Фанни Ҳуқуқи инсон

Конвенсияи СММ оид ба барҳам додани табъизи нажодӣ

Тамаддун бояд аз рӯи муносибаташ

ба ақаллиятҳо арзёбӣ гардад.

Маҳатма Ганди

  1. Аз таърихи қабули Конвенсияи СММ оид ба барҳам

додани табъизи нажодӣ. Мафҳуми «табъизи нажодӣ»

Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар эълом гаштааст, ки «ҳар як инсон бояд бидуни тафовуте, ки махсусан аз лиҳози нажод, ранги пӯст, ҷинсият, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, асли миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ, хонаводагӣ, ё вазъи дигар тамоми ҳуқуқ ва тамоми озодиҳоро…дошта бошад».

Дар Пешгуфтори ба Эъломия оид ба ҳуқуқҳои ашхоси марбут ба ақаллиятҳои миллӣ ё этникӣ, динӣ ва забонӣ омадааст, ки «дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои ашхоси марбут ба ақаллиятҳои миллӣ ё этникӣ, динӣ ва забонӣ ба эътидоли сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар давлатҳое, ки онҳо зиндагӣ доранд, мусоидат мекунанд».

Яке аз проблемаҳои асосие, ки низоми ҳифзи ҳуқуқҳои инсон баъди бунёди сохтор ва таърифоти ҳуҷҷатҳои байналмилалии ҳуқуқии СММ ба он дучор омад, проблемаи табъиз гашт. Сарфи назар аз пешрафтҳои ба даст омада фарқиятгузорӣ, маҳдудсозӣ, бартаридоданҳои ба аломатҳои нажодӣ, ранги пӯст, баромади миллӣ ё этникӣ асосёфта давом карда, мухолифату ақидаҳои зидро шиддат мебахшанд ва ба ин сабабҳо одамон ба ҳалокат мерасанд.

Ассамблеяи Генералии СММ бо дарки зарурати таъхирнопазири ин проблемаҳо соли 1965 Конвенсияро дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ қабул кард, ки дар он 4 ғояи асосӣ таҳким бахшида шудаанд:

• ҳама гуна назарияи фарқият ё бартарии нажодӣ норавост;

• табъизи нажодӣ вайрон кардани ҳуқуқҳои асосии инсон аст;

• табъизи нажодӣ на танҳо ба онҳое, ки мавриди он қарор мегиранд, балки ба онҳое, ки онро истифода мекунанд, зарар меоварад;

• ҳадафи асосии СММ бунёди ҷомеаи умумиҷаҳонии озод аз табъизи нажодӣ ва сегрегатсия (ҷудо кардан ба сафедпӯстон ва сиёҳпӯстон) аст.

«Табъизи нажодӣ» ҳама гуна фарқият, хориҷкунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятеро ифода мекунад, ки ба нишонаҳои нажод, ранги пӯст, авлодӣ, миллӣ ё этникӣ асос ёфта, мақсади онҳо ё оқибати онҳо нобудсозӣ ё эътироф, истифода ё баробар татбиқ накардани ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ё ҳама гуна дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.

Қисми 1-и моддаи 1-и Конвенсияи байналхалқӣ оид ба

барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ

Табъизи нажодӣ бо усулҳои гуногуни фарогирандаи сиёсати геносид, апартеид ё сегрегатсия, ҳамчунин миллатгароӣ, ки аз ҷумлаи шаклҳои аз ҳама ҷиддӣ ва зӯроваронаи табъизи нажодӣ мебошанд, амалӣ мегардад.

Сегрегатсия навъи махсуси табъиз, сиёсати ба таври иҷборӣ алоҳида ё ҷудосозии ягон нажод бо роҳи муҳоҷирсозӣ ба ҳудуди маҳдуд, монеъасозӣ барои муоширати иҷтимоӣ, таълиму тарбияи алоҳида ва тадбирҳои дигари мушобеҳ мебошад.

Апартеид ( дар забони африкаанӣ apartheid – ҷудо зиндагӣ кардан) – шакли аз ҳама шадиди табъизи нажодист, ки аз ҷониби нажодпарастони ҶАҶ нисбат ба аҳолии таҳҷоӣ татбиқ шуда, онро аз ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва шаҳрвандӣ то ҷудоии ҳудудӣ (сегрегатсия) дар бантустонҳо (мавзеъҳои махсуси истиқоматӣ барои сиёҳпӯстон) маҳрум сохтааст.

Миллатгароӣ – принсипи сиёсии тасдиқкунандаи ягонагии томи сиёсӣ ва миллӣ. Барномаҳои миллатгароёна ба шабеҳии миллӣ тавассути ҳазмсозии (ассимилятсияи) зӯроварона ва ҳамчунин дар баъзе ҳолатҳо ба берун кардан ва ҳатто куштани одамони миллатҳои дигар даъват мекунанд.

Конвенсия оид ба табъизи нажодӣ соли 1969 ҳукми амал пайдо кард. Имрӯз вай аз ҷумлаи аввалин Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон аст, ки шумораи аз ҳама бештари давлатҳо, минҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ кардааст.

  1. Мундариҷаи Конвенсияи СММ оид ба барҳам

додани табъизи нажодӣ

Дар Конвенсия ӯҳдадориҳои давлатҳои аъзо оид ба таъминсозии ҳуқуқҳои инсон барои ҳамаи гурӯҳҳои миллию этникӣ ва гурӯҳҳои дигар, манъ кардани муносибатҳои табъизӣ дар ҳамаи соҳаҳо дар сатҳи миллию маҳаллӣ, ислоҳ кардани қонунҳо ва қатъ кардани табъизи нажодӣ дар он ҷойҳое, ки вуҷуд дорад ва ғайра муайян карда шудаанд. Ӯҳдадориҳои нишондодашудаи давлатҳо иборат аст аз вазифадории эҳтиром кардан, яъне вайрон накардани ҳуқуқҳо ва озодиҳои эътирофкардаи Конвенсия, вазифадории ҳифз кардан, яъне фаъолона мубориза бурдан бо табъизи нажодӣ дар ҷомеа ва ҳимоя кардани одамон аз вайроншавии ҳуқуқҳои онҳо ва вазифадории татбиқ кардан, ки талаб менамояд то давлатҳо бо ёрии тадбирҳои комилан мувофиқи юридикӣ, маъмурӣ, судӣ ва амалӣ барои нисбатан пурсамар амалӣ гаштани ҳуқуқҳои кафолатдодашуда имкониятҳо фароҳам оваранд.

Дар Конвенсия таъкид шудааст, ки ҳамаи намояндагони миллатҳои гуногун дар ҳуқуқҳои худ баробаранд: «давлатҳои иштирокдор ӯҳдадор мешаванд табъизи нажодиро дар ҳамаи шаклҳои он манъ кунанд ва барҳам диҳанд ва баробарҳуқуқии ҳар як одамро дар назди қонун бе фарқияти нажодӣ, ранги пӯст, баромади миллӣ ё этникӣ, махсусан нисбати татбиқи ҳуқуқҳои зерин таъмин намоянд:

• ҳуқуқи баробарӣ дар назди суд ва ҳамаи мақомоти дигари амалисозандаи адолати судӣ;

• ҳуқуқ ба амнияти шахсӣ ва ҳифз аз ҷониби давлат аз зӯроварӣ ва зарбҳои ҷисмонӣ, ки аз тарафи ҳам ашхоси мансабдори ҳукуматӣ ва ҳам ҳар гуна ашхос, гурӯҳҳо ё муассисаҳои алоҳида расонида мешаванд;

• ҳуқуқҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳуқуқи иштирок кардан дар интихобот, овоз додан ва пешбарӣ кардани номзадии худ – дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ ва баробар, ҳуқуқи иштирок кардан дар идоракунии мамлакат мисли роҳбарии корҳои давлатӣ дар ҳамаи сатҳҳо, ҳамчунин ҳуқуқи дастрасии баробар ба хизмати давлатӣ ва ғайра.

Конвенсия ба ҷуз ӯҳдадориҳо таъсис додани Кумитаи барҳам додани табъизи нажодиро пешбинӣ кардааст, ки аввалин мақомоти қарордодии СММ оид ба мониторинг ва омӯзиши татбиқи муқаррароти Конвенсия ва дастгирии иҷрои Конвенсия мебошад. Низоми таъсисдодаи кори кумита моҳиятан се амалро дар бар мегирад: амали ҳисоботдиҳӣ, ки барои ҳамаи давлатҳои иштирокдор ҳатмӣ аст; амали шикояти давлатҳо аз фаъолияти давлатҳои дигар, ки барои ҳамаи давлатҳои иштирокдор кушода аст; ва ҳуқуқи петитсия – шикояти фардҳо ё гурӯҳҳои одамон, ки зери юрисдиксияи (доираи ҳуқуқии) давлатҳои иштирокдори ба андешаашон ҷабрдидаи вайрон карда шудани муқаррароти Конвенсия мебошанд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: Конвенсияи СММ оид ба барҳам додани табъизи нажодӣ, табъизи нажодӣ, апартеид, сегрегатсия, миллатгароӣ, Кумитаи СММ оид ба табъизи нажодӣ.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *