Фанни Педагогика

Акидахои педагогии Абулкосим Фирдавсӣ (934 — 1020)

Нақша:

1. Ҳаёт ва фаъолияти Абулқосим Фирдавсӣ.

2. Абулқосим Фирдавсӣ дар бораи хирад ва хирадмандӣ.

3. Абулқосим дар бораи илму дониш ва тарбияи фарзанд.

4. Абулқосим Фирдавсӣ дар бораи тарбияи фарзанд.

5. Абулқосим Фирдавсӣ дар бораи ватандӯстӣ ва хислатҳои нек.

Абулқосим Фирдавсӣ дар деҳаи Божи вилояти Туси Хуросон дар оилаи деҳқони заминдор ба дунё омадааст. Падараш кӯшиш намудааст, ки Абулқосим сиҳату саломат ба камол расад ва илмҳои замонаашро аз худ намояд. Зеро сарпарастии падар дар мактабу мадрасаҳо таҳсил карда, илмҳои замони худро бо хубӣ аз худ кардааст. Ӯ ба адабиёт, таърих ва фалсафа шавқи баланд дошт. Фирдавсӣ як қисми вақти худро ба шунидани ривоятҳо ва афсонаҳо, ки аксаран паҳлавонҳо, қаҳрамонон, накукорон, хайрхоҳон ва пуштибонони мазлумонро васф мекарданд, сарф менамуд ва бисёрии онҳоро аз худ карда буд.

Ақидаҳои педагогии Фирдасӣ дар шоҳасараш «Шоҳнома» баён гардидааст. «Шоҳнома» — и Фирдавсӣ на танҳо достони қаҳрамонист, балки асарест, ки дар он ақидаҳои таълиму тарбиявӣ, панду ахлоқӣ, фалсафӣ инъикос гардидааст.

Дар ақидаҳои педагогии Фирдавсӣ хираду хирадмандӣ, илму дониш масъалаҳои марказӣ мебошанд. Ба ақидаи ӯ хираду дониш сарчашмаи ободии дунё ва хушбахтии одамон мебошад. Хирад ва хирадманд ҳимоягари замину замину замон буда, онро аз офату бадиҳо нигоҳ медорад, дар дунё адолатро аз харобӣ ва инсониятро аз нестӣ нигоҳ медорад. Фирдавсӣ одамони бехирадро маҳкум намуда гуфтааст, ки инсон аз бехирадӣ ба хонахаробӣ, ранҷу кулфатҳо, ҷабру ситам гирифтор шуда, аз зиндагӣ маҳрум мешавад.

Мутафаккири бузург илму донишро гиромӣ дониста илми беамалро намеписандид. Одамонро даъват намудааст, ки илму донишро дар зиндагии ҳаррӯза истифода баранд, илму дониши худро доимо такмил диҳанд. Ба ақидаи Фирдавсӣ касе, ки дар зиндагӣ илму дониши мукамал гирифтааст, кори ӯ пеш меравад ва рафтору гуфтораш шоистааст:

Касе к — у ба дониш тавонгар бувад,

Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.

Дар панду ҳикматҳои Фирдавсӣ тарбияи фарзанд низ ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ба ақидаи ӯ тарбияи фарзанд бояд аз кӯдакӣ сар карда шавад. Дар ҷавонӣ бояд ба фарзанд ҳунар омӯзонида шавад. Ба ғайр аз ин ӯ бояд тарбияи ҷисмонӣ, ақлӣ ва ахлоқӣ гирад. Дар аёми ҷавонӣ ба бача санъати аспсаворӣ, ҷавгонбозӣ, шикорчигӣ, шамшерзанӣ, камонандозӣ ва дигар ҳунарҳоро омӯзонидан лозим аст. Чунки ба ақидаи Фирдавсӣ ҳунар воситаи таъмини рӯзгори нек, озодӣ аз ҳар гунна тангдастӣ аст.

Фирдавсӣ инчунин тарафдори дар рӯҳяи сифатҳои баланди ахлоқӣ ба мисли покӣ, самимият, росткорӣ, накукорӣ, ҳақиқатгӯи, ҳақиқатпарастӣ, мардонагӣ, чолокӣ ва дигар сифатҳои хуби инсонӣ тарбия намудани фарзанд буд. Ӯ дар аёми ҷавонӣ нигоҳ доштани тани солимро беҳтарин омили тарбияи ақлӣ ва ахлоқӣ донистааст. Фирдавсӣ ба масъалаи таълим додани насли наврас диққат дода, тавсия додаст, ки таҳсили мактаббача бояд аз 7 солагӣ сар карда шавад ва то синнӣ ба балоғат расидан давом кунад.

Дар мероси педагогии Фирдавсӣ тарбияи ватандӯстӣ аз ҳама боло меистад. Ба ақидаи ӯ ҳар як шахси ватандӯст бояд ватанро муқаддас донад ва барои ҳифзи он ҷони худро дареғ надонад, чунки шодии инсон дар озодии ватан аст. Аз ин рӯ дар ҳифзи ватан мардона қурбон шудан, аз он ки ватанро ба дасти душман додан беҳтараст:

Зи баҳри буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Маҳз бо мақсади Амалии ватандӯстӣ қаҳрамонҳои мусбати «Шоҳнома» аз ҷумла шоҳону мардони дигар чун Сом, Зол, Ҷамшед, Кайхусрав, Анушервон, Гурдофарид, Исфандиёр, Рустам, Суҳроб, Сиёвуш тамоми қувваю тавоноии худро баҳри озодии ватан дареғ надонистаанд.

Фирдавсӣ ақидаи тарбияи шахсӣ далеру фоидакор ва ватандӯстиро, чолоку ҳушёр ва зираку доноро ба миён гузошта, қадр кардани шахсияти онҳо ва оилаи онҳоро вазифаи бузурги инсоният шуморидааст.

Фирдавсӣ насли наврасро барои аз худ намудани беҳтарин сифатҳои инсонӣ даъват намуда, гуфтааст, ки умри бадӣ кутоҳ аст, андеша бояд кард. Мутафаккири бузург некиро на ба ҳама касон балки ба онҳое, ки ба мардум, ба ҷамъият некӣ ва накукорӣ карда бошад. Нисбат ба касоне, ки бадкирдоранду бадрафторанд, ҷаззо доданро аз рӯи адолат шуморидааст. Хусусан нисбат ба аҳли меҳнат ва дармондагону фақирон некӣ карданро Фирдавсӣ беҳтарин хислати инсонӣ шуморидааст.

Фирдавсӣ одамонеро, ки корашон дигару гуфторашон дигар аст, сарзаниш кардааст ва маслиҳат додаст, ки инсони нек бояд худро аз ин гуна одамон дур нигоҳ дорад.

Фирдавсӣ яке аз хислатҳои неки инсониро дар эҳтироми падару модар дида таъкид менамояд, ки фарзанд бояд ҳамеша иззату эҳтироми падару модарро ба ҷо биёрад. Чунки падару модар аввалин шахсонанд, ки фарзанд дар рафтори таълиму тарбияро барои фарзанд ошкор месозад.

Фирдавсӣ коҳилӣ ва танпарвариро маҳкум намуда одамонро ба меҳнату меҳнатдӯстӣ даъват намудааст. Дар ақидаҳои педагогии Фирдавсӣ ба масъалаи омӯхтани касбу ҳунар мавқеи калонро ишғол менамояд. Ба ақидаи ӯ аз худ намудани касбу ҳунар сарчашмаи хурсандии одамон аст.

Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» танҳо таълиму тарбияи писаронро дар назар дорад. Дар «Шоҳнома» образи занону духтаронеро офаридааст, ки онҳо дар чолокӣ, накукорӣ, далерӣ, қаҳрамонӣ, ҳунар, дониш, поквиҷдонӣ ҳатто аз модарон бартарӣ доранд.

Ҳамин тавр, дар ақидаҳои педагогии Фирдавсӣ дар насли наврасу ҷавонон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, халқдӯстӣ, некию накукорӣ, инсондӯстӣ, поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ, донишмандӣ, ба онҳо илму дониш додан, касбу ҳунар омӯзонидан ва ғайраро мавқеъи намоёнро ишғол менамояд.

Адабиётҳо:

1. Х. Афзалов, Б. Раҳимов. Таърихи педагогикаи халқи тоҷик. Душанбе маориф 1994.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *