Фании Информатика

Қолиббандӣ ва ороиши ҳуҷчат

MsWord:қолиббандии матн

Барои бо барномаи Word кор карда тавонистан, аз истифодабарандагони компютерҳои фардӣ талаб карда мешвад, ки онҳо пешакӣ бо мафҳумҳои зерин шинос бошанд:

  • параметрхои саҳифаи чопӣ;
  • абзатс ва характеристикаи онҳо;
  • қолаббандии символҳо ва абзатсҳо.

Қолаббандии матн яке аз амалиёти муҳимтарини протсессори Word ба ҳисоб меравад. Маҳз пас аз қолаббандии матн ҳуҷҷати тайёркардашуда намуди зоҳирии зебо ва ҷолибро қабул менамояд.

Дар Word аз символи алоҳида сар карда, то тамоми матни ҳуҷҷатро дар шакли яклухт қолаббандӣ кардан мумкин аст. Пеш аз қолаббандии матн ё фрагменти алоҳидаи он аввал онҳоро ҷудо кард.

Ҳангоми қолаббандии калимаҳо ё символҳои алоҳидаи матн аз ҳуруфҳои (шрифты) гуногун, андозаҳои гуногуни ҳуруфҳо, тарзҳои гуногуни зоҳиршавии онҳо, рангҳои гуногун, тарзҳои гуногуни нисбат нисбат ба ҳамдигар ҷойгиршавии онҳо ва ғайра истифода мешаванд.

Қолаббандии символҳо ва абзатсҳо.Қолаббандӣ ё форматикунонии матн гуфта, тағйирдиҳии намуди зоҳирии матнро меноманд. Дар вақти қолиббанли мазмуни матн бетағйир мемонад. Масалан, калимаи «Тоҷик»-ро бо чанд намуд қолиббандӣ кардан мумкин аст: Тоҷик,Тоҷик,Тоҷик,Тоҷиква ғайра. Тавре, ки маълум аст, ҳарфҳои калима иваз нашудаанд, танҳо тарзи навишти онҳо ҳар дафъа ҳар хел шудааст.

Дар Word ду намуди қолаббанди мавҷуд аст: қолаббандии символӣ ва қолаббандии абзатсҳо. Агар ба қолаббандии символҳо –интихоби ҳуруф, андозаи символ ва тарзи зоҳиршавии ҳуруф дахл дошта бошанд, он гоҳ ба қолаббандии абзатсҳо –муайянкунии фосилаи байни абзатсҳои ҳамсоя ва канорҳои варақи қоғаз, муайянкунии фосилаи сатрҳои якуми абзатсҳо, интихоби тарзи ҷойгиршавии матн дар қоғаз (чап, рост ё марказ) ва ғайра дохил мешаванд.

Тамоми коре, ки ҳангоми сохтани ҳуҷчатҳо иҷро намудан лозим меояд, щартан ба якчанд марҳилаҳо ҷудо карда мешаванд. Аввал матни ҳуҷҷат аз клавиатура дохил ва таҳрир карда шавад. Дар натиҷа ҳуҷҷат дар шакли хом ҳосил мешавад, ки он ҳамаи калимаву ҷумлаҳои матнро дар бар мегирад. Баъди дохилкунӣ ва таҳриркунӣ матнӣ ҳуҷҷат қолиббандӣ карда мешавад. Барои он ки ҳар як фрагменти матн ба таври ба худ хос қолиббандӣ карда шавад, бояд он пеш аз иҷрои амалиёти заррурӣ ҷудо карда шавад.

Ҷадвали координатӣ барои гузоштани фосила ва сархат истифода мешавад. Ҷадвалро дар экран ба воситаи менюиВид®Линейкабаровардан мумкин аст. Ҳангоми кор дар реҷаиОбычныйҷадвали уфуқӣ пайдо мешавад.

Барои он, ки ҷадвал хориҷ шавад, ба воситаи менюиВид®Линейканишонаро хориҷ карда мешавад. Агар бо муш ба ҷадвал ду бор бе фосила пахш кунем, равзанаиПараметры страницыпайдо мешавад. Пахши дукарата ба қисми матнии (сафеди) ҷадвали амудӣ лавҳаи мубоҳисавииТабуляция –ро дар экран пайдо мекунад.

Дар ҳар ду ҷадвал қисми сафед – қисми дохилкунии матнро мефаҳмонад. Қисми сиёҳшудаи он андозаҳои фосилаҳои ба саҳифа ҷудошударо нишон медиҳад. Барои тағйир додани ин фосилаҳо, кифоя аст, ки:

  • нишондиҳандаи мушро тавре дар байни қисми сиёҳи ва сафедӣ гузошт, ки вай намуди хати дусамтаро соҳиб шавад;
  • тугмаи чапи мушро пахш карда, сарҳадро ба самти лозима лағжонидан лозим аст.

Фосила аз рост бо ёрии мавқеи секунҷа (маркер) –и тарафи рости ҷадвали амудӣ гузошта мешавад. Барои гирифтани маълумот доир ба андозаи фосилаҳои саҳифа (масалан бо сантиметрҳо), мушро ба ҷадвал гузошта тугмаи Alt-ро пахш карда, истода, тугмаи чапи мушро пахш кардан кифоя аст.

Баъзе амалиёти қолиббандии матнро бо ёрии ҷадвалҳои координатии горизонталӣ ва вертикалии барнома ва инчунин муш иҷро кардан қулайтар аст.

Масалан, аз имкониятҳои чап ва рости матн, сатри якуми абзатс, мавқеҳои табулятсия абзатс, ҳошияҳои болоӣ ва поёнии матн нисбат ба канораҳои варақ, фосилаи байни сатрҳо ва ғайраро тағйир додан мумкин аст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *