Фанни Ҳуқуқи инсон

Ҷаҳонишавӣ ва ҳуқуқҳои инсон

Ҷаҳонишавӣ Ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мафҳуми ҷаҳонишавӣ

Солҳои охир мафҳуми ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) дар таомули муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи мустаҳкам ишғол карда, аз тарафи журналистон, иқтисоддонон, сиёсатмадорон, муҳофизони ҳуқуқҳо, ки бо проблемаҳои байналмилалӣ cару кор доранд, зуд-зуд истифода мешавад. Ҷаҳон торафт тангтар мешавад, дар он сарфи назар аз фарқиятҳои байни мамлакатҳо, қитъаҳо ва миллатҳо беш аз пеш ҷиҳатҳои умумӣ пайдо мегарданд. Фосилаи байни одамон дар тамоми ҷаҳон торафт камтар мешавад ва акнун фосилаҳои калонро ба зудӣ убур карда, мубодилаи иттилоот намудан мумкин аст.

Раванди тадриҷан наздикшавии давлатҳо тӯли тамоми таърихи инсоният ба амал омадааст. Ҳанӯз дар асри Х1Х муҳақиққон дар бораи фазои ягонаи ҷаҳонӣ навишта буданд. Дар сарҳади байни асрҳои Х1Х ва ХХ ҷаҳон дар натиҷаи вусъати савдо ва маблағгузориҳо дар миқёси глобалӣ ба туфайли телефон, дигар васоити алоқа ба марҳилаи наздикшавии байниҳамдигарӣ ворид гардид. Анҷом ёфтани ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба рушди ҳуқуқи байналмилалӣ ва таъсиси созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мусоидат кард. Дастовардҳои охири солҳои 70-уми асри ХХ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсия ба рушди ҷаҳонишавӣ такони наве доданд. Феълан тавассути телефон, кабелҳои оптикӣ ё сигналҳои радио ҳаҷми басо калони иттилоотро амалан дар як лаҳза ва фаврӣ ба ҳар як нуқтаи кураи Замин интиқол додан мумкин аст, ки ба таври инқилобӣ ба болоравии иқтисодиёт кӯмак мекунад. Бинобар ин ҷаҳонишавӣ дар худ дар як вақт бисёр равандҳои ҷараёндошта, аз ҷумла интернатсионаликунонии сармоя, савдои байналхалқӣ, инкишофи институтҳои пуриқтидори байналмилалӣ (чун СММ, Шӯрои Аврупо, Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо) ва технологияҳои нави алоқаро фаро мегирад, ки одамонро ба ҳам наздик месозанд. Аммо муносибатҳо ҷиҳати муайянсозии ҷаҳонишавӣ басо зиёданд. Масалан, ба андешаи баъзе мумайизон, аз нигоҳи прогресси техникӣ ҷаҳонишавӣ як навъ марҳилаи сифатан нави рушди тамаддуни ҳозираро мемонад ва характери нисбатан ниҳонӣ дорад, зеро муттамарказонии захираҳои зеҳнӣ ва технологияҳои навтарин танҳо дар якчанд мамлакат – пешоҳангони раванди ҷаҳонишавӣ ба амал меояд.

Навлибералҳо бошанд, ҷаҳонишавиро ҳамчун раванди аз ҷониби давлатҳо бартарафсозии манфиатҳои маҳдуди худхоҳонаи миллӣ ва барқарории «ҷомеаи мамлакатҳои мутамаддин»-е баррасӣ мекунанд, ки натиҷаи ба ҳам воридшавии иқтисодиётҳои миллӣ, интернатсионалишавии молия, пурзӯршавии корпоратсияҳои трансмиллӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ғайра мебошанд. Ва метавон мафҳуми мобайниеро истифода кард, ки хосиятҳои гуногуни ин зуҳуротро ба назар мегирад:

Ҷаҳонишавӣ бадалшавии тадриҷии фазои ҷаҳонӣ ба минтақаи ягонаест, ки дар он бе ягон мамониат сармояҳо, молҳо, хадамот ҳаракат мекунанд, ғояҳо озодона паҳн гашта, барандагони онҳо бо ҳавасмандсозии рушди институтҳои ҳозираи байналмилалӣ ва трансмиллӣ ва мукаммалгардонии механизмҳои амалиёти байниҳамдигарии онҳо озодона ҷой иваз мекунанд. Ба ин тариқ, ҷаҳонишавӣ маънии ба вуҷуд омадани майдони байналмилалии ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ-иттилоотӣ, инфраструктураи ба худ хоси байниминтақавӣ, аз ҷумла иттилоотию табдилотро дорад.

Ҷаҳонишавӣ на танҳо раванди қонунии таърихӣ, инчунин дар асоси худ раванди мусбатест, ки ба пешрафт ва шукуфоии инсоният мусоидат мекунад. Аз як ҷониб, вай бояд сулҳу амнияти умумиро таъмин кунад, паҳншавии силоҳи ҳастаӣ, биологӣ ва химиявиро барҳам диҳад, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, муҳити зистро ҳамчун шарти зарурии зинда мондани инсон таъмин созад. Аз ҷониби дигар, вай сабаби бекорӣ, муфлисӣ, афзудани ҷудоии технологии байни дороёну нодорон, ҳукмфармоии корпоратсияҳои трансмиллӣ, «бесимо» гаштани инсон (мо ҳамон як ғизоро мехӯрем, ҳамон як либосро мепӯшем, ҳамон як мусиқиро гӯш мекунем, ҳамон як филмро мебинем) ва бисёр оқибатҳои дигар мегардад, ки воқеан ҳам боиси нигаронианд. Бинобар ин дар айни замон ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш менамояд ба бисёр ҷиҳатҳои ҷаҳонишавӣ назорат барад, то инсоният бо як навъ ҳаракати ба ном зиддиҷаҳонишавӣ, албатта, бо дарки раванди таърихӣ будани ҷаҳонишавӣ, рӯирост бар зидди он намебарояд, вале кӯшиш мекунад, ки ҷаҳонишавӣ «симои инсонӣ» дошта бошад. Ҳаракати зиддиҷаҳонишавиҳо торафт муташаккилтар гардида, онҳо мувозӣ бо кунгураҳои (форумҳои) умумиҷаҳонии иқтисодӣ кунгураҳои умумиҷаҳонии иҷтимоии худро мегузаронанд. Дар ин кунгураҳо зери шиори «Ҷаҳоне тавонад дигаргун шавад» онҳо масалан, проблемаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар шароити ҷаҳонишавӣ, зарурати риояи принсипҳои ошкороӣ ва масъулиятмандӣ дар фаъолияти институтҳои байналмиллии молиявӣ ва корпоратсияҳои трансмиллӣ, кам кардани бори гарони қарздории мамлакатҳои «ҷаҳони сеюм» ва ғайраро муҳокима мекунанд.

Проблемаҳои глобалии ҷаҳони имрӯза

Имрӯз инсоният дар рӯ ба рӯи як қатор проблемаҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аст. Инҳо проблемаҳои амнияти аҳолии кураи Замин, болоравии экстремизм ва терроризм, ҷинояткориҳои трансмиллӣ, афзудани таъсири давлатҳои абарқудрат ба мамлакатҳои хурду вобаста, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ ва ғизо, ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда, танзими проблемаҳои демографии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва ғайра мебошанд.

Ҷаҳон ва амният. Яке аз проблемаҳои муҳимтарин, ки дар доираи механизмҳои Созмони Миллали Муттаҳид ба таври анъанавӣ аз ҳама асосӣ ва ҳалкунанда дониста мешавад, проблемаи нигаҳдории сулҳ ва амният дар сайёра аст. Яроқнокшавии дар тӯли тамоми нимаи дуюми асри ХХ ба амаломада, ба вуҷуд овардани силоҳои қатли ом ҷаҳонро басо нозуку ғайриэътимод гардонд. Ҷавобан ба ин таҳдиди ба амаломада иттиҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавии ҳарбӣ — сиёсӣ оид ба амнияти дастаҷамъона таъсис ёфтанд, қарордодҳо дар бораи маҳдудсозии яроқнокшавӣ, манъи истеҳсол ва паҳн кардани минбаъдаи яроқи ҳастаӣ таҳия гардида ва қабул карда шуданд. Мамлакатҳои дорои технологияҳои истеҳсоли яроқи қатли ом дар бораи тартиби назорат ва истифодаи онҳо, аз ҷумла тафтишҳои давра ба давра аз ҷониби мумайизони СММ, ба ифоқаҳо расиданд. Тавре ҳоло мо мебинем, аксари ин қарордодҳо, ҳарчанд ба таври кофӣ набошад ҳам, амал мекунанд. Дар бисёр гӯшаву канори Замин миллионҳо одамон, ҳатто бе истифодаи яроқи қатли ом, ба низоъҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ кашида мешаванд, ки оқибатҳои басо ногувор ба бор меоранд. Руанда, Сомали, Судон фақат баъзе мисолҳои онҳо мебошанд. Байни қарорҳои мусбати ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки бешак, таъсири худро ба таҳкими сулҳу амният дар сайёра мерасонанд, таъсиси Суди байналмилалии ҷиноятиро қайд кардан ҷоиз аст. Ба салоҳияти ин суд таъқибу ҷазодиҳӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини байналхалқӣ чун геносид, ҷиноятҳои ҳарбӣ ва ҷиноятҳои зидди инсоният содиркардаи пеш аз ҳама сарони давлатҳо ё армияҳои ҷангкунандаи исёнгар дохил мешавад. Ин имконият медиҳад, ҷинояткорони байналхалқии гунаҳкори барангехтани ҷангҳо дар сайёра, ки қаблан аз нуфузи байналмилалӣ истифода карда, беҷазо мемонданд, ҷазо дода шаванд. То соли 2007 ба Статути Римии Суди байналмилалии ҷиноятӣ 104 давлат ҳамроҳ шуда, бо ҳамин юрисдиксияи (доираи ҳуқуқии) онро эътироф намуданд. Тоҷикистон низ аз ҷумлаи чунин давлатҳост.

Нигаҳдории муҳити зист. Проблемаи дигари глобалӣ нигаҳдории муҳити зист дар шакли бехавфи экологӣ мебошад. Инсоният асрҳои зиёдест, ки табиатро барои эҳтиёҷоти технологию истеҳсолии худ истифода мекунад, вале мутаассифона, на ҳамеша бо он муносибати дуруст менамояд.

Табиат ба мо ҳама чиз – муҳити зист, ғизо, оби нӯшиданиро медиҳад. Баҳрҳо ва дарёҳо, марғзорон ва ҷангалҳо бо олами гуногуни ҳайвоноту наботот дар ихтиёри мо мебошанд. Мо қувваи барқ, нафт, газ, канданиҳо ва металлҳои рангаи гуногунро низ аз табиат мегирем. Ва ҳоло моро лозим меояд иқрор шавем, ки дар натиҷаи муносибати нодуруст ва беэҳтиётонаи инсон нисбат ба табиат ба муҳити зист хисороти басо зиёде расонида шудааст. Акнун баҳри наҷот ёфтан аз фалокатҳои глобалии экологӣ ин хисоротро барқарор кардан лозим аст. Проблемаҳои глобалии экологиро, ки аллакай инсоният бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, чун дигаргуншавии иқлим, вайроншавии қабати озонӣ, ифлосшавии химиявии муҳити зист якҷоя бо боронҳои кислотагӣ, биёбоншавии заминҳо, камшавии неруи захираҳои табиӣ ва ғайра танҳо ба таври глобалӣ, яъне бо кӯшишҳои якҷояи ҳамаи давлатҳо пурсамар ва муваффақона ҳал кардан мумкин аст. Воқеан, шиддати ин проблемаҳо ба андозае баланд шудааст, ки олимони бисёр мамлакатҳо барои зинда мондани инсоният ҳалли ҳар чи фаврӣ ва таъхирнопазири онҳоро боисророна талаб менамоянд.

Тавсифи дигари муҳимтарини ҷаҳонишавӣ дар соҳаи экология зарурати ҳифзи неруи захираҳои табиии давлатҳо, дар навбати аввал давлатҳои рӯ ба инкишоф, ҷиҳати соҳаҳои истихроҷии истеҳсолот махсусан бо истифода ва иштироки сармояи хориҷӣ мебошад. Ин масъала, аз ҷумла, дар мавриди маблағгузориҳо ба иқтисодиёти мамлакатҳои «сеюм» аз ҷониби корпоратсияҳои трансмиллӣ ва бизнеси бузурги хориҷӣ ба миён омада, ҳадафаш роҳ надодан ба истифодаи ғоратгаронаи захираҳои табиии мамлакатҳои суст аз тарафи шарикони нисбатан пурқуввати иқтисодии хориҷӣ мебошад.

Асри ХХ1 — асри технологиҳои иттилоотӣ. Дар даҳсолаҳои охир ихтирои радио ва телевизион ва истифодаи онҳо барои пахши васеъмиқёси барномаҳо ба суръати пешрафти техникӣ такони наве бахшид. Имрӯз ғояи «ҷаҳони ягона» ва алоқаҳои маснӯӣ асоси ҷавҳари муносибатро ба проблемаҳои асосии чи глобалӣ ва чи маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Аввалин системаи байналхалқии алоқаи маснӯӣ Интелсат ҳанӯз соли 1965 ба кор дароварда шуд. Аз он вақт то ба имрӯз воситаҳои навтарини алоқа, аз ҷумла васоити телекоммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ ва электроникаи оптикӣ ба воситаҳои анъанавии ахбори омма (ВАО) ҳамроҳ шуда, ба одамон воситаҳои зиёди алоқаро (аз телефонҳои мобилӣ то Интернет) тӯҳфа карданд. Ин ҳама ба одамон имконият медиҳанд, ки табодули иттилоот намуда, афкори хешро баён кунанд, бо ҳамдигар фаъолона мубодила намоянд, аз дигаргуниҳои ба амаломада сари вақт огоҳ шуда, нуктаи назари хешро нисбат ба онҳо баён созанд.

Комиссияи ЮНЕСКО оид ба фарҳанг ва рушд қайд менамояд, ки технологияҳои нав ба ВАО имкониятҳои беҳудуд медиҳанд. Ба сабаби осонии нусхабардорӣ ва таҳвили иттилоот ба ҳар як ҳукумат назорати он чи ки одамон ба якдигар мефиристанд ё аз ҳамдигар мегиранд (дар бораи сензураи онҳо ҳоҷати сухан гуфтан ҳам нест), ба маротиб душвор шудааст. ВАО ҳозира низ дар мавриди пахши ахбори навтарин дар бораи фалокатҳои экологӣ ё техногенӣ, таҳмили низоъҳо ва намоиш додани азиятҳои одамии дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон баамалоянда рӯҳи ҳамраъии умумибашариро пурзӯр мекунанд.

Дар айни замон на ҳамаи сокинони сайёра ба воситаҳои алоқа ва иттилоот дастрасии баробар доранд. Масалан, дар мамлакатҳои Африка ба ҳар 1000 нафар одам камтар аз як хатти телефонӣ рост меояд. Танҳо дар як худи Токио бошад, телефонҳо назар ба тамоми Африка хеле зиёд аст. Ва ин фарқияти байни мамлакатҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафта ва давлатҳои рӯ ба инкишоф рӯз аз рӯз зиёдтар мешавад, ки тарафи дигари раванди ҷаҳонишавӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ мебошад.

Проблемаи дигари аз нигоҳи ҷаҳонишавӣ боиси нигаронишаванда истифодаи технологияҳои иттилоотӣ аз ҷониби мамлакатҳои аз ҷиҳати индустриалӣ рушдкарда баҳри фароҳам овардани шароитҳои мусоид дар бозори байналхалқӣ барои хеш дар вазъиятест, ки мамлакатҳои ҷаҳони сеюм қудрати бо онҳо рақобат кардан надоранд. Бинобарин сиёсати иттилоотии ҷаҳон дар доираи муносибатҳои байнидавлатӣ бояд барои ҳифзи адолат хизмат кунад.

Нигаҳдории тандурустӣ ва демография – проблемаҳои глобалии ҷаҳон. Аз солҳои 70-уми асри гузашта сар карда, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба сабаби ҷаҳонишавӣ, ки бевосита ё бавосита ба вазъи саломатии одамон таъсир мерасонад, хеле дигаргун шудааст. Баъзе натиҷаҳо боиси дигаргуниҳои мусбат шудаанд, масалан, чун паҳн гардидани донишҳои илмӣ, афзоиши неруҳо бобати муваффақшавӣ ба сатҳи баланди саломатӣ дар тамоми ҷаҳон бо роҳи ҳамкориҳои давлатҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корпоратсияҳо. Вале ин раванд оқибатҳои манфӣ низ дорад, масалан, либералишавии савдои ҷаҳонӣ ба паҳншавии чунин молу хадамоте оварда расонидааст, ки бе танзими кофии давлатӣ, алалхусус дар мамлакатҳои ҷаҳони сеюм, ба саломатии аҳолӣ таҳдид мекунанд. Чунончи, мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ маводи зараррасоне чун тамоку бе ҳифзи зарурии саломатии аҳолӣ озодона фурӯхта мешавад.

Аммо имкониятҳои ҷаҳон дар вазъи ҷаҳонишавӣ ва аз ҷумла рушди ҳуқуқҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ шароит фароҳам меоранд бисёр проблемаҳо ва хатарҳои глобалии ба сари инсоният омада, ки байни онҳо ҳифзи саломатӣ ва сиёсати демографӣ афзалияти аз ҳама бештар доранд, пурсамар ҳал карда шавад.

Мувофиқи маълумоти БРСММ ҳар рӯз дар ҷаҳон аз бемориҳое, ки пешгирӣ ва табобат карданашон мумкин аст, 30 ҳазор кӯдак, яъне соле 10 млн. кӯдак нобуд мешаванд. Дар айни замон 2, 5 млрд. одам ба воситаҳои муосири санитария дастрасӣ надоранд. Ҳар сол беш аз 500 ҳазор нафар занҳо вақти ҳомиладорӣ ё таваллуд кардан ба ҳалокат мерасанд. Дар тамоми ҷаҳон беш аз 42 млн. одам аз ВИЧ\СПИД сироят дидаанд. Бинобар ин масъалаи нигаҳдории тандурустии аҳолии сайёра дар қисмати баланд бардоштани стандартҳои хизматрасонии тиббӣ, бартарафсозии фавти кӯдакону модарон, мубориза бар зидди паҳншавии эпидемияҳо, аз ҷумла зукоми паррандаҳо, табларза, вабо ва ғайра глобалӣ гардида, ҳалли «глобалии» худро тақозо мекунанд.

Бо саломатии аҳолӣ дигар проблемаи муҳими глобалӣ – проблемаи демографӣ алоқаманд аст. Дар шароити ҳозира афзоиши аҳолӣ ва оқибатҳои он омилҳои ҳалкунандае мегарданд, ки симои ҷаҳонро дар даҳсолаҳои наздик муайян месозанд. Тавре маълум аст, дар сайёра афзоиши босуръати шумораи аҳолӣ мушоҳида мешавад. Дар 100 соли охир ин нишондиҳанда қариб 4 маротиба афзуда, аз 1,65 то 6,06 млрд. одам расидааст. Афзоиши босуръати шумораи инсоният бо шиддат гирифтани проблемаҳои дигаре чун тамомшавии имконпазири захираҳои барқарорнашавандаи маъданиву ашёи хом, нарасидани хӯрокворӣ, фишори беш аз пеш афзояндаи аҳолӣ ба муҳити зист, нобаробариҳо дар рушди иқтисодӣ ва тақсимоти захираҳо ва ғайра мувозӣ ба амал меояд. Дар натиҷаи нобаробарии глобалӣ чоряки инсоният маҷбур аст, ки бо 1\5 ҳиссаи маҳсулоти миллии истеҳсолшаванда қаноат кунад. Ба ин илова кардан зарур аст, ки шумораи умумии инсоният ба туфайли афзоиши аҳолии минтақаҳои (миллатҳои) ҷудогона, масалан, дар мамлакатҳои Осиё ва Африка ба амал омада, ҳамзамон дар мамлакатҳои дигар (асосан дар мамлакатҳои аврупоӣ) шумораи аҳолӣ торафт камтар мешавад.

Ин проблема ба Тоҷикистон низ, ки 93 фоизи ҳудудаш кӯҳсор асту афзоиши босуръати аҳолӣ ба амал омада, ҳамзамон имкониятҳои ба онҳо кафолат додани неъматҳои иҷтимоӣ, сатҳи баланди зиндагӣ ва хизматрасонии тиббӣ вуҷуд надоранд, то андозае таҳдид мекунад. Дар ин самт тарбияи кӯдакони солиме, ки барои инкишофёбӣ ва худтатбиқкунӣ тамоми имкониятҳоро дошта бошанд, басо муҳим аст. Бинобар ин сиёсати оқилонаи демографӣ мутавозӣ бо хабардорсозии аҳолӣ бо усулҳои муосири контрасепсия ва банақшагирии оила баробари андешидани тадбирҳо оид ба таъмини шаҳрвандон бо ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодӣ роҳи ягонаи халосӣ аз вазъияти ба амаломада мебошад.

Қарорро дар хусуси миқдори кӯдакон дар оила ҳамеша худи волидайн қабул мекунанд, вале давлат ба онҳо бо пешниҳоди иттилоот ва хадамоти маслиҳатӣ (консултативӣ) чунин кӯмаке расонида метавонад, ки банақшагирии оила ба манфиати ҳама – чи некӯаҳволии иҷтимоии оила, чи кӯдакии хушбахтона ва чи инкишофи ҷамъиятӣ ҷавобгӯ бошад. Охир, эҳтимоле ҳаст, ки волидон 7-8 тифлро ба дунё оварда, баъд маҷбуранд онҳоро ба дасти тақдир супоранд. Вале агар волидон 2-3 кӯдак дошта бошанд, қодиранд, ки онҳоро тарбияи солим кунанд ва ҳамаи чизҳои барояшон заруриро дода тавонанд. Бинобар ин кӯшиши Тоҷикистон бобати ҷорисозии барномаи банақшагирии оила басо саривақтӣ буда, барои тарбияи насли нави солим хеле муҳим аст. Ин масъала ҳалли худро ҳамчунин дар мамлакатҳои камбағали Африка, Осиёи ҷанубӣ – шарқӣ ва Шарқи наздик тақозо дорад.

Дар айни замон, баръакс, баъзе мамлакатҳо дар чунин марҳилаи рушди демографӣ қарор доранд, ки онро чун бӯҳрони демографӣ тавсия бахшидан мумкин аст. Мисоли равшани он Федератсияи Россия шуда метавонад. Ин ҷо муқоисаи барӯйхатгирии аҳолии соли 2002 бо барӯйхатгирии қаблии аҳолӣ дар соли 1989 муайян сохт, ки шумораи аҳолӣ дар ин муддат 1,8 млн. нафар кам гашта, тамоюлҳои манфие чун сатҳи пасти таваллуд ва фавти зиёди аҳолӣ барқароранд. Барои чунин мамлакатҳо сиёсати оқилонаи демографии ба афзунсозии таваллуд ва кам кардани фавти одамон нигаронидашуда бояд якҷоя бо тадбирҳои ислоҳсозии сиёсати муҳоҷират татбиқ гарданд, ки имконият медиҳанд, ба мамлакат қувваи кории барои он зарурӣ бо шартҳои барои ҳама манфиатовар ҷалб карда шавад. Ба ин тариқ, алоқамандии демография ва равандҳои муҳоҷират дигар ҷиҳати характерноки ҷаҳон дар давраи ҷаҳонишавӣ мебошад.

Коррупсия ва ҳуқуқҳои инсон дар шароити ҷаҳонишавӣ. Таҳқиқоти гузаронидаи СММ нишон дод, ки озодгардонии савдо ва ҷараёнҳои молиявӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бо пастшавии музди меҳнат, афзудани бекорӣ, пайдоиши табъиз нисбат ба занон якҷоя ба амал омаданд. Ҷаҳонишавӣ савдои бйналхалқии силоҳро осон гардонд, миқёси интиқоли партовҳои ифлоскунандаи муҳитро дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф зиёд кард. Вай ба гардиши байналхалқии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, минҷумла кӯдакон, рушди индустрияи шаҳватпарастӣ сабаб шуд. Ва ҳамаи ин оқибатҳои ногувори ҷаҳонишавӣ дар заминаи коррупсия ба амал меоянд.

Ба коррупсия сатҳи пасти риояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон чи дар мамлакати ҷудогона ва чи дар сатҳи байналхалқӣ мусоидат мекунад. Беҳуда нест, ки коррупсия аз ҳама бештар дар мамлакатҳои камбағал ривоҷ ёфтааст. Ин мамлакатҳо қудрат надоранд, ки ҳуқуқҳои иҷтимоӣ – иқтисодии шаҳрвандони худро таъмин намоянд, дар онҳо институтҳои демократии ҳокимият ва унсурҳои давлати ҳуқуқбунёд, ки имконият медиҳанд, тавассути низомҳои интихоботӣ ва ҳисоботдиҳӣ идоракунии пурсамари давлат амалӣ гардад, ё вуҷуд надоранд ва ё рушд накардаанд. Аммо таъсири мамлакатҳои тараққикардаи индустриявӣ ба раванди коррупсия дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф низ метавонад басо пурзӯр бошад. Масалан, дар низомҳои иқтисодӣ ва молиявии мамолики мутараққии ҷаҳон чунин корхонаҳои байналхалқии пуртаъсир ва азим чун корпоратсияҳои трансмиллӣ мавқеи устувор доранд. Корпоратсияҳои трансмиллӣ, ки ҳамеша баҳри ба мамлакатҳои ҷаҳони сеюм гузаронидани истеҳсолоти худ ба сабаби мавҷудияти қувваи арзони корӣ дар ин кишварҳо ва ҳамчунин мавҷудияти имкониятҳои ба кор бурдани ҳилаву найранг бо мақомоти ҳокимияти ин давлатҳо бо мақсади рӯёндани даромадҳои бештаре мекӯшанд, низ метавонанд ба иқтисодиёти ин мамлакатҳо таҳдиди ҷиддӣ кунанд. Онҳо ҳаракат мекунанд, ки мамлакатҳои ҷаҳони сеюмро зери таъсири худ гиранд. Азбаски буҷети чунин корпоратсияҳо назар ба буҷети бисёр мамлакатҳои хурду вобаста якчанд маротиба зиёд аст, сиёсати «инвеститсионии» онҳо баъзан барои равандҳои коррупсия омили ҳавасмандкунанда мегарданд.

Бинобар ин дар шароити ҷаҳонишавӣ нақши ҳуқуқҳои инсон фавқулодда бузург аст. Маҳз ченакҳо дар ҳуқуқҳои инсон имконият медиҳанд, ки ба равандҳои ҷаҳонишавӣ характери «инсондӯстона» бахшида шавад. Ба ин тариқ, ҳуқуқҳои инсон бо равандҳои барқарории давлатҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, пастшавии шиддати иҷтимоӣ ва миллӣ, паҳншавии ғояҳои маънавият, тоқатпазирӣ (толерантӣ) ва ҳамраъӣ, ба вуҷуд овардани амнияти ғизоӣ ва муҳити зисти мусоид, ҳимоя дар давраҳои низоъҳои мусаллаҳона ва тааррузҳои ҷинояткорона ва ғайра тавъаманд. Ба эътирофи арзишмандии ҳуқуқҳои инсон ҳамчунин равандҳои ҷаҳонишавӣ, «универсалишавӣ», ки аз қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (10 декабри соли 1948) шурӯъ шудаанд, хос мебошанд. Ҳоло ҳуқуқҳои инсон яке аз соҳаҳои аз ҳама бештар рушдкардаи ҳуқуқҳои байналмилалӣ мебошад, ки дар худ чи ҷанбаҳои умумии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва чи низомномаҳои махсусгардонидаи марбут ба категорияҳои махсусан нозуки аҳолиро (занон, кӯдакон, гурезаҳо, ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд ва ғайра) фаро мегирад.

Тоҷикистон дар оғози ҳазорсолаи сеюм дар роҳи муҳими гардиши куллии пешрафти таърихии худ қарор дошта, барпо кардани давлати ҳуқуқбунёдро, ки дар он ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон риоя мешаванд, мақсади волои хеш донистааст. Эътирофи характери универсалии ҳуқуқҳои инсонро дар мисоли Тоҷикистон барало мушоҳида кардан мумкин аст. Мамлакати мо ба ҳамаи қарордодҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ҳамроҳ шуда, бо мақсади мутобиқсозии қонунгузории миллии худ бо санадҳои байналмилалии тасдиқкардааш онҳоро таҷдиди назар менамояд. Солҳои охир Тоҷикистон дар бисёр ҳаракатҳо ва амалиётҳои барномавии байналмилалӣ, ки як навъ кӯшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳалли таҳдидҳои глобалӣ ба инсоният мебошанд, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм, паҳншавии ВИЧ/СПИД, ҳифзи муҳити зист, ҳалли проблемаҳои муҳоҷират фаъолона иштирок менамояд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҷаҳонишавӣ, проблемаҳои глобалӣ, сулҳ ва амният, корпоратсияҳои трансмиллӣ, демография.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *