Фанни Экология

Омилҳои муҳит ва қонуниятҳои умумии таъсири онҳо ба организмҳои зинда

Муҳит ва шароити ҳаётии организмҳо

Он самти экология, ки муносибати намояндаи ин ё он намудро бо омилҳои муҳити атроф меомӯзад аутэкология ном дорад. Дар экология чунин мафҳумҳо ба монанди муҳит ва шароити ҳаётии омилҳои организмҳоро фарқ мекунанд.

Муҳит ин қиеми табиат мебошад, ки организмҳои зиндаро иҳота карда ба онҳо таъсири бевосита ё ки бавосита мерасонад. Организмҳо аз муҳит тамоми маводи барои ҳаёт заруриро гирифта, ба он маҳсулоти мубодилаи моддаҳоро хориҷ мекунад. Муҳити ҳар як организм аз элементҳои зиёди ғайриузвй ва узвии табиӣ ва элементҳое, ки одамон дар рафти фаъолияташон ҳосил кардаанд, иборат аст. Дар баробари ин, баъзе элементҳо қисман ё ки пурра барои организм аҳамияте надоранд, дигарҳо бошанд лозиманд ва сеюмин бошад таъсири манфӣ мерасонанд. Мисол, заргӯш (Ьерия йппёш) дар ҷангал бо ғизо, об, оксиген, пайвастагиҳои кимиёвӣ муносибати муайян дорад, ки бе онҳо фаъолият карда наметавонад, дар як вақт пояи дарахт, дӯнга, кунда, харсанги калон ва ғ. ба ҳаёти вай ягон таъсире расонида наметавонанд, вале заргӯш бо онҳо дар алоқаи муввақатӣ қарор дорад вале ин алоқа ҳатми нест.

Шароити ҳаётӣ-ин маҷмӯи элементҳои барои организм зарурии муҳит мебошанд, ки ҳама вақт организм бо онҳо дар муносибати ягона буда бе онҳо вуҷуд дошта наметавонад.

Одат кардани организм ба муҳит номи адаптатсия (мутобиқшавй)- ро гирифтааст. Қобилияти мздобиқшавии организмҳо яке аз хусусияти асосии ҳаёт мебошад, ки имконияти ҳаётии организмро таъмин карда, имконияти зинда мондан ва афзоиши организмро фароҳам меорад. Мутобиқшавӣ дар ҳама дараҷаҳо зоҳир мешавад-аз биокимиёи ҳуҷайра ва рафтори организмҳои алоҳида то сохтор, сисгемаи ҷамоаҳо ва системаҳои экологӣ амал мекунад. Ҳамаи мутобиқшавии ҳаёти организмҳо ба шароити гуногун дар рафти таърихи дуру дароз пайдо шуда, барои ҳар як минтақаи ҷуғрофӣ, гуруҳи растанӣ ва ҳайвонот мувофиқ шудаанд.

Хусусияти алоҳида ва элементҳои муҳит, ки ба организм таъсири бевосита ё ки бавосита мерасонанд омилҳои экологй номида мешаванд (ҷадвали 6).

Тамоми омилҳои экологиро ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунанд: абиотй ва биотй.

Омилҳои абиотӣ — гуфта маҷмӯи шароитҳои ғайриузвии муҳитро меноманд, ки ба организмҳо бевосита ё ки бавосита таъсир мерасонанд.

Омилҳои биотӣ гуфта маҷмӯи таъсири фаъолияти як организмро ба дигар организм меноманд. Дар баъзе ҳолатҳои омилҳои антропогениро ҳамчун гурӯҳи алоҳида дар қатори омилҳои абиотӣ ва биотй меомӯзанд, лекин ба ақидаи А. С. Степановский мафҳуми «омилҳои биотӣ» тамоми олами узвиро фаро мегирад, ки одам ҳам ба он дохил мешавад.

Таъсири омилҳои муҳитро, пеш аз ҳама таъсири онҳо ба мубодилаи моддаҳо дар организм муайян мекунад. Аз ин рӯ омилҳои экологиро вобаста аз таъсирашон ба организм ба таъсиркунандаи бевосита ва бавосита ҷудо мекунанд.

Ин ё он омили экологй метавонад ба организмҳои алоҳида ё ки тамоми ҷамоа гаъсир расонида, дар намуди таъсири бевосита бавосита амал кунад. Хар як омили экологй нишондиҳандаҳои миқдории худро доранд, мисол тавоной ва ҳудуди таъсири онҳо.

Ҷадвали 6

Нуқтаназарҳои гуногун оид ба тасннфоти омилҳои экологӣ

Омилҳои Экологи

А б и о т й (ғайризинда)

Б и о т ӣ (зинда)

Ҳарорат, рушноӣ, намнокӣ, шамол, ҳаво, фишор, резиш, арзи рӯз ва ғ.

Таркиби механикии хок, нуфуспазирй, обғунҷоишӣ Оканаи элементҳои ғизоӣ дар хок ё ки об, таркиби ғизоӣ, шурнокииоб

Таъсири растанй ба дигар аъзоёни биосеноз

Таъсири ҳайвонот ба дигар аъзоёни биосеноз

Омилҳои антропогение, ки дар натиҷаи фаъолияти одам пайдо мешаванд

Аз рӯи вақт

Аз рӯи даврӣ

Аз рӯи навбат

такомулӣ

таърихй

даврӣ

гайридаврӣ

якӯмин

дуюмин

Аз рӯи пайдоиш

Аз рӯи пайдоиши муҳит

Кайҳонӣ

Абиотӣ (абиогенй)

Биогенй

Биотй

Биологӣ

Табий-антропогенӣ Антропогенй (аз он ҷумла техногенй, олудашавии муҳит ва г.)

Атмосферавй Обй (намнокй) Геоморфологй Эдофикй Физиологй Генетикӣ Популятсионӣ Биогеосенозӣ Системаҳои экологй Биосферавй

Барои намудҳои гуногуни растанй ва ҳайвонот шароите, ки онҳо худро хуб эҳсос кунанд, якхела нест. Мисол, баъзе растаниҳо дар хоки хеле намнок, дигарҳо бошанд- нисбатан хушкро, сеюмин гармии баланд, чорӯмин муҳити сардро авлотар медонанд.

Шидцатнокии омилҳои экологиеро, ки барои фаъолияти организмҳо мусоид мебошад-оптималӣ ва омилҳое таъсири онҳо самараи манфӣ мерасонанд-пессимум меноманд, яъне шароите, ки дар ҳудуди он фаъолияти организмҳо хеле паст мешавад, лекин қобилияти ҳаётии худро гум намекунанд. Ҳар як растанӣ ҳудуди муайяни тоқатоварӣ дорад. Тамоми фосилаи ҳарорат аз минималӣ то максималиро, ки растанӣ қобилияти расиш дорад ҳудуди тоқатфарсоӣ ё ки толерантӣ меноманд. Дар байни қисмати оптимум ва ҳудуди устуворӣ бо мурури наздикшавӣ ба охирон растаниҳо ба таъсири манфн дучор мешаванд, яъне сухан дар бораи ҳудуди стресси ё ки ҳудуди нигоҳдоранда меравад.

Намудҳое, ки қобилияти ҳаётии онҳо аз бузургии оптималӣ каме тағйир меёбад, махсус маҳдудгардонидашуда ва намудҳое ба тағйирёбиҳои хеле васеъи омилҳо тоқатоваранд-васеъ мутобиқ- гардонидашуда меноманд. Мисол, намудҳои махсус маҳдуд гар- донидашудаи дар обҳои ширин сукунат дошта, ки барои шароити ҳаётии мӯътадили онҳо оканаи пасти намакҳо дар муҳит лозим аст. Бисёр сокинони баҳрҳо барои фаъолияти ҳаётии мӯътадил баръакс дараҷаи ғилзати баланди намакҳо дар муҳити зист лозим аст. Бинобар ин, ҳар сокини обҳои тоза ва ҳам обҳои шӯр нисбат ба оби шӯр он қадар мавзунияти экологӣ надоранд. Дар як вақт, мисол колюшкаи сесӯзана хусусияти баланди мавзунияти экологӣ дорад, ки ҳам дар обҳои тоза ва ҳам обҳои шӯр фаъолияти ҳаётии мӯътадил мегузаронад.

Намудҳои дар муҳити васеъи тоқатоварӣ экологиро эврибионтҳо (еугов- васеъ, кушод) ва камтоқатоварро-стенобионтҳо (81епо8- хурд, маҳдуд) меноманд. Эврибионтҳо ва стенобионтҳо тавсифи типҳои гуногуни ба муҳити муайян мутобиқ шуданро доранд. Намудҳое дуру дароз дар шароити нисбатан якхела ҳаёт мегузаронанд, мавзунияти экологии худро гум карда, хусусиятҳои организмҳои стенобионтӣ ва намудҳое дар мухити ҳаётии омилҳои бештар тағйирёбанда бошанд қобилияти мавзуниятии экологии баландро соҳиб шуда, хусусиятҳои эврибионтиро мегиранд (расми 7).

Вобаста аз муносибати организм ба тагйирёбиҳои ин ё он омили экологӣ калимаҳои «эври» ё ки «стено»-ро илова карда мешавад. Мисол, вобаста аз муносибат ба ҳарорат организмҳои эври- ва стенотермӣ, вобаста ба дараҷаи ғилзатн намакҳо эврӣ- ва стеногонй, вобаста ба рӯшной эврӣ- ва стенофотӣ ва ғ. ҷудо мекунанд. Аз рӯи муносибат ба ҳамаи омилҳои муҳит организмҳои эврибионтҳо хеле кам мушоҳида мешаванд. Бештар эври- ва стенобионтҳо дар вақти муносибат ба як омил ошкор мешаванд. Растании эвритермӣ дар як вақт метавонад ба организми стеногигробионтӣ дохил шавад, яъне метавонад нисбати дигаршавии намнокӣ нисбатан устувории камтар дошта бошад.

Расми 7. Мавзуниятии экологии намудҳо

Эврибионтҳо одатан қобилияти дар системаҳои экологии гуногун иаҳн шуданро доранд. Қисми зиёди соддатаринҳо, занбӯруғҳо (типи ҳоси эврибионтӣ) дар ҳама ҷо паҳн мешаванд. Стенобионтҳо одатан ареали маҳдуд доранд, лекин ба туфайли қобилияти баланди хос доштан сарҳади хеле зиёдро ишгол мекунанд. Мисол, паррандаи моҳихӯр скопа (Рапёюп ЬаНаеШх) стенофаги типи хос буда, нисбат ба муносибат бо дигар омилҳои экологй хусусияти эврибионтӣ зоҳир мекунад. Чунки барои ҷустуҷӯи ғизо масофаи хеле калонро тай карда, ареали хеле васеъро ишғол мекунад. Тамоми омилҳои экологӣ ба ҳам алокаманд буда, ҳар яки он ба организм таъсири хоса дорад.

Популятсия ва намуд ба омилҳои экологӣ мутаассир шуда онҳоро хархела қабул мекунанд. Ин тарзи интихоб боиси муносибати ҷойгиршавии организмҳо дар ин ё он сарҳад мегардад.

Намудҳои гуногуни организмҳо ба шароити хокӣ, ҳарорат, намнокй, рӯшноӣ ва ғ. якхела талабот надоранд. Барои ҳамин ҳам дар хокҳои гуногун, минтақаҳои икдимии гуногун, растаниҳои ҳархела мерӯянд. Организмҳо ба омилҳои абиотии муҳит мутобиқат пайдо карда, ба алоқаи биотикии муайяни байни якдигар дохил мешаванд, растанӣ, ҳайвонот ва микроорганизмҳо ба муҳити гуногун паҳн шуда гуногунии экосистемаҳоро ташкил дода биосфераи Заминро муттаҳид месозанд. Аз ин рӯ ба ҳар як омили муҳит фардҳо ва популятсияи аз онҳо ташаккулёфта новобаста аз ҳамдигар мутобиқат пайдо мекунанд.

Таъсири якҷояи омилҳои экологй

Одатан омилҳои экологй на дар алоҳидагй, балки дар маҷмӯъ (якҷоя) таъсир мерасонанд. Таъсири яке аз омилҳо аз дараҷаи дигар омилҳо вобаста аст. Хдр як омил таъсири муайяни худро дорад ва таъсири як омил наметавонад таъсири дигар омилҳоро иваз кунад. Лекин дар рафти таъсири якҷояи омилҳои муҳит тез-тез «самараи якҷоя»-ро мушоҳида кардан мумкин аст, ки он дар монандии натиҷаҳои таъсири омилҳои гуногун ошкор мегардад. Ҷои рӯшноиро наметавонад гармии барзиёд ё ки гази карбони зиёд иваз кунад, лекин бо тагйир додани таъсири ҳарорат мумкин аст, ҷараёни фотосинтези растанихо ё ки фаъолнокии ҳайвонҳоро нигоҳ дошта бо ҳамин самараи диапаузаро, ба монанди рӯзи кӯтоҳ, дароз кардани даври фаъол бошад самараи рӯзи дарозро ба амал меорад. Дар рафти таъсири якҷояи омилҳои муҳит ба организм қиммати онҳо ҳархела аст. Барои ҳамин онҳоро ба омилҳои асоси ва дуюмдараҷа ҷудо мекунанд. Таъсири омилҳои асоси барои организмҳо гуногун аст, новобаста аз он ки онҳо дар як ҷой сукунат доранд. Ин ё он омил наметавонад дар давраҳои гуногуни ҳаётии организмҳо ҳамчун омили асосии муҳит амал кунанд. Мисол, дар рафти фаъолияти хаётии ғаллагиҳо, дар давраи неш зада баромадан, омили асоси ҳарорат ва дар давраи хӯшабарорй ва гулкунӣ намнокии хок ва дар давраи пухта расидан бошад-моддаҳои гизоӣ ва намнокии ҳаво шуда метавонанд. Аҳамияти омилҳои асоси ҳатто дар давраҳои гуногуни мавсими сол ҳам метавонанд тағйир ёбанд. Мисол, барои бедоршавии фаъолнокии паррандаҳо (гунчишк) дар охири зимистон рӯшноӣ омили асоси мебошад, бахусус дарозии рӯз, аммо тобистон бошад таъсири рӯшной бо омили ҳарорат баробарқиммат мегардад.

Омилҳои асосй барои намудҳои якхела, ки дар шароитҳои гуногуни табииётӣ-ҷуғрофй ҳаёт ба сар мебаранд, мумкин аст, якхела набошад. Мисол, фаъолнокии кӯрпашша, хомӯшак ва г. дар ноҳияҳои гарм аз маҷмӯи таркиби спектрии офтоб ва дар шимол бошад аз ҳисоби тағйирёбии ҳарорат вобастагӣ доранд. Мафҳуми омилҳои асосиро аз мафҳуми омилҳои махдудкунанда фарқ кардан лозим аст. Омиле, ки дараҷаи таносуби микдорй ё ки сифатии он (норасой ё ки барзиёдатӣ) ба ҳудуди тоқатфарсоии организми муайян наздик аст, махдудкунанда ё ки бартаридошта номида мешавад. Таъсири омили махдудкунанда, ҳатто дар рафти мусоид будани дигар омилҳои муҳит ҳам ба чашм мерасанд. Ба сифати омилҳои махдудкунанда метавонанд ҳам омилҳои экологии асоси ва ҳам дуюмдараҷа амал кунанд.

Мафҳуми омилҳои махдудкунандаро соли 1940 олими олмонӣ, химик Ю. Либих пешниҳод кардааст. Ӯ таъсири элементҳои кимиёвии гуногунро дар хок ба расиши растаниҳо омӯхта онро чунин ифода кард «Моддаҳои кам ҳосилро идора карда, устуворй ва бузургии онро дар вақт муайян мекунад». Ин ифода бо номи қоида ё ки қонуни минимуми Либих маълум аст.

Қонуни минимуми Либихро дар мисоли амиқ дида мебароем. Дар хок тамоми элементҳои маъдании ғизой барои намуди муайяни растанй лозим- буда мавҷуд аст, ба гайр аз бор ё ки рӯҳ. Расиши растанй дар ин хок хеле бад ё ки тамоман ғайриимкон аст. Ахар ба хок микдори бор ё ки рӯҳи лозимиро илова кунем он гоҳ, ин ба афзуншавии ҳосил оварда мерасонад. Аммо агар дигар пайвастағиҳои кимиёвй ( мисол, Р, К)-ро ба микдори оптималй илова кунему бор ва рӯҳ набошад мо самара намегирем. Қонуни минимуми Либих ба тамоми омилҳои биотӣ ва абиотие, ки ба организмҳо таъсир мерасонанд, дахл дорад. Омилҳои махдудудкунанда на танҳо норасоии ин ё он омил балки аз меъёр зиёд будани чунин омилҳо, гармй, рушной, намнокй ва ғ. шуда метавонанд.

Малумот оид ба таъсири омилҳои маҳдудкунандаи максималиро дар баробари минималй олими амрикоӣ В. Шелфорд (1913) дохил карда, қонуни тоқатфарсоиро пешниҳод намуд, ки маҳз ба туфайли он ҳудуди ҳаётии як қатор растаниҳо ва ҳайвонҳо маълум карда шуд. Ба ақидаи Г. В. Стадниский ва А. И. Радионов (1966) ин гуна мисол таъсири моддаҳои олудакунандаи ҳавои атмосфера ба организми одам шуда метавонад (расми 8).

Бузургии омил бо ҳарфи С (ҳарфи аввали калимаи лотинй «консентртсия» (дараҷаи ғилзат) ифода мешавад. Дар дигар ҳолатҳо дохилшавии моддахоро ба организм оиди «консентратсия» нею, оиди вояи (микдор) моддаҳо (омилҳо) гуфтан мумкин аст. Дар вақти дараҷаи гилзат Ссол ва ССОл будан одам ҳалок мешавад, лекин тағйирёбиҳои бебозгашт дар организми он дар бузургиҳои хеле камтар ба амал меояд, Смаҳ. ва Смаҳ. Бинобар ин ҳудуди тоқатфарсоиро маҳз бо бузургии охирон муайян мекунанд.

Барои ҳамин ҳам дар рафти тадқиқоти илмй, таҷриба дар ҳайвонҳо барои ҳар як моддаи олудакунанда ё ки ҳар як пайвастагии кимиёвии зарарнок кӯшиш ба харҷ додан лозим аст, ки микдори он дар муҳити амиқ баланд набошад. Дар ҳифзи санитарии муҳити зист ҳудуди поёнии тоқатфарсой ба модцаҳои зарарнок муҳим набуда, балки ҳудуди болоиро муҳим мешуморанд, чунки маҳз олудашавии муҳити атроф-баландшавии устувории орғанизм ба ҳисоб меравад. Барои он ки тағйирёбии омилҳои экологй ва таъсири махдудкунандаи онҳоро доимо зери назорат гирем, бояд чунин амалҳоро иҷро кунем;

-бо роҳи мушоҳида, таҳлил ва таҷриба омилҳои «функсионалии муҳимро» бояд муайян кунем;

-муайян кардан лозим аст, ки чй тавр ин омилҳо ба фард, популятсия, ҷамоа таъсир мекунанд, он гоҳ муяссар мешавад бо амиқй натиҷаҳои вайроншавии муҳит ё ки тағйирёбиҳои ба «нақша» гирифтаи онро пешгӯӣ кунем.

D:\Файлхои дарсхо\media\image7.png

Фа ьолшжии хаётй (хошш1 фшиологн)

Расми 8 . Таъсири моддаҳои олудакунандаи ҳавои атмосфера ба
организми одам (аз руи А.С.Степановский, 2001)

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *