Редактори матнии ms word
Барономаи MS Word – яке аз протсессорони пуриқтидор ва машҳури матни ба ҳисоб меравад? Он ба гурӯхи барномаҳои MS Office дохил мешавад? Барономаи MS Word барои ичро кардани таҳрири коркарди матн ва цолаббандии он пешбинь шудааст, яъне дохил намудани матн ва ороиш додани он ислох намудани хатогихои орфографӣ ворид кардани матн ба графикm сохтани блок–схемаӣ навиштани формулаҳои математикӣ ба матн хамрох кардани расмхои аз принтер чоп кардани матн ва гайрахо? Барномаи мазкур бо харфхои русӣ, англисӣ ва бо якчанд забонҳои дигари ҷахон кор мекунад? Яке аз хусусиятхои манфиатноки MS Word аз он иборат аст, ки имконият дорад сархадхои матни аз сатр ба сатри дигар гузарондани матни навишти тарзи дурусти калимахоӣ дар хотира нигох доштани матни мавҷудияти мастерхои матни ва қолабҳое, ки имконият медиханд дар лахзахои кӯтохи вақт мактубхоӣ тарҷумаи холӣ ҷадвалхои дарсиӣ календар ва бисёр чизхои дигар сохта шавад ва ба таври автомати иҷро карда шавад.
- Барои ба кор омода сохтани MS WORD нишонаи онро аз лавҳаи (панели) асбобҳои Microsoft Office интихоб карда тугмаи тарафи чапи мушро пахш менамоем.
- Аз силсилафармонхои Пуск — Программы — Microsoft Office MS WORD-ро интихоб намуда тугмаи тарафи чапи мушро пахш менамоем.
- Агар дар мизи корӣ нишона (Ярлик)-и MS WORD мавҷуд бошад, ду бор пахш кардани тугмаи тарафи чапи муш MS WORD-ро ба кор омода месозад.
- Агар ягон файли бо барномаи MS WORD сохташударо ба воситаи нишондихандаи тарафи чапи муш ду бор пахш намоем, барномаи MS WORD-ро ба кор омода месозад.
- Агар дар лавҳа (панел)-и масъалаҳои мизи корӣ нишонаи MS WORD мавҷуд бошад, ду бор пахш кардани тугмаи тарафи чапи муш MS WORD-ро ба кор омода месозад.
- Ва ғайраҳо
Дар натиҷа программаи Microsoft Word ба кор омода мегардад ва дар экран равзанаи он дар шакли расми зерин кушода мешавад.
ТАРЗҲОИ АНҶОМ ДОДАНИПРОГРАММАИ MICROSOFT WORD
Барои анҷоми кори MS WORD яке аз амалҳои зерин бояд иҷро карда шавад
- Дар сатри сарлавҳа ба тугмаи Закрыть пахш кардан
лозим аст;
- аз менюи Файл банди Выход интихоб кардан лозим аст;
- тугмаҳои Alt+F4-ро пахш карда, барномаро бастан мумкин аст;
САРЛАВҲАИ РАВЗАНА.
Дар тарафи чапи сарлавҳа номи программа, яъне Документ1—Microsoft Word навишта шудааст. Дар қисми рости сарлавҳа бошад, тугмаҳои ҷойгир шудаанд.
- -Ҳангоми бо ёрии нишондиҳандаи тугмаи тарафи чапи муш
пахш кардани ин тугма, равзана пӯшида мешавад ва аз экран
ғайб мезанад;
-Ҳангоми пахш кардани ин тугма, равзана пурра кушода меша
вад ва тамоми экран паноҳ мекунад;
-Ҳангоми пахш кардани ин тугма, равзана бо нишонаи хурда-
как табдил дода мешавад ва аз якран ба панели масъалаҳои
мизи корӣ кӯчонида мешавад.
Дар барномаи Microsoft Word файлҳои нав то номгузорӣ бо номи муваққатии Документ n (n = 1,2,3….) ишора карда мешавад.
ФОРМАТИРОНИИ ҲУҶҶАТ. ПАНЕЛИ АСБОБХОИ СТАНДАРТӢ ВА ФОРМАТИРОНӢ.
Форматиронии матн асосан тавассути имкониятҳои лавҳаи тугмачаҳои Форматиронӣ амалӣ мегардад
Расми Форматирование?????
Лавҳаи тугмачаҳои «Форматиронӣ»
Тарзҳои асосии форматиронии чунин қисмҳоро дар бар мегирад.
- Интихоб ва тағйирдиҳии гарнитураи «навъи» шрифт;
- Муайян намудани андозаи шрифт;
- Муайян намудани ранг ва тарҳи шрифт;
- Тартибдиҳии рӯйхатҳои рақамӣ ё нишонавӣ (аз ҷумла рӯйхатҳои қабатнок);
- Муайян намудани параметрҳои абзатс.
ОМОДА НАМУДАНИ ШРИФТ
Ҳангоми интихоб намудани шрифт бояд дар хотир дошт, ки шрифти интихобшуда барои қисми ҷудошудаи матн татбиқ шуда метавонад. Агар ягон қисми матн ҷудо нашуда бошад, он гоҳ шрифти интихобшуда барои тамоми матни дохилшаванда татбиқ мешавад. Омодасозии умумии шрифтҳо тавассути равзанаи муоширатии «Шрифт» (ФорматШрифт…) амалӣ мегардад. Равзанаи мазкур аз се қисм иборат аст: «Интервал», «Шрифт» ва «Анимация»
Дар қисми «шрифт» чунин хосиятҳои шрифтро муайян намудан мумкин аст:
- Навъи шрифт;
- Андозаи он;
- тарҳи (намуди зоҳирӣ) шрифт;
- ранги шрифт;
- зерхатҳои шрифт;
- намудҳои зоҳирии махсуси шрифт.
Оиди навъи шрифтҳо қайд намудан мумкин аст, ки ширифт умуман ба ду навъ ҷудо мешаванд-гушакдор ва бегушак (бурридашуда). Шрифтҳои оилаи Times яке аз намояндаҳои асосии навъи якум буда, намояндаи асосии навъи дуюм-оилаи шрифтҳои Arial мебошад. Шрифтҳои гушакдор барои хондан қулай буда, истифодабарии онҳо дар матнҳои калон тавсия мешавад. Шрифтҳое, ки гушак надоранд одатан, барои сарлавҳа, эзоҳ, қайд ва ғ. истифода мешаванд.
Аксарияти шрифтҳо муттавозеъ мебошанд. Яъне, ҳам васеъгии рамзҳои алоҳидаи шрифт ва ҳам масофаи байни рамзҳои ҳамсоя бузургии доимии доимӣ намуда тағйирёбанда мебошанд. Чунун хусусияти динамикии шрифтҳо онҳро барои хондан то ҳадди имкон мувофиқ мегардонад.
Дигар гуруҳи шрифтҳоро шрифтҳои якбарӣ ташкил медиҳанд. Дар чунин шрифтҳо ҳар як рамз васеъгии доимӣ дорад. Намояндаи асосии чунин шрифтҳо оилаи шрифтҳои Courier мебошанд. Чунин шрифтҳо ба шрифти мошинаи механикии чопкунӣ шабоҳат доранд. Аксарияти барномасозон низ чунин шрифтҳоро дар матни барномаҳои худ истифода мебаранд.
Андозаи шрифтҳо бо воҳиди махсус-пункт (пт) муайян карда мешавад. 1 пт1/72дуюм ё 0,35277… мм баробар мебошанд.
Дигар хусусиятҳои шрифт ба монанди фосилаи байни ҳарфҳо, хаткашии ҳарфҳо ё аниматсия хеле кам истифода мешавад. Масалан, аниматсияи шрифт танҳо барои матни электронӣ ба кор омода, дар Web-ҳуҷҷатҳо бошад истифодабарии онҳо маъно надорад, зеро Web-намоишгарон чунин хусусияти шрифтро дастгирӣ наменамоянд.