Фанни Зоология

Ҷоғдорон. Синфи моҳиҳо

Беҷоғон. Синфи даҳонгирдон

Ба йн синф гурӯҳи хурд ва содаи сутунмуҳрадорони муосир мансубанд. Зиёда аз 40 намуди онҳо ба қайд гирифта шудаанд. Дар обҳои уқёнусҳои Ҳинд, Ором ва Атлантика паҳн шудаанд. Танаи дарозрӯяи мормонанд доранд. Дарозии тана аз 40 см то ба1 м мерасад. Аз рӯйи сохтори бадан ва пайдоиш ба моҳиҳо наздик мебошанд. Пӯсти бадани даҳонгирдон луч аст ва бо моддаи ғализ пӯшида шудааст. Скелети даҳонгирдон тағоякӣ буда, хорда то охири умрашон боқӣ мемонад. Дастгоҳи ҷоғ инкишоф наёфтааст. Даҳони гирд ва шакли қифи маккандаро доранд (расми 5).

image6.jpeg

image7.jpeg

Номи гурӯҳ ва синф аз ҳамин ҷост. Дар даҳони гирду қифшакл дандонҳои шохӣ ва забони боқувват ҷойгир шудаанд (расми 6). Дар ду тарафи паҳлӯи сар яктогӣ чашми сустинкишофёфта ва бо парда пӯшидашуда ҷойгир шудаанд. Аз қисми пеши сар дар мобайни сар якто сӯрохии бинӣ дида мешавад. Дар аксарияти намудҳояшон боли дум ва пушт ба вуҷуд омадааст. Дар ду тарафи паҳлӯи сар аз қафои чашм як қатор (7-14) сӯрохиҳои ғалсама ҷойгир шудаанд. Тавассути ин ғалсамаҳо онҳо нафас мегиранд. Дили духонагӣ ва як доираи гардиши хуни сарбаста

доранд. Бо роҳи ҷинсӣ афзоиш мекунанд. Тухми бордоршударо дар об мегузоранд ва аз он кирминаи регнишин мебарояд. Даҳонгирдон тавассути дандонҳои шохини худ танаи моҳиҳоро сӯрох карда, ба танаи моҳӣ дохил мешаванд ва хуну гӯшти онҳоро мехӯранд. Дар об нағз шино мекунанд, лекин қисми зиёди ҳаёти худро дар қаъри рег ғӯта зада мегузаронанд. Аксарияти даҳонгирдон муфтхӯр (паразит) ва даранда мебошанд. Синфи даҳонгирдон ба ду қатор — миксинаҳо ва миногаҳо тақсим мешавад.

Қатори миксинаҳо. Ин ҳайвонҳо бо сохтори нисбатан содатар ба вуҷуд омадаанд. Бо роҳи муфтхӯрӣ зиндагӣ мекунанд. Бинобар ин чашм ва ғапсамаҳояшон нағз инкишоф наёфтааст. Ин барои ба танаи моҳӣ дохил намудани қисми сар мусоидат мекунад. Миксинаҳо моҳиҳои мурдаро низ мехӯранд. Ба моҳидорӣ қисман зарар мерасонанд.

image8.jpeg Қатори миногаҳо. Нисбат ба миксинаҳо мураккабтар сохта шудаанд ва фаъолона зиндагӣ мекунанд.

Миногаҳо низ ба танаи моҳиҳо часпида хун ва гӯшти онҳоро мехӯранд. Аксарияти намудҳои миногаҳо дар баҳрҳои уқёнуси Атлантика зиндагӣ мекунанд ва барои афзоиш ба дарёҳо шино карда мераванд.

Миногаи сибирӣ ва дарёӣ тамоми умр дар дарёҳо зиндагӣ мекунанд. Миногаҳо аз миксинаҳо аз рӯйи афзоишашон фарқ мекунанд. Яъне инкишофи тухми минога якчанд давраро аз сар мегузаронад. Аз тухми бордоршудаи онҳо кирмина мебарояд, ки ба миногаи болиғтамоман монанд нест. Бинобар ин, дар асри гузашта кирминаи миногаро, ки ба нештаршакл монанд аст, чун намуди мустақил қабул карда буданд. Баъди якчанд сол кирмина ба миногаи болиғтабдил меёбад. Гӯшти миногаи дарёӣ ва каспийгӣ ба сифати хӯрок истифода бурда мешавад. Даҳонгирдон дар қаламрави Тоҷикистон дучор намешаванд.

ҶОҒДОРОН. СИНФИ моҳиҳо

Моҳиҳо чунин ҳайвоноти сутунмуҳрадоранд, ки ба ҳаёти обӣ дар дарёю обанборҳои шириноб ва оби баҳрҳо (шӯр) мутобиқшудаанд. Дар онҳо то охири ҳаёташон ғалсамаҳо ҳамчун узви нафасгирӣ боқӣ мемонанд. Ҷоғҳои ҳаракаткунанда ва боқувват доранд. Скелеташон сахт буда, аз бофтаи устухон, тағояк ва қисман устухону тағояк иборат аст. Дили дуҳонагӣ ва як доираи гардиши хун доранд. Танаашон бо пулакчаҳо пӯшида шудааст. Болҳои шиноварии ҷуфт ва тоқ доранд. Моҳиҳо ҷудоҷинса мебошанд, бордоршавии тухмашон дар об мегузарад. Намудҳои зиндазой низ доранд. Дар замони ҳозира зиёда аз 25 ҳазор намуди гуногуни моҳиҳо дар обҳои рӯйи замин васеъ паҳн шудаанд. Моҳиҳо 500млн сол қабл аз ин дар оби ширин ба вуҷуд омадаанд ва ба оби шӯри баҳру уқёнусҳо гузаштанд. Дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 81 намуди моҳиҳо зиндагӣ мекунанд, ки ба 16 оила мансубанд.

§3. Муҳити зист ва сохти зоҳирии моҳиҳо

Муҳити зисти моҳиҳо хеле васеъ ва гуногун мебошад. Вобаста ба муҳити зист ва омилҳои гуногунтаъсири он моҳиҳо гуногунхел мешаванд. Дар баҳр ва уқёнусҳо аз ҳама бештар белугаҳо, тосмоҳиҳо, камбалаҳо, равғанмоҳиҳо, шӯрмоҳиҳо ва амсоли инҳо зиндагӣ мекунанд. Бисёр намуди моҳиҳо ба зиндагии қаъри баҳрӣ мутобиқ шудаанд. Бадани ин моҳиҳо одатан паҳн буда, пулакчаҳои тана надоранд, рангашон тирагун аст ва болҳои шиновариашон тағйир ёфтааст.

Баъзе намуди моҳиҳо растаниҳоро мехӯранд ва дар байни растаниҳо паноҳ шуда, худро аз душман муҳофизат мекунанд. Дар дарёҳои кӯҳии Тоҷикистон, ки оби хунук ва тозаю шаффоф доранд, бештар гулмоҳӣ, ширмоҳӣ, лаққамоҳӣ, капур ва зағорамоҳӣ зиндагӣ мекунанд.

Танаи моҳиҳо дукмонанд ва шоро мебошад, ки ба муҳити об мувофиқаст. Қисми пеши тана борик, миёна ғафстар буда, дар қисми дум борик шуда меравад, ки ин шакпи тана муқовимати обро дар вақти ҳаракат кардан кам мекунад. Тана ба қисми сар, тана ва дум ҷудо

мешавад, ки бо ҳамдигар ба таври яклухт пайваст шудаанд. Дар қисми нӯгтезшудаи пеши сар даҳон ҷойгир шудааст (расми 7).

image9.jpeg

Дар қисми болотари сар як ҷуфт сӯрохии бинӣ аён аст, ки ба узви шомма алоқа дорад. Дар ду паҳлуи сар як ҷуфт чашми калон ҷой гирифтаанд, ки тавассути онҳо моҳиҳо ашёи дар наздик ҷойгирбударо ба осонӣ дарк мекунанд.

Ҳамаи моҳиҳо болҳои шиноварӣ доранд ва онҳо гуногунанд. Ҳангоми шинокунӣ аҳамият ва мавқеи муҳим доранд. Ҳар як боли шиноварӣ аз пардаи нозуки пӯст иборат аст, ки онро дар байн устухонҳои сихмонанд рост нигоҳ медоранд. Ҳангоми васеътар ҷой иваз кардани устухонҳои сихмонанд пӯсти байни онҳо таранг кашида шуда, сатҳи боли шиноварӣ васеъ мешавад. Боли тахтапушти моҳиҳо шакпан ва миқдоран вобаста ба намуди моҳиҳо гуногун мешавад. Дар нӯги дум боли шиноварии дупарраи дум ва дар қисми поёнаш боли шиноварии назди мақьад ҷой гирифтааст. Ҳамаи ин болҳои номбурда болҳои шиноварии тоқанд. Моҳиҳо инчунин болҳои шиноварии ҷуфт ҳам доранд. Болҳои шиноварии ҷуфти сарисинагӣ (пойҳои ҷуфти пеш) дар зери тана ҷойгир шудаанд. Ҳангоми ба пеш ҳаракат кардан боли шиноварӣ нақши асосиро мебозад. Тавассути болҳои шиноварии ҷуфт моҳиҳо ба тарафи чапу рост мегарданд, ба поён ё ки боло мебароянд, ба пеш оҳиста — оҳиста ҳаракат мекунанд ва мувозинатро нигоҳ медоранд. Болҳои шиноварии тахтапушт ва мақъад ҳангоми ба пеш ҳаракат кардан ва ё ба як тараф гаштан ба моҳиҳо ҳолати устуворӣ мебахшанд. Танаи моҳиҳо одатан бо пулакчаҳои устухонӣ пӯшида шудаанд.

Тарафи пеши ҳар як пулакча ба болои пулакчаи дигар фурӯ хобидааст. Чунин пӯшиши пӯст моҳиро аз таъсироти механикӣ нигоҳ

медорэд ва ба ҳар ҳаракати моҳӣ монеъ намешавад. Баробари калоншавии моҳи пулакчаҳо низ ҳаҷман калон мешаванд ва аз рӯйи

image10.jpeg ЕГГетГ Ҳ0СИЛШУДа СИННУ “«» каРДан

РуИИ пулакча*’оро ^бати лУ0би пушонидааст, ки онро ғадудҳои пӯстӣ

ГЛГ,ГгаНДҚабаЛУ°б С0ИШХ?рии танаи бс обкам карда

инчунин аз бактерияҳои касалиовар муҳофизат мекунад

йп,:тГ ТаНаИҲИҲ° ГуНОГун мешаваД. яьне ба муҳити атроф зич бастагидорад. Масалан, моҳиҳое, ки дар байни растаниҳои обӣ зиндагӣ

ШУРТЭНМ0ҲИзағорам°Ҳи. аломоҳи) одатан тахтапушти сиёҳтобу

оавшан»ЛТ м”™ РЭВШаН б° ДОҒҲ°И СИёҲИ Дар°3 ва шиками зарДи РауВШ®Н ДОранд‘ МоҲнҲое. ки дар ҷойи чуқурии об зиндагӣ мекунанд

тахтапушти тираранг ва қисми шиками сафед доранд. У Д

image11.jpeg Моҳиҳое, ки дар қабати болоии об зиндагӣ мекунанд, одатан ранги нуфагуни кушод доранд. Моҳиҳое, ки ба ҷойи кушод шино карда мераванд баъди якчанд руз рангашон равшантар мешавад. Моҳиҳо садоро шунида метавонанд. Узви сомеа дар дохили косахонаи сари онҳо ҷойгир шудааст.

Олимон исбот кардаанд, ки моҳиҳо аз худ садоҳои махсус мебароранд, ки инсон онро бе асбобҳои махсус шунида наметавонад. Аз худ ҷудо кардани овозҳои махсус дар ҳаёти моҳиҳо аҳамияти калон дорад. Дар даҳон ва ҳатто дар танаи моҳиҳо гуруҳи ҳуҷайраҳои лаззат ва шомма ҷойгир шудаанд. Дар қисми лабҳои баъзе моҳиҳо (зағорамоҳӣ) мӯйлабҳо мавҷуданд, ки вазифаи бӯйҳискуниро иҷро мекунанд.

Пар ду паҳлуи танаи моҳиҳо аз сар то ба дум дар як хати рост сӯрохчаҳое ҷойгир шудаанд, ки онҳоро узви хати паҳлуи меноманд (расми 9).

Дар дохили ин сӯрохчаҳо ҳуҷайраҳои асаб ҷоигио шудаанд, ки онҳо бо риштаҳои асаби зери пӯст алоқа доранд. Тавассути хати па^ моҳиҳо самту чуқурии об ва ҳатто мавҷудияти ҷисмҳои гирду атрофро

эҳсос карда метавонанд.

§4. СкЕЛЕТ, МУШАКҲО ВА СИСТЕМАИ АСАБИ МОҲИҲО

Скелети моҳиҳо аз миқцори зиёди устухонҳо иборат аст. Асоси онро сутунмуҳра, ки ба дарозии моҳӣ аз сар то қисми дум тул кашидааст ташкил мекунад. Сутунмуҳра аз устухонҳои алоҳида — муҳраҳо, ки

шохачаи болои ва поёни доранд, иборат аст.

ҳар як муҳра аз тана ва камонаки болои, ки бо шохчаи дарози болои ба охир мерасанд, ташаккул ёфтааст. Маҷмӯи камонакҳои болои наичаи сутунмуҳраро ҳосил мекунанд, ки дар он ҳароммағз ҷоигир шудааст.Аз камонакҳои поёнии муҳраҳои тана ба паҳлу устухончаҳоесабзида л ки ба онҳо қабурғаҳо пайваст мешаванд ва онҳо узвҳои дохилиро муҳофизат мекунанд (расми 106). Муҳраҳои дум қабурға надоранд ва ҳар кадоми онҳо ба камонаки поён, ки бо шохчаи поени тамом мешавад, таъмин аст. Дар байни танаи муҳраҳо боқимондаи хорда мавҷуд аст. Дар баъзе моҳиҳо (белуга, тосмоҳӣ) хорда на танҳо дар ДавРаи ҷаниниашон, балки то охири умрашон боқи мемонад. Сутунмуҳра дар

image12.jpeg қисми пеши бадан бо скелети сар беҳаракат пайваст шудааст. Скелети косахонаи сар аз устухони косахонаи мағзи сар, устухонҳои ҷоғ, нимдоираҳои ғалсама ва сарпӯши ғалсамаҳо иборат аст (расми 10а).

Болҳои шиноварии моҳиҳо низ скелет доранд ва онҳо аз якчанд устухончаи чӯбчашакл таркиб ёфтаанд. Боли шиноварии ҷуфти синагӣ бо сутунмуҳра тавассути устухони чанбари китф пайваст шудааст. Скелет дар моҳиҳо вазифаҳои узви такягоҳ ва муҳофизати узвҳои даруниро иҷро мекунад.

image13.jpeg Мушакҳо. Ба дарозии қади сутунмуҳраи моҳиҳо дар ду тарафи тана мушаки паҳни тасмашакл ҷойгир шудааст, ки аз буғумҳои зиёд иборат аст.

Дар байни буғумҳо пардаи бофтаи пайвандкунанда мавҷуд аст. Дар қисми сар ва болҳои шиноварӣ мушакҳои ҷудогона ҷойгир шудаанд, ки ҷоғҳо, сарпӯши ғалсама ва болҳои шиновариро ба ҳаракат меоранд. Мушакҳои аз ҳама боқувват мушакҳои тахтапушт ва дум ба ҳисоб мераванд.

Системаи асаб. Системаи асаби моҳиҳо аз мағзи сар ва Ҳароммағз иборат аст, ки аз он ба тарафи рост ва чап торҳои асаб мебароянд. Мағзи сар дар косахонаи сар ҷойгир буда, ба 5 қисм ҷудо мешавад: мағзи пеш, миёна, мобайнӣ, мағзча ва мағзи дарозрӯя (расми 11). Мағзи дарозрӯя, ки бо ҳароммағз тадриҷан пайваста шудааст, ба монанди банди

image14.jpeg

сафеди дароз дар дохили ҷӯяки сутунмуҳраи аз ҳисоби камонаки болоии сутунмуҳра ҳосилшуда ҷойгир мебошад. Торҳои зиёди асаб, мағзи сар ва ҳароммағзро бо узвҳои тана мепайвандад.

Дар рафтори моҳиҳо ғариза ё рефлексҳои ғайришартӣ ва шартӣ фаъолият доранд. Масалан, ба моҳичаҳои дар аквариум буда лӯндаи хурди хӯрокро партоем, моҳичаҳо ба тезӣ ба гирди хӯрок ҷамъ мешаванд. Агар ба болои об ягон ҷисми бегонаро партоем, онҳо бо тезӣ ба ҳар тараф мегурезанд.

Дар моҳиҳо боз рефлекси муайян кардани мавқеи худ ва рефлекси муҳофизатӣ ба вуҷуд омадаанд, ки ба рефлекси модарзодӣ мансубанд. Ин рефлекс бозтоб ба ибораи дигар рефлекси ғайришартӣ номида мешавад. Ба ин рефлексҳо рефлексҳои муҳофизатӣ, ҳарбу зарбӣ, хӯрокӣ, кӯчбандӣ мансубанд. Дар ҳамаи ҳайвонҳое, ки ба як намуд хосанд, рефлексҳои ғайришартӣ як хел ба вуҷуд меоянд. Рефлексҳои дар давоми ҳаётгузаронии моҳиҳо бавуҷудомадаро рефлекси шартӣ меноманд ва онҳоро ба туфайли барангезандаҳои гуногун (хӯрок, садои зангӯлача, чӯбчаи ба об партофта ва ғайра) ба вуҷуд овардан мумкин аст. Рефлексҳои шартӣ доимй нестанд. Онҳо дар натиҷаи аҳамияташонро гум кардани ин ё он барангезанда метавонанд нест шаванд. Рефлексҳои шартӣ хосияти фардй доранд, яъне дар як гурӯҳ фардҳо як намуди рефлексҳо, дар дигарашон бошад, рефлексҳои дигар ба вуҷуд меоянд.

Система ва узвҳои ковокии танаи моҳиҳо.

Мубодилаи моддаҳо

Система ва узвҳои ковокии танаи моҳиҳо. Ҳангоми чок кардани танаи аломоҳӣ, зағорамоҳӣ ва ё дигар моҳиҳо ковокии калони тана ба чашм аён мешавад, ки дар он узвҳои ҳозима, гардиши хун, ихроҷ ва афзоиш ҷойгир шудаанд. Узви нафасгирии обӣ — ғалсамаҳо дар зери сарпӯши ғалсама ҷойгир мебошад (расми 12).

image15.jpeg

Системаи ҳозима. Моҳиҳо растаниҳои обӣ, кирмҳо ва кирминаи ҳашаротро истеъмол мекунанд. Аксарияти онҳо даранда мебошанд ва дандонҳо доранд. Тӯъмаи худро ба даҳон гирифта тавассути дандонҳояшон нигоҳ медоранд. Тӯъма аз ковокии даҳон ба гулӯ ва аз он ба сурхрӯда, баъд ба меъдаи калонҳаҷм меравад.

Аксарияти моҳиҳо (аломоҳии дарёӣ, зағорамоҳӣ, ширмоҳӣ ва ғайра) хӯроки худро якпухт фурӯ мебаранд ва аз ҳамин сабаб меъдаи онҳо хусусияти васеъшавӣ дорад. Дар меъда хӯрок аз таъсири луоби ғадуди девори меъда қисман ҳазм мешавад. Баъдтар хӯроки қисман ҳазмшуда ба рӯдаи борик мегузарад ва пурра ҳазм мешавад.

Ба қисми аввали рӯдаи борик, одатан, маҷрои ҷигар ва талхадон, ки дар назди меъда ва ғадуди зери меъда ҷойгиранд, роҳдоранд. Дар рӯдаи

борик маводи ғизоӣ ба хун ҷаббида мешавад ва боқимондаи хӯроки ҳазмшуда ба рӯдаи ақиб мегузарад ва аз он ҷо тавассути мақьад ба берун партофта мешавад.

image16.jpeg image17.jpeg Пуфаки шиноварӣ. Дар ҳамаи моҳиҳои устухондор дар зери сутунмуҳраашон пуфаки шиноварӣ, ки шакли халтачаи нимшаффофро дорад, ҷойгир аст. Вай қобилияти шинокунии моҳиро таъмин мекунад. Дохили он аз ҳисоби газҳои омехтае, ки рагҳои хунгузар ҷудо мекунанд, пур шудааст. Дар баробари калон шудани ҳаҷми пуфаки шиноварӣ вазни хоси моҳӣ кам мешавад ва вай бо осонӣ ба рӯйи об мебарояд ва баръакс, дар ҳолати хурдшавии ҳаҷми пуфаки шиноварӣ вазни моҳӣ зиёд шуда, ба қаъри об фурӯ рафта шино мекунад.

^Системаи нафаскашӣ. Моҳӣ аз оксигени дар об ҳалшуда нафас мегирад. Бинобар ин вай обро мунтазам фурӯ мебарад. Об ба ковокии даҳон дохил шуда, аъзои нафасгирии ғалсамаҳоро шуста берун мебарояд. Ин аз ҳисоби ҳаракати сарпӯши ғалсама ба вуҷуд меояд (расми 136).

Ғалсамаҳо аз нимдоираҳои ғалсама ва баргчаҳои ғалсама, ки дар он ҷойгир шудаанд, иборатанд. Дар ғалсамаҳо майдатарин мӯйрагҳои хун ҷойгир шудаанд, ки онҳо варақаҳои ғалсамаро ташкил медиҳанд.

Варақаҳои ғалсама ва сихҳои он вазифаи полойишро низ иҷро мекунанд, яъне онҳо намегузоранд, ки тӯъма аз сӯрохии ғалсама

лағжида ба берун барояд. Аз обе, ки ғалсамаро мешӯяд, ба хун гази оксиген дохил мешавад ва аз хун ба об гази дуоксиди карбон хориҷ карда мешавад.

Агар оксиген дар об кам бошад, моҳӣ ба рӯйи об мебарояд ва бо даҳон нафас мегирад. Дар фасли зимистон дар зери яхи обанборҳо одатан оксиген кам шуда, сабаби ҳалокшавии бисёр моҳиҳо мегардад. Барои пешгирии чунин ҳодисаи ҳалокшавии моҳиҳо сӯрох кардани рӯйи яхҳоро, ки тавассути он ба об оксигени ҳаво дохил мешавад, тавсия мекунанд.

image18.jpeg Системаи хунгард. Дили моҳиҳо дар қисми чапи пеши тана ҷойгир шудааст. Вай аз ду хона — даҳлез ва меъдачаи дил иборат аст (расми 14а). Аз меъдачаи дил шоҳраг баромада ба ғалсамаҳо равона мешавад ва ба шохаҳои рагҳои шарён ҷудо мешавад. Дар ғалсамаҳо рагҳои шарён ба рагҳои хеле майдатарини хун — мӯйрагҳо ҷудо мешавад.

Тавассути девори мӯйрагҳои ғалсама хун аз гази дуоксиди карбон тоза ва аз оксиген бой мешавад. Хуни аз оксиген бойшуда хуни шарёнӣ (артериявӣ) ном дорад. Аз мӯйрагҳои ғалсама хуни аз оксиген бойшуда дар шарёнҳо ҷамъ мешавад ва ба раги хунгузари калон — шоҳраги пуштй, шоҳраги шикамӣ, ки ба қади сутунмуҳра меравад, мегузарад;’ Аз он шарёнҳои майдатар баромада, ба шохаҳо ҷудо шуда, ба узвҳои ҷудогона мераванд ва мӯйрагҳоро ҳосил мекунад. Дар узвҳои ҷудогона тавассути девори мӯйрагҳои хун ба бофтаҳо маводи ғизоӣ ва оксиген дохил шуда, баръакс, аз онҳо ба хун дуоксиди карбон ва маҳсули боқимондаи мубодилаи моддаҳо мегузаранд. Оҳиста — оҳиста хуни шарёнӣ ба варидӣ (венозӣ) табдил меёбад, ки он аз дуоксиди карбон ғанӣ буда, оксигенаш ниҳоят кам мебошад. Хуни варидӣ ба тамоми узвҳои тана аввал аз даҳлези дил ва баъд ба меъдачаи дил мегузарад. Аз меъдачаи дил тавассути шоҳраги шикамӣ боз ба ғалсамаҳо барои аз

раги шараёнии шохраги тахтапушти аз галсама бароянда / рагҳои шарёнй

^оваранда ^ ^ ^\^\оог^о(/ варидй

шохраги шиками \ ^ дахлези дил

меъоачаи оил

Расми 146. Сохти гардиши хуни мохӣ

оксиген ғанӣ шудан бармегардад. Бинобар ин дили моҳиҳо фақат хуни варидиро дар бар мегирад. Ҳамин тавр, хуни моҳиҳо дар рагҳои хунгузари сарбаста гардиш мекунад (расми 146).

Системаи ихроҷ. Пасмондаи маҳсулоти фаъолияти ҳаётии организм, ки аз хун дар шакпи моеъ ҷудо карда мешавад, ба узви ихроҷ — гурда мегузарад. Гурдаҳои моҳиҳо тасмашакли сурхи сиёҳтоб буда, дар зери сутунмуҳра ҷойгир шудаанд. Дар гурдаҳо маҳсули таҷзия полида шуда, дар шакпи пешоб ҷудо мешавад. Аз ҳар як гурда найчаи пешобгузар мебарояд, ки тавассути онҳо пешоб дар пуфаки пешоб ҷамъ мешавад ва аз сӯрохии махсуси ихроҷ, ки баъди сӯрохии мақъад ҷойгир аст, хориҷ мешавад.

Мубодилаи моддаҳо. Дар баробари амалӣ гардонидани ҷараёни фаъолияти ҳаётӣ дар организми моҳиҳо нерӯи зиёд сарф мешавад, ки манбаи он маводи хӯрока ба шумор меравад. Дар ҷараёни ҳазмшавии хӯрок моддаҳои мураккаби органикӣ ба шакли одитар таҷзия мешаванд ва тавассути девори рӯдаҳо ба хун ҷаббида шуда, ба ҳамаи узвҳои бадан бурда мешаванд. Дар ҳуҷайраҳои узвҳо аз моддаҳои ғизоии дохилшуда сафедаҳо, равған ва карбогидратҳое ҳосил мешаванд, ки барои ҳар як организми моҳиҳо хос ва зарур мебошанд. Ин моддаҳо барои гузаштани ҳамаи он равандҳои нерӯӣ, ки ҳангоми нафаскашӣ ҳосил мешаванд, сарф мегардад. Дар ҷараёни ҳаётии ҳуҷайра як қисми моддаҳои органикӣ, ки аз хун дохил мешаванд, аз таъсири байниҳамдигарии онҳо бо оксиген то ҳосилшавии об, гази дуоксиди карбон ва дурдаи пешоб таҷзия шуда, нерӯ ҳосил мешавад. Як қисми нерӯи ҳосилшуда барои аз нав барқароршавии моддаҳо, ки ҳуҷайра аз онҳо таркиб ёфтааст, сарф шуда, қисми дигараш дар шакли гармӣ хориҷ мешавад.

Маҷмӯи тамоми раванди ҳаётиро, ки дар ҳуҷайра аз моддаҳои ғизоӣ, сафеда, равған ва карбогидратҳо бо истифодаи нерӯ ҳосил мешаванд ва таҷзияи ин моддаҳо, ки ба ихроҷи нерӯ ва моддаҳои барои организм зарурнабуда мегузарад, мубодилаи моддаҳои организмҳои зинда меноманд. Мубодилаи моддаҳо дар ҳайвонот ҳамон вақт мунтазам мегузарад, ки агар моддаҳои ғизоӣ ва оксиген дар ҷараёни ғизогирй ва нафасгирӣ доимӣ дохил шаванд ва аз организм моддаҳои нолозим хориҷ гарданд.

Моҳиҳо ба ҳайвонҳои хунсард мансубанд. Ҳарорати бадани онҳо доимӣ набуда, ба ҳарорати муҳити зист вобаста аст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *