Фанни Таърихи точикон

Зардуштия

Дар боло ишора кардем, ки «Авесто» – маҷмӯи аносири аҷноси мухталиф ва дар замони гуногун ба вуҷуд омадааст. Кайҳост, ки муҳаққиқон доир ба таҷзияи ин аносир ва муайян намудани ҷанбаҳои қадимтарини дини эрониён кор мебаранд. Махсусан, дар ду даҳсолаи охир ин корҳо хеле пеш рафтанд[1]. И.Гершевич ба ҷои як номи умумии «зардуштия» се номро пешниҳод мекунад: «заратуштрианизм» (дини замони худи Зардушт, ҳамон тавре ки он дар «Готҳо» инъикос ёфтааст); «заратуштритсизм» (дине, ки дар матнҳои нисбатан баъдинаи авестоӣ мунъакис гардидааст); «зороастрианизм» (оини замони сосонӣ)[2].

Дар байни қабилаҳои эронӣ дар ҳудуди ҳазораҳои II – I пеш аз милод оину мазҳабҳои ҷудогонае мавҷуд буданд, ки баъдтар онҳо ба зардуштия дар шакли комилан инкишофёфтаи худ дохил гардиданд. Аксари онҳо ба давраи умумияти ҳиндуэронӣ ва баъзан ба умумияти ҳиндуаврупоӣ мерасиданд. Махсусан, ситоиши Митраро бояд ном бурд. Худоёне, ки эрониён мепарастиданд, Аҳура ном доштанд. Тадриҷан тасаввурот дар бораи худои ягона — Аҳура пайдо шуд, ки ӯро Маздо – «доно» меномиданд.

Гарчанде баъзе олимон шубҳа доранд (ақидаи онҳо дар китоби мо «Таърихи халқи тоҷик» оварда шудааст), далели шахсияти ҳақиқии таърихӣ будани Зардуштро исботшуда шумурдан мумкин аст. Ӯ мураттиби «Готҳо» аст ва дар онҳо шахсияти ӯ ҳамчун таблиғотчӣ, одами зинда ва мубориз ба таври равшан аён мегардад. Сонитар, дар «Хурд-Авесто» Зардушт ҳамчун персонажи асотирӣ пайдо мешавад.

Номи Зардушт (шакли аврупоиаш Зороастр), бо эҳтимоли куллӣ, маънии «шутурбон»-ро дорад[3]. Ӯ аз дудмони Спитама аст (аз ҳамин ҷост исми суғдии Спитамана, ки дар юнонӣ Спитамен шудааст). Падараш Поурушаспа ва модараш Дуғдова ном доштанд. Зардушт ба табақаи мӯбадон мансуб буд. Вай шахси камбизоат буд, шикваҳояш маҳфуз мондааст, ки чорво ва тобеони кам дорад, ба ӯ даҳ байтал бо тойчаҳояш ва шутуре ҳамчун тӯҳфа ваъда шудааст. Зардушт зану фарзанд дошт.

Зардушт дар «Готҳо» мегӯяд, ки ваҳйи дини халқро аз Аҳурамаздо ноил гардидааст (ба ҳамин монанд дар Қуръон низ аз гуфтугузор ва сӯҳбатҳои Муҳаммад бо Худо ва илҳом гирифтанаш сухан меравад). Дар оғози таблиғоти динии худ Зардушт ба муваффақият соҳиб нашуд ва маҷбур ба фирор гардида, дар охир дар шахси кави (шоҳзода, шоҳ) Виштосп ҳимоятгаре пайдо кард, ки худаш ва наздиконаш дини Зардуштро қабул карданд. Дар «Готҳо» ба ғайр аз ин чандин шахсон – наздикон ва хешони Зардушт номбар мешаванд.

Таблиғоти Зардушт ба муқобили пешвоёни қабилавӣ (ва ё ашроф) ва мӯбадони дини пешин, ки қурбониҳои зиёди хунинро тарғиб мекарданд, равона карда шуда буд. Ба таври одилона ва холисона шаклҳои пешқадами хоҷагидориро тарғиб намуда, ба муқобилат кардан ба задухӯрдҳои ҷангиву ғоратгарона, ки ягона мақсадашон ба тороҷ бурдани чорпоён буд, даъват намуда, Зардушт тарафдори муқимнишинӣ ва барқарор намудани ҳокимияти пурзӯру зиндагии осоишта дар рӯи замин буд. Ситоиши эзидони қадимаро рад намуда, Зардушт ситояндаи худои ягона — Аҳурамаздо гардид.

Аз байни хусусиятҳои асосии зардуштия, ки ба давраҳои мухталифи инкишофи он хос буданд, инҳоро ҷудо кардан мумкин аст: 1) дар шаклҳои аввалини зардуштия тамоили монотеистӣ (яккахудоӣ), ки дар ибодат ба худои ягона — Аҳурамаздо (Урмузд, ҳурмузд) ифода ёфта буд, ба назар мерасад; 2) дуияте, ки аксаран онро ба ахлоқ ва одоб нисбат медиҳанд ва он аз муқобилгузории ду мабдаи доимии муҷаррад Некӣ ва Бадӣ ва ё Рост ва Дурӯғ таркиб ёфта буд, сарвари қувваҳои Некӣ (ростӣ, адолат, рӯшноӣ ва ғ.) — худои бузург — Аҳурамаздо, сарвари қувваҳои Бадӣ (дурӯғ, торикӣ ва ғ.) эзиди бад ва душман — Аҳраманйу (дар навишти авестоӣ – Ангро Майну, баъдан Аҳриман) мебошанд. Муборизаи ин ду қувва асоси пешрафти ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Мутобиқ ба исми Аҳурамаздо зардуштияро баъзан маздаизм[4] ва худи пайравони он худашонро маздаясноён (аз маздаясно «ситояндаи Маздо») меноманд.

Қабилаҳои ориёӣ хеле барвақт, зоҳиран, дар давраи ҳиндуэронӣ дар бораи ду навъ худоҳо тасаввурот доштаанд: дайва (дар ҳиндӣ дева, баъдтар дар эронӣ дев шудааст) – худоҳои қадимии антропоморфии табиӣ буданд, ин калима ба маънии умумии худо низ меояд (решаи ҳиндуаврупоӣ – дейво), дигар асура (дар эронӣ аҳура, маънии луғавиаш «сарвар», «худованд») – худоёне, ки сарвари олӣ ва сарварии махсусеро доир ба масоили ахлоқӣ ба ӯҳда доштанд. Мувофиқи анъанаи ҳинди қадим (дар сурудҳои баъдтар эҷодшудаи «Ригведа»), асураҳо душмани мардум ҳисоб мешуданд, баъдтар дар ҳинд калимаи асураро танҳо барои ифодаи қувваҳои бадӣ истифода мекардагӣ шуданд, девҳо бошанд, ҳамчун худоён боқӣ монданд. Дар дини маздаясно ин табдилот баръакс анҷом гирифт: девҳо дар ин дин худоёни бадкирдор гаштанд[5]. Дар шумори девҳо «Авесто» Индра (яке худоёни маълуму машҳури ведоӣ) ва «Наҳатна» (дар ҳиндӣ Насатйа) ва дигаронро ном мебарад. Истилоҳи «аҳура», баръакс маънии «худо»-ро дар худ нигоҳ дошт.

Аз байни худоёни дигар яке ҷудо гардид, ки худои оламу кайҳон, худованди донову роздон ба ҳисоб мерафт. Аҳура дар якҷоягӣ бо сифати «Мазда» номи худои ягона Аҳурамаздоро (худованди бохирадро) ташкил мекунад. Ин тағйирот бевосита бо рафти гузариш ба дине, ки ҷанбаҳои ахлоқии зиёд дошт, марбут буд. Аҳурамаздо (монанди асураи ҳинди қадим Вауна) бо яке аз мафҳумҳои асосии динӣ бевосита алоқаманд аст, ки он арта (дар «Авесто»-аша) – ростӣ, шаҳриёрии хуб, адолат мебошад. Дар «Готҳо»-и Зардушт Аҳурамаздо натанҳо худои ягона аст: ӯ натанҳо худоёни дигарро раду инкор мекунад, балки ба ҷои онҳо амал менамояд.

Дар соҳаи расму оин Зардушт қурбониҳои хунин ва истифодаи нӯшокии муқаддас — хаомаро (дар ҳиндӣ сома) рад мекард ва танҳо ситоиши оташро тарғиб менамуд. Оташ ҳамчун ифода ва ё рамзи адолати илоҳӣ – арта шинохта мешуд. Ситоиши оташ ва оташкадаҳо баъдан яке аз хусусиятҳои хоси зардуштия гардиданд. Манъи куштори чорпоён барои қурбонӣ бевосита бо мазмуну мундариҷаи иҷтимоии таълимоти Зардушт алоқаманд аст.

Якҷоя бо тамоюли яккахудоӣ, ки ба сабаби худои ягона шинохта шудани Аҳурамаздо дар байни тоифаҳои эронӣ инкишоф меёфт, тасаввуроти дуалистӣ низ паҳн мегардид. Мувофиқи ин тасаввурот, тамоми чизҳои рӯи ҷаҳон – худоён, ҳаводиси табиат ва ҷамъият, ҳайвонот ва ғайра ба мабдаъҳои неку бад, ба ростӣ (арта) ва ё дурӯғ (драуга, шакли авестоиаш друг, друҷ) – таҷассуми беадолатӣ, бадӣ ва бадахлоқӣ мансубанд. Ин ақидаҳо дар таълимоти Зардушт, ки монотеизм ва дуализмро фаро гирифта, тамоми тасаввуроти дуалистиро дар атрофи як зиддияти умумии ҷаҳонӣ ғун мекард, ҷамъбаст ва амиқтар шуда буданд. Дар зиддияти умумии ҷаҳонӣ роли ҳалкунандаро инсон мебозид.

Роли инсон дар зардуштия аз рӯи консепсияи оид ба иродаи озод, ки дар «Готҳо»-и Зардушт асоснок шудааст, муайян мегардад. Инсон некӣ ва ё бадиро худ интихоб менамояд ва амалиёти ӯ дар рафти муборизаи ҷаҳонии мабдаъҳои неку бад аҳамияти ҳалкунанда дорад. Роҳи некиро дини поки ба замин овардаи пайғамбар – Зардушт нишон медиҳад. Кӯшиши якҷояи тарафдорони он (ва ё пайравонаш) бояд дар охир ба пирӯзии некӣ бирасонад. Зардушт ба мардум ваъдаи расидани ҷаҳони наверо медод, ки дар он қувваҳои некӣ бар бадӣ пирӯз хоҳанд шуд. Пас аз озмоиш бо оташ онҳое, ки некиро интихоб на-мудаанд, ба олами адолат, ки Аҳурамаздо ба он асос гузоштааст, мерасанд. Мувофиқи таълимоти Зардушт пирӯзии қатъии қувваҳои некӣ дар ояндаи наздик бояд анҷом бипазирад. Вале баъдтар дар зардуштия қабул гардид, ки пас аз мавлуди Зардушт ва ба миён омадани оини ӯ, ки васоили мубориза бо бадӣ аст, то расидани раҳоибахш – Саошианта (ин истилоҳ дар «Готҳо» низ истифода шудааст), ки аз нутфаи Зардушт аст ва дар қаъри кӯл нигоҳ дошта мешавад, се ҳазор сол хоҳад гузашт. Маҳз пас аз расидани раҳоибахш бояд пирӯзии қатъии некӣ бар бадӣ анҷом ёбад.

Вазифаи асосии инсон дар мусоидат ба некӣ ва дар муборизаи он бо бадӣ гузориши намоз ва иҷрои маросимҳо ҳисоб намеёфт. Дар оғози пайдоиши худ зардуштия ба ин ҷиҳати масъала қариб ҳеҷ аҳамияте намедод. Вазифаи асосӣ зиндагии одилонаи аз тарафи дини ҳақ муайянгардида ва «андешаи нек», «гуфтори нек», «кирдори нек» буданд, ки тавассути онҳо инсон бо бадӣ мубориза мекард. Зиёд кардани боигариҳои моддӣ (ки Аҳурамаздо ва ё Рӯҳи муқаддас барои инсон офаридааст), яъне машғул шудан бо чорводорӣ ва киштукор яке аз василаҳои мубориза бо қувваҳои бадӣ дониста мешуд[6].

Дар худи «Готҳо» дар баробари Аҳурамаздо ду рӯҳи ҳамзод мавҷуданд, ки якеашон тимсоли ростӣ ва дигаре таҷассуми дурӯғ мебошад. Дар қисмати «Яснои ҳафтбоба»-и «Авесто» мавзӯъҳои бисёрхудоӣ (политеистӣ) хеле зиёданд. Дар ин ҷо натанҳо Аҳурамаздо ва тазоҳуроти ӯ, балки оташ, об, бод, замин, ҳаво, равони чорпоён ва ғайра ситоиш мешаванд[7].

Дар байни маҷмӯи худоҳои авестоӣ аз ҳама машҳур ва ситоишшаванда худои офтоб ва равшанӣ Митра – ҳимоятгари пурзӯри размкунандагон, бахшандаи пирӯзӣ ва боз олиҳаи серҳосилӣ ва обҳои равон Ардвисура Анаҳито буданд. Дар маросими ибодат ба ин олиҳа хусусиятҳое маҳфуз монда буданд, ки ба давраи модаршоҳӣ мерасиданд[8].

Аз одобу русуми зардуштия расми гӯрондани мурдаҳо (ҳоло ҳам дар байни порсиёни ҳинд маъмул аст) ҷиҳатҳои ба худ хосе дорад. Колбади мурда дар дахма гузошта мешавад ва гӯшташ тӯъмаи паррандагон мегардад. Устухонҳои ба ин тарз аз гӯшт тозакардашуда дар зарфҳои махсус – оссуарийҳо (устадонҳо) нигоҳ дошта мешаванд. Ин расм, ки шаклан аз зардуштия пештар ба вуҷуд омадааст, бо қоидаҳои асосиаш ба зардуштиён бор карда шуд ва барои пайравони он ягона расми имконпазир гардид. Зиддияти байни зиндагӣ ва марг яке аз зиддиятҳои асосӣ дар системаи таълимоти дуалистии зардуштия ба шумор мерафт. Зиндагӣ неъмати бахшидаи мабдаи некӣ, марг бошад, бадии офаридаи Аҳриман буд. Тани пайрави дин, ки дар зиндагиаш ифодаи мабдаи нек буд, пас аз марг нопок, ифодаи мабдаи бадӣ мегардад. Дар баробари ин ситоиши оташ, замин, об қатъиян нопок кардани онҳоро манъ мекард. Аз ин рӯ, ба хок супурдан ва ё сӯзондани мурда расм набуд (гарчанде пеш аз ин сӯзондани мурда маъмул буд, ба ин худи калимаи «дахма», ки одатан онро ҳамчун «ҷои сӯзондан» маънидод менамоянд, ишорат мекунад)[9].

Таълимоти зардуштӣ шуғли деҳқонӣ ва чорводориро вазифаи муқаддас ва кори пуршуҷоат медонист ва пайравони худро ба ин амр водор менамуд.

Дар фасли савуми «Видевдод» гуфта мешавад, ки макони хайру эҳсон ва шодиву хуррамӣ «ин ҳамон ҷост, ки бандагон барои худ маскан ва оташкада сохта, соҳиби зану фарзанд ва дорои рама бошанд. Он гоҳ ба ин макон хайру баракат рӯ оварда, ҳайвонот ва саг, зан ва кӯдак, оташ ва ҳама гуна нозу неъмат осуда ва эмин хоҳад буд… Ин ҳамон ҷост, ки бандагон бисёртар ғалла, алаф, наботот ва меваҳои хӯрданӣ мекоранд, замини хушкшударо шодоб ва замини хеле намро хушк мекунанд, ба миқдори хеле зиёд ҳайвоноти калон ва хурдро парвариш менамоянд… ва ин ҳайвонот поруҳои ниҳоят бисёре медиҳанд» (фиқраҳои 2-6).

Дар ин ҷо барои гузаштан ба чорводорӣ ва зиндагии муқимӣ ва махсусан ба хоҷагии зироаткорӣ ошкоро даъват карда шудааст.

Боз дар ҳамон фасл гуфта мешавад: «Он касе, ки бо дасти чапу рост ва росту чап заминро меронад ва мекорад, ба замин фоидаи бисёр меорад. Ин ба шавҳари дӯстдоре монанд аст, ки барои зани маҳбубаи дар бистари нарму музайян ба роҳат хобидааш фарзанд ва ё неъмати дигар мебахшад… Замин ба он кас хитоб мекунад: «Эй одаме, ки маро бо дасти чапу рост ва росту чап меронӣ ва кишт мекунӣ…, дар ҳақиқат, ман монда нашуда тавлид мекунам, ҳамеша ҳосили фаровон ва ҳама гуна хӯрокворӣ муҳайё месозам. Касе, ки ғалла мекорад, гӯё тухми некӣ мепошад» (фиқраҳои 25 – 26,31).

Дар «Готҳо» ба чорводорӣ низ диққати калоне дода шудааст. Пайғамбар ба Аҳурамаздо рӯ оварда мегӯяд: «Ту ҳамоне ҳастӣ, ки… барои мо ин неъмати бузург – чорворо офаридӣ» (47,3). Мо дар ин ҷо бисёр порчаҳоеро дучор мекунем, ки дар бораи чорво, нигоҳубини чорво, муҳофизати чорво ва ҳимояи чорводорони бегуноҳ аз ҳуҷуми даррандагон сухан меравад. «Ситоиши Аҳурамаздо ва сер кардани чорворо мо аз ҳама афзал медонем» (35,7)[10]

Маҳз дар қадимтарин қисми «Авесто» даъват ба меҳнати деҳқонӣ, инъикоси тасаввурот ва афсонаҳои халқӣ ва ғайра дида мешавад. Вале «Авесто» дар сурати мукаммал, ҳамчун асари давраҳои хеле баъдина ба назар мерасад, давраҳое, ки таълимоти зардуштӣ муқаддас ва қонунӣ эълон гардида, ба дину оини давлатӣ, ки ҳокимияти подшоҳро парастида, ҳукмронии ашроф ва рӯҳониёнро бар оммаи меҳнаткаш раво медонист, табдил меёбад.

Барои омӯхтани таърихи қадими аҷдоди халқи тоҷик маълумоти этнографӣ низ аҳамият дорад. Дар маишат ва тарзи зиндагии пешазреволютсионии тоҷикон, махсусан тоҷикони кӯҳистон бисёр боқимондаҳои муносибати ҷамоати ибтидоӣ маҳфуз монда буд. Чунончи, хонаҳои калони умумӣ дар деҳаҳои Дарвоз ва Қаротегин яке аз нишонаҳои он мебошад. Аз бисёр бақияҳои парастиши оташ аловхона, яъне ҷое, ки аҳолии мардинаи қишлоқ дар гирди оташ ҷамъ омада, зиёфат меоростанд, ниҳоят паҳн гардида буд. Дар санъати сафолсозӣ ва бинокорӣ бисёр хусусиятҳои қадима нигоҳ дошта шудаанд. Машҳуртарин гуфторҳои бостонии доир ба қаҳрамонӣ ривоятҳо дар васфи Рустам мебошад. Одатан тоҷики кӯҳистонӣ ба коре шурӯъ намуда, пеш аз ҳама, «Рустам, мадад кун!» мегӯяд. Тиру камон «камони Рустам» ном гирифтааст. Як қатор урфу одатҳо аз маҳфуз мондани бақияҳои давраи модаршоҳӣ шаҳодат медиҳад. Дар ҳунари кулолӣ ва санъати бинокорӣ бисёр ҷиҳатҳои анъанавии қадима боқӣ мондаанд.

  1. Duchesne-Guillemin J., 1953; Duchesne-Guillemin J., 1962; Zachner R.S., 1961.

  2. Gershevitch I., 1964.

  3. Заратуштра (Зардушт) шакли мифb аст, ки бо каме таuйирот дар Эрони Сосонb дар шакли Зардушт ривоx ёфтааст (шакли тоxикии он [ам [амин хел аст). Зароастр, ки дар забон[ои аврупоb истифода мегардад, зо[иран ба тавассути забони юнонb ба шакли форсии rадим Заратуштра мерасад (Gershevitch I., 1964, p. 28-38).

  4. Баъзе муаллифони советb маздакияро ма[з як навъи аrоиди rадими эронии бо зардуштия марбути Осиёи Миёна номидаанд. Дар чунин маврид бояд Маздакияи Осиёи Миёна гуфт, то ки дар[ам-бар[амb ба миён наояд.

  5. Чунон ки дар манбаъ[ои хаттb зикр шудааст, дар Осиёи Миёна то аср[ои миёна ва дар байни сокинони назди Помир ва яuноби[о то имрeз, [атто тасаввуроти [амчун накeкор на фаrат ба xинси мард, балки ба xинси зан тааллуr доштани xин ма[фуз мондааст.

  6. Очерк[ои умумиро ниг.: Duchesne-Guillemin J., 1962, р. 71-223; Widengren G., 1965, 5. 7-110 (рeйхати муфассали библиографb дар [амон xо).

  7. Gershevitch I., 1964, р. 12-15.

  8. Gershevitch I., 1959 (адабиёти муфассал дар [амон xо); Ringbom L. -I., 1957 (ахбори ноrис, вале манфиатнок).

  9. Иностранцев К.А., 1909; Ставиский Б.Я., 1952; Herzfeld Е., 1947, II, р. 747–748; Humbach H., 1961; Рапопорт Ю.А., 1971.

  10. Абаев В. И., 1956, с. 23-56.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *