 1997 ҳар сол 25 — нафар донишӯёни мактабҳои олӣ, ки фақат аз имтиҳонҳо баҳои гирифтаанд ва дар корҳоиилмию тадқиқоти фаъолона иштирок намудаанд, сазовори ин идрорпӯли мегарданд.Давомнокии як соли хониш 38 — ҳафтар дар мегирад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *