Фанни Ҳуқуқи инсон

Ҷумҳурии Тоҷикистон – давлати сермиллат. Ақаллиятҳои миллӣ

«Дар ҷаҳон ягон халқ бо ягон хел лаёқатмандӣ нисбат ба халқҳои дигар афзалият надорад».

(Лессинг, файласуфи немис)

  1. Мафҳуми «ақаллиятҳои миллӣ»

Ҷаҳони имрӯза воқеан ҳам фузунфарҳанг ва фузунмиллат маҳсуб мешавад. Дар ҷаҳон беш аз 200 давлат вуҷуд дошта, дар онҳо ба ҳисоби умумӣ намояндагони 8 ҳазор ҷамоаҳои этномиллӣ, ки аз ҳамдигар бо хусусиятҳои этникӣ, забонӣ, фарҳангӣ, динӣ фарқ мекунанд, зиндагӣ доранд. Ҳазорҳо халқҳо, миллатҳо, гурӯҳҳои этникӣ соҳибдавлат нестанд, онҳо дар ҳайати давлатҳои сермиллате зиндагӣ мекунанд, ки дар онҳо як ё ду этнос номвар (давлатҳо ва ҷамоаҳои миллӣ-давлатӣ бо номи онҳоянд) буда, боқӣ ҳама мақоми ақаллиятҳои миллӣ ё забонӣ доранд. Дар ҷаҳон давлате нест, ки аҳолиаш якмиллата бошад, танҳо бо як забон гуфтугӯ кунад, ба як дини барои ҳама ягона ибодат оварад.

Масалан, мувофиқи маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолии соли 2000-ум дар Тоҷикистон беш аз 120 миллат ва гурӯҳҳои этникӣ зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла 15, 3% аҳолӣ ӯзбекҳо, 1,1% русҳо, 0,30% туркманҳо, 0, 3 % тоторҳо ва миллатҳои дигар мебошанд.

Мақоми аксарияти миллӣ ё ақаллияти миллӣ доимӣ нест ва якбора барои ҳамеша дода намешавад. Намояндагони халқи дар ягон мамлакат аксарият дар мамлакати дигаре ақаллият мешаванд. Дар соҳаҳои забон, дин ва фарҳанг низ вазъият айнан чунин аст. Муҳимияти проблемаҳои ҳуқуқ ва озодиҳои ашхоси мансуб ба ин ақаллиятҳо низ аз ҳамин ҷост. Вале худи таърифи ақаллият дар ҳуқуқи байналмилалӣ аз ҷумлаи масъалаҳои баҳснок буда, як маънӣ надорад.

Дар СММ дар бораи мундариҷаи категорияҳое чун халқ, миллат ҳанӯз фикри ягонае вуҷуд надорад. Муносибат ба истилоҳи «нажод» низ комилан тағйир ёфтааст. Ҳоло кӯшиш мекунанд, ки аз он канораҷӯӣ кунанд, зеро олимон дар бораи ғайриасоснокии илмии мафҳуми «нажод» ба хулоса расидаанд. Ягон сифати ҷисмӣ ё баданӣ – ранги пӯст, таркиби хун, сермӯйӣ ва ғайра нест, ки онро танҳо ба як нажод мансуб дониста, барои одамони дигар истисно кунем. Зери мафҳуми нажодпарастӣ имрӯз дараҷаи нисбатан васеи оштинопазирии бар фарқияти ранги пӯст, баромади авлодии миллӣ ё этникӣ асосёфта фаҳмида мешавад.

Дар навбати худ, таърифи этнос — ҷамоаи этникӣ низ ниёзманди саҳеҳият аст. Зери мафҳуми ҷамоаи этникӣ одатан гурӯҳи одамоне фаҳмида мешавад, ки номи ба ин ҷамоа хосро доро мебошанд: ривоятҳои гузаштагони умумӣ; хотираи таърихӣ; як ё якчанд унсурҳои фарқкунандаи фарҳанг (забон, ҷашнҳо ва ғайра); алоқамандӣ бо ҳудуди муайян; эҳсоси ягонагии умумӣ.

Ҳамин тариқ, чи дар илми имрӯза ва чи дар амалияи байналмилалӣ –ҳуқуқӣ мафҳуми «ақаллият» низ дар мавриди истифода нисбат ба гурӯҳҳои миллӣ, забонӣ, динӣ ҳанӯз то ба охир муайян карда нашудааст. Онро дар иҷтимоъшиносӣ (сотсиология), таърих, антропология, сиёсатшиносӣ ва ҳатто фанҳои гуногуни ҳуқуқӣ фарқ мекунанд. Дар адабиёти илмӣ таърифе нисбатан эътирофгашта маҳсуб мешавад, ки муаллифи он ҳуқуқшиноси номӣ, мутахассиси соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ Франческо Капоторти мебошад. Ба ақидаи ӯ, зери мафҳуми «ақаллият» гурӯҳи шуморааш ками вазъи ҳукмронӣ надоштае фаҳмида мешавад, ки аъзои он – шаҳрвандони ин давлат аз нуқтаи назари этникию динӣ ё забонӣ дорои тавсифоти аз тавсифоти қисми асосии аҳолӣ фарқкунандаанд ва бо мақсади нигаҳдории фарҳанги худ, анъаноти худ, дини худ ё забони худ, бигузор ғайримустақим бошад ҳам, эҳсоси ҳамраъӣ зоҳир мекунанд. Чунон ки бисёр мутахассисон қайд мекунанд, ақаллиятро аз нигоҳи иҷтимоӣ ҳатман ақаллият будан шарт нест. Ҳангоми муайянсозии ақаллият пеш аз ҳама қайд кардан зарур аст, ки оё гурӯҳ дар ҳақиқат «дуюмдараҷа» аст ва аъзои он нисбати гурӯҳи пешбар имконияти камтари ба роҳ мондани зиндагии хешро дорад ва ҳамчунин гурӯҳи пешбар ақаллиятро комилан бо худ баробар намеҳисобад.

Ба ин тариқ, барои муайянсозии ақаллияти миллӣ шартан 4 меъёрро ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Шумора – теъдоди кам нисбат ба этноси муайянкунанда;
  2. Сифат – вазъи бадтар нисбат ба аксарият;
  3. Мавҷудияти тавсифоти хоси этникӣ, динӣ ё забонӣ.
  4. Эҳсоси даркшавандаи ҳамраъӣ.

Аммо чунин меҳисобанд, ки ҳамаи таърифоти мавҷудаи

ақаллият мукаммал нестанд, зеро онҳо, масалан, байни халқҳои таърихан дар ҳудуди давлат зиндагикунандаи вале нисбат ба халқи давлатдориро ташаккулдиҳанда камтар ва гурӯҳҳои одамони аз дигар ҷо омадаю муҳоҷирин фарқ намегузоранд.

Муносибати байналмилалӣ – ҳуқуқӣ ба ақаллиятҳои миллӣ характери нисбатан ба худ хос дорад, зеро гурӯҳи одамони дорои ҳама гуна фарқиятҳои назаррас ва аз ҷониби ҳама эътирофшавандаи вале шаҳрвандони ин мамлакат набуда, масалан, чун муҳоҷирини мардикор, ақаллиятҳои миллиро ташкил намедиҳанд.

Сарфи назар аз ҳама гуна мураккабиҳои марбут ба мафҳуми универсалии «ақаллият» таърифи он вобаста ба зарурати ҳифзи пурсамари одамони ба ин категория тааллуқдошта басо муҳим аст: Таърих нишон медиҳад, ки маҳз намояндагони ақаллиятҳо ҷабрдидагони аксари низоъҳо дар сайёра буданд ва ҳастанд. Он чиро, ки мо гуфтем, ҷамъбаст карда, чунин таърифи ақаллиятро истифода бурдан мумкин аст:

Ақаллият гурӯҳест, ки чун қоида нисбат ба қисми дигари аҳолии давлат шумораи камро ташкил дода, мақоми пешбарӣ надорад, аъзои он шаҳрвандони мамлакат буда, соҳиби фарқиятҳои этникӣ, динӣ ё забоние мебошанд, ки онҳоро аз қисми асосии аҳолӣ фарқ мекунонад.

  1. Проблемаҳои риояи ҳуқуқҳои қаллиятҳои миллӣ дар ҷаҳон

Ҷабҳаи аз ҳама асосии ҳифзи ҳуқуқҳои ақаллият манъи табъиз аст. Ҳамаи ҳуқуқҳои ақаллият, ки онҳоро баъзан ҳам ба ҳуқуқҳои инфиродӣ ва ҳам ба ҳуқуқҳои дастаҷамъона мутааллиқ медонанд, маҳз аз нигоҳи ғайритабъизӣ баррасӣ мешаванд.

? Ба хотир оред, ки мафҳуми «табъиз» чӣ маъно дорад?

Дар ҷаҳони имрӯза мисолҳои табъиз, ҷудосозӣ ва таъқиби ақаллиятҳои миллӣ, мутаассифона, зиёд ва гуногунранганд. Акнун табиати онҳо бештар на ба тавсифоти биологӣ чун шаклҳои пештараи нажодпарастӣ («нажоди сафедпӯст назар ба нажоди сиёҳпӯст беҳтар аст»), балки ба фарқиятҳои фарҳангӣ асос мекунад. Тасдиқот оид ба бартарӣ аксаран ба фаромӯшӣ мебарад, вале ба ҷои ин «осонакак» қайд мешавад, ки фарҳанг барои халқ ё омехташавии фарҳангӣ ё иҷтимоӣ ин махсусиятро зери хавф мегузорад. Эҳсоси номақбулӣ шакли зуҳуроти ба ҳам зич алоқамандро мисли табъиз, ксенофобия, оштинопазирӣ, зиддисемитизм, нажодпарастӣ мегирад.

Дар назди ақаллиятҳо, масалан, чунин проблемаҳои марбут ба шаклҳои гуногуни табъиз меистанд:

• зулми фарҳангӣ; манъи омӯзиши забони модарӣ дар мактаб ё истифодаи он дар маводи чопӣ ё аудиовизуалӣ;

• зулми иқтисодӣ: мунтазам нописандӣ кардан ба манфиатҳои иқтисодии ақаллиятҳо, ки метавонад дар муносибатҳои табъизӣ ҳангоми қабул ба кор, танзими сиёсати пардохти музди меҳнат, тақсими буҷети давлатӣ ва ғайра ифода ёбад;

• зулми сиёсӣ: маҳдудиятҳо бобати иштироки ақаллиятҳо дар идоракунии давлат, дар муқоиса бо миллати номвар имкониятҳои нобаробари дастрасӣ ба хизмати давлатӣ ва ғайра;

• зулми ҷисмонӣ: дар ҳудуди ақаллиятҳо ба таври оммавӣ ҷойгирсозии гурӯҳҳои этникии аксарият ё истилои ҳудудҳои ақаллият бо роҳи ба он ҷо кӯчондани аҳолӣ: масалан, низоъҳои мусаллаҳонаи солҳои 90-ум дар ҳудуди Югославияи собиқ ва Руанда нишон медиҳанд, ки ин метавонад характери ба ном «поксозии этникӣ» ё ҳатто геносидро гирад.

• геносид: сиёсате, ки бо мақсади пурра ё қисман нобуд сохтани гурӯҳҳои миллӣ, этникӣ, нажодӣ ё динӣ гузаронида мешавад.

Зери мафҳуми геносид кирдорҳои зери бо нияти пурра ё қисман нобуд сохтани ягон гурӯҳи миллӣ, этникӣ, нажодӣ ё динӣ амалигарданда фаҳмида мешавад:

а) куштани аъзои чунин гурӯҳ;

б) расонидани ҷароҳатҳои ҷиддии ҷисмонӣ ё аз ақл бегонасозии аъзои чунин гурӯҳ;

с) дидаву дониста барои ягон гурӯҳ сохтани чунин шароитҳои зиндагӣ, ки ҷисман пурра ё қисман нобуд сохтани онро таъмин мекунанд;

д) тадбирҳои ба барҳам додани тавлиди тифл дар муҳити чунин гурӯҳ нигаронидашуда;

е) зӯран таҳвил намудани кӯдакон аз як гурӯҳи одамон ба дигаре.

Моддаи 2-и Конвенсия дар бораи пешгирии

ҷинояти геносид ва ҷазодиҳӣ барои он.

Дигар зуҳуроти таассуб ва оштинопазирӣ ксенофобия мебошад, ки аз калимаи юнонии маънояш «тарсу ваҳми хориҷӣ» аст.

Ҳарчанд мо қайд кардем, ки муҳоҷирини мардикор аз нигоҳи муносибати байналмилалӣ ба сабаби шаҳрвандони мамлакате набудан, ки он ҷо барои пулкоркунӣ омадаанд, ба категорияи ақаллиятҳо дохил намешаванд, маҳз муҳоҷирин аксар вақт қурбони зуҳуроти таҷовузбори ксенофобия мешаванд.

Ксенофобия ҳама гуна тарсу бими доимии, аз ҳад зиёд ба хориҷиён ё ношиносони на ҳатман ба расмият даровардашуда, дастгиришаванда, тоқаткунанда ё ҳавасмандсозандаи ҳокимиятҳо аст.

  1. Моҳияти ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ ва

ҳуҷҷатҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳо

ва озодиҳои ақаллиятҳои миллӣ

Албатта, ашхоси мансуб ба ақаллиятҳои миллӣ, динӣ ва ғайра ҳамаи он ҳуқуқҳоеро соҳибанд, ки дигар одамон ва шаҳрвандони мамлакат доранд (ҳуқуқ ба ҳаёт, ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, ҳуқуқ ба озодии афкор, озодӣ аз шиканҷа ва ғуломӣ, ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва ғайра). Вале намояндагони ақаллиятҳои миллӣ ҳамчунин ҳуқуқҳои махсуси худро доранд.

Рушди таърихии консепсияи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллиро шартан ба се марҳила ҷудо кардан мумкин аст:

Марҳилаи аввал – аз соли 1919 (низоми Версалӣ) то соли 1948 – бо пайдоиши истилоҳи «ақаллиятҳои миллӣ» ҳамчун категорияи мустақил, кӯшиши эминсозии онҳо аз табъиз ва таъмини кафолатҳои байналмилалии риояи меъёрҳои дахлдори қарордодӣ тавсиф бахшида мешавад.

Марҳилаи дуюм – аз 10 декабри соли 1948, аз лаҳзаи эълом гаштани Эъломияи умумии ҳуқуқи башар то даҳсолаи охири асри ХХ – ба кӯшиши татбиқи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ дар асоси принсипи баробарӣ такя мекунад.

Марҳилаи сеюм – аз охири асри ХХ то рӯзҳои мо – бо қабули якчанд ҳуҷҷати Шӯрои амнияти Шӯрои Аврупо ва Эъломияи СММ дар бораи ҳифзи ашхоси мансуб ба ақаллиятҳои миллӣ, этникӣ, динӣ ё забонӣ аз 18 декабри соли 1992 алоқаманд буда, бо эътироф ва дастгирии махсусиятҳои ақаллиятҳои миллӣ тавсиф меёбад.

Ҳуҷҷатҳои нисбатан муҳими байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ инҳоянд: Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948), Конвенсия дар бораи пешгирии геносид ва ҷазодиҳӣ барои он (1948), Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ (1965), Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (1966), Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (1966), Эъломия дар бораи ҳуқуқҳои ашхоси мансуб ба ақаллиятҳои миллӣ, ё этникӣ, динӣ ва забонӣ (1992).

Дар кишварҳое, ки ақаллиятҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ мавҷуданд, ба шахсони ба чунин ақаллиятҳо мансуббуда дар якҷоягӣ бо дигар аъзои гурӯҳи худ набояд ҳуқуқи истифода намудан аз фарҳанги худ, пайравӣ кардан ба дини худ ва риояи суннатҳои он, ҳамчунин истифода аз забони худ рад карда шавад.

Моддаи 27-и Паймони байналхалқӣ доир

ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ.

Дигар самти муҳим дар ҳифзи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ ҳуҷҷатҳои сиёсие мебошанд, ки ба шарофати аҳамияти амалиашон дар ҳалли проблемаҳои байналмилалӣ аслан дар сатҳи байналхалқӣ нақши меъёрӣ- ҳуқуқиро иҷро мекунанд. Байни онҳо ҳуҷҷатҳои САҲА ва як қатор тавсияҳои Комиссари Олии САҲА оид ба масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла тавсияҳои Гаага нисбати ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ барои гирифтани таҳсилот (октябри соли 1966), Тавсияҳои Осло «Дар бораи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ дар соҳаи забон» (феврали соли 1998), Тавсияҳои Лунд дар бораи иштироки самараноки ақаллиятҳои миллӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ (1999), ҳуҷҷатҳо бахшида ба проблемаи намояндагии ақаллиятҳо дар идоракунии давлатӣ ва сохторҳои худидоракунии маҳаллӣ (2001) мавқеи махсусро ишғол менамоянд.

Онҳо, ки ба афкори хуб асосёфтаю мувозинадори мумайизон оид ба масъалаҳои зикршуда такя доранд, дар муддати нисбатан кӯтоҳ як навъ меъёри баҳодиҳӣ ба вазъиятҳои мураккаб бо ақаллиятҳо гардиданд.

Ҳуҷҷатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ худ аз худ натиҷаи мусолиҳаи давлатҳо дар он соҳае мебошанд, ки чун проблемавӣ эътироф мешаванд. Онҳо минимуми ҳуқуқӣ, набалки низоми пурарзиши ҳифзи ақаллиятҳоро таҷассум мекунанд.

4. Ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ

Ҳуҷҷати машварат- конфронси Копенгаген оид ба ченакҳои инсонӣ (1990) ва Эъломияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои ашхоси марбут ба ақаллиятҳои миллӣ ё этникӣ, динӣ ва забонӣ (1992) байни ҳуқуқҳои ақаллиятҳо аз ҷумла ҳуқуқ ба худмушобеҳсозӣ, ҳуқуқ ба махсусият, ҳуқуқ ба фарқият аз дигарон ва умуман, ҳуқуқ ба мавҷудият ва ҳифз аз ҳазмкунии (ассимилятсияи) зӯроварона, ҳуқуқҳои махсуси забонӣ ва ғайраро пешбинӣ менамоянд.

Ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба худмушобеҳсозӣ дар назар дорад, ки шаҳрванд ҳақ дорад бе ягон таъсиррасонӣ шахсан интихоб намояд, ки ба ақаллияти миллӣ мансуб аст, ё не: зимнан, чунин интихоб ҳеҷ гуна оқибатҳои ногувор ба бор намеорад ва татбиқи ҳуқуқҳои бо чунин интихоб алоқаманд наметавонад, ки касро дар ҳоли ноҷӯр гузорад.

Ҳуқуқ ба нигоҳдорӣ, ифода ва рушди махсусият маънии имконияти соҳиб будан ва ифода кардани хусусиятҳои этникӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ғайраи худӣ (масалан, интиқол додани маросими динӣ) ва инкишоф додани фарҳанг, забон, дин, анъанаҳо ва одатҳои хешро дорад. Вазифадории давлат бобати таъмин намудани шароитҳои мувофиқи мусоидаткунанда ба татбиқи онҳо ва манъи табъизи ашхоси марбут ба ақаллиятҳои миллӣ ба ин ҳуқуқ мувофиқат мекунад. Ҳуқуқи мазкур бо манъи ҳазмкунӣ (ассимилятсия) ба ҷуз иродаи барало ҳувайдои шахси марбут ба ақаллиятҳои миллӣ зич алоқаманд мебошад, давлатҳо бошанд, вазифадоранд, ки ҳифзи дархостшавандаро аз ҳазмкунии иҷборӣ пешниҳод намоянд.

Ҳуқуқҳои забонии ақаллиятҳои миллӣ чунин маънӣ дорад, ки ашхоси марбут ба ақаллиятҳои миллӣ метавонанд бе ягон шарту шароит, сарфи назар аз забони муқарраркардаи давлат, забони худро дар ҳаёти хусусӣ истифода кунанд ва ошкорову озодона, бе дахолат ё табъиз ному фамилияи худро аз ҷумла дар ҳуҷҷатҳои расмӣ, чуноне ки ин дар забони модарӣ қабул шудааст, нависанд, иттилоот паҳн кунанд, ба он дастрасӣ дошта бошанд ва ба забони модарии худ табодули иттилоот кунанд, аз ҷумла васоити ахбори омма ташкилу нашр кунанд, овезаҳо, навиштаҷот ва дигар иттилооти характери хусусидоштаро ба забони модарӣ ҷойгир созанд. Дигар ҳуқуқҳои забониро дар сурати риояи шартҳои гуногун, аз ҷумла мавҷудияти зарурат ё имконият, салоҳдиди шахсони мансабдор ва ғайра метавон татбиқ кард, зимнан, ин шартҳо ба принсипҳои баробарӣ ва ғайритабъизӣ бояд ҷавобгӯ бошанд.

Дар Эъломия оид ба ҳуқуқҳои ашхоси марбут ба ақаллиятҳои миллӣ ё этникӣ, динӣ ва забонӣ моҳияти ҳуқуқҳои ақаллиятҳо ҳамчун ҳуқуқҳои дастаҷамъона ва инфиродӣ таҷассум ёфтааст: «Ашхоси марбут ба ақаллиятҳои миллӣ дар асоси инфиродӣ, ҳамчунин якҷоя бо дигар аъзои гурӯҳи худ метавонанд ҳуқуқҳои хешро татбиқ созанд ва аз онҳо истифода кунанд».

Назари ҳозира ба фаҳмиши ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ низ ҳуқуқи онҳо ба худидоракунӣ (мухторият) ва ҳуқуқи аз он бармеомадаро ба намояндагии мутаносибона дар ҳукумат ва парлумон ва мақомоти маҳаллии идоракунӣ эътироф менамояд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *