Фанни Таърихи точикон

Осиёи миёна дар ҳайъати давлати селевкиён

Яке аз сарлашкарони Искандари Мақдунӣ — Селевк соли 312 пеш аз милод дар Бобулистон ба сифати сатрап мавқеъ ёфт. Минбаъд дар муддати нӯҳ сол вай тадриҷан ҳукми худро ба Ғарбу Шарқ, аз ҷумла, ба Эрон ва Осиёи Миёна вусъат дод. Ҷойҳое буд, ки вай бо роҳи дипломатӣ пеш мерафт, вале дар Осиёи Миёна ба муқобилати шадид дучор омад ва роҳи ҷангро пеш гирифт. Ба қавли Помпей Трог (Юстин, ХV, 4, 11), Селевки I «бар Бобулистон зафар ёфта, қувваи худро афзуд ва Бохтарро тасхир намуд». Порт ва Суғдро ҳам зери даст кард (Аппиан, «Сурия», 55). Вале кӯшиши ҳиндустони шимолиро ғасб кардани Селевки I барор нагирифт.
Муҳаққиқи эллинизм, муаррихи номии советӣ А.Б.Ранович навиштааст, ки «таърихи Селевкиён барои муаррихон мушкилоти фавқулодда дорад, зеро вазъи-яти маъхазҳои адабӣ ниҳоят бад аст» . Ин нукта ба Осиёи Миёна низ пурра дахл дорад, зеро давраи дар ҳайъати Селевкиён будани он, яъне охири асри III ва миё-наи асри II пеш аз милод тақрибан номаълум аст.
Азбаски давлати Селевки I ниҳоят васеъ буд ва ноҳияҳои Шарқ диққати дои-миро тақозо дошт, вай соли 293 пеш аз милод писараш Антиохро дар шарқ волӣ таъин кард. Ҷолиби диққат аст, ки Антиох писари духтари Спитаман Апама буд, аз ин рӯ, Осиёи Миёна барои Антиох кишвари аҷдоди ӯ ҳисоб мешуд.
Мувофиқи баъзе маълумотҳои бевосита, дар Осиёи Миёна дар ибтидои асри III пеш аз милод зидди ҳукмронии Селевкиён исёнҳо шуда, дар айни ҳол ба мулкҳои осиёимиёнагии Селевкиён қабилаҳои кӯчманчӣ ҳамла карданд. Дар айни ин ошӯбҳо бисёр пойгоҳҳои давлати Селевкиён хароб гардиданд, масалан, Ис-кандарияи Мароға ва Искандарияи Ақсо, ки ҳанӯз Искандари Мақдунӣ сохта буд, ба хок яксон шуданд. Минбаъд Селёвкиён ин шаҳрҳоро барқарор намуданд ва дар атрофи воҳаи Мароға деворе сохтанд, ки 250 км тӯл дошт. Сарлашкари Се-левкиён Демодам зидди кӯчманчиён, ки дар он тарафи дарёи Сир макон доштанд, лашкар кашид (Плиний, IV, 18, 49). Ба туфайли як қатор тадбирҳои ҳарбию сиёсӣ ва дипломатӣ ба Антиох муяссар шуд, ки неҳзати зиддиселевкиёнро фурӯ нишо-над.
Барои дарки сиёсати Селевк дар шарқ ва мавқеи волии ӯ Антиох материали нумизматӣ , ки Б.А.Литвинский ва В.М.Массон аз ин дидгоҳ таҳлил кардаанд, маълумоти ҷолиби диққат медиҳад. Антиох дар замони шарикҳоким будани худ ба вазни сиккаи «ҳиндӣ» сиккае зад ва зимнан дар ин тангаҳо ҳам номи Селевки I ва ҳам номи писараш Антиох сабт шудаанд. Эҳтимол, ин кӯшише буд барои пой-дор намудани соҳибихтиёрии Антиох. Ба ҳар ҳол, баъди вафоти падараш Антиох соли 280 пеш аз милод ҳокими тамоми давлати Селевкиён гардиду дигар ин гуна танга набаровард.
Дар аҳди қариб бистсолаи (солҳои 280-261 то милод) Антиохи I дар ғарби мулки вай ҷангҳои бисёре мешуданд ва ӯ ба шарқи давлати худ, алалхусус, ба Осиёи Миёна кам аҳамият медод. Дар ин вақт ноҳияҳои Осиёи Миёна беш аз пеш қувват гирифта, дар ин ҷо зисту зиндагӣ ба тартиб меомад, хоҷагии қишлоқ, ҳу-нармандӣ ва тиҷорат равнақ меёфт.
Осиёи Миёна аз марказҳои асосии мулки Селевкиён хеле дур бошад ҳам, дар айни ҳол қисми муҳими давлат ҳисоб мешуд. Селевкиён қад-қади роҳи тиҷоратие, ки аз Селевкияи соҳили Даҷла ба Бохтар мебурд, деҳу шаҳрҳои нав бунёд мекар-данд ва таъбири ин факт фақат ҳамин аст, ки Селевкиён ба Осиёи Миёна ҳам аз ҷиҳати ҳарбию стратегӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳавасманд буданд .
Таркиби синфи ҳукмрон якранг набуд. Дар қатори юнониёни ҳоким аъёну ашрофи маҳаллӣ низ ба назар мерасиданд. Бешак, ҳокимияти Селевкиён дар Осиёи Миёна ба қувваи ҳарбӣ – ба аскароне, ки дар қароргоҳҳои ҳарбии юно-ниён– катойкияҳо меистоданд, такя дошт. Вале дар истисмори аҳолӣ истисморга-рони «худӣ», намояндагони синфи ҳукмрони Осиёи Миёна ҳам ширкат кардаанд. Муносибати синфи ҳукмрон ба давлати Селевкиён низ якхела набуд; кашонда бурдани сарвати Осиёи Миёна ба хориҷа боиси норозигии он тоифаи синфи ҳук-мрон мегардид, ки барои худ луқмаи калонтареро «канда» гирифтанӣ буданд. Аҳолии маҳаллӣ, ки дучори истисмори дутарафа буд, низ аз ҷон безор мешуд.
Дар айни ҳол, чунин мулоҳизаро дуруст ҳисоб кардан лозим, ки «замони дар ҳайъати давлати Селевкиён будани Осиёи Миёна замони барқароркунии қув-ваҳои истеҳсолкунандаи аз таҷовузи юнониёну мақдуниён харобгардидаи мамлакат, замони дар муборизаи зидди Селевкиён ба вуҷуд омадани иттиҳоди бохтариён, суғдиён, портҳо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна аст» .
Дар дохили давлати Селевкиён ҳам байни даъвогарони тахт доимо задухӯрд мешуд. Баъзе ворисон мекӯшиданд, ки ҷудо шаванд ва соҳибихтиёр бошанд. Дар натиҷа вазъият (алалхусус, дар ноҳияҳои канорӣ) ниҳоят ноустувор ва хавфнок мешуд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *