Фании Информатика

Оғози кор бо компютер ва Истифода аз клавиатура

Мақсади дарс. Омӯхтани усулҳои кор бо компютер ва истифода аз клавиатура, тарзи ба кор омода намудан ва хомӯш намудани компютер.

Супориши 1.1. Ба кор омода намудани компютер.

Тартиби кор

1. Пас аз ба қувваи барқ пайваст намудани компютер, тугмаи ба кор омодасозии монитор ва пас аз он тугмаи Power – ро, ки дар Блоки системавӣ ҷойгир аст, пахш намоед.

2. Каме сабр намоед. Компютер дар муддати кӯтоҳ (60 сония) ба кор омода мешавад. Дар экрани компютер Мизи корӣ (Рабочий стол) пайдо мешавад, ки аз экрани ранга, нишонаи папкаҳо ва Панель задач иборат аст. Дар қисми чапи Панель задач тугмаи Пуск ҷойгир аст (расми 1.1).

Расми 1.1. Мизи корӣ (Рабочий стол)

3. Кор бо компютер аз пахш намудани тугмаи Пуск оғоз мешавад. Ҳангоми пахш намудани тугмаи Пуск менюи асосӣ пайдо мешавад.

Таркиби менюи асосиро омӯзед. Ба назар гиред: хомӯш намудани компютер бо фармони Выключение (Завершение работы) иҷро карда мешавад.

4. Намуди берунаи экран ва нишонаҳои асосии Рабочий стол-ро омӯзед. Ин пеш аз ҳама нишонаи папкаҳои Мой компьютер, Мои документы, Internet Explorer ва Корзина мебошад.

Супориши 1.2. Ворид намудани информатсия аз тариқи клавиатура

Тартиби кор

1.Пеш аз ҳама, бодиққат, клавитураро аз назар гузаронед.

2.Барномаи Блокнот— ро кушоед. (ПускПрограммыСтандартныеБлокнот)

3.Тугмаи Num Lock — ро пахш намоед. Дар натиҷа чароғаки индикатори Num Lock рӯшан мегардад, яъне қисми рақамии клавиатура ба кор омода мешавад. Аз тариқи клавиатура рақамҳои 0,1,2,3,4,5,6,7,8,9 –ро ворид намуда тугмаи Enter – ро пахш намоед. Тавре мебинед, курсор як сатр поён мефарояд.

4.Дар қисми чапи клавиатура тугмаи Табуляция (Tab) мавҷуд аст. Тавассути тугмаи Tab миёни рақамҳо фосила гузроед: 123 145 257 456 165 148

Тугмаи Enter— ро пахш намоед.

5.Дар қисми рости Панель задач индикатори забонҳо мавҷуд аст: EN/RU. Тавассути он аз ҳуруфоти кирилӣ (русӣ) ба англисӣ ва баръакс гузаштан мумкин аст. Метавонед ин амалро якчанд маротиба такрор намоед.

6. Кисми асосии клавиатура аз тугмаҳои ҳарфӣ иборат аст. Тугмаҳои ҳарфҳои зеринро ёбед:

ф ы в а, о л д ж.

7. Хангоми кор бо клавиатура ангуштон бояд мавқеи зеринро гиранд: ангуштони дасти чап (ба ғайр аз сарангушт) рӯи ҳарфҳои ф ы в а ва ангуштони дасти рост (ба ғайр аз сарангушт) рӯи ҳарфҳои о л д ж хобанд (расми 1.2).

Расми 1.2 Клавиатура

8. Дар клавиатура тугмаи Caps Lock— ро ёбед. Ҳангоми пахш намудани тугмаи Caps Lock чароғаки индикатори Caps Lock фурӯзон мешавад ва дар ин маврид танҳо ҳарфҳои калон чоп карда мешавад: Ф Ы В А, О Л Д Ж.

Аз ҳарфҳои калон ба ҳарфҳои хурд ва баръакс, аз ҳарфҳои хурд ба ҳарфҳои калон гузаред. Ин амалро якчанд маротиба такрор намоед.

9. Харфҳои ф ы в а ва о л д ж— ро аз тариқи клавиатура ворид намоед ва миёни онҳо фосила гузоред. Тугмаи Фосила дар қисми поёнии клавиатура ҷойгир буда андозаи аз ҳама калон дорад.

10. Дар охири ҳар як сатр тугмаи Enter – ро пахш намоед.

11.Дар қисми болоии клавиатура қатори тугмаҳо мавҷуданд, ки дар онҳо рақамҳои аз 0 то 9 ва дигар аломатҳо тасвир шуданд. Хамаи ин тугмаҳоро бонавбат (аз чап ба рост) пахш намоед. Барои ба сатри дигар гузаштан тугмаи Enter – ро пахш намоед.

12.Дар клавиатура тугмаи Shift-ро ёбед. Тугмаи Shift-ро пахш намуда ва дар ҳамин ҳолат, тугмаҳои қатори болоро (аз 0 то 9) бо навбат пахш намоед. Тавре мебинед, дар ин маврид дигар аломатҳо чоп мешаванд.

13. Тавассути тугмаи Shift+Alt (дар як замон пахш намудани ду тугма) ё худ дар Панель задач интихоб намудани мавқеи EN (EN/RU) клавиатураро ба ҳуруфоти англисӣ баргардонед.

14. Тугмаи Shift-ро пахш намоед ва дар ҳамин ҳолат, боз маротибаи дигар, бо навбат, тугмаҳои қатори болоро (аз чап ба) рост пахш намоед. Тавре мебинед, дар ин маврид аломатҳое чоп мешаванд, ки аз пешина фарқ мекунанд.

15. Такроран пахш намудани маҷмӯи тугмаҳои Shift+Alt клавиатураро ба ҳуруфоти кирилӣ (русӣ) бармегардонад.

16. Аз тариқи клавиатура харфҳои а, б, в, г, д-ро ворид кунед. Тугмаи Васк Space –ро пахш намуда мебинед, ки ин ҳарфҳо барҳам мехӯранд (тоза карда мешавад). Яъне ҳангоми пахш намудани тугмаи Васк Space аломатҳое, ки аз ҷониби чапи курсор ҷойгиранд, барҳам дода мешаванд.

17. Дар қисми чапи болоии равзанаи Блокнот, бо ёрии мушак, тугмаи Закрыть –ро пахш кунед. Дар натиҷа равзанаи зерин пайдо мешавад (расми 1.4).

Дар ҷавоб тугмаи Нет-ро пахш кунед.

Расми1.4 Блокнот

18. Компютерро хомӯш кунед. Бо тугмаи чапи мушак тугмаи Пуск-ро пахш намоед ва аз рӯйхати пайдошуда фармони Завершение работы-ро интихоб намоед. Дар равзанаи пайдошуда формони Выключить компьютер –ро интихоб намуда тугмаи ОК-ро пахш кунед.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *