Фанни Ҳуқуқи инсон

Проблемаҳои иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона

  1. Ӯҳдадориҳои давлатҳои иштирокдори низоъ нисбати иштирок накардани кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона

Кӯдакон ва ҷанг – ду мафҳуми ба ҳам номувофиқ. Кӯдакон бояд ҳамаҷониба аз иштирок кардан дар амалиётҳои ҷангӣ эмин нигоҳ дошта шаванд. Бо вуҷуди ин бисёр вақт манъи пурраи иштироки кӯдакон дар амалиётҳои ҷангӣ ба назар номумкин менамояд: онҳоро ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳ шомил месозанд ва чун ашхоси дар амалиётҳои ҷангӣ иштирокдошта ё кӯмаккунанда ба комбатантҳо ва ғайра ба асирӣ мегиранд. Мову Шумо аллакай медонем, ки дар доираи ҳуқуқи байналмилалии ҳуқуқҳои инсон ҷомеаи байналмилалӣ оид ба ҳифзи кӯдакон чӣ тадбирҳое меандешад. Чунончи моддаи 28-и Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва Протоколи факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак марбут ба иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона аз 25 майи соли 2000 бевосита ба ин масъала бахшида шудаанд.

Давлатҳои иштирокдори Протоколи факултативӣ бояд ҳамаи чораҳои имконпазирро бинанд, то ки хизматчиёни ҳарбии ба синни 18 нарасида дар амалиётҳои ҷангӣ бевосита иштирок накунанд ва онҳо ба сафи қувваҳои мусаллаҳ умуман даъват карда нашаванд. Давлатҳои иштирокдори Протоколи факултативӣ, ки ба ҳар ҳол даъвати ихтиёрии ашхоси ба синни 18 нарасидаро имконпазир медонанд, ба чунин ашхос кафолатҳои муайяни таъминкунандаи ҳуқуқҳои онҳоро медиҳанд. Ба чунин кафолатҳо дахл доранд: чунин даъват характери ихтиёрӣ дорад; даъват бо розигии волидон ё парасторони ин шахс ба амал меояд; даъватшавандагон ба қувваҳои мусаллаҳ бояд бо вазифаҳои марбут ба адои чунин хизмат шинос карда шаванд; ин ашхос то даъвати худ ба хизмати ҳарбӣ дар бораи синну соли худ шаҳодатномаи боэътимод пешниҳод мекунанд (қисми 3-и моддаи 3-и Протоколи факултативӣ).

Дар ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона низ муқаррароте ҳаст, ки бевосита ба масъалаи ҳифзи кӯдакон дар вақти низоъҳои мусаллаҳона дахл дорад. Дар конвенсияҳои Женевагӣ ва протоколҳои иловагӣ усули умумии ҳифзи кӯдакон чун ашхоси дар амалиётҳои ҷангӣ иштирокнамекарда ва ҳифзи махсуси онҳо ҳамчун ашхоси нисбатан заифу ниёзманди ҳимояи дигарон пешбинӣ гардидааст ва ниҳоят, чанд сухан дар бораи кӯдакони дар амалиётҳои ҷангӣ иштирокмекарда:

Дар протоколҳои иловагӣ ба конвенсияҳои Женевагӣ чунин ҳадаф ба миён гузошта шуда буд; то ҳадде, ки имконпазир аст, ҷалби ашхоси ба синни 15 нарасида баҳри иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ истисно карда шавад. Агар кӯдакон бар хилофи муқаррароти протоколҳо ба амалиётҳои ҷангӣ ҷалб карда шаванду асир афтанд, онҳо бояд аз парастории махсус бархурдор бошанд. Ғайр аз ин, кӯдакон, агар онҳо дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок накунанд, чун қисми аҳолии осоишта аз ҳифзи махсус истифода мекунанд.

Аммо дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифаи пурра истисно намудани иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона ва таъмини тарбияи мӯътадили онҳо меистад. Давлатҳои иштирокдор бояд ҳамаи чораҳои имконпазирро бинанд, то кӯдакони ба синни 15 нарасида дар амалиётҳои ҷангӣ бевосита иштирок накунанд. Дар Протоколи 1 муқаррар гардидааст, ки ҳангоми ба қувваҳои мусаллаҳ ҷалб сохтани ашхоси 15-сола, вале ҳанӯз ба синни 18 нарасида давлатҳои иштирокдор бояд ба ашхоси нисбатан калонсолтар бартарӣ диҳанд.

Кӯдакон, чун қисми аҳолии осоишта, зери амали ҳамаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаи мансуб ба бурдани ҷанг қарор мегиранд. Аз ҷумла дар вақти низоъҳои байналхалқӣ кӯдакон таҳти парастории Конвенсияи IV Женевагӣ дар бораи ҳифзи аҳолии осоишта дар давраи ҷанг дар сурате, ки онҳо дар низоъи мусаллаҳона иштирок намекунанд, қарор мегиранд. Ин ба онҳо дахл доштани принсипи муносибати инсондӯстона бо одамон – эҳтиром ба ҳаёт, дахлнопазирии ҷисмонию рӯҳӣ, манъ будани ҳама гуна маҷбурсозиҳо, лату кӯбҳо, шиканҷа доданҳо ва ғайраро дар назар дорад.

Дар давраи низоъҳои мусаллаҳонаи характери ғайрибайналхалқӣ дошта кӯдакон ҳамчун ашхоси дар амалиётҳои ҷангӣ иштирокнамекарда зери ҳимоя қарор мегиранд. Тибқи моддаи 3-и барои ҳамаи чор конвенсияи Женевагӣ умумӣ дар вақти чунин низоъҳо кӯдакон ба муносибати инсондӯстона ҳақ доранд, таарруз ба ҳаёт ё шаъну эътибори онҳо роҳ дода намешавад, ба онҳо бояд дахлнопазирии ҷисмонӣ таъмин карда шавад. Принсипҳои махсуси ҳифзи кӯдакон дар Протофоли I таҳким бахшида шудаанд. Мувофиқи он кӯдакон «аз эҳтироми махсус истифода мекунанд ва таъмини онҳо аз ҳама гуна тааррузҳои ноҷоиз таъмин карда мешавад. Ҷонибҳои низоъкунанда ҳифозату кӯмакеро, ки ба сабаби синну сол ё ягон сабаби дигар лозиманд, таъмин мекунанд».

Чунин муқаррарот дар Протоколи II нисбати низоъҳои мусаллаҳонаи характери ғайрибайналхалқӣ дошта мавҷуд аст. Ба ин тариқ, ҳар ду Протоколи иловагӣ тадбирҳои махсуси ҳимояи кӯдаконро дар ҳолатҳои махсус – дар давраи низоъҳои мусаллаҳона пешбинӣ менамоянд.

Дар ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона муқаррароти махсус дар бораи ҳифзи кӯдакон аз оқибатҳои амалиётҳои ҷангӣ мавҷуданд. Тибқи Протоколи I навтаваллудшудагон бо захмиён баробар карда мешаванд. Кӯдакони то 15 сола ва модарони кӯдакони то 7 сола дошта ба категорияи аҳолии осоишта дохил шуда, онҳоро ба минтақаҳои санитарӣ ва бехавфи таъсисдодаи тарафҳои дар низоъи мусаллаҳонаи байналхалқӣ иштирокдошта қабул карндан мумкин аст (моддаи 14- Конвенсияи Женевагии IV). Онҳо бояд аз минтақаҳои забтгардида ва муҳосирашуда интиқол дода шаванд.

Протоколи I дар сурати зарурат таҳлияи (эвакуатсияи) кӯдаконро аз минтақаҳои амалиётҳои ҷангӣ дар назар дорад. Протоколи II бошад, таҳлияи кӯдаконро аз минтақаҳои амалиётҳои ҷангӣ дар вақти низоъи мусаллаҳонаи характери ғайрибайналхалқӣ дошта ба минтақаҳои нисбатан бехавф дар ҳудуди ҳамон давлат пешбинӣ менамояд.

Конвенсияҳои Женевагӣ ва Протоколҳои иловагӣ муқаррар менамоянд, ки ҷонибҳои дар низоъи мусаллаҳонаи байналхалқӣ иштирокдошта вазифадоранд, ба кӯдакон ҳифозату кӯмакро таъмин намоянд. Конвенсияи чоруми Женевагӣ дар назар дорад, ки «ҳар як ҷониби созишкунанда барои озодона гузаронидани… ҳамаи бастаҳои хӯроквориҳои зарурӣ, либосҳо ва воситаҳои тақвиятбахшанда барои бачаҳои то 15 сола, занҳои ҳомила ва навзоида иҷозат медиҳад» (моддаи 23).

Чунин кафолатҳо бо як қатор муқаррароти дигари Конвенсияи IV Женевагӣ ва Протоколи I низ пешбинӣ шудаанд.

Ҳангоми тақсимоти кӯмакҳои башардӯстона афзалият ба кӯдакон ва занони ҳомила дода мешавад. Тарафҳои созишкунанда бояд ба пайвастшавии оилаҳои дар натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона ҷудошуда мусоидат кунанд. Давлати истилокарда бояд оид ба нигоҳдорӣ ва таълими кӯдакони ятим ё кӯдакони аз волидонашон ҷудошуда, агар онҳо бо ғамхории волидон ё наздикон фаро гирифта нашуда бошанд, тадбирҳо андешад, таҳсили онҳоро таъмин намояд.

Дар Конвенсияи IV Женевагӣ ба ҳолатҳое, ки кӯдакон дар натиҷаи ҷанг ятим мегарданд, ё аз волидонашон ҷудо мешаванд, диққати алоҳида дода мешавад. Ҷонибҳои даргир вазифадоранд, ки оид ба таъмини нигаҳдорӣ ва тарбияи кӯдакони то 15 солаи бар асари ҷанг ятимгашта ва аз оилаҳои худ ҷудошуда тадбирҳо андешанд. Набояд роҳ дод, ки ин кӯдакон ба ҳоли худ гузошта шаванд, онҳоро мувофиқи имконият дар мамлакатҳои бетараф ҷойгир сохтан лозим аст.

  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқи

байналмилалии башардӯстона

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи чор Конвенсияи Женевагӣ ва ду протоколи иловагиро ба онҳо имзо кардааст. Ин ҳуҷҷатҳо дар мамлакати мо аз 26 феврали соли 1993 қувваи юридикӣ пайдо кардаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашро дар доираи чи ҳуқуқи ҳуқуқҳои инсон ва чи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона татбиқ намуда, баҳри таъмини он ки кӯдакони на танҳо ба синни 15, ҳатто ба синни 18 нарасида низ бевосита дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок нанамоянд, тадбирҳои ҳамаҷониба меандешад. Чунончи, тибқи қонун «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мардони аз 18 то 27 сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, тамоми тадбирҳоро меандешад, то ки ҳам калонсолон ва ҳам кӯдакон дар давраи низоъҳои мусаллаҳона аз ҳуқуқҳои худ, инчунин татбиқу ҳолати ҳифзи онҳо бохабар карда шаванд.

Ин чорабиниҳо ба риояи минбаъдаи ҳуқуқҳои дар қарордодҳои байналмилалӣ ва қонунгузории дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкимёфтаи кӯдакон мусоидат карда, баҳри татбиқ ва ҳимояи ҳамаҷонибаи онҳо дар сурати вайрон карда шуданашон шароитҳои зарурӣ фароҳам меорад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: кӯдакон-комбатантҳо, даъвати ихтиёрӣ, қувваҳои мусаллаҳ, парасторӣ, таҳлия.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *