Фанни Экология

Вазъияти экологии ҷумҳурии Тоҷикистон

                                 Нақша:

  1. Захираҳои табиии Тоҷикистон
  2. Партовҳои саноатӣ ва маишӣ
  3. Олами наботот  ва  ҳайвоноти ҷумҳурӣ
  4. Роҳҳои бартарафкунии  проблемаҳои  экологӣ

«Сари таъзим ба табиати бою ғании кишварамон, ки дар лаҳзаҳои душвори бўҳрони иқтисодӣ ва сиёсие, ки ба дўши халқамон омад, имкони паси сар кардани онро таъмин намуд»

(Аз муроҷиатномаи Президенти ҶТ Э. Раҳмон ба халқ.)

Истифодаи фаъоли захираҳои табиӣ дар Ҷумҳурӣ ҳамасола авҷ мегирад. Бо афзоиши теъдоди аҳолӣ масъалаи истифодаи табиат боз ҳам тезу тунд хоҳад гашт. Махсусан вазъи экологии вилоятҳои Хатлон, Бадахшони Куҳӣ ва чанде аз ноҳияҳои кишоварзии вилояти Суғд изтиробангез аст.

Дар ин минтақаҳо баробари аз худ кардани замин, муассисаҳои хурду калон ва шумораи зиёди нақлиёт ба муҳити табиӣ таъсири калон мерасонад.

Истифодаи бетанзими чарогоҳҳо боиси пастшавии маҳсулнокии онҳо мегардад. Буриши мунтазами дарахтон харобшавии бешазоронро ба вуҷуд меоварад.

Ҳамаи ин мувозинати обиро халалдор карда, равандҳои экзогенӣ (ларзиш, кўчиш, фурўравӣ ва эрозияи хок)-ро ба амал меорад.

Дар минтақаҳои ҷойгиршавии муассисаҳои саноатӣ ва аҳолии назди соҳилҳои  водии Зарафшон, мавзеи Такоб ва ҳавзаи дарёи Оқсу, аз сабаби партофтани партовҳо ва пасмондаҳои коркарднашуда, вазъи экологии «Гидрофауна» — ҳо халалдор гашта истодаанд. Шўсташавии соҳилҳо ва обхезиҳои бешумор аз ин сар мезананд.

Истифодаи боғҳои лалмӣ ҳамчун заминаҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ҷараёни эрозияи хокро тезонидааст.

Яке аз сабабҳои камшавии майдони боғҳои лалмӣ, ин набудани технологияи замонавии коркард ва роҳҳои мукаммали интиқоли мева мебошад.

Боронҳои сели як ва дурўзаи солҳои 1993 – 2000 дар вилояти Хатлон бавуҷудомада, шабакаҳои обёркунӣ иншооти обтозакунии шаҳри Кулобу ноҳияҳои атрофи он ба миқдори миллион доллари ШМА. зарари иқтисодӣ ва ҷонӣ расонд. Ҳамаи ин ҳодисаҳо захираҳои оби дарёҳои Панҷу Омуро ифлос намуда, муҳити зистро халалдор кардааст.

Дар натиҷаи халалдор шудани хатти обёрӣ дар водии Вахш 230127 га замин барои киштукор номувофиқ гашт.

Дар ВАБК, заминҳои корам хеле кам буда, масоҳати заминҳои офатзада 523га, шўразамин 50 га, ботлоқшуда 413 га – ро ташкил мекунанд. Айни замон 110 га. замин ба  эрозияи гуногун ва 67 га.ба  эрозияи обӣ гирифтор шудаанд.

Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 170 конҳои истеҳсоли канданиҳои фоиданок мавҷуданд, ки масоҳати умумиаашон 2435 га. аст. 118 – конҳо фаъолона амал мекунанд.

Масъалаи ворид намудани моддаҳои заҳрноки кимёвӣ ба ҷумҳурӣ, истифода ва нигоҳдории онҳо дар саросари кишвар ташвишовар буда, иншоотҳои тозакунӣ дар назди соҳилҳо ҷойгир шудаанд.

Дар шаҳрҳои калони саноатии Душанбе, Қўрғонтеппа, Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Ҳисор, Турсунзода миқдори зиёди партовҳои маишию саноатии дорои дараҷаҳои гуногуни таксикию радиоактивӣ ҷамъ шудааст.

Партовҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қисман ҳамчун ашёи хоми дуюминдараҷа истифода намешаванд. Вазъи партовҳои радиоактивии дар Файзобод буда, беҳбудиро металабад.

Ин партовгоҳҳо барои нобудсозии моддаҳои кимиёвии заҳрноки ба истифода мамнўъ ва ё дар шакли корношоям воридгашта, сохта шудааст.

Вазъи экологии ин мавзеъҳо дар айни замон бад буда, аз тарафи аҳолии маҳал озодона дар чорводорӣ истифода бурда мешаванд. (Мақолаи Азия плюс – «Ядовитая земля» (Конибодом ва Вахш).

Мушкилоти партовҳои маишӣ низ хеле зиёд аст. Айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 70 мавзеи махсус барои партовҳои маишӣ мавҷуд аст, ки масоҳати 300 га  ташкил мекунанд.

Солҳои охир иловагӣ беш аз 50  адад партовгоҳҳои ғайрирасмӣ пайдо шудаанд.

Дар ҳудудӣ шаҳри Душанбе теъдоди онҳо аз 50 адад зиёд аст. Онҳо ифлоскунандагони муҳити обӣ ва атмосфера буда, паҳнкунандаи бемориҳои гуногун ба шумор мераванд.

Имрўзҳо бисёр пастхамиҳо, кунҷҳои хилват, сохтмонҳои нотамом, ҳамчун партовгоҳ истифода мешаванд, ки таъсири манфии худро ба муҳити зист ва саломатии инсон мерасонанд.

Захираи обҳои зеризаминии хушсифат 7 млн м3 муайян карда шудааст.

Мувофиқи маълумотҳо танҳо 5,6%-и шумораи умумии обанборҳо коршоям мебошанд.

Истифодаи обҳои зеризаминӣ дар минтақаҳо 40%-ро ташкил медиҳад. Дар оянда баҳри беҳдошти вазъи экологии захираҳои обӣ чунин чораҳо андешида шаванд:

  1. Муқарарсозии меъёрҳои экологию иқтисодии вазъи об.
  2. Риояи меъёрҳои истифодаи табиат аз тарафи тамоми вазорату ташкилотҳо.
  3. Ташкили чораҳои судманд оид ба беҳдошти обҳои муҳит.
  4. Кам ва қатъ кардани партовҳо ба об.
  5. Роҳҳои камхарҷи истифодаи об дар хоҷагии қишлоқ.

Дар баробари партовҳои корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, ифлосшавии ҳавои атмосфера аз ҳисоби воситаҳои нақлиёт низ ба амал меояд.

Мувофиқи ахбороти кумитаи Омор ва БДА 230138 воситаҳои нақлиёт

мавҷуданд, ки аз онҳо нақлиёти шахсӣ – 174457 адад, нақлиёти давлатӣ 34751 адад ва нақлиётӣ соҳаи кишоварзӣ – 20930 ададро ташкил  медиҳанд. Аз ин миқдор 21000 ададашон бо истифодаи сўзишвории газӣ кор мекунанд.

Бо қарори Шўрои ВазирониҶумҳурииТоҷикистон 23декабри соли 1993, № 619 «Дар бораи тасдиқи тартиби муайян намудани пардохт барои ифлос кардани муҳити зист, ҷойгиркунонии партовҳо ва андозаҳои ниҳоии он» ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шуд, барои гирифтани пардохт аз воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон замина гузошта шуд:

Маълумотномаи экологӣ (талони экологӣ), ки мувофиқи ин воситаҳои нақлиёти карбюраторӣ оксиди карбон II (СО) < 3%, ва нақлиёти дизелӣ дуда < 17%  муқаррар гаштааст.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ барои сохтмони 8-адад дидбонгоҳҳои экологӣ замина гузошта шудааст.

Аз соли 1992 инҷониб дар Душанбе милитсияи санитарӣ-экологӣ фаъолият дорад, ки бо нозирони ҳифзи табиат барои пешгирии қонуншиканиҳо дар соҳаи ҳифзи табиат ҳамкорӣ менамояд.     Яке  аз қисматҳои асосии табиат ин захираҳои наботот мебошад, ки  сарчашмаи маводи хўрока, сохтмон, доругӣ ва техникӣ ба шумор мераванд. Аз истифодаи оқилонаи онҳо рушди бисёр соҳаҳои хоҷагии халқ, ҳолати зист ва вазъияти экологӣ вобаста мебошад.

Набототи Тоҷикистон гуногунтаркиб буда, 4513 намудро ташкил медиҳанд, ки мансуб ба 116-оила ва 994 авлод аст. Инчунин 640 намуд растаниҳои эндемӣ ё хоси ҷумҳурӣ мебошанд. (ф.т.ҷ. Х 1999).

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *