Фании Информатика

МАФҲУМИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД,МАВҚЕИ ОН ДАР МАҶМЎИ ИЛМҲО

Донишмандони зиёде таърифи назарияи иқтисодро додаанд.

П. Самуэлсон: Назарияи иқтисод илмест дар бораи он, ки чӣ гуна одамон ва ҷомеа интихоби захираҳои нодирро анҷом медиҳанд, то ин ки молҳои гуногун истеҳсол намоянд ва барои истеъмол онҳоро тақсим бикунанд.

  1. Д. Робинсон: Назарияи иқтисод илмест, ки амали одамонро аз нуқтаи назари муносибати байни ҳадафҳо ва тарзҳои маҳдуде, ки истифодаи алтернативиро имконпазир мешуморанд, меомўзад.
  2. А. Смит: «Назарияи иқтисод илмест, ки табиати дороӣ – боигариро меомўзад».
  3. К. Маркс: «Назарияи иқтисод илмест, ки тарзи сармоядории истеҳсол ва муносибатҳои ба он мувофиқи истеҳсол ва мубодиларо меомўзад».

Мактаби иқтисодии муосир назари классиконро ҷамъбаст намуда, аз ҷониби худ илми мазкурро тавсиф менамояд. Назарияи иқтисод илмест, ки муносибатҳои истеҳсолии байни одамонро дар ҷараёни истеҳсол, мубодила, тақсим ва истеъмоли молҳои гуногун ва хизматрасонӣ меомўзад.

Назарияи иқтисод дар маҷмўи илмҳо бо фанҳои таълимии иқтисод, омор, таърих, ҷамъиятшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва равоншиносӣ робитаи зич дорад.

Вале иқтисоди сиёсӣ мавзўи таҳқиқи худ, яъне хусусиятҳои хосеро дорост, ки имконият медиҳанд, ки он дар байни илмҳо чун соҳаи мустақили маърифат ҷудо карда шавад.

Мавзўи илм – як тараф ва ё як бахши воқеияти объективист, ки бо ёрии соҳаи муайяни маърифат таҳқиқ карда мешавад.

Мавзўи назарияи иқтисод таъсири қонунҳои умумӣ, ҷудогона ва махсус ба рушди ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои зерин мебошад:

  1. таҳқиқи навъҳои гуногуни фаъолияти марбут ба мубодила ва муомилоти пулии байни одамон;
  2. омўзиши фаъолияти хоҷагидории ҷомеа, тарзҳое, ки одамон воситаҳои барои зиндагӣ зарурро ба даст меоваранд ва баъдан аз онҳо истифода мебаранд;
  3. кашфи қонуниятҳо ва амалиёти шахсони ҷудогона ва гурўҳҳо дар ҷараёни истеҳсолот, тақсим, мубодила ва истеъмоли неъматҳои моддӣ;
  4. таҳқиқи роҳҳои ба ҳадафҳои марбути истеъмол ва зимнан истеҳсоли неъматҳо расидани ҷомеа;
  5. омўзиши табиати дороӣ;
  6. кашфи қонунҳои умумии муайянкунандаи рушди истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва ҷоннок кардани мубодилаи онҳо дар зинаҳои гуногуни пешрафти ҷомеа;
  7. таҳқиқи сарчашмаҳои ангезишҳои фаъолиятмандии инсон ва ангезаҳои зидди он;
  8. омўзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи муносибатҳои одамон дар ҷомеа, ки дар робита бо сохти ҷамъиятӣ, истеҳсолот ва ғ. ба миён меоянд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *