Месяц: Декабрь 2017

  • Ҷамоаи табии

    — Робитаи мутақобилаи организмҳо ба ҳамаи шумо маълум аст. Дар табиат растаниҳо вобаста ба шароити маҳал за иқлим паҳн шуда, гурӯҳҳои табиӣ ё ки ҷамоаи растаниҳоро ташкил мекунанд Тамоми ҳайвоноти ваҳшӣ низ ҷойи зисти худро худашон озодона интихоб карда наметавонанд. Агар дар табиат ба ҷамоаи растаниҳо назар афканем, боварй ҳосил…

    Муфассалтар »
  • Муҳити зисти организмҳо ва омилҳои асосии онҳо

    Муҳити зисти организмҳо. Ҳамон қисми табиатро, ки дар он организмҳо зиндагӣ мекунанд, ба таъсири он дучор мешаванд ва худашон низ ба он таъсир мерасонанд, муҳити зист меноманд. Ҳамаи организмҳо, ки дар шароити муайяне зиндагӣ мекунанд, тамоми мавҷудоти зиндаву ғайризиндаи атрофи онҳоро дар бар мегиранд. Ҳамон шароитҳое, ки ба организмҳо таъсир…

    Муфассалтар »
  • Давраҳои асосии инкишофи хордадорон

    Хусусиятҳои монанд ва тафовути хордадорони дараҷаи паст ва ҳалқакирмҳо. Шумо медонед, ки ҳайвоноти хордадори дараҷаи паст — нештаршакл аст ва онро ба зертипи бекосаисарони типи хордадорон мансуб медонанд. Вай хусусиятҳои ба ҳапқакирмҳо монандро дорад. Нештаршакл ҳам аз рӯйи узви ихроҷаш ба он монандӣ дорад ва монанди ҳалқакирмҳо мағзи сар надорад.…

    Муфассалтар »
  • Таълимоти Ч. Дарвин дар бораи инкишофи таърихии олами органикӣ

    Ташаккули тасаввурот оид ба инкишофи таърихии олами ҳайвонот. Одамон аз қадим кӯшиш менамуданд, ки оид ба пайдоиши растаниҳову ҳайвонот маълумот дошта бошанд. Дар бораи инкишофи табиат солҳои тӯлонӣ ақидаҳои гуногун ҳукмрон буданд. Рӯҳониён даъво мекарданд, ки тамоми растанӣ ва ҳайвонҳо офарида шудаанд ва онҳо ҳеҷ вақт тағйир намеёбанд, аммо дар…

    Муфассалтар »
  • Аҳамияти ширхӯрони даранда дар табиат ва хоҷагии инсон

    Муҳофизати ҳайвоноти нодир Аҳамияти ширхӯрон дар табиат. Ширхӯрон ба таркиби биосенозҳои гуногун дохил мешаванд ва ба олами растаниҳову ҳайвонот таъсир мерасонанд. Онҳо тухм ва спораҳои растаниҳои гуногунро паҳн мекунанд. Бисёр намудҳои мушҳои саҳроӣ намудҳои гуногуни алафҳои хӯроки чорворо дар марғзорҳо ва чарогоҳҳо хӯрда нобуд мекунанд ва ба ҷойи онҳо алафҳои…

    Муфассалтар »
  • Қатори хартумдорон

    Ба ин қатор аз ҳайвоноти ҳозира филҳо-фили ҳиндустонӣ ва африқоӣ мансубанд (расми 120). Филҳо аз ҳайвоноти азимҷуссаи хушкигард ба шумор мераванд. Танаи азимҷуссаи онҳо бо пӯсти ғафс ва қариб бемӯйина пӯшида шудааст. Филҳо аз дигар ҳайвонот бо хартум фарқ мекунанд. Хартум вазифаи доштану хӯрдани хӯрок, об, муҳофизаткунӣ ва дар баланд…

    Муфассалтар »
  • Ширхурони баҳрӣ

    Қатори белпойҳо ва китшаклон Инҳо ҳайвонҳое мебошанд, ки ба ду қатор — белпойҳо ва китшаклон ҷудо мешаванд. Дар баҳрҳо зиндагӣ мекунанд, бинобар ин, онҳоро ҳайвоноти баҳрӣ меноманд, лекин аҷцоди аввалини онҳо дар муҳити хушкӣ зиндагӣ мекарданд ва ба дарандагони қадимӣ монанд буданд. Хусусан, монандии дарандагон ба белпойҳо аз ин шаҳодат…

    Муфассалтар »
  • Қатори дарандаҳо

    Аломатҳои умумии қатор. Ба ширхӯрони даранда ҳайвонҳои ҳар хел андозадошта ва намуди беруниашон хеле гуногун дохил мешаванд. Масалан, гург, савсор ва хирсро ба ҳамдигар муҳоиса кунед. Ҳамаи онҳоро асосан истеъмоли тӯъмаи зинда ва баъзан мурда ба як қатор муттаҳид мекунад (расмҳои 111,112,113,115). Дандонҳои дарандагон ба дандонҳои пеш, ашк ва курсӣ…

    Муфассалтар »
  • Қатори хояндагон ва заргушшаклон

    Қатори хояндагон. Хояндаҳо яке аз қаторҳои калонтарини ширхӯрон ба шумор мераванд. Онҳо аз се як ҳиссаи ширхӯрони муосирро дар бар мегиранд. Дар замони ҳозира қариб 2000 намуди онҳо ба мо маълум аст. Ба ширхӯрони хоянда намудҳои гуногуни мушҳо, калламушҳо, юрмонҳо, санҷобҳо, қундузҳо, савсор, қоқум ва амсоли инҳо мансубанд (расми 109).…

    Муфассалтар »
  • Пайдоиши ширхурон

    Нахустдарандагон ва дарандагон Пайдоиши ширхӯрон. Аз рӯйи сохти берунӣ ва дохилиашон дар байни ширхӯрон ва хазандагон монандии зиёде мушоҳида карда мешавад. Хусусан, аломатҳои умумии давраҳои аввали инкишофи ҷанин зоҳир мешаванд, ки ҳамаи ин аз хешигии байни ин ду гурӯҳи ҳайвонҳои муҳрадор шаҳодат медиҳад ва аз хазандагони қадим пайдо шудани ширхӯронро…

    Муфассалтар »
  • Афзойиш ва инкишофи ширхурон

    Узвҳои афзойиш. Чун дигар муҳрадорон ширхӯрон ҷудоҷинса мебошанд. Дар узви ҷинсии модина (тухмдонҳо) тухмҳуҷайраҳо ва дар узви ҷинсии нарина (наслдонҳо) нутфа инкишоф меёбад. Тухмҳуҷайра дар бисёр ширхӯрон хурд буда (то 0,2 мм), онро бо микроскоп дидан мумкин аст. Бордоршавии тухмҳуҷайра дар ширхӯрон, хазандагон ва парандагон дарунӣ аст ва дар найи…

    Муфассалтар »
  • Синфи ширхурон

    Ширхӯрон ҳайвонҳои мураккабсохтор ва олиташкиланд. Бадани ширхӯрон бо мӯйина пӯшида шуда, ғадудҳои шир, суфраи гӯш, дандонҳои гуногун доранд. Гармхунӣ, зиндазойӣ, насли худро бо шир таъмин намудан, сохти мураккаби системаи асаб ва қобилияти идора карда тавонистани ҳарорати бадан ба ширхӯрон имконият медиҳад, ки дар муҳитҳои гуногуни макони зисти рӯйи Замин, қабати…

    Муфассалтар »
  • Пайдоиши парандагон

    Хусусиятҳои монандии парандаҳо ва хазандаҳо. Пӯсти парандагон ба монанди хазандаҳо хушк аст ва ғадуд надорад. Пойҳои парандагон бо пулакчаҳои шохин пӯшида шудаанд. Пари онҳо ба монанди пулакчаҳои хазандагон аз моддаи шохӣ иборат аст. Ба монанди хазандагон маҷрои рӯдаҳо, роҳи пешоб ва узвҳои афзойиш (ҷинсӣ) ба мақъад кушода мешаванд. Аз ҳама…

    Муфассалтар »
  • Узвҳои дарунии тана ва системаи асаби парандагон

    Ковокии танаи парандаҳоро қафаси сина ва коси васеъ ташкил медиҳанд, ки дар ин ковокӣ узвҳои дарунӣ ҷойгир шудаанд. Сохти узвҳои ҳозимаи парандагон ба қисмҳо ва узвҳои ҳозимаи ҳайвонҳои дигари муҳрадор монанд аст (расми 65). Ба ин узвҳо ковокии даҳон, гулӯ, сурхрӯда, меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва ғайраҳо дохил мешаванд. Лекин бо…

    Муфассалтар »
  • Синфи парандаҳо

    Парандаҳо ҳайвоноти муҳрадори олиташкил буда, танаи онҳо бо парҳо пӯшида шудааст ва пойҳои пешашон ба болҳо табдил ёфтаанд. Қобилияти дар ҳаво парвоз кардан, гармхунӣ, хусусияти сохти тана ва дигар фаъолияти ҳаётии онҳо имконият додаэст, ки парандагон дар рӯйи Замин ба таври васеъ паҳн шаванд. Намудҳои гуногуни парандаҳо бисёртар дар ҷангалҳои…

    Муфассалтар »
  • Гурӯҳҳои асосии хазандаҳои муосир

    Аҳамияти хазандаҳо дар табиат ва ҳаёти инсон Хазандагони муосир яке аз шохаҳои сернамуд ва инкишофёфтаи ҳайвонҳои сутунмуҳрадор ба шумор мераванд ва дар тамоми муҳити зисти рӯйи Замин васеъ паҳн шудаанд. Дар замони ҳозира зиёда аз 7000 намуди онҳо ба қайд гирифта шудаанд. Онҳо ба 4 қатор — сангпуштон, нулсарон, пулакчадорон…

    Муфассалтар »
  • Синфи хазандаҳо

    Хазандаҳо намудҳои гуногуни калтакалосҳо, морҳо, сангпуштон ва тимсоҳҳоро дар бар мегиранд. Ба истиснои баъзе намудҳо аксарияти онҳо дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд ва ба муҳити зисти хушкӣ мутобиқати махсус пайдо намудаанд. Афзойиши онҳо ба муҳити обӣ вобастагӣ надорад. Пӯсти танаи хазандаҳо хушк буда, одатан бо пулакчаҳои шохин пӯшида шудааст. Ин ҳайвонҳо…

    Муфассалтар »
  • Синфи обхокиҳо

    Обхокиҳо ҳайвоноти сутунмуҳрадор мебошанд, ки ҳам ба муҳити ҳаёти обӣ ва ҳам рӯйи замин мутобиқат пайдо намудаанд. Ба аксарияти онҳо ба се қисм (сар, тана ва пой) ҷудо шудани тана ва мавҷуд будани ду ҷуфт пойҳои панҷангушта хос мебошад. Ҳайвоноти болйғ дар рӯйи Замин тавассути шуш аз оксигени ҳаво ва…

    Муфассалтар »
  • Синфи моҳиҳои устухондор

    Моҳиҳои устухондор зиёда аз 96 фоизи моҳиҳои замони ҳозираро дар бар мегиранд. Беш аз 24 370 намуди онҳо маълум мебошанд. Моҳиҳои устухондор ба 2 гурӯҳ (зерсинф)-нурболон ё ки моҳиҳои серустухон ва парраболон, ки моҳиҳои дубаҳра ва панҷаболонро дар бар мегиранд, тақсим мешавад. Зерсинфи нурболон ё ки моҳиҳои серустухон. Ба ин…

    Муфассалтар »
  • Синфи моҳиҳои тағоякдор

    Ба ин синф намудҳои гуногуни қатори наҳангҳо ва суфрамоҳиҳо мансубанд (расми 20, 21). Скелети онҳо тамоман тағоякӣ аст. Пӯсти танаашон аз пулакчаҳое иборат аст, ки сатҳашон барҷастагиҳои дандонадор дорад ва бо моддаи сахт пӯшида шудааст. Дар ду тарафи қисми сар то 5 — 7 сӯрохии мустақили ғалсамаҳо кушода мешаванд. Онҳо…

    Муфассалтар »
  • Афзойиш ва инкишофи моҳиҳо

    Узвҳои афзойиш. Аксарияти намудҳои моҳиҳо ҳайвони ҷудоҷинса мебошанд ва як ҷуфт ғадуди ҷинсӣ доранд. Дар вақти чок кардани моҳии нарина дар ковокии тана як ҷуфт наслдони дарози сафедтобро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ковокии танаи моҳии модина як ҷуфт тухмдонҳои дарозрӯя ҷойгир шудаанд. Тухмдон ва наслдонҳо тавассути найчаҳо чун қоида…

    Муфассалтар »
  • Ҷоғдорон. Синфи моҳиҳо

    Беҷоғон. Синфи даҳонгирдон Ба йн синф гурӯҳи хурд ва содаи сутунмуҳрадорони муосир мансубанд. Зиёда аз 40 намуди онҳо ба қайд гирифта шудаанд. Дар обҳои уқёнусҳои Ҳинд, Ором ва Атлантика паҳн шудаанд. Танаи дарозрӯяи мормонанд доранд. Дарозии тана аз 40 см то ба1 м мерасад. Аз рӯйи сохтори бадан ва пайдоиш…

    Муфассалтар »
  • Типи хордадорон

    Ба хордадорон моҳиҳо, обхокиҳо (қурбоққа, ғук, тритонҳо), хазандаҳо (калтакалосҳо, морҳо, тимсоҳҳо ва сангпуштҳо), парандаҳо, ширхӯрон ва дигар ҳайвонот — ҳамагӣ зиёда аз 46 ҳазор намуд мансубанд. Хордадорон дар муҳитҳои гуногуни зист — об, рӯйи замин, ҳаво ва қабатҳои хок васеъ паҳн шудаанд. Онҳо ҳайвоноти олиташкили таносуби баданашон дутарафадоштаи сеқабата буда,…

    Муфассалтар »
  • Тарз ва усули ба даст даровардани иттилоотҳо дар зинаи аввали тадқиқот

    1.Зарурати пеш аз тадқиқот муайян кардани тарзу усулҳои тадқиқотии гузаронидашаванда. Вазифаҳое, ки дар назди сотсиологҳо истодаанд ва ё ба миён омаданашон аз гумон дур нестанд, хеле ҳам бешумор буда, онҳо тарафҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии одамон, гуруҳҳо, табақаҳо, коллективҳоеро, ки дар ҷомеа амал мекунанд, дар бар мегиранд. Ҷомеа ҳамеша, дар ҳар…

    Муфассалтар »
  • Ҷанбаҳои (соҳаи) сотсиологияи амалӣ

    1.Методология ва методикаи (усули) омузиш, таҳлил ва хулосагирӣ аз объект ва предмети тадқиқот. Объекти тадқиқотҳои сотсиологӣ ҳаёти мушаххаси ҳодисаҳое мебошанд, ки тарафҳои гуногуни фаъолияти шахсони алоҳида, коллектив, гурӯҳҳоро ифода менамоянд. Боиси тазаккур аст, ки ҳамаи ҳодисаю воқеаҳо сабабҳои асосӣ ва ғайриасосӣ, заминаҳои моддию маънавӣ ва воқеии ба амал омадани худро…

    Муфассалтар »
  • Мактабҳои сотсиологии фарҳангшиноси, таъмини сулҳу амният ва ваҳдати милли

    1.Моҳият, мазмун ва фаҳмиши илмии фарҳанг. Ба омӯзиши сотсиологияи фарҳанг шурӯь карда, мо вориди бойтарину бонуфузтарини ҷабҳаҳои ҳаёти инсонӣ, тарафҳои гуногуну мураккабтарини фаъолияти одамон, гурӯҳҳо, табақа ва синфу ҳизбҳои дар ҷомеа амал карда истода мешавем, ки мислашро дарёфт кардан ғайри имкон аст. Кор, зиндагии одамон, системаи истеҳсолоту истеъмолот, вазъи иқтисодӣ,…

    Муфассалтар »
  • Мактабҳои сотсиологии демографи ва муҳитизист (экологи)

    Проблемаҳои сотсиологии соҳаи демографи (ба ҳиссобгирии аҳоли). Демография, ки маънояш ба ҳисобгирии аҳолӣ (аз Юнонӣ— «демос»— халқ ва «графия»-идора гирифта шудааст) буда, қонуниятҳои тараққиёти ҳамаҷиҳатаи ба аҳолӣ дахл доштаро (сохтор, ҳодисот, афзоиш ва ғ…) меомӯзад, бори аввал аз ҷониби (мувофиқи иттилоотҳои таърихӣ ) олими франсӯз А.Гийар соли 1855 дар асараш…

    Муфассалтар »
  • Мактаби сотсиологии сиёсатшиносӣ ва « Сотсиологияи ҳуқуқ»

    1.Мактаби сотсиологии сиёсатшиносӣ ва мақоми вай дар танзими муносибатҳои сиёсии ҷомеа. Ҳаёти сиёсӣ қисми таркибии ҳаёти иҷтимоӣ ба шумор рафта, дар бисёр ҳолатҳо инъикоскунандаи воқеаю ҳодисаҳое мебошанд, ки ба воситаи онҳо мақоми дар ҷомеа доштаи худро одамон хеле ҳам равшан баён месозанд. Ҳаёти сиёсӣ бештар дар ирода, қавл, ҳаракатҳои одамони…

    Муфассалтар »
  • Мактаби сотсиологии ҷавонон. Сотсиологияи илму маърифат ва тайёр намудани мутахассисони ҷавон

    1. Мактаби сотсиологии ҷавонон ва ҷанбаҳои омӯзиши он. Ҷавонон дар сохтори иҷтимоии ҷомеа мақоми хосае доранд. Онҳо бонуфузтарин қисми аҳолии мамлакатро ташкил намуда, дар системаи муносибатҳои истеҳсолӣ, ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии ҷомеа қувваи ҳалкунанда мебошанд. Аз ин рӯ омӯзиш, таҳлил ва таҳқиқи сотсиологии ҷавонон аз ҷумлаи ҷанбаҳои хеле ҳам…

    Муфассалтар »
  • Мактаби сотсиологии оилаю оиладори ва тарбия

    1.Оила — қисми таркиби, ячейкаи асосии ҷомеа. Оила аз ҷумлаи проблемаҳои илмию назариявӣ ва амалие мебошад, ки диққати олимони зиёди ҷомеашинос, аз ҷумла ҳуқуқшиносон, иқтисодчиён, рӯҳшиносон, педогогҳо, сотсиологҳо, файласуфон ва ғайраҳоро ба худ ҷалб кардааст. Намояндагон ҳар кадоме аз ин илмҳо, вобаста ба предмет ва мавзӯи соҳавии худ, ин ва…

    Муфассалтар »