Мавзухои точики

Робитахои иқтисодии берунаи Чумхурии Точикистон. КХИТЧ

Робитахои иқтисодии берунаи Чумхурии Точикистон. КХИТЧ
Тавсифи умумии  робитахои иқтисодии берунаи Чумхурии Точикистон.

Точикистон комплекси ягонаи хочагии халқ буда, вазъи ичтимоию иқтисодии он ба тараққиёти иқтисодии давлатхои дигар зич алоқаманд аст. Баробари афзудани иқтидори иқтисоди ва ба мамлакати серсохаи саноаташ мутараққи табдил ёфтани Точикистон иштироки он дар тақсимоти байналхалқии мехнат зиёд шуд. Махсулоти сохахои гуногуни Точикистон дар бозори чахони сол аз сол меафзояд. Агар то солхои 40 – уми асри ХХ дар содироти мамлакат танхо махсулоти кишоварзи бартари дошта бошад, пас холо хиссаи металлургияи ранга, саноати сабук ва махсулоти дигари саноати низ афзуда истодааст.

Точикистон бо 69 мамлакати хорича равобити иқтисоди дорад ва зиёда аз 20 номгўй махсулот мебарорад. Айни замон Точикистон аз чониби 130 давлат ба расмият шинохта шудааст ва узви комилхуқуқи Созмони Милали Муттахид мебошад. Холо қариб 50 фоиз робитахои берунии Точикистон бо чумхурихои Иттиходи Давлатхои Мустақил (ИДМ) буда, 31,9 фоиз ба давлатхои Европа ва 16,1 фоиз ба давлатхои Осиё рост меояд.

Дар панч соли охир равобити савдои берунии Точикистон хеле бехтар шуд. Хачми равобит аз 1459,3 млн. доллари америкои дар соли 2000 ба 2238,8 млн. доллар дар соли 2006 расид ва ё худ то 53,4 фоиз зиёд гардид. Дар ин давра потенсиали воридоти (экспорт) 15,9 фоиз, содири (импорт) бошад, то 97,0 фоизро ташкил намуд. Хамаги дар солхои 2000 – 2006 хачми умумии савдои берунии Точикистон ба 10278,7 млн. доллар расид, ки аз ин 4793,5 млн. доллар (46,6 фоиз) ба хиссаи воридоти (экспорт) ва 5485,2 млн. доллар (54,4 фоиз) ба хиссаи содироти (импорт0 рост меояд.

Географияи  робитахои иқтисодии берунаи Чумхурии Точикистон.

Сол аз сол хамкории иқтисодии Точикистон бо давлатхои дурру наздик равнақ меёбад. Дар панч соли охир (2000 — 2006) хиссаи асосиро дар содирот бо мамлакати мо Нидерландия (33,2 фоиз), Туркия (12,2 фоиз), Руссия (13,5 фоиз), Ўзбекистон (9,5 фоиз) ишғол мекунанд. Дар хиссаи воридот бошад, чойи аввалро Руссия (23,8 фоиз), сипас Ўзбекистон (23,8 фоиз), Украина (11,2 фоиз) ва Қазоқистон (10 фоиз) мегиранд. Дар хайати молхои содиршавандаи Точикистон чойи мухимро алюминий, асбобхои аз алюминий тайёршуда, металлхои нодир, нахи пахта, меваю сабзавот, нўшокихо, тамоку, абрешим, пўсти қарокўли, пашм, матоъхои пахтагин, нерўи барқ ишғол мекунанд. Масалан, металли алюминий бештар ба давлатхои Иттиходи Давлатхои Мустақил (Руссия, Туркманистон), Нидерландия, Туркия; нахи пахта ба Руссия, Белоруссия, Белгия, Британияи Кабир, Корея; қувваи барқ ба Қирғизистон, Ўзбекистон, Қазоқистон ва Руссия бароварда мешавад.

Дар давоми солхои 2000 – 2006 – ум 70,8 фоизи молхои содиротии Точикистон ба хиссаи давлатхои ИДМ ва 29,2 фоизаш ба давлатхои дигари чахон, аз он чумла 14 фоизаш ба хиссаи Европа ва 11,4 фоизаш ба давлатхои Осиё рост меояд. Дар байни давлатхои ИДМ аз молхои содиршавандаи Точикистон ба хиссаи Руссия – 19,6 фоиз, Ўзбекистон – 16,8 фоиз, Қазоқистон – 12,0 фоиз, Украина – 7,8 фоиз, Озарбойчон – 7,3 фоиз ва Туркманистон 4,7 фоиз рост меояд.

Хиссаи молхои Точикистон воридшаванда ғайри мамлакатхои ИДМ аз дигар давлатхои дурру наздик низ меафзояд. Масалан, аз Германия трансформатор, аккумулятор, либос, аз Британияи Кабир махсулоти нефт, насос, қисмхои эхтиётии автомобил, аз Эрон автомобили сабукрав, равғани офтобпараст, чой, либос, аз Полша қанд, аз Шветсия тачхозоти лаборатори ва ғайра.

Чумхурии Точикистон минбаъд кўшиш ба харч медихад, ки молхои содиротии худро тибқи талаботи бозори чахони истехсол куна два пайваста сифати онхоро бехтар намояд.

Мувофиқи чадвал хиссаи содироту воридоти Точикистон дар байни давлатхои чахон чунинаст:  (бо хисоби фоиз)

Чадвали 7.

Содирот (экспорт) Воридот (импорт)
1. Нидерландия — 33,2

2. Туркия — 15,2

3. Руссия — 13,5

4. Ўзбекистон — 9,5

5. Шветсария — 7,5

6. Эрон — 3,9

7. Латвия — 2,8

1. Руссия — 19,8

2. Ўзбекситон — 16,8

3. Қазоқистон — 12,0

4. Украина — 7,8

5. Озарбойчон — 7,3

6. Туркманистон — 4,7

7. Хитой — 3,7

8. Италия — 1,8

9. Туркия — 2,1

10. Эрон — 2,1

11. Германия — 1,3

Аз замони Хокимияти Шўрави инчониб Точикистон пайваста дар намоишу ярмаркахои байналхалқи бо махсулоти саноатию кишоварзи ширкат меварзад. Соли 1976 дар намоишгохи Чумхурии Мисри Араб ва Эрон, соли 1977 дар сурия, соли 1978 дар Булғория, соли 1979 дар Ироқ, соли 1980 дар Алчазоир иштирок кард. Минбаъд солхои истиқлолият бошад (аз соли 1994 то ин чниб), махсулотхои саноати ва кишоварзии Точикистон дар Германия, Хитой, Кореяи Чануби, Руссия, Франсия, ИМА бо муваффақият намоиш дода шуданд. Бо ин рох дар бозори чахони ба махсулоти саноат ва кишоварзии Точикистон мароқи зиёд пайдо гардид.

Холо дар Точикистон 101 корхонаи муштарак бо кўмаки инветсияи хоричи кор мекунад, ки 60 – тои он дар Душанбе ва 29 – то дар вилояти Суғд чойгр шудаанд. Қисми зиёди андўхти инветсияхои хоричи дар чумхури ба сохахои коркарду истихрочи металлхои қимматбахо (24,2 фоиз), истехсоли махсулоти бофандаги (23,3 фоиз), металлургияи ранга (11,8 фоиз) равона карда шудаанд. Корхонахои муштараки «Чавонони», «Сано», «Зарафшон», «Ситораи самар» ва ғайра аз қабили корхонахои калон мебошанд.

Дар Точикистон бо кўмаки сармоягузорони хоричи сохтмони нақби ағбаи Анзоб (Истиқлол), нақби Шарашар (Озоди), нерўгохи барқии Сангтуда – 1, якчанд кўпрукхои мухим дар дарёи Панч ба истифода дода шуданд ва минбаъд нерўгохи Сангтўда – 2, коркарди металлхои рангаю нодир, коркарди пахта, истехсоли нурихои минерали, инкишофи сохахои агросаноати ва боз чандин корхонахои дигар ба кор хохад даромад. 25 майи соли 2004 кушода шудани рохи нави мошингарди Кўлоб – Қалаъихумб – Хоруғ – Мурғоб – Қулма дар инкишофи равоибити иқтисодии Точикистон бо давлати бузурги Хитой сахифаи нав ба шумор меравад. Ба воситаи ин рох Точикистон имконият меёбад, ки ба шохрохи байналхалқии Қароқорум баромада, минбаъд муносибатхои иқтисодии худро бо давлатхои Покистон, Непал, Хиндустон ривоч дихад. Ахамияти таърихии ин шохрох боз дар он зохир мегардад, ки Точикистон барои ба уқёнуси чахони баромадан имконият пайдо мекунад.

Дар баробари робитахои иқтисоди Точикистон муносибатхои фархангии худро низ сол аз сол бо мамлакатхои гуногун густариш медихад. Тайи чандин сол гузаронидани рўзхои санъату адабиёти Точикистон дар Руссия, Франсия, Германия, Полша, Ўзбекистон ба шакли анъана даромадааст. Соли 2004 бошад, мардуми точик бо хушнудии зиёд рўзхои маданияти Руссия ва Қирғизистонро дар Точикистон қайд намуданд. Соли 2006 дар чашни Бузургдошти тамаддуни ориёи 2700 – солагии шахри Кўлоб аз тамоми гўшаю канори дунё ходимони давлати, олим ва намояндагони фарханг иштирок намуданд.

Олимону нависандагони точик бо бисёр марказхои илмию фархангии Европа, Осиё ва қитъаи Америка робитахои наздик доранд. Асархои онхо бо чандин забонхои хоричи нашр гардида, шўхрати илм ва адабиёти точикро боз хам баландтар мегардонанд.

Тавсифи умумии мавқеи географи, шароит ва сарватхои табиии КХИТЧ

Комплекси худудию истехсолии Точикистони Чануби (КХИТЧ) – яке аз калонтарин нохияхои саноатию аграрии чумхури мебошад. Ин комплекс қисми зиёди қаламрави Точикистонро ишғол намуда қисми зиёди корхонахо бо якдигар алоқаманд мебошанд, ки боиси афзудани махсулотноки мегардад. КХИТЧ қисми чанубу ғарбии Точикистон – нохияхои иқтисодии Хисор, Вахш, Кўлоб ва Раштро дар бар мегирад. Масохаташ 53,2 хазор км мурабба буда, ахолиаш 4,2 млн нафар мебошад.

Омилхои асосии ташкил шудани ин комплекс мавчуд будани захирахои зиёди гидроэнергетики, ашёи хом, қувваи кори, заминхои хосилхез, шароитхои мусоиди географию иқлими, мавчудияти роххои доимомалкунандаи нақлиёти мусоидат намудаанд. Қаламрави комплекси дорои захирахои зиёди оби мебошад, ки аз нисф зиёди дарёхои Осиёи Миёна мегузаранд, ки онхо манбаи асосии табиии рушди энергетика буда, омили асосии ташаккулёбии комплекси истехсоли гардидааст. Калонтарин дарёхои чумхури аз қаламрави ин комплекс мегузаранд, ки танхо дарёхои Вахш ва Панч метавонад дар 1 – соат 144 млрд кВт чараёни барқ истехсол намоянд. Аз худ намудани захирахои гидроэнергетики, бунёд намудани неруғоххои барқии оби ва обанборхо ахамияти комплекси дорад. Баробари истехсол намудани чараёни барқ онхо боиси обёри ва худ намудани заминхои нав мегарданд. Масалан, сохтмони обанбори Бойғози имконияти обёри намудани замини водихои Ёвону Обикиик ва обанбори Норак бошад заминхои Данғара гардиданд.

Холо сохтмони неругоххи Сангтуда – 2 ва Роғун идома доранд. Дар дарёи Вахш шаш нерўгохи амалкунанда (Норак, Сарбанд, Маркази, Шаршар, Бойғози, Сангтуда — 1), ду неругохе, ки сохтмонашон идома дорад (Роғун, Сангтуда — 2) ва 1 – нерўгохи банақшагирифта (Шўроб) бунёд гардиданд ва бунёд хохад гашт. Корхонахои пуриқтидортарини энергия талаб дар худуди комплек-заводи электрохимиявии Ёвон ва заводи (алюмини) арзизи Точик (талко) мебошанд. Дар ин чо захирахои зиёди канданихои фоиданок ба монанди намаки ош, нефт, газ, волфрам, шпати сахрои, обхои маъдани, строний, гач, оханксанг, ашёи хоми семент ва ғайра ёфт шудаанд. Аз чумла конхои намак, стронсий ва ашёи хоми карбонати барои саноати химия на фақат дар дохили мамлакат балки дар минтақаи Осиёи Миёна яке аз чойхои асосиро ишғол менамояд.

Дар заминаи истифода бурдани сарватхои табии ва ба вучуд омадани марказхои нави саноати шахр ва шахракхои нав бунёд гардида, боиси афзудани ахолии шахр дар худуди комплекс гардид. Барои самаранок истифода бурдани қувваи кори ва ба кор таъмин намудани ахоли зарурият бавучуд меоянд, ки чи дар шахрхои калон ва чи дар шахрхои хурд корхонахои калон ва хурду миёна бунёд гарданд.

Дар ин минтақа сохахои энергетики, металлургияи ранга, химия, мошинасози, сабук ва хўроквори рушд ёфтааст. Саноати сабук метавонад дар оянда сохаи тахасусии комплекс гардад. Қаламрави комплекс барои ривоч ёфтани сохахои комплекси кишоварзи шароитхои мусоид дорад. Аз хамин сабаб зиёда аз 70 % майдони кишти пахтаи чумхури, 100 % истехсоли растанихои ситруси ба хамин комплекс рост меояд.

Ғайр аз ин боғу токдори ба хусус дарахтони суптропики (анчир, анор, писта), зироатхои полези ва сабзавоткори низ хело хуб ташаккул ёфтаанд. Аз сохахои чорводори бошад, говпарвари, гусфандпарвари, паррандапарвари, кирмакпар-вари инкишоф ёфтааст. Аз чихати истехсоли қароқул ва гусфандони гушту равғандиханда дар чумхури чойи аввалро ишғол мекунад. Ба мохипарвари низ диққати махсус дода мешавад.

Аз чихати таъминот бо нақлиёт ва роххои нақлиёти комплекс дар миқёси чумхури мавқеи аввалро ишғол мекунад. Хусусан роххои охан, ки пас аз ба анчом расидани хати рохи охани Вахдат – Ёвон минтақа аз пумбасти нақлиёти озод шуда пурра бо роххои дохили бо хамаи минтақхои дохили комплекс пайваст мешавад. Нақлиёти автомобили бошад хело хуб ривоч ёфтааст.

Қариб 70 % роххои автомобилгарди комплекс мумфарш шудаанд. Нақлиёти қубури бошад талаботи минтақаро бо гази табии таъмин менамояд. КХИТЧ ахамияти бузурги иқтисодию истехсоли дорад. Нақши он дар тақсимоти географии мехнат бузург аст. Қисмхои алохидаи он аз рўи масохат, ахоли, шароитхои табиию иқтисоди, таркиб ва сохаи тахасусии истехсоли аз хамдигар фарқ мекунанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *