Фанни Ҳуқуқи инсон

Конвенсияи байналхалқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирини меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо

  1. Мафҳумҳои «муҳоҷирати меҳнатӣ»
  2. ва «муҳоҷирини меҳнатӣ»

Муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз шаклҳои муҳоҷирати аҳолӣ, зуҳуротест, ки ба ҷаҳон аз замони пайдоиши он маълум аст.

Зери мафҳуми муҳоҷират (лот.migratio, аз migrj — мегузарам, ҷой иваз мекунам) ба сурати умум ҳаракат, ҷойивазкунии одамон дар ҳудуди мамлакат аз як минтақа ба минтақаи дигар (муҳоҷирати дохилӣ), ё худ ҳаракат, ҷойивазкунӣ аз як мамлакат ба мамлакати дигар (муҳоҷирати байналхалқӣ ё берунӣ) фаҳмида мешавад.

Имрӯз дар сайёра аз ҳар 35 нафар одам як нафараш муҳоҷири байналхалқист. Миқдори одамони берун аз ҳудуди мамлакати худ зиндагидошта ба 175 млн. нафар расидааст. Муҳоҷирати байналхалқӣ амалан тамоми мамлакатҳои ҷаҳонро – он хоҳ давлате бошад, ки аҳолиаш ба таври оммавӣ тарки он мекунанд, хоҳ давлати мобайнӣ (транзит), хоҳ давлати қабулкунандаи муҳоҷирин ё хоҳ давлате бошад, ки ҳамаи он чизҳои дар боло зикршуда барояш хос аст, — фаро мегирад. Муҳоҷирати байналхалқӣ қисми ҷудонопазири ҷаҳонишавӣ ва муҳоҷирати байналхалқии меҳнатӣ бошад, шакли асосии он гардидааст.

Муҳоҷират ба сабабҳои иқтисодӣ зуҳуроти фавқулоддаи қадимист. Агар ҳафт пушти ҳар кадоме аз моро амиқ омӯзем, маълум мегардад, ки кадоме аз гузаштагонамон аз кадом як ҷои дур омадааст. Аз замоне, ки барои меҳнат музд (пардохт) муқаррар гардид, занон ва мардон паи ҷустуҷӯи кор дар кишварҳои дигар ҷойҳоии азалии зисти худро тарк мекарданд. Дар замони худ дар рушди ИМА муҳоҷирин аз Хитой, Ирландия, Италия, мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ саҳми басо калон гузоштанд. Муҳоҷирин қариб 8 фоизи аҳолии Британияро ташкил дода, аммо 10 фоизи маҷмӯи маҳсулоти миллиро истеҳсол менамоянд. Муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамеша барангезандаи муҳими пешрафт буд ва аз афташ, минбаъд низ чунин хоҳад монд.

Сабаби асосии аз паи ҷустуҷӯи кор аз як мамлакат ба мамлакати дигар рафтану ҷойивазкунии одамон камбизоатӣ ва қодир набудан ба пул кор кардан ё ба андозае истеҳсол намудан аст, ки худ ва аҳли оилаи худро таъмин созанд. Ин сабабҳо на танҳо барои муҳоҷират аз мамлакатҳои камбағал ба мамлакатҳои бой хосанд.

Ба ин тариқ, ҷойивазкунии одамон аз як мамлакати рӯ ба рушд ба мамлакати дигари рӯ ба рушд, ки дар он дурнамои кор беҳтар менамояд, низ ба сабаби камбизоатист. Вале дигар сабабҳои ба хориҷа аз паи ҷустуҷӯи кор рафтани одамон низ ҳастанд. Одамон метавонанд аз ҷангҳо ва низоъҳои шаҳрвандӣ гурезанд ва ё ҳатто мамлакаташонро бо хоҳиши дидани ҷаҳон, наздикшавӣ ба тамаддунҳои дигар ё ҳамроҳшавӣ бо хешовандон тарк кунанд. Аммо сабабҳои паи ҷустуҷӯи кор дар кишвари бегона тарки мамлакати худ кардани муҳоҷир ҳар хел бошад ҳам, ҳамаи ин вазъиятҳо бо мафҳуми муҳоҷирати байналхалқии (берунии) меҳнатӣ фаро гирифта мешавад.

Муҳоҷирати меҳнатӣ (ё онро ба таври динар боз муҳоҷирати корӣ ё захираҳои меҳнатӣ низ меноманд) – муҳоҷирати аҳолӣ аз як мамлакат ба мамлакати дигар бо мақсади пайдо намудани ҷои кор (муҳоҷирати байналхалқии меҳнатӣ), ё аз як минтақаи мамлакат ба дигараш (муҳоҷирати меҳнатии дохилӣ) ба сабабҳои характери иқтисодидошта ва ғайра мебошад.

Муҳоҷират, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ вобаста ба дарозии мӯҳлати ҷойивазкунӣ ба муҳоҷирати бебозгашт (иваз кардани ҷойи доимии истиқомат), муваққатӣ (ҷойивазкунӣ ба мӯҳлати маҳдуд) ва мавсимӣ (ҷойивазкунӣ дар давраҳои муайяни сол) ҷудо мешавад. Ба ҷуз ин боз ба ном муҳоҷиратҳои раққосакиро (рафтанҳои мунтазам ба ҷои кор ё ҷои таҳсил берун аз марзи мавзеи аҳолинишини худ) ҷудо мекунанд.

2.Проблемаҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ

ва вайрон карда шудани ҳуқуқҳои муҳоҷирини

меҳнатӣ дар ҷаҳон

Ҳукуматҳо аллакай кайҳо дарк карданд, ки ҳаракати одамон аз мамлакатҳои камбағалу нообод ба кишварҳои бою мутараққӣ чун ҷорӣ гаштани об аз боло ба поён чизи ногузир аст. Агар ҷоришавии об қувваи табиат бошад, муҳоҷират қувваи таърих мебошад. Нигаҳдории ин раванд бефоида аст ва зиёда аз он нафъе надорад. Манзараи қутбии демографии ҷаҳон ба норасоии қувваи корӣ дар як қисми мамлакатҳо ва аз ҳад зиёд будани захираҳои меҳнатӣ дар қисми дигари мамлакатҳо сабаб мешавад. Бинобар ин барои давлатҳо масъалаи асосӣ на чӣ тавр боздоштани муҳоҷират, балки чӣ навъ пурсамар идора карда тавонистани он мебошад. Бо ин мақсад дар ҳар мамлакат сиёсати муҳоҷират таҳия мегардад, ки масъалаҳои аз мамлакат берун рафтан ва ба он омадан, гирифтани шаҳодатнома барои зиндагӣ, иҷозати кор кардан, шароитҳои меҳнату маишати шаҳрвандони хориҷӣ, имконпазирии шаҳрвандӣ гирифтани онҳо ва ғайраро танзим мекунад.

Сиёсати фикркарданашудаи муҳоҷират зимни болоравии зудҳаракатии меҳнат бисёр вақт ба зуҳуроте чун миқёси калони муҳоҷирати меҳнатии ғайриошкоро (ниҳонӣ), яъне ҳолатҳое оварда мерасонад, ки киро кардан, омадан ва кор кардани муҳоҷирин хилофи қонун сурат мегирад. Зимнан, монеаҳои муҳоҷиратӣ ҳар қадар қавӣ бошанд, шумораи ҳамон қадар бештари муҳоҷирин дар вазъияти ғайриқонунӣ меафтанд. Муҳоҷири ғайриқонунӣ (ниҳонӣ) объекти табиии истисмор мегардад. Ӯ дар вобастагии пурра аз кирокунандагон аст ва метавонад ба иҷрои ҳама гуна кор бо ҳама гуна шароитҳои меҳнат ва ҳаёт маҷбур карда шавад. Дар бадтарин ҳолат вазъияти коргарони муҳоҷир бо ғуломӣ ё бандагӣ монанд аст. Муҳоҷирин аз ронда шудан тарсида, барои ҳифзи худ хеле кам муроҷиат мекунанд. Кайҳо исбот шудааст, ки муҳоҷирати ғайриқонунӣ ногузир ҷиноятӣ гардида, ба вусъати коррупсия, рушди иқтисодиёти пасипардагӣ ва ҷиноятӣ мусоидат мекунад, муборизаро бо терроризм душвор мегардонад.

Аммо вазъияти муҳоҷир, ҳатто дар ҳоле, ки ӯ мақоми расмӣ мегираду дар вазъияти қонунӣ мешавад, метавонад вазнин гардад ва ҳуқуқҳои ӯ вайрон карда шаванд. Он ҳолат, ки муҳоҷир хориҷӣ асту бо забон ва қонунҳои мамлакате, ки он ҷо рафтааст, хуб шинос нест, ҳамчунин вазъияти камбағалонаи дар он қарордоштааш омилҳое мебошанд, ки ба табъиз дидани муҳоҷирини меҳнатӣ мусоидат мекунанд. Бисёр вақт онҳо аз табъиз ҷабр мебинанд, масалан, дар пешниҳод накардан ё аз ҳад зиёд пешниҳод кардани навъҳои муайяни кор, дар душворгардонии дастрасӣ ба тайёрии касбӣ, маҳрум сохтан аз имтиёзҳо, гирифтани музди меҳнати кам нисбат ба музде, ки шаҳрвандони мамлакат барои иҷрои ҳамон кор мегиранд, маҳрум кардан аз ҳуқуқи иштирок намудан дар фаъолияти иттифоқи касаба ва ғайра.

Ҷиҳати дигари ҷойивазкунии миқёсан калони одамон ихтилофоти ба амалояндаи байни аҳолии таҳҷоӣ ва муҳоҷирин мегарданд, ки бисёре аз онҳо аз рӯи аломатҳои этникӣ, нажодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ фарқиятҳои зиёд доранд. Ин боиси душвории ҳамгироии онҳо бо ҷомеаи маҳаллӣ мешавад, ба пайдошавии ксенофобия, табъиз ва нажодпарастӣ мусоидат мекунад.

Шомил сохтани муҳоҷирин ба гурӯҳи иҷтимоии нозуки аҳолӣ, ки ниёзманди ҳифзи махсус мебошанд, ба сабаби ана ҳамин омилҳои зикршуда мебошад.

? Оё байни наздикон ё шиносҳои Шумо одаме ҳаст, ки ӯро муҳоҷири меҳнатӣ номидан мумкин аст? Оё вай вақти кор дар хориҷа бо ягон хел душворие дучор шудааст? Шумо дар ин хусус чиҳо медонед?

3.Аз таърихи пайдоиш ва мафҳумҳои асосии

Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирини меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо

Дар ибтидои солҳои ҳафтодуми асри гузашта проблемаи хариду фурӯши ғайриқонунии қувваи корӣ боиси дар Созмони Милали Муттаҳид муҳокима гардидани масъалаи ҳуқуқҳои муҳоҷирини меҳнатӣ шуд. Соли 1972 Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ЭКОСОС) ба сабаби ҳамлу нақли муташаккилонаи ғайриқонунии коргарон аз як қатор мамлакатҳои африқоӣ ба Аврупо ва истисмори онҳо дар шароитҳои мушобеҳ ба ғуломию бандагӣ бонги изтироб зад. Дертар, худи ҳамон сол Ассамблеяи Генералӣ табъизро нисбат ба коргарони хориҷӣ маҳкум карда, аз ҳукуматҳо даъват ба амал овард, ки ба чунин амалия хотима бахшанд ва шароити бо кор таъмин кардани муҳоҷирини меҳнатиро беҳтар созанд.

Аз ҳамин лаҳза сар карда, проблемаи ҳуқуқҳои муҳоҷирини меҳнатӣ дар рӯзномаи кори СММ доимӣ гашта, асосан дар ду ҷабҳа баррасӣ мегардад: ҳамлу нақли ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши қувваи корӣ ва муносибати табъизӣ бо муҳоҷирини меҳнатӣ. Дар доираи мақомоти гуногуни ин созмон таҳқиқоту семинарҳо ва конфронсҳо гузаронида шуда, дар онҳо масъалаҳои мазкур мавриди муҳокима қарор мегиранд. Соли 1978 дар Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба мубориза бар зидди нажодпарастӣ ва дертар аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ оид ба таҳияи Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирини меҳнатӣ тавсияҳо баён гардиданд. Бо ин мақсадҳо соли 1980 гурӯҳи кории кушода – барои иштироки ҳамаи давлатҳои узви СММ ва мақомоту созмонҳои байналмилалӣ (Комиссияи оид ба ҳуқуқҳои инсон, Созмони байналхалқии меҳнат, ЮНЕСКО, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ) таъсис ёфт, ки муддати 10 сол дар сари лоиҳаи конвенсия кор кард.

Соли 1990 Ассамблеяи Генералии СММ Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирини меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо – ҳуҷҷати байналмилалиеро қабул кард, ки барои давлатҳои иштирокдор қувваи ҳатмии юридикӣ дорад. 1 июли соли 2003 конвенсия баъди тасдиқ шуданаш аз ҷониби бист давлат қувваи амал пайдо кард. Аммо то ба имрӯз мамлакатҳои Конвенсияро тасдиқкарда асосан мамлакатҳое мебошанд, ки муҳоҷирин аҳли онҳоянд. Барои ин мамлакатҳо Конвенсия воситаи муҳими ҳифзи шаҳрвандони берун аз ҳудуди мамлакат иқоматдоштаи онҳост. Ба мушоҳида мерасад, ки мамолики қабулкунандаи муҳоҷирин Конвенсияро як андоза норозиёна тасдиқ мекунанд.

Конвенсия принсипҳои дар ҳуҷҷатҳои асосии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони баналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон ва Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак таҳкимбахшидашударо инъикос карда, ҳамчунин принсипҳо ва стандартҳои дар ҳуҷҷатҳои дахлдори дар доираи СБМ, алалхусус дар Конвенсия дар бораи муҳоҷирини меҳнатӣ (№97), Конвенсия дар бораи сӯиистифода дар соҳаи муҳоҷират ва дар бораи таъмини баробари муҳоҷирини меҳнатӣ бо имкониятҳо ва муроҷиатҳо (№ 143) ва ғайра таҳиягашта инъикосгардидаро ба эътибор гирифтааст.

Маънии асосии конвенсия аз он иборат аст, ки тибқи муқаррароти он ашхоси чун муҳоҷирини меҳнатӣ тахсисгашта, сарфи назар аз мақоми ҳуқуқиашон (қонунӣ ё ғайриқонунӣ), имконияти аз ҳуқуқҳои инсонии худ истифода намудан пайдо мекунанд. Бо дар назардошти ин далел, ки муҳоҷират аксар вақт боиси пайдошавии проблемаҳои ҷиддӣ барои аъзои оилаи муҳоҷирин ва худи онҳо, алалхусус ба сабаби ҷудоии аъзои оила мегардад, конвенсия татбиқи ҳуқуқҳои на танҳо муҳоҷирин, балки аъзои оилаҳои онҳоро низ пешбинӣ менамояд.

«Истилоҳи «коргари муҳоҷир» шахсеро ифода мекунад, ки бо фаъолияти бамузд дар давлате кор хоҳад кард, кор карда истодааст ё кор кардааст, ки шаҳрванди он намебошад».

Банди 1-и моддаи 2

«…истилоҳи «аъзои оила» ашхосеро дар назар дорад, ки бо коргарони муҳоҷир дар ақди никоҳанд, ё бо онҳо муносибатҳое доранд, ки мувофиқи ҳуқуқи татбиқшаванда баробари ақди никоҳ аст, ҳамчунин кӯдакони дар парастории онҳо қарордошта ва дигар ашхосе, ки мутобиқи қонунгузории татбиқшаванда ё созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи байни давлатҳои дахлдор чун аъзои оила эътироф мешаванд».

Моддаи 4-и Конвенсияи байналхалқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирини меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо

Конвенсия байни муҳоҷирини меҳнатӣ категорияҳои гуногунро ҷудо кардааст: «коргарони наздисарҳадӣ», ки дар давлати ҳамсоя зиндагӣ карда, ба он одатан ҳар рӯз, ё ҳадди ақал як бор дар як ҳафта бармегарданд; «коргарони мавсимӣ», ки корашон аз рӯи хислати худ ба шароитҳои мавсимӣ вобаста буда ва танҳо дар давоми як қисми сол иҷро карда мешавад; «баҳрнавардон»- кироягирифташудагон барои кор дар киштии дар давлате ба қайд гирифта шуда, ки онҳо шаҳрванди он давлат нестанд ва ғайра. Дар айни замон дар конвенсия категорияҳои меҳнаткашоне нишон дода шудаанд, ки ин ҳуҷҷат ба онҳо дахл надорад. Инҳо, масалан, ашхоси дар созмонҳои байналмилалӣ коркунанда, маблағгузорони (инвесторҳои) хориҷӣ; гурезаҳо ва ашхоси бетабаа (агар қонунҳои миллӣ чизи дигареро пешбинӣ накарда бошанд); хонандагон ва коромӯзон ва баъзе категорияҳои дигар мебошанд.

Конвенсия ҳамчунин мафҳумҳои зеринро муқаррар кардааст: «давлати асли баромад» — давлате, ки шахси дахлдор шаҳрванди он мебошад; «давлати кори кироя» — давлате, ки дар он вобаста ба воқеаи мушаххас коргари муҳоҷир бо фаъолияти бамузд машғул мешавад, машғул аст ё машғул шудааст; «давлати транзит» (мобайнӣ) – ҳама гуна давлате, ки коргари муҳоҷир ҳангоми рафтан ба кори кироя ба давлати дигар ва аз он ҷо баргаштан ба воситаи он давлат мегузарад. Муҳимияти риояи ҳуқуқҳои муҳоҷирини меҳнатӣ дар ҳамаи давраҳои муҳоҷират, ки омодагӣ ба муҳоҷират ҳанӯз дар мамлакати худ, ҳаракат, роҳ аз ҷумла шояд тавассути мамлакати транзит, мутобиқшавӣ, пайдо кардани ҷойи кор, раванди фаъолияти меҳнатӣ дар давлати кори кироя ва ғайраро фаро мегирад, бо ҳамин таъкид мешавад.

4. Мундариҷаи Конвенсия дар бораи ҳифзи

ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирини меҳнатӣ

ва аъзои оилаҳои онҳо

Принсипи асосии Конвенсия – аз ҷониби давлатҳои иштирокдор эҳтиром шудани ҳуқуқҳои муҳоҷирин ва таъмини ин ҳуқуқҳо дар асоси ғайритабъизӣ, «яъне бе ҳеҷ гуна фарқиятгузорӣ нисбати ҷинс, нажод, ранги пӯст, забон, дин ё эътиқод, ақидаҳои сиёсӣ ва ё ақидаҳои дигар, баромади миллӣ, этникӣ ё иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, синну сол, вазъи иқтисодӣ, амволӣ, оилавӣ ва табақавӣ ё ҳама гуна аломати дигар» мебошад.

Ва дигар ҳолати муҳим дар Конвенсия махсус қайд шудани нуктаест, ки амали он ба ҳамаи муҳоҷирини чи қонунӣ ва чи ғайриқонунӣ ва аъзои оилаҳои онҳо (ки ҳуҷҷат ё мақоми доимӣ доранд, яъне соҳиби рухсатномаи ворид шудан, омадан ва фаъолияти бамузд дар давлати кори кироя мебошанд, ё чунин кор надоранд) дахл дорад.

Қисми 3-и Конвенсия, ки дар он ҳуқуқҳои инсонии ҳамаи муҳоҷирини меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо номбар мегардад, аз ҳуқуқи ҳаракату ҷойивазкунии озодона шурӯъ мешавад, зеро ҳаёти муҳоҷир дар кишвари бегона аз татбиқи маҳз ҳамин ҳуқуқ шурӯъ меёбад. Дар конвенсия ҳамаи ҳуқуқҳои асосии инсон, ки шумо аллакай медонед, номбар гардидаанд. Ҳоло мо фақат баъзе аз онҳоро хотиррасон мекунем: ҳуқуқ ба ҳаёт, манъи истифодаи шиканҷа, ё муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну эътибор ё ҷазодиҳӣ; манъи ғуломию асорат, ҷалбсозӣ ба меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ, озодии эътиқод ва ифодаи фикри худ, ҳуқуқи дахолат накардан ба ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ, ҳуқуқ ба истеҳсолоти судии боадолатона ва ғайра.

Дар Конвенсия ҳуқуқи муҳоҷирини меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо ба дидану гирифтани ҳимоя ва кӯмак аз ҷониби консулгариҳо ва намояндагиҳои дипломатии мамлакати худ ва муқаррарот дар хусуси он ки чораҳои дастаҷамъона берун кардан аз марзи мамлакат ба онҳо дахл надорад, махсус таъкид шудааст. Ҳар як ҳодисаи берун кардан аз марзи мамлакат бояд ба тартиби инфиродӣ баррасӣ шавад ва ҳал гардад. Муқаррароти дигар бар зидди табъиз нисбат ба муҳоҷирини меҳнатӣ дар масъалаҳои мукофотонӣ, шароитҳои дигари меҳнат ва шуғл, аз ҷумла вақти кор, истироҳати ҳарҳафтаина ва ғайра дар муқоиса бо шаҳрвандони давлати кори кироядеҳ мебошад.

Дар Конвенсия ҳамчунин ҳуқуқҳои муҳоҷирин бобати баъди анҷоми кор фиристодани пулҳои кор ва захиракарда ва кашондани амволу ашёи шахсии худ пешбинӣ гардидаанд.

Қисми 4-и Конвенсия ба ҳуқуқҳои дигари муҳоҷирини меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки ҳуҷҷатҳо ё мақоми доимӣ доранд, бахшида шудаанд. Ин ҷо ҳуқуқҳое чун ҳуқуқи ҳанӯз то омадан ба давлати кори кироя ё дар лаҳзаи охирини пеш аз омадан ба давлати кори кироя иттилооти пурра доштан дар бораи ҳамаи шароитҳо, аз ҷумла омадани онҳо ва фаъолияти бамузде, ки ба ҷо меоранд, ҳамчунин нисбати талаботе, ки онҳо дар давлати кори кироя бояд риоя кунанд ва ғайра таҷассум ёфтаанд. Вазифаи таъмин кардан бо ин ҳуқуқ ба зиммаи чи давлати аслӣ ва чи давлати кори кироя вогузошта мешавад. Байни ҳуқуқҳои дигар ҳуқуқи муваққатан ҳузур надоштан дар давлати кори кироя бе зарароварӣ барои рухсатномаи омадан ё кор кардан, ҳуқуқи таъсис додани иттифоқҳои касаба ё ассосиатсияҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои худ, ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти ҷамъиятии давлати аслии худ то ба ҳадди интихоб кардан ва интихоб шудан ва ғайра ҳастанд.

Конвенсия ҳуқуқҳои марбут ба киро кардани муҳоҷирини меҳнатӣ ва бозгашти онҳоро ба давлати аслии худ муқаррар менамояд. Дар он ҳамчунин чораҳои зарурии андешидашаванда бобати роҳ надодан ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ё пинҳонӣ муфассал зикр гаштаанд, ки ба шумули онҳо аз ҷумла чораҳои нигаронидашударо бар зидди паҳн кардани иттилооти ба иштибоҳ андозанда; чорабиниҳо оид ба ошкорсозӣ ва роҳ надодан ба омаданҳои ғайриқонунӣ ё пинҳонӣ; чорабиниҳо оид ба қабули қарорҳои пурсамар бар зидди ашхос ва гурӯҳе, ки ба ташкил ё миёнравии амалисозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ё пинҳонӣ ва истифодаи зӯроварӣ нисбат ба муҳоҷирини меҳнатӣ, таҳдидҳо ва тарсондани онҳо машғуланд, дохил мешаванд.

Дар қисми 6-и Конвенсия аз ҷониби давлатҳои иштирокдор қабул гардидани як қатор ӯҳдадориҳо бо мақсади кӯмак кардан ба фароҳам овардани «шароитҳои мӯътадил, боадолатона, инсондӯстона ва қонунӣ» барои муҳоҷирати байналхалқии меҳнаткашон ва аъзои оилаҳои онҳо дар назар дошта шудаанд. Ин ӯҳдадориҳо таҳияву татбиқи сиёсати оид ба муҳоҷират; мубодилаи иттилоот бо дигар давлатҳои иштирокдор; ба кироякунандагон, меҳнаткашон ва ташкилотҳои онҳо пешниҳод кардани иттилоот оид ба сиёсат, қонунҳо ва қоидаҳо ва расонидани кӯмакҳо ба муҳоҷирини меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳоро пешбинӣ менамоянд.

Дар моддаи 72-и Конвенсия ташкил кардани мақомоти назоратии мушоҳида ва истифодаи Конвенсия – Кумитаи оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи меҳнаткашони муҳоҷир пешбинӣ гардидааст. Аъзои кумита, ки чуноне тахмин меравад, бояд аз 14 нафар иборат бошанд, ба мӯҳлати чор сол интихоб гардида, функсияҳояшонро ба сифати шахсии худ ба ҷо меоранд. Кумита се тартиботи назоратиро пешбинӣ менамояд:

    1. шунидани маърӯзаҳои давлатҳои иштирокдор дар бораи чораҳои андешидаашон оид ба амалисозии конвенсия, проблемаҳои татбиқи он ва иттилоот дар бораи мавҷҳои муҳоҷиратӣ дар муддати як соли баъди рӯзи ҳамроҳшавии давлат ба конвенсия ва минбаъд дар ҳар 5 сол. Баъди баррасии маърӯзаҳо Кумита ба давлати иштироккунандаи манфиатдор эродҳо ва тавсияҳо худро ирсол медорад;
    2. аз ҷониби Кумита баррасӣ шудани шикоятҳои байнидавлатӣ оид ба ҳодисаҳои вайрон кардани муқаррароти конвенсия. Ин танҳо вақте имконпазир аст, ки агар давлат тибқи моддаи 76 дар бораи эътироф кардани салоҳияти Кумита оид ба ин масъала изҳороти махсус намояд;
    3. давлати иштирокдор ҳамчунин метавонад тибқи моддаи 77-и Конвенсия дар бораи эътироф намудани салоҳияти Кумита оид ба баррасии шикоятҳои инфиродии марбут бо ҳуқуқвайронкориҳои дар назар буда аз ҷониби ин давлат, ки конвенсия пешбинӣ намудааст, изҳорот намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003 иштирокдори конвенсия дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирини меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо мебошад. Соли 2006 Тоҷикистон ҳамчунин ба ду конвенсияи Созмони байналхалқии меҳнат дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирини меҳнатӣ – конвенсияи № 97 дар бораи муҳоҷирини меҳнатӣ ва конвенсияи № 143 дар бораи муҳоҷирини меҳнатӣ (муқаррароти иловагӣ), ки аз муқаррароти муҳим дар бораи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии муҳоҷирин иборат аст, ҳамроҳ шуд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷири меҳнатӣ, аъзои оилаи муҳоҷири меҳнатӣ, давлати аслӣ, давлати кори кироя, Конвенсия дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирини меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, Кумитаи оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирини меҳнатӣ.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *