Фанни Экология

Муҳити ҳаётии замину — ҳавоӣ

Дар рафти такомули олами узвй муҳити замину — ҳавой назар ба муҳити обй хеле сусттар ташаккул ёфтааст. Ҳаёт дар хушкй чунин мувофиқатиро талаб мекард, ки барои дараҷаи баланди ташакулёбиҳои растанй ва ҳайвонот ба онҳо имконият диҳад. Хусусияти хоси муҳити ҳаётии замину-ҳавой он аст, ки организмҳои дар ин ҷо сукунат дошта ба ҳаво ва муҳити ғазмонанд иҳота шуда, намнокй, зичй ва фишори паст дошта ва оканаи баланди оксигенро дошта рӯ ба рӯ мешаванд. Одатан ҳайвонҳо дар ин муҳит дар болои хок ҳаракат (субстрати сахт) мекунанд ва растаниҳо бошанд дар хок реша медавонанд.

Муҳити замину-ҳавоӣ омилҳои экологии амалкунанда ва як қатор хусусиятҳои хоси худро доранд, яъне шиддатнокии баланди рӯшной назар ба дигар муҳитҳо, тагйирёбии ҳарорат, тагйирёбии намнокӣ вобаста аз ҷойгиршавии ҷуғрофй, мавсимй ва давомнокии шабонарӯзиро дорад (ҷадвали 20). Таъсири омилҳои дар боло номбар- кардашуда бевосита ба ҳаракати массаи ҳаво — шамол вобаста аст.

Дар раванди такомули организмҳои зиндаи муҳити замину-ҳавой як қатор хусусиятҳои анатомй, морфологй, физиологӣ рафторй ва дигар мутобиқшавиҳоро соҳиб шудаанд. Мисол, узвҳое пайдо шудаанд, ки

бевосита барои азхудкунии оксигени атмосферавй (шуш ва трахеяи ҳайвонту, масомаи растаниҳо)-ро таъмин мекунад. Назар ба муҳити обӣ инкишофи ҳосилшавии устухонҳо (устухонҳои ҳайвонот, бофтаҳои механикй ва такягоҳи растаниҳо) ба амал омад, ки баданро дар шароит муҳити на он қадар зич нигоҳ медорад.

Дар рафти инкишофи олами узвӣ онҳо механизмҳои муҳофизатиро аз омилҳои номусоиди берун ба монанди даврагй ва мавзунии даври ҳаётй, сохтори мураккаби пӯст, механизмҳои идоракунандаи ҳарорат ва ғ.-ро кор карда баромадаанд. Алоқаи зич бо хок ташаккул ёфта (панҷаҳои ҳайвонҳо, решаи растаниҳо) ташаккули серҳаракатии ҳайвонот дар ҷустуҷӯи ғизо, ҳайвонҳои парвозкунанда ва г. ба амал омад.

Акнун хусусияти хоси таъсири омилҳои асосии экологиро ба растанй ва ҳайвонот дар муҳити ҳаётии замину-ҳавой таҳлил карда мебароем.

Зичии пасти ҳаво. Ҳамаи бошандагони муҳити ҳавоӣ бо замин алоқаи зич доранд, ки ба онҳо ҳамчун устуворй ва такягоҳ хизмат мекунад. Зичии муҳити атмосфера барои дар болои сатҳи Замин ҳаракат кардани организмҳо монеъаи сахт намешавад, лекин ҷойивазкуниро бо таври амудй мушкил мегардонад. Барои қисми зиёди организмҳо дар фазо ҷойгиршвавй танҳо бо маҳалли мувақатй ё ки ҷустуҷӯи ғизо алоқаманд аст.

Тавоноии пасти болобароии ҳаво ҳудуди масса ва андозаи организмҳои рӯизаминиро муайян мекунад. Аз ҳама ҳайвонҳои калонтарини рӯи Замин, назар ба ҳайвонҳои азимҷуссаи муҳити обй хурдтаранд. Ширхӯрҳои калон (андоза ва массаи шабеҳи китҳои калон) наметавонанд дар хушкй ҳаёт ба сар баранд, чунки бо вазни худаш- худашро зер карда мекушад. Сусморҳои азимҷуссаи даври мезазой тарзи ҳаётии худро қисман дар об мегузаронданд. Растании дарахти секвойя (8ечао)а хстрепзгепя) ки баландиаш аз 100 метр зиёд аст такягоҳи устувори мағзи чӯб дорад, дар қабатҳои обсабзи бӯри азимҷусса ( Масгосукйк), ки то 50 м андоза дорад, элементҳои механикӣ хеле хуб инкишоф ёфтаанд.

Зичии пасти ҳаво барои ҳаракаткунӣ он қадар монеъаи ҷидди намешавад. Бурди экологии ин дар он аст, ки як қатор ҳайвонҳои рӯизаминй муҳити ҳавоиро дар рафти такомул барои ҷойивазкунии худ қобилияти парвозкуниро аз худ кардаанд. 75% тамоми намудҳои ҳайвоноти рӯизаминй қобилияти фаъоли парвозкунй доранд. Онҳо қисми зиёди ҳашаротҳо ва паррандаҳоро ташкил медиҳанд, ки дар байнашон ширхӯрҳо ва хазандагон ҳам вомехӯранд.

Ба туфайли серҳаракатии ҳаво дар қабатҳои поёни атмосфера ҳаракати амудй ва уфуқии массаи ҳаво, парвози ғайрифаъоли намудҳои алоҳидаи организмҳо имконият пайдо мекунанд, яъне анемохория- ҷойивазкуни бо ёрии равиши ҳаво хуб инкишоф ёфтааст. Организмҳое, ки ғайрифаъол бо ёрии равиши ҳаво ҷойиваз мекунанд, дар маҷмӯ номи аэропланктонро гирифтаанд. Аз рӯи ақидаи Н. М. Чернов, А. М.

Былова (1968) барои парвози ғайрифаъоли организмҳо мутобиқшавии махсус доранд — андозаи хурди бадан, майдони зиёд аз ҳисоби ғурриҳо, ба қисмҳо ҷудо шудан, сатҳи калони нисбии болои парда, истифодаи торҳо ва ғ. (расми 29).

Растаниҳое, ки бо шамол ғардолуд мешаванд, гарддони онҳо бо ягон сохторе аз шамол ҳифз нашудаасг. Дар ҷойивазкунии растаниҳо, ҳайвонҳо ва микроорганизмҳо вазифаи асосиро ҳаракати амудии массаи ҳаво ва шамол иҷро мекунад (расми 30). Дар минтақаҳое, ки шамоли сахт мевазад одатан гуногунии намудҳо кам ба чашм мерасад, чунки организмҳо ба қувваи равиши ҳаво муқобилият карда наметавонанд.

Ҷадвали 20

Шароити ҳаёти организмҳои муҳити ҳавоӣ ва об

Шароити

ҳаётӣ

Мафҳуми шароит барои организмҳо

Муҳити ҳавой

Муҳити обй

Намнокӣ

Бисёр муҳим аст (ҳама вақт норасои мушоҳида мешавад).

Надорад (ҳама вақт зиёд аст).

Зичии муҳит

Андаке (ба ғайр аз хок)

Хеле калон дар муқоиса бо роли он барои сокинони муҳити ҳавоӣ

Фишор

Қариб, ки таъсир надорад

Таъсири баланд дорад (метавонад ба 1000 атм расад)

Ҳарорат

Хеле муҳим аст (дар ҳудуди аз -80°С то +100°С тағйир меёбад)

Назар ба сокинони муҳити ҳавои аҳамияташ камтар аст (дар ҳудуди хеле кам аз -2 то +40°С тағйир меёбад)

Оксиген

Муҳим аст (дар бисер ҳолатҳо зиёдати аст)

Муҳим аст (бисёр вақт нокифоя аст)

Моддаҳои

Он қадар муҳим нест,

Муҳим аст (бахусус

муаллақ

ҳамчун ғизо истифода намешавад (бахусус дар минералӣ)

сарчашмаи моддаҳои ғизоии узвӣ)

Моддаҳои

Як дараҷа (танҳо дар

Муҳим аст (ба микдори

ҳалшуда дар

муҳити

атроф

маҳлулҳои хокӣ заруранд)

муайян заруранд)

Занбӯри асал танҳо дар ҳолати қувваи шамол то 7-8 м/сония, ширинча бошад дар шамоли хеле суст 2,2 м/сония парвоз мекунад. Дар чазираҳои ‘уқёнус, ки доимо шамоли сахт мевазад паррандаҳо ва ҳашаротҳое бартари доранд, ки онҳо қобилияти парвозкуниро гум кардаанд, онҳо бол надоранд, чунки ин организмҳо қобилияти парвозкунӣ надоранд, шамол онҳоро ба уқёнуси кушод бурда, онҳо ҳалок мешаванд.

Шамол шиддатнокии бухоршавии оби барги растаниҳоро тағйир медиҳад, хусусан дар вақти хушксолӣ вақте намии ҳаво кам мешавад, ки ин ба мурдани растаниҳо меорад. Аслан таъсири экологии шамол бевосита набуда, балки бавосита бо роҳи баланд ё суст кардани таъсири ҳарорат ва намнокӣ ба организмҳои рӯизаминй таъсир мерасонад. Шамол ҷудо кардани намнокй ва гармии растанӣ ва ҳайвонҳоро афзун мекунад.

Расми 29. Мутобиқшавии ҳашаротҳо бо ёрии шамол интиқол ёф ган (аз рӯи Н.М. Чернова ва А.М. Былова, 1988):

1 — кӯрпашша СагсПосгер1!5 ЬгеунозСга (В1ерИаготИ1ёае); 2 — галлитса Роггусопс]у1а зр. (Сесус1отуПс1ае); 3 — хермес ВгеуҒш1а погётаптапае (СЬегтезЫае); 4 — пардаболҳо Апагеиз Ғивсиз (Мугтапёае); 5-кирминаи пила (ЬутапҒпа топасЬа).

Таркиби газии ҳаво, чи хеле пештар гуфта гузаштем, дар қабатҳои наздизаминии атмосфера якхела аст (оксиген 20,9%, нитроген-78,0%, гази карбон-0,045% ва боқимондаро газҳои асил аз рӯи ҳаҷм ташкил медиҳанд), ки ба туфайли доимо омехташавии равиши конвексионӣ шамол қобилияти баланди омезишй доранд. Аз дигар тараф ҳар гуна омехтаҳои газй, қатраҳои моеъ, заррачаҳои губорие ба атмосфера аз сарчашмаҳои гуногуни таҳҷоӣ таҳвил дода мешаванд, дар бисёр ҳолатҳо мафҳуми экологии муҳим доранд.

Оксиген ба туфайли микдори зиёди худ дар ҳавои атмосфера омили махдудкунандаи ҳаётӣ дар муҳити рӯизаминй шуда наметавонад. Оканаи баланди оксиген мубодилаи моддаҳои организмҳои рӯизаминиро сайқал дода дар асоси ин ҷараёнҳои босамари оксидшавиҳо ҳайвонҳои гомойтермй пайдо шудаанд. Лекин дар баъзе шароитҳо як мудати муайян норасоии оксиген мушоҳида мешавад. Мисол, дар рафти таҷзияшавии боқимондаи растаниҳо, захираи галлагиқо, орд ва ғ.

Миқдори гази карбони атмосфера метавонад, дар натиҷаи сӯхтани сӯзишвориҳо ва мубодилаи байни биосфера ва уқёнус тагйир ёбад. Дар қитаъҳои алоҳидаи қабатҳои ҳавои наздизамини оканаи СО2 дар ҳудуди хеле зиёд тагйир меёбад. Дар ҳолати набудани шамол бахусус дар ҳавои марказҳои калони саноатй, шаҳрҳо дараҷаи ғилзати СОг даҳҳо маротиба афзун мешавад. Мунтазам тағйирёбии шабонарӯзии микдори СОг-и ҳавои қабатҳои наздизаминӣ ба шиддатнокии фотосинтези растаниҳо вобаста аст.

Расми 30. Мутобиқшавии интиқолёбии мева ва тухми растаниҳо бо ёрии
шамол (аз рӯи А. Кернер, 1903):

1 — зерфун; 2 — заранг; 3 — тӯс; 4 — қоқу; 5 — лух

Тағйирёбии амудии шабонарӯзии СО2 дар ҳавои ҷангал нишон дод, ки рӯзона дар дараҷаи дохили шоху барғи дарахтон СОг дар ҷараёни фотоеинтез сарф мешавад, дар ҳолати набудани шамол бошад, СОг кам мешавад (305 молеккула дар як млн. молекулаи ҳаво), ки аз ҳисоби атмосфера ва нафаскашии орғанизмҳои дар хок буда барқарор мешавад. Шабона аз ҳисоби нафаскашии организмҳо дараҷаи ғилзатӣ СО2 дар назди қабатҳои хок боз баланд мешавад. Тағйирёбии мавсимии гази карбонат асосан бо тагйирёбии шиддатнокии нафаскашии организмҳои зинда, бахусус микроорганизмҳои хок алоқаманд аст.

Дараҷаи баланди СОг хеле заҳрнок аст, лекин дар табиат ин гуна ҷойҳо хеле каманд. Оканаи пасти СОг бошад раванди фотосинтезро паст мекунад. Барои баланд кардани сураъти фотосинтез дар таҷрибаҳои хоҷагиҳои хонаҳои иқлимашон сунъй дараҷаи ғилзатй СОг-ро бо роҳи сунъй баланд мекунанд.

Барои сокинони зиёди муҳити руизаминӣ нитрогени ҳаво ҳамчун гази асил аст, лекин чунин микроорганизмҳо ба монанди бактерияҳои лундагй, нитрогеназхудкунанда, клостридияҳо қобилият доранд, ки нитрогени озодро аз худ карда онро ба гирдгардиши биологии моддаҳо дохил кунанд.

Сарчашмаҳои асосии табииётй ва кимиёвии олудакунандаи ҳавои атмосфера фаъолияти одам ба ҳисоб меравад — саноат, нақлиёт, фарсоиши хок ва г. мебошад. Мисол, гази сулфит барои растаниҳо дар дараҷаи ғилзатӣ аз 1/5000 то 1/1 000 000 аз ҳаҷми ҳаво хеле заҳрнок аст. Гулсангҳоро ҳамчун индикатор барои гази сулфит истифода кардан мумкин аст, чунки ҳатто ба миқдори ночиз дар муҳити атроф мавҷуд будани гази сулфит ба нобудшавии гулсангҳо оварда мерасонад.

Режими рушноӣ. Миқцори расишй нурҳои рӯшноии Офтоб то болои сатҳи Замин аз арзҳои ҷугрофй, дарозии рӯз, шаффофии атмосфера ва кунҷҳои афтиши нурҳои Офтоб вобастағй дорад (расми 31). Дар шароити гуногун ба болои сатҳи Замин 42-70% нурҳои Офтоб омада мерасанд. Нурҳои рӯшноии Офтоб аз қабатҳои атмосфера гузашта на танҳо миқдоран балки аз рӯи таркиб ҳам тағйир меёбанд. Нурҳои кӯтоҳмавҷи Офтобро пардаи озонӣ ва оксигени ҳаво фурӯ мебаранд. Нурҳои инфрасурхро бошад буғҳои об ва СОг дар атмосфера фурӯ мебаранд. Қисми боқимонда дар намуди расиши рушноии рост ва парешон ба болои сатҳи Замин мерасанд.

Маҷмӯи расиши рушноии рост ва парешонй Офтобро аз 1/3 то 1/8 ҳиссаи рушноии умуми ташкил медиҳад ва дар рӯзҳои абрнок бошад нурҳои парешон ба 100% мерасанд. Дар арзҳои баланд нурҳои парешон ва дар минтакдҳои тропикй нурҳои рост бартарӣ доранд. Дар нисфирӯзи рӯшноии парешон 80% нурҳои зарду-сурх дорад, рӯшноии рост бошад аз 30 то 40%. Дар рӯзҳои шаффофи Офтоби рушноии Офтобе, ки ба болои сатҳи Замин мерасад, аз 45%-нурҳои ба чашм айён (380-720 нм) ва 45% нурҳои инфрасурх ташкил меёбанд. Танҳо 10%-и он нурҳои ултрабунафшро ташкил медиҳад. Ба таркиби рӯшноии Офтоб олудагии атмосфера таъсири ҷидди мерасонад. Ба туфайли олудагии ҳавои шаҳрҳо, миқцори рушной дар шаҳрҳо 15-20% кам мешавад. Шуопошии Офтоб дар болои сатҳи Замин дар ҳудуди хеле васеъ тағйир меёбад. Ҳамаи ин аз баландии ҷойгиршавии Офтоб дар уфуқ ё ки кунҷи афтиши нурҳои Офтоб, дарозии рӯз ва шароити икдимй, шаффофии атмосфера вобаста аст.

Вобаста аз мавсими сол ва шабонарӯз ҳам шиддатнокии рӯшной тагйир меёбад. Дар минтақаҳои алоҳидаи Замин сифати рӯшной ҳам нобаробар аст, мисол, таносуби мавҷҳои дароз (сурх) ба мавҷҳои кӯтоҳ (кабуд ва ултрабунафш). Нурҳои мавҷҳои кӯтоҳро назар ба мавҷҳои дароз атмосфера зиёдтар фуру бурда, парешон мекунад. Дар минтақаҳои кӯҳй барои ҳамин миқдори мавҷҳои кӯтоҳи рушноӣ зиёдгаранд.

Расми 31. Тақсимшавии нури рӯшноии офтоб вобаста аз баландии
ҷогиршавии Офтоб дар уфуқ (Аг — баланд, Аг- паст)

Дарахтон, буттаҳо, кишти растаниҳо маҳали зисти худро соягй карда иқпими хосае ҳосил карда бо ҳамин роҳ расиши рӯшноиро суст мекунанд (расми 32). Вобаста аз муносибат ба рӯшноӣ се гурӯҳи асосии растаниҳоро фарқ мекунанд: рӯшноидӯст (гемофитҳо), соядӯст

(ссиофитҳо) ва басоятобовар. Растаниҳои рӯшноидӯст ва соядӯст аз рӯи ҳолати оптималии экологии худ фарк мекунанд.

Расми 32. Сустшавии рӯшноии офтоб:

А — дар ҷангали дарахти санавбари камдошта;

Б — дар кишти ҷуворимакка
Аз миқдори НФФ то болои растаниҳо
омада расида 6-12 %-аш инъикос меёбад

Растаниҳои рӯшноидӯст дар зери таъсири пурраи рӯшноии Офтоб қарор доранд. Норасоии рӯшноӣ ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Растаниҳои рӯшноидӯст дар қитаъҳои кушодаи хушкӣ ё ки дашту марғзор (қабати болоии алафзор), гулсангҳои шахҳо, растаниҳои алафии аввали баҳории ҷангалҳои хазонрез, қисми зиёди растаниҳои зироатй, алафҳои бегона ва ғ., ки дар ҷойҳои кушод меруянд, дохил мешаванд. Оптимуми растаниҳои соядӯст дар қисми рӯшноии суст қарор дорад ва онҳо рӯшноии баландро қабул карда наметавонанд. Ба онҳо пеш аз ҳама растаниҳои қабатҳои поёнии ҷамоаҳои мураккаб (ҷангалзор), растаниҳои хонагӣ ва гармхонагӣ дохил мешаванд. Қисми зиёди онҳоро растаниҳои алафзор ё ки флораи эпифитҳои ҷангалҳои тропикй ташкил медиҳанд. Хусусияти хоси экологии ин растаниҳо дар он аст, ки онҳо ҳам дар рӯшноии баланд расиш ва инкишоф меёбанд ва ҳам дар рӯшноии паст хеле хуб мутобиқ мешаванд. Ин гурӯҳи растаниҳо аз ҳама паҳншудатарин буда, равонӣ хеле хуб доранд.

Растани$ри>* ,3ами11 у -хавой механизмҳои гуногунро барои

режими рушной дар шароитҳои гуногун амалӣ намудаанд; анатомй, морфологй, физиологй ва ғ.

Мисоли айёни мутобиқшавии тағйирёбии анатомию морфологии шакли берунии организмҳо ба шароити гуногуни рӯшноӣ шуда метавонад. Мисол, якхела набудани бузургии майдони барги растаниҳое аз. рӯи мавқеъи систематикй ба ҳам наздики хешу таборанд, лекин дар шароити гуноғуни равшанй ҳаёт ба сар мебаранд (зангӯлаи марғзорй- Сашрапи1а ра1и1а ва зангӯлаи ҷангалй С. (гасЬейит, бунафшаи саҳрой- Ую1е агуеп818, ки дар саҳро, марғзор мерӯяд ва бунафшаи ҷангалй- V. ппгаЪШк) шуда метавонанд (расми 33).

Расми 33. Тақсимшавии андозаи барг вобаста аз шароити зисти ратсанӣ:
аз намнокӣ ба хушкӣ ва аз соягӣ ба офтобӣ

Эъзоҳ. Қисми хаткашидашуда ба шароитҳои дар табиат бартаридошта мувофиқат мекунад

Дар растаниҳои гелиофитй дар соатҳои нисфирӯзии аз ҳама «хатарнок» баргҳо ба тарафи пастшавии расиши нурҳои Офтоб майл мекунанд. Саҳфаи барг амудй ё ки дар зери кунҷи калони ҳамвори уфуқӣ ҷойгирифтааст, барои ҳамин рӯзона баргҳо бештар кдсми зиёди нурҳои «лағжонакро» аз худ мекунанд (расми 34).

Як қатор хусусиятҳои мутобиқшавиро дар мисоли сохтори барг, ҳамчун қабулкунандаи нури рӯшноӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Мисол, саҳфаи барги қисми зиёди гелиофитҳо қобилияти инъикоскунии нури Офтобро (ҷилодиҳанда- аз лавр, ки бо мӯякчаҳои шаффоф пӯшонида шудаанд — аз кактус, зарбатиҳо (молочаев)) ё ки паст кардани таъсири онро (кутикулаи ғафс, овезонии зич) доранд. Барои сохтори дарунии барг бошад бофтаҳои инкишофёфта ва микдори зиёди

Расми 34. Расиши нурҳои рост (8) ва парешони (Д) офтоб ба болои
растаниҳо уфуқй (А), амудй (Б) ва баргҳои гуногун ҷойгирифта (В) омада
расида (аз рӯи И.А.Шульгин, 1967

хлоропластҳои хурд ва равшан хосанд (расми 35). Яке аз таассурҳои муҳофизатии хлоропласт аз рӯшноии баланд, ин қобилияти ҷойивазкунии онҳо дар ҳуҷайра мебошад. Агар рӯшной паст бошад хлоропластҳо дар мобайни ҳуҷайра ва агар баланд бошад дар назди девори ҳуҷайра ҷойгир мешаванд.

Расми 35. Андозаи хлоропластҳои гуногуни растаниҳои соядӯст (А) ва
рушноидӯст (Б): 1- зарнаб (тисс); 2- коҷи баргрез (лиственница); 3-
копытень; 4-чистяк весенный.

Мутобиқшавии физиологи. Расганиҳои муҳити замину-ҳавои ба шароити рушной таассури ҷавобии ҳархела доранд. Нишон дода

шудааст, ки ҷараёни расиши растаниҳои рӯшноидӯст ба норасоии рӯшноӣ назар ба соядӯст хеле ҳассостаранд. Барои ҳамин норасоии рӯшноӣ ба қадкашии зиёди поя оварда мерасонад, яъне растаниро ёри медиҳад, то ки ба қабатҳои болоии рӯшноӣ будаи ҷамоаи растаниҳо бароянд.

Мутобиқшавии физиологи ба рӯшноӣ асосан бо ҷараёни фотосинтез алоқаманд аст. Тағйирёбии фотосинтез вобаста аз шидцатнокии рӯшноӣ дар намуди 4 хатти каҷи рӯшноии фотосинтез намоён мешавад. Мафҳуми экологиро чунин нишондиҳандаҳои фотосинтез нишон медиҳанд (расми 36).

  1. Нуқтаи гузариши хатти каҷ аз тири ординат ( расми 36а) ба бузурги ва самти мубодилаи газии растаниҳо дар торикии пурра мувофиқ аст: фотосинтез намегузарад, лекин нафаскаши ҳузур дорад (фурӯбарии СОг — нею ҷудокунии он) барои ҳамин нуқта поёнтар аз тири ординат ҷойгир шудааст.
  2. Нуқтаи гузариши хатти каҷ аз тири абсиса (расми 36б) тавсифи «нуқтаи компенсатсиониро» ифода мекунад, яъне шиддатнокии рӯшноие, ки фотосинтез (фурӯбарии СОг) ба нафаскаши баробар мешавад (ҷудошавии СО2).

Расми 36. Хатти каҷи рушнонн фотосинтез: А-нақшаи умуми;

Б-хатти каҷ барои растаниҳои рӯшноидӯст (1) ва соядӯст (2)

  1. Шидцатнокии фотосинтез бо баландшавии рушной то ҳудуди муайян зиёд шуда, баъдан доими мемонад — хатти каҷи фотосинтез ба нуқтаи «серӣ» мебарояд. Дар расми 36 қисми каҷшуда шартан хатти каҷи мавзун нишон дода шудааст, ки шикасти он ба нуқтаи в мувофиқ аст. Нуқтаи проексионӣ дар тири абсиса (нуқтаи г) тавсифи «серии» шидцатнокии рӯшноӣ, яъне ҳамин хел бузургие, ки болотар аз он рӯшноӣ шиддатнокии фотосинтез баланд намешавад. Афканиши тири ординат (нуқтаи д) аз ҳама шиддатнокии баланди фотосинтези ҳамин намуди муҳити замину-ҳавои мувофиқат мекунад.
  2. Тавсифи муҳими хатти каҷи рушной- кунҷи нишеби (а) ба абсисс, ки дараҷаи баландшавии фотосинтезро дар рафти баландшавии рушноӣ инъикос мекунад (дар қисмати шиддатнокии нисбатан паст).

Дар баъзе расганиҳо таассури равонии мавсимӣ мушоҳида мешавад. Мисол, ғешаи мӯяқдор (Сагех рПога) аввали баҳор дар ҷангал барги навбаромадааш хатти каҷи рушноии серии фотосинтез (дар 20-25 ҳаз. люкс), дар вақти соягии тобистона бошад аз ҳамин намудҳо хатти каҷи вобастагии фотосинтез аз рӯшной бо нишондодҳои мувофиқ «соягӣ», яъне баргҳо қобилияти хубтар истифодабарии рушноии пастро соҳиб мешаванд, ҳамин баргҳо баъди зимистонгузаронӣ дар зери дарахтони бебарги ҷангал аз нав хусусияти «рушноидустӣ» дар фотосинтез намоён мешавад.

Шакли ба худ хоси мутобиқшавии физиологй дар рафти норасоии ногаҳонии рӯшной, ин қобилияти гум кардани фотосинтез ва гузариш ба гизогирии гетеротрофии моддаҳои узвии тайёр мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо ин гузаришҳои бебозгашт сабаби талафоти хлорофилли растаниҳо мегардад, мисол, саҳлаби ҷангалҳои сузанбарги дар соябуда (Оооёуега герепв, \ӮеоШа шбш ау18), ноором (Мопойора Ьурорйив). Онҳо аз ҳисоби боқимондаи модцаҳои узвии мурда ғизо мегиранд, (аз ҳисоби растаниҳои дарахтй ва дигар растаниҳо). Ин тарзи гизогирй номи сапрофитй ва растаниҳо бошанд номи сапрофитро гирифтаанд.

Барои ҳайвонҳои зиёди руизаминие, ки рузона ва шабона фаъол мебошанд, биной яке аз тарзҳои самт муайянкунй мебошад, ки барои ҷустуҷӯи ғизо хеле муҳим аст. Бисёр ҳайвонҳо қобилияти биниши рангҳоро дороанд. Бинобар ҳамин дар ҳайвонҳо, хусусан курбоншаванда хусусияти мутобиқат ба муҳит пайдо шудааст. Ба онҳо хусусияти муҳофизатй пинҳоншавӣ, рангҳои огоҳкунанда, монандии манфиатбахш, мимикрия ва г. дохил мешаванд. Пайдошавии ранги баланди гули растаниҳои олй ҳам бо хусусиятҳои аппарати биниши гардолудкунандаҳо ва дар охир бо режими рӯшноии муҳит вобаста аст.

Режими обӣ. Норасоии намнокӣ, яке аз хусусиятҳои хоси ҳаёти организҳои замину-ҳавой ба ҳисоб меравад. Такомули организмҳои рӯизаминй бо роҳи мутобиқшавии дарёфт кардан ва ниғоҳдории намнокӣ гузаштааст. Режими муҳити намнокй дар хушкй хеле гуногун аст — яъне минтақаҳое мавҷуданд, ки ҳавои онҳо доимо аз буғй об сер аст ва дар як сол чандин ҳазор мм боришот меборад (минтақаҳои икдими экваторй ва тропикй) вале дар дигар минтақаҳо боришот қариб ки тамоман мушоҳида намешавад (дар биёбонҳои Ғобй, Калахар ва ғ.). Дар биёбонҳои тропикй ба ҳисоби миёна дар як сол камтар аз 1000 мм меборад, лекин боронҳо ҳар сол мушоҳида намешаванд.

Миқдори солонаи боришот имконият намедиҳад, то ки бо об таъмин будани организмҳоро баҳо диҳем, чунки микдори якхелаи он метавонад, иқлими биёбонӣ (дар субтропика) ва хеле намнок (дар Арктика)-ро тавсиф диҳад. Вазифаи асосиро дар таносуби боришот ва бухоршавӣ (бухоршавии солонаи умуми аз болои сатҳи обҳои кушод), инчунин нобаробарии он дар минтақаҳои гуногуни сайёраи Замин иҷро мекунад. Минтақаҳое, ки ин бузурги аз микдори солонаи боришот зиёдтар аст, хушк ном дорад (хушк, бебориш). Растаниҳо дар ин ҷо норасоии намнокиро дар давраҳои зиёди нашъунаъмоӣ ҳисс мекунаид. Минтақаҳое, ки растаниҳо ҳама вақт бо об таъми мебошанд, гуминий ё ки намнок ном доранд. Дар баъзе ҳолатҳо қисмҳои гузариши-ҷойҳои нимхушкро фарқ мекунанд.

Вобастагии растаниҳо аз микдори миёнаи солонаи боришот ва ҳарорат дар расми 37 нишон дода шудааст.

МИКДОРИ М1ШНАИ КОПШЮТИ С (П01]А,СМ <оп

Расми 37. Вобастагии растаниҳо аз миқдори миёнаи солонаи
боришот ва ҳарорат:

1- ҷангали тропикй; 2- ҷангали хазонрез; 3- дашт; 4- биёбон; 5- ҷангали сӯзанбарг; 6- тундраи арктикӣ ва кӯҳӣ.

Бо об таъмин намудани растаниҳои рӯизаминй аз режими боришот, мавҷуд будани обанборҳо, захираҳои об, наздик будани обҳои зеризаминй ва ғ. вобастаги дорад. Ҳамаи ин ба инкишофи организмҳои рӯизаминӣ тақвият бахшид, то ки онҳо бо режими гуногуни бо об таъминашуда мутобиқат пайдо кунанд.

Гузариши ҳуҷайраи бевакуолаи обсабзҳои дараҷаи пасти дар об сукунат дошта ба тарзи аввалаи пойкилогидрии обсабзҳои рӯизаминӣ, ҳосилшавии вакуола дар обсабзҳои сабз ва харовии дар об сукунатдошта, гузаштан аз таллофитҳои вакуоладошта ба кормофитҳои гомойгидровй (паҳншавии ушнаҳо-гидрофитҳое, ки ҷойи зисти доимиашон намнокии ҳавояш баланд, ушнаҳо дар ҷойҳои хушк дубора хусусияти пойкилогидравиро) соҳиб мешаванд; дар байни фарнҳо ва пушидатухмҳо (танҳо дар байни лучтухмон не) шаклҳои пойкилогидравӣ мушоҳида мешаванд. Қисми зиёди растаниҳои гомойгидрии баргу поядор ба туфайли сохтори кутикулавии худ аз бухоршавӣ ва аз вакуолаи зиёд доштан дар ҳуҷайра ҳифз шудаанд. Қайд кардан лозим аст, ки сохтори ксерофиллии ҳайвонот ва растаниҳо танҳо ба муҳити замину-ҳавой хос аст.

Боришот (борон, жола, барф) ба ғайр аз обтаъминкунӣ ва захира намудани намӣ, дар биёр ҳолатҳо дигар аҳамияти экологй доранд. Мисол, дар вақти боронҳои сахт хок наметавонад тамоми оби ба болои он афтидаро ҷабида гирад, ки дар натиҷа резишй об аз болои хок суръат гирифта бо худ растаниҳоро решакан карда, ҳайвонҳои хурд ва қабатҳои ҳосилхези болои хокро ҳамроҳи худ ба дарёҳо ва кӯлҳо таҳвил медиҳад. Боронҳои зиёд дар дарёҳо метавонанд обхезиҳоро ба амал оранд, ки ба сокини дар ин ҷойҳо будаи намуди растаниҳо ва ҳайвонҳо таъсири манфй мерасонанд.

Борони жола ба растаниҳо ва ҳайвонҳо таъсири манфӣ мерасонад. Кишти зироатҳои кишоварзй дар майдонҳои алоҳида пурра нест мешаванд, ки ин ҳолатро мо тез-тез дар шароити Тоҷикисгон фасли баҳор мушоҳида мекунем.

Вазифаи экологии қабати барфй хеле гуногун аст. Барои мугҷаҳои аз нав барқарокунандае, ки дар хок ё ки дар болои он ҷойгир шудаанд, барои ҳайвонҳои хурд барф ҳамчун вазифаи гармигузарониро иҷро карда онҳоро аз ҳарорати пасти зимистон муҳофизат мекунад. Дар сардиҳои аз -14°С пасттар дар зерй қабатҳои 20см-и барф ҳарорати хок аз 0,2°С пасттар намефарояд. Қабатҳои чукури барф қисми сабзи растаниҳоро аз сарди муҳофизат мекунад, мисол, вероникаи доругй, копытен ва ғ., ки барги худро зимистон напартофта зери барф мераванд. Ҳайвоҳои хурди болоизаминй зимистон ҳам фаъолона ҳаёт ба сар мебаранд, чунки онҳо дар зери қабатҳои барф роҳҳои пурпечутоб месозанд.

Дар ҳолати таъмин будан бо гизоҳои сервитамин бошад баъзе хояндаҳо (муши ҷангалй ва гардани зард дошта, муши обй ва ғ.) афзоиш мекунанд. Дар зери барф аз сардиҳои зиёд каба, Ьигнгня 1е!пх ва ғ. паноҳ меёбанд. Баъзе ҳайвонҳо ҳатто дар қабатҳои барфи 50 см ҳам озод ҳаракат мекунанд (мисол, — шоҳгавазн), аммо баъзе ҳайвонҳо дар зимистони пурбарф нобуд мешаванд (хуки ёбоӣ, оҳу).

БориЛоти барфи зиёд ба растаниҳо ба ғайр аз таъсири механикй бо пӯшидани растаниҳо ва дар рафти обшавии барф бошад ба (хусусан дуру-дароз) ба заҳ кашидани растаниҳо меорад.

Аз ҳарорати паст дар шамолҳои сахти зимистони камбарф растаниҳо ва ҳайвонот зарар мебинанд. Дар солҳое, ки барф кам меборад хояндаҳои мушмонанд, курмуш ва дигар айвонҳои хурд ҳалок мешаванд. Новобаста аз ин дар арзҳое барфи зиёд меборад растаниҳо ва ҳайвонҳо дар рафти таърихии олами узвӣ ба ҳаёти зерибарфй ё ки болои он мутобиқат пайдо кардаанд, яъне сохторҳои анатомоӣ, морфологй, физиологй, рафторй ва дигар хусусиятҳоро кор карда баромадаанд. Мисол, баъзе ҳайвонҳо зимистон дар болои пойҳояшон мӯй мебароранд, дигарҳо бошанд барои пинҳон шудан аз душман ранги худро дигар мекунанд, сеюмин бошад ба тарзи ғизогирии намуди муайян мегузаранд вағ.

Боришот ба гайр аз таъсири бевосита ба организмҳо, ҳамчунин ба ҳаёти растанй ва ҳайвонҳо аҳамияти муҳим дорад, чунки ба шиддатнокии мубодилаи обии онҳо таъсир мерасонад. Бухоршави аз болои бадани ҳайвонот ва барги расганиҳо чи қадаре дар ҳаво намноки камтар бошад ҳамон қадар шиддатноктар мегузарад.

Фурӯбарии қисмҳои болоизаминии растаниҳо намнокии қатрагии моеъгиро, ки дар намуди борон меафтад, инчунин намнокии буги ҳаворо дар растаниҳои олй бештар дар эпифитҳои ҷангалҳои тропикй вомехуранд, онҳо намнокиро ба воситаи тамоми сатҳи барг ва решаи ҳавои ҷабидг фуру мебаранд. Намнокии буги ҳаворо навдаҳои баъзе буттаҳо ва дарахтон ҳам, мисол, саксавулҳо (На1аху1оп рег51сит, Н. арЬу11ит) ҷабида гирифта метавонад. Аз растаниҳои олии спорагй ва бахусус растаниҳои дараҷаи паст ҷабида гирифтани намнокй ба қисмҳои болоизаминӣ тарзи оддии гизогирии обй (ушнаҳо, гулсангҳо ва ғ.) ба ҳисоб меравад. Дар давраҳои дуру дарози беборишот ушнаҳо ва гулсангҳо ба ҳолати анабиоз мегузаранд ва баъди боридани борон бо тамоми сатҳи болоии қисмҳои болоизаминии худ обро ҷабида гирифта ҷараёнҳои расиш ва фотосинтези худро аз нав барқарор мекунанд. Растаниҳои дар муҳити намнок сукунат дошта дар бисёр ҳолатҳо маҷбуранд, ки намнокии зиёдатии организми худро ба берун ҷудо кунанд. Ин дар он вақг рух медиҳад, ки хок хеле хуб гарм шуда, решаҳо фаъолона обро ҷабида мегиранд вале бухоршави мушоҳида намешавад (пагоҳи ё ки дар вақти низм (туман) будан намнокии ҳаво 100% аст). Намнокии зиёдатнро растаниҳо бо ёрии ҳуҷайраҳои махсуси ҷудокунанда (гидатодҳо) амалӣ мекунанд, ки ин ҳодисаро гутатсия (гиряи растанй) меноманд. Ин ҳодиса на танҳо дар гигрофитҳо балки дар мезофитҳои зиёд ҳам мушоҳида мешавад. Мисол, растаниҳои алафии марғзорҳо об зиёдатиро ба воситаи барги худ ҷудо мекунанд, ки болои сатҳи хокро хеле намнок мекунанд.

Ҷойи зисти растаниҳоро на танҳо аз рӯи миқдори оби дар атмосфера буда, балки аз рӯи нишондоди оби дар хок буда ҳам баҳо медиҳанд. Оби дар хок буда ё ки намнокии хок яке аз сарчашмаҳои асосии намнокои растаниҳо ба ҳисоб меравад. Оби дар хок буда андоза ва шакли гуногун дошта дар сӯрохиҳои хок ҷойгир мешавад ва як қатор катион ва анионҳоро дорад. Барои ҳамин намнокии хок аз рӯи хусусиятҳои физикй ва кимиёвй яктаркиба нест. На ҳама намнокии дар хок бударо растаниҳо аз худ карда метавонанд. Аз рӯи ҳолатҳои табииётйй, серҳаракатй ва аҳамияти он барои растаниҳо оби дар хок бударо ба гравитатсионй, гиграскопӣ ва капилярй ҷудо мекунанд.

Дар хок намнокии буғмонанд ҳам мушоҳида мешавад, ки ҳамаи фазои сӯрохиҳои аз об озодбударо фаро мегиранд. Дар вақти паст шудани ҳарорати хок аз 0°С пасттар, намнокй ба ях мубаддал мешавад.

Миқдори обе, ки талаботи организми растаниҳоро қонеъ намегардонад, коэффитсентӣ пажмурдашавӣ ном дорад. Вай барои ҳар намуди растаниҳои якхелаи дар хокҳои гуногун меруянд, ҳархела мебошад, мисол, барои гилхок — 16,3%, барои рег — 0,9%. Барои муайян кардани миқдори умумии оби дар хок буда аз оби умуми коэффисенти пажмурдашавиро тарҳ кардан лозим аст.

Лекин оби табиётии хок на ҳама вақт чун оби физиологй барои растаниҳо дастрас мебошад, ин бо паст будани ҳарорати хок, норасоии Ог дар оби хокҳо ва ҳавои хок, туршии хок, микдори зиёди дараҷаи ғилзатй намакҳои маъданй дар хок ҳалшуда вобаста аст. Нобаробарии байни ҷабиши оби решаҳо ва таҳвили об ба баргҳо, ба пажмурдашавй меорад.

Расми. 38. Системаи решавии гандуми зимистона (аз рӯи В.Г.
Хржановский ва диг., 1984):

1- дар вақти боришоти бисьёр; 2- боришоти миёна; 3- боришоти кам

Аз л!икдори оби дастраси физиологй на танҳо инкишофи мӯътадили қисмҳои болоизаминй балки системаи решавии растаниҳо ҳам вобастаги дорад. Одатан растаннҳои дар ҷойҳои хушкй сукунат дошта назар ба ҷойҳои намнокй системаи решавии хуб инкишофёфта доранд(расми 38).

Дигар сарчашмаи намнокй дар хок обҳои зеризаминӣ мебошанд, ки дараҷаи оптималии онҳо ҳам аз намнокии хок вобаста аст.

Режими ҳароратӣ. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи муҳити замину-ҳавой ин тағйироти ҳарорат дар ҳудуди хеле васеъ мебошад. Дар бисёр минтақаҳои хушкй ҳарорати шабонарӯза ва солона ба даҳҳо дараҷа мерасад. Бахусус тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои биёбонӣ ва наздиқутбй хеле хуб мушоҳида мешавад. Мисол, ҳарорагй биёбонҳои Осиёи Миёна то 68-77°С, шабонарӯз бошад ба 25-38°С мерасад. Дар Ёқутистон бошад ҳарорати миёнаи ҳаво моҳи январ -43°С ва июл +19°С ва ҳарорати аз ҳама паст -64°С ва аз ҳама баланди солона ба +35°С мерасад.

Ҳарорати сатҳи болоии хок хеле тағйирёбанда аст. Аз сабаби он ки растаниҳои руизаминй фазои муайянеро дар байни ҳавои атмосфера ва сатҳи бояоии хок ишгол мекунанд, дар ин сатҳ режими хоси гарми ҳосил мешавад. Яъне рӯзона дар натиҷаи фаъолона фуру бурдани нури рӯшной ҳарорат баланд ва шабона бошад дар натиҷаи ҷудо кардани нурҳо ҳаво хунук мешавад. Барои ҳамин дар қабатҳои ба сатҳи болоии хок наздик ҳарорати шабонруза тағйир меёбад.

Устувории растаниҳои рӯизаминй аз тагйирёбии ҳарорати муҳит пеш аз ҳама аз ҷойи зисти онҳо вобаста аст. Мисол, растаниҳои руизаминии баргупоядор дар ҳудуди васеъи ҳарорат расиш ва инкишоф меёбанд, яъне эвритермй мебошанд. Фаъолияти ҳаётии онҳо одатан аз 5 то 55°С амалй мешавад. Растаниҳои қитаъвй бошад он вақте расиши муътадил доранд, ки агар шабона ҳарорат 10-15°С назар ба рӯз хунуктар бошад ва растаниҳои тропикй бошанд боз ҳам дар ҳарорати махдудтар, яъне 3°С (расми 39) расми меёбанд.

Организмҳои пойкилотермй бо баланд шудани ҳарорат (Т) давомнокии инкишофашон (I) хеле тез кам мешавад. Суръати инкишофи VI аз руи формулаи VI =100/1 муайян карда мешавад.

Растаниҳо ҳамчун организмҳои пойкилотермй ҳарорати доимии бадани худро надоранд. Ҳарорати онҳо аз таносуби энергияи фурӯбурда- шуда ва ҷудошудаи организм муайян мешавад. Ин бузурги аз як қатор хусусиятҳои муҳити атроф (расиши рушной, ҳарорати ҳавои атроф ва ҳаракати он) ва худи растаниҳо (ранг, хусусиятҳои оптикии растанй, бузургй ва ҷойгиршавии барг ва ғ.) вобаста аст. Аз ҳама бештар дар мувозинаи ҳарорати растанй бухоршави вазифаи муҳимро иҷро мекунад.

Шароити ҳаётии муҳити организмҳои замину ҳавоиро тагийрёбиҳои обу ҳаво мураккаб месозад. Обу ҳаво — ин ҳолати доимо ивазшавии атмосфераи наздизаминиро то баландиҳои 20-30 км меноманд.

Расми 39. Ҳудуди харорати оптимали барои расиш ва инкишофн растаниҳои гуногун (аз рӯи \¥еп1,1957)

Тағйирёбии обу ҳаво бо чунин омилҳои муҳит, ба монанди ҳарорат, намнокии ҳаво, абрнокӣ, бухоршавй, қувва ва самти ҳаракати шамол вобастаги дорад. Режими бисёрсолаи обу ҳаво иқлими маҳалро тавсиф медиҳад. Ба мафҳуми иқлим на танҳо ҳисоби миёнаи ҳодисаҳои метереологӣ балки равиши шабонарӯза ва солонаи он ҳам ба ҳисоб гирифта мешавад. Омилҳои асосии иқлимй-ҳарорат ва намнокӣ, микдори боришот ва серии ҳаво бо буғи об ба ҳисоб мераванд. Ҳар як ҷойи зисти муайян иқпими экологии худро дорад, яъне иқлими қабатҳои ҳавои наздизаминй ё ки экоиқлим. Ба омилҳои иқлимӣ растаниҳо таъсири калон мерасонанд. Дар зери «пардаи» ҷангал намнокии ҳаво ҳама вақт хеле баланд аст, барои ҳамин тагйирёбии ҳарорат дар ин ҷо назар ба марғзор камтар мушоҳида мешавад. Дар ҷамоаҳои растаниҳои гуногун режими рӯшной, ҳарорат, намнокии муайян ташаккул меёбад, ки онро фитоклимат — иқлими растанигй меноманд. Дар як ҷой мавҷуд будани микроиқлими гуногун баҳамзистии намудҳоеро, ки ба муҳити атроф талаботи якхела надоранд, таъмин менамояд.

Минтақа ва ноҳияҳои ҷуғрофӣ. Паҳншавии организмҳои зинда дар рӯи Замин ба минтақа ва ноҳияҳои ҷуғрофй алоқаи зич доранд. Минтақаҳои васеъ паҳншуда пеш аз ҳама бо расиши рушной ва гардиши атмосферавии хоси худ фарқ мекунанд. Дар болои Замин 13 минтақаи ҷуғрофй ҷудо карда шудааст, ки дар қитаъҳо ва уқёнуси ҷаҳонй паҳн шудаанд (расми 40). Ба онҳо минтақаҳои арктикӣ, антарктикӣ,субарктикӣ’ субантарктикӣ, мӯътадили шимолӣ ва ҷанубӣ, субарктикии шимолӣ ва ҷанубӣ , тропикии шимолӣ ва ҷанубӣ, субэкваторналӣ ва экваториалии шимолй ва ҷанубӣ дохил мешаванд. Дар дохили минтақаҳо ноҳияҳои ҷуғрофиро ҷудо мекунанд, ки ба ғайр аз шароити нури рӯшноӣ, ҳамчунин намнокии болоизаминӣ ва таносуби гармӣ ва намй, ки ба ин ноҳияҳо хос аст, ба назар гирифта мешавад. Дар хушкӣ таносуби ғармӣ ва намнокӣ назар ба уқёнус, ки бо намнокии пурратар фарқ мекунад, бинобар ин минтақаҳои ҷуғрофй дар хушкй ва уқёнус ва ноҳияҳои ҷугрофӣ танҳо дар хушкй паҳн мешаванд. Ноҳияҳои табий қаддй ва арзй ё ки тӯлй фарқ карда мешаванд. Якӯмаш аз гарб ба шарқ, дуюмин аз шимол ба ҷануб кашол меёбад. Дар самти тӯли ноҳияи қаддӣ ба зерноҳияҳо, дар қаддй ба музофотҳо тақсим мекунанд.

image45

Асосғузори таълимот оид ба ноҳиябандии табиӣ В. В. Докучаев (1846-1903) ба ҳисоб меравад, ки аввалин шуда ноҳиябандиҳоро ҳамчун қонунҳои умумии табиат асоснок кард. Ба ин қонун тамоми ҳодисаҳои дар ҳудуди биосфера ба амал омада итоат мекунанд. Сабаби асосии ноҳиябанди — ин шакли Замин ва мавқеъи он нисбат ба Офтоб мебошад. Дар тақсимшавии ғармии болои сатҳи Замин ба ғайр аз ноҳияи қадцй, инчунин релеф ва баландии маҳал аз сатҳи баҳр, таносуби хушкӣ ва баҳрҳо, резиши баҳрҳо ва ғ. таъсир мерасонад.

АрктикП

^ЛитарктпдП

Тропикии ҶДИубЯ уъ

Расми 40. ‘Ганосуби майдони хушкии замин, ки минтақаҳои
гуногуни табийётӣ-ҷугрофӣ фаро гирифта шудаанд,
бо % (аз руи Н.Ф.Реймерс, 1990)

Баъдтар асосҳои ташаккулёбии ноҳиябандии кураи Заминро вобаста ба рӯшноии Офтоб А. А. Григорев ва М. И. Будыко кор карда баромадаанд, номи қонуни даврии ноҳиябандии ҷугрофиро гирифт, ки он чунин маъно дорад — бо иваз шудани минтақаҳои ҷуғрофй, шабеҳи ноҳиябандиҳои ҷугрофй баъзе хусусиятҳои умумии онҳо даври такрормеёбанд. Ҳар як ноҳия ҷараёнҳои хоси геоморфологй, иқлими хос, расганй, хок ва олами ҳайвоноти худро дорад.

Яке аз шароити муҳими тағйирёбии организмҳо ва ҷойгиршавии ноҳиявии онҳо дар Замин тағйирёбии таркиби кимиёвии муҳит хизмат мекунад. Аз ин рӯ таълимоти А. П. Виноградов оиди музофотҳои биокимиёвӣ, ки таркиби кимиёвии хос, иқлим, ҷугрофияи растаниҳо ва геокимиёи биосфераро ноҳиябандӣ мекунад, хеле аҳамияти калон дорад.

Музофотҳои биокимиёвй гуфта он қисми болои Заминро меноманд, ки бо таркиби пайвастагиҳои кимиёвӣ (дар хок, об ва ғ.) буда фарқ намуда, бо таассурҳои биологии муайян аз тарафи фауна ва флораи маҳали амалйшуда алоқа доранд.

Ба ғайр аз ноҳиябандии уфуқй дар муҳити руизаминг минтақаҳоро вобаста аз баландй ё ки амудй фарқ мекунанд. Мамлакатҳои кӯҳӣ назар ба водиҳо аз растаниҳо бойтаранд, ки шакли зиёди хоси худро доранд. Мисол, флораи Тоҷикистон зиёда аз 9 ҳазор намуди растанй ва водиҳои биёбони назди он бошад ҳамагӣ 200-300 намуди растанӣ дорнду халос. Дар вақти баромадан ба кӯҳ ба монанди аз экватор ба кутбҳо дур шудан, ивазшавии ноҳияҳо мушоҳида мешавад (биёбон, дашт, ҷангалҳои паҳнбарг, ҷангалҳои сузанбарг, тундра ва пиряхҳо), лекин шабеҳи пурра мушоҳида намешавад. Бо баландшави аз сатҳи баҳр ҳарорат паст мешавад, буғшави паст шуда, расиши нурҳои ултрабунафш ва ғ. афзун мешаванд. Ҳамаи ин растаниҳоро маҷбур месозад ба муҳити хушкй ё ки намнок мутобиқат пайдо кунанд.

Фишори пасти ҳаво, расиши баландк рушноии Офтоб, тағйирёбии ҳарорати шабона ва рузона, тағйирёбии намнокии ҳаво маҷбур месозад, ки ҳайвонҳои дар кӯҳ сукунат дошта мутобиқшавиҳои физиологии хоси худро кор карда бароянд. Мисол, афзуншавии ҳаҷми нисбии дили ҳайвонҳо, зиёдшавии микдори гемоглобини хун, ки фурубарии шиддатнокии Ог-и ҳаворо метезонад ва ғ. Дар минтақаҳои кӯҳй ҳайвонҳои ба ин ҷойҳо хос ҳаёт ба сар мебаранд. Мисол, кабки ҳилол, барадач, Марко-Поло ё ки архар, кутос ва ғ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *