Муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии халқи тоҷик асри ХVII – нимаи аввали асри ХVIII
Вазъи хоҷагӣ. Даромади замин. Андозҳои шаҳр
Чунон ки аз гуфтаҳои боло маълум гардид, ҳукумати марказӣ, дар воқеъ, иқтидори ҷиддие надошт. Ҷониёнро ҳатто расман ду пойтахт буд – Бухоро ва Балх. Дар Бухоро худи хон нишаста, дар Балх валиаҳдаш ва ё атолиқ ҳукмронӣ мекард. Маъмулан, хонҳои ин сулола тамоман ба аъёну ашрофи феодалии қабила, ки амалан зимоми ҳукмронии мамлакат дар дасти онҳо буд, вобастагӣ доштанд. Дар ин давра ҳуқуқи атолиқҳо ва қудрату ихтиёри ашрофи тоифавии ӯзбек назар ба давраи Шайбониён бағоят афзуд. Умури идора комилан ба дасти онҳо гузашт, мансабҳои муҳимро дар дастгоҳи давлат онҳо ишғол намуданд.[1]
Қувват гирифтани иртиҷои феодалӣ, парокандагии сиёсӣ, ҷангҳои пайдарпайи дохилӣ, холӣ мондани шаҳрҳо, аз молиёти ниҳоят зиёд ва боҷу хироҷи доимӣ хонавайрон шудани аҳолии муқимӣ, аз тохтутозҳои ҳокимони гуногун хароб гардидани воҳаҳо ва ба ғорат рафтани корвонҳои тиҷоратӣ – ин ҳама хусусияти хоси ин давраи мавриди таҳқиқи мост. Ба ҳамин сабаб аст, ки дар асри ХVIII дар сарзамини Осиёи Миёна, алалхусус дар вилоятҳои марказии он таназзули амиқи иқтисодӣ рӯй дод. Хоҷагии қишлоқ ақиб рафт. Шабакаи обёрӣ кам шуд.[2] Нон намерасид. Яке аз шоҳидони ин вазъият, сафири подшоҳ Алексей Михайлович Борис Пазухин навиштааст: «Дар Бухоро, дар Балх ва дар Хева ғалларо бисёр намекоранд, аз ин рӯ то охири сол ғаллаи онҳо кам мемонад ва он ҳам дар баъзе хонаводаҳо»[3]. Тамоми як ноҳия ва вилоятро фаро гирифтани гуруснагӣ ҳодисаи муқаррарӣ гардида буд.
Меъёри расмии даромади солиёнаи феодал аз замин мисли пештара (0,3 ҳиссаи ҳосил) боқӣ монда бошад ҳам, дар амал хеле зиёдтар аз он ситонида мешуд. Феодал метавонист ин оидотро чанд сол пештар бигирад ва ё худсарона ҳаҷмашро зиёдтар кунад. Масалан, дар замони Субҳонқулихон онро ҳафт карат зиёд ситонида буданд! Ба замми ин, боз анвои мухталифи боҷу хироҷҳои дигар вуҷуд дошт ва суиистифодаҳои амалдорон аз ҳад гузашта буд. Малеҳо дар хусуси пешакӣ аз аҳолӣ гирифта шудани андози ҳафтсола сухан ронда менависад: «…агар шахсеро як танга додан лозим буд, ҳафт танга мегирифтанд. ҳафтодчанд ба қалами девониён ва арбоб хароҷот мебаромад».[4] Бояд қайд кард, ки андози даромад (молу ҷиҳот, хироҷ) на фақат аз заминҳои давлатӣ зиёд мешуд, балки мувофиқан ҳиссаи давлат аз даромади солиёнаи заминҳои милк, ки ин навъи хироҷро милкона мегуфтанд, низ меафзуд. Бар тибқи шаҳодати яке аз сарчашмаҳо, аз заминҳои милк милкона гӯён чандон меситонданд, ки соҳибонаш ин заминро муфт диҳанд ҳам, касе намегирифт. Зоҳиран, дар ин ҷо сухан на он қадар аз феодалони милкдор, балки аз он гурӯҳи деҳқононе меравад, ки замини милк дар онҳо ҳанӯз боқӣ монда буд. Протсесси камшавии милкҳои ин гурӯҳи нисбатан имтиёзноки деҳқонон дар асри ХVI ҳам ба назар мерасид, вале дар замони Ҷониён, алалхусус, дар вилоятҳои марказии Осиёи Миёна ин қабил соҳибони милк тамоман хонахароб гардиданд.
Дар натиҷаи зулму истисмори бераҳмона ва хироҷу молиётситониҳои аз ҳад афзун деҳқонон чунон ҳам ба фақирӣ ва нотавонӣ афтоданд, ки дар ибтидои асри ХVIII ҳукумат дигар ба зиёд кардани андоз ва ё ҷорӣ кардани ягон андози нав ҷуръат накард. Дар «Убайдуллонома» ошкоро гуфта мешавад, ки ин роҳи даромади хазина бурида шуд, зеро хавфи ҷунбиши калоне таҳдид менамуд.[5]
Деҳқонон, умуман, аз ҳар тараф ба ҳамлаву фишор дучор мешуданд. Хоҷагии онҳоро на фақат ғоратгариҳои ҳангоми ҷангҳои дохилӣ рӯйдода, на фақат андозҳои миёншикан хароб мекарданд. ҳамчунин як протсесси амиқи иҷтимоӣ – барҳам додани бақияҳои обшина, кам кардани гурӯҳи деҳқонони дар замини ҷамоат коркунанда ва зиёд намудани гурӯҳи деҳқонони иҷоранишин ба амал меомад. Чунон ки дар боло хотирнишон гардид, замини ҷамоатро лоақал чунин як афзалияте буд, ки деҳқонро дар ҳар 2–3 сол иҷора гирифтани замини нав лозим намеомад. Ӯ ҳақ дошт дар замини ҷамоа тамоми умр кор кунад (ва кори худро ба авлодаш боқӣ гузорад).
Косибон ҳам аз тарафи феодалони калону хурд ҳар навъ зулму ҷавр медиданд. Ба касбу тиҷорат худсарона ҳар гуна боҷ ва аворизоти зиёде андохта мешуд ва, ғайр аз ин, барои хону амир фиристодани пешкашҳои гаронбаҳо ҳатмӣ буд. Дар натиҷаи бедодгариҳои феодалон ва набудани ҳеҷ як замонат барои моликияти хусусии косибон ва тоҷирон ба ҳар тараф парешон гардидани аҳолии ҳатто марказҳои шаҳрии қадим ба амал меомад.
ҳукмронони давлати хонӣ аз тарси ин, ки берун овардани сарватҳои зеризаминӣ боиси ҳуҷуми ҳамсояҳои ҳарис хоҳад шуд, кандани конҳоро манъ карданд ва ба ин сабаб саноати истихроҷи маъдан дар ин давра аз тараққиёт бозмонд.
Ба дасти феодалон ҷамъ шудани моликияти замин
Дар айни замон ба дасти феодалони калони ҷудогона ва шайхони бонуфуз ҷамъ шудани мулк ва сарватҳои замин ба вуқӯъ меомад. Алалхусус, амирони тоифаҳои ӯзбек дар аҳди салтанати Ҷониён ба заминдорони хеле давлатманд табдил ёфтанд. Инак, чанд мисол. Чунон ки аз санадҳои расмӣ маълум мегардад, Ялангтушбӣ хусусан дар вилояти Самарқанд, ки чандин сол (дар нимаи аввали асри ХVIII) дар он ҷо ҳукмронӣ кардааст, масоҳати беҳадду канори заминҳои киштро ба даст дароварда буд. Хонҳои сулолаи Ҷониён, ба замми ин, заминҳои ӯро аз пардохти ҳиссаи давлатии даромади солиёна «озод» карданд. Аз амирони ӯзбек Оллоҳбердибӣ ва писараш Оллоҳёрбӣ ҳам заминҳои ниҳоят зиёде доштанд. Онҳо саъй мекарданд, ки заминҳои дар ҳар ҷо парокандаи худро ба як ҷо ҷамъ оваранд, ба ин мақсад ҳатто заминҳояшонро иваз менамуданд.[6] Бузургтарин моликони замин ҳамоно шайхони ҷӯйборӣ буданд. Дар шароити мураккаби замон, ки ҳукумати марказӣ дигар аз онҳо пуштибонӣ карда наметавонист, чунон ки дар давраи Шайбониён буд ва аъёну ашрофи қабила ба дороии онҳо чашм медӯхтанд, шайхи ҷӯйборӣ Тоҷиддин ба ин нигоҳ накарда ба ҳар ҳол заминҳои бе ин ҳам беҳадду ҳисоби худро боз ҳам меафзуд.[7]
Аъёну ашрофи феодалӣ ва саркардаҳои ҳарбӣ мисли пештара ба номи суюрғол ва танхоҳ подош мегирифтанд. Пазухин қайд мекунад, ки «тамоми деҳаҳо барои мавоҷиби аскарон ва ҳар гуна мансабдорон тахсис ёфтааст».[8] Ғайр аз ин, дар аҳди ҳукмронии Ҷониён хеле зиёд ва ба ҳаҷми калон на фақат заминҳон давлатӣ, балки ҳиссаи давлат аз даромади солиёнаи заминҳои милк низ ба тариқи хизматона бахшида мешуд. Ин дар байни шахсони гуногуне, ки аз даромади замин ҳиссаҳои гуногун доштанд, чунон муносибатҳои мураккаб ба вуҷуд овард, ки дар асрҳои ХVII–ХVIII, чи навъе ки муҳаққиқон дуруст қайд кардаанд, ҳатто истилоҳоти санадҳои расмӣ тағйир ёфт. Дар васиқа, вақфнома ва дигар санадҳо ҳангоми тавсифи заминҳои милк акнун диққати асосӣ ба дуруст муайян кардани ҳиссаи даромаде, ки харидор ва ё идораи вақф бояд мегирифт, дода мешуд[9].
Лекин ба дасти феодалони калон ҷамъ шудани замин на фақат аз ҳисоби подошҳо, балки бо роҳи хариди замин низ сурат мегирифт, ки ин ҷиҳати хоси ин давра ба шумор меравад. Баъзе феодалҳо заминҳояшонро ба дараҷае муттаҳид мекарданд, ки дар ниҳояти кор молики заминҳои як ноҳияи тамом мегардиданд. Боиси таваҷҷӯҳ аст, ки бештар заминҳои давлатӣ ба фурӯш мерасиданд. Ба ин санадҳои расмӣ ҳам гувоҳӣ медиҳанд.[10] Холӣ шудани хазина хонҳои Бухороро зуд-зуд ба фурӯхтани замин водор мекард ва илова бар ин, як қисми заминҳо ба тариқи подош тақдим карда мешуд. ҳамаи ин амалҳо, мисли асри ХVI, дар қозихонаҳо ба расмият медаромаданд.
Акнун дар байни давлат ва шахсони ҷудогона тақсим шудани заминҳои милк (яъне қисман ба заминҳои давлатӣ ва қисман ба милкҳои холис мубаддал гардидани онҳо) хеле босуръат ба вуқӯъ мепайваст. Ин, албатта, фаҳмост. Аз тарафи давлат беш аз пеш афзудани истисмор вазъияти феодали милкдорро хеле номусоид мекард. Бинобар ин ӯ доштани миқдори камтари замин – милки холисро, ки худ ихтиёрдори комил бошад, авлотар медонист. Дар чунин ҳолат даромади ӯ ба он, ки давлат аз деҳқон чӣ қадр меситонад ва оё ӯ аз хоҷагии харобшуда ҳиссаи худро рӯёнида метавонад ё не, ҳеҷ алоқае пайдо намекард.
Пас, ба дасти феодалони калон, хусусан аъёну ашрофи тоифаҳои ӯзбек ҷамъ шудани заминҳои хусусӣ ва инъомӣ, аз ҳад гузаштани истисмори деҳқонон, ба таври оммавӣ муфлис гардидани деҳқонони милкдор, торафт кам шудани деҳқонони замини ҷамоат, афзудани замини милки холис, босуръат «парокандашавии» милкҳои феодалӣ, ба феодалон фурӯхтани заминҳои давлатӣ, ба амлоки шартӣ тақсим карда додани заминҳои давлатӣ ва милкӣ (аслан ҳиссаи давлат аз даромади замини милк), инъом кардани заминҳои давлатӣ ва аз хусусиятҳои махсуси асрҳои ХVII– ХVIII ба шумор мераванд. Дар натиҷа, барои хазинаи хон доимо пул намерасид, зеро манбаи асосии даромад, ки андози мадохили замин буд, торафт кам шуда, ниҳоят бо сабабҳои боло қариб аз байн рафт. Дар ин хусус сарчашмаҳои гуногун гоҳ бавосита ва гоҳ бевосита шаҳодат медиҳанд. Мо дар ин ҷо фақат бо овардани гуфтаҳои ду нафар шоҳид, ки дар вақтҳои гуногун ба Бухоро сафар карда, вазъиятро бо чашми худ дидаанд, иктифо мекунем. Б. Пазухин (1669): «Андӯхтаҳои пулии давлати онҳо дар хазинаи подшоҳӣ кам аст, зеро ҳамаи деҳкадаҳо ба тариқи инъом дар байни саркардаҳо ва мансабдорони гуногун тақсим шудаанд, барои заруроти шоҳон аз зарби сикка ва боҷу хироҷ пуле дар хазина фароҳам меояд; боз бо ин ҳама зарурот то охири сол чизе боқӣ намемонад». Ф. Беневени: «Аз чеҳраи хон пайдост, ки дар умури идораи мулк мароми олие дар ӯст, аммо чун хазина холист, ӯро иқтидоре нест… Он чӣ оидоти хазина хоҳад буд, низ аз байн рафтааст».[11]
Ин аст асоси иқтисодии торафт заиф гардидани ҳукумати марказӣ ва беш аз пеш қувват гирифтани феодалони калони соҳибихтиёр, алалхусус амирон – сардорони қабилаҳои ӯзбек.
Мавқеи феодалони рӯҳонӣ ҳам баланд гардид. Чунончи, дар вақтҳои гуногун шайхони тариқати дарвешӣ дар Фарғона ва Тошканд ҳокимиятро ба дасти худ гирифта буданд.
Ҷунбишҳои халқӣ
Зулму ситами тоқатшикан ва истисмори бераҳмонаи феодалӣ, ҷангҳои дохилӣ ва фақру гуруснагӣ норозигии оммаи халқро ниҳоятдараҷа зиёд кард. Ин буд, ки дар маҳалҳои гуногун дам ба дам шӯру ошӯбҳои халқӣ сар мезаданд.[12] Дар замони Абдулазизхон, ба қавли шоири ҳамзамони ӯ Сайидои Насафӣ, шӯриши калоне дар деҳаи Даҳбеди Самарқанд рӯй дод. Шиддат ва вусъати ин ҷунбиши халқӣ ба дараҷае буд, ки худи Абдулазиз бо лашкари зиёде омада, шӯришро фурӯ нишонд ва Даҳбедро оташ дода, ба хок яксон намуд. Дар давраи ҳукмронии Субҳонқулихон ва ворисони ӯ ҳам муттасил шӯришҳои халқӣ ба амал меомаданд. Гоҳо аз ин ҷунбишҳои халқӣ феодалони ҷудогона барои расидан ба мақсадҳои шахсии худ истифода менамуданд. Масалан, боре ҳангоми ба Балх ҳуҷум кардани Субҳонқулихон тамоми аҳолӣ дар зарфи 21 рӯз қаҳрамонона ҷангида, шаҳрро, ки ҳокими он Маҳмудбии атолиқ буд, аз бухориҳо ҳифз намуд.[13] Дар ин маврид ҳамаи табақаҳои ҷамъият муттаҳид гардида буданд, зеро ба хубӣ мефаҳмиданд, ки агар хон шаҳрро ишғол намояд, ба таври ваҳшиёна мардумро қатлу ғорат хоҳад кард. Аммо халқ аксар вақт ҳукумати марказиро тарафдорӣ менамуд, чунки ҷангу низоъҳои дохилии феодалӣ аҳолии ҳам шаҳр ва ҳам деҳотро хонахароб месохт.
Қиёми калонтарин ва зафармандонаи халқ соли 1703 дар ҳисор ба вуқӯъ омад. Сабабгори он ҷанги байни ду феодал гардид: Муҳаммадраҳимбӣ бо лашкари Бухоро ба муқобили Ӯткан ном ҳокими яке аз қалъаҳои вилояти ҳисор ҷанг сар кард. Вале лашкари Бухоро муваффақияте ба даст наоварда, ақиб нишаст ва мардуми ҳисор дучори бедодгариҳои Ӯткан гардид. Аз низоъҳои хунини байни феодалон ба танг омада, аҳолии ҳисор ба амирони Бухоро бо эътироз муроҷиат намуданд ва ҳимояти худро талаб карданд. Амирон бо вакилони халқ дағалона муносибат карда, ҳатто яке аз амирон ба сари онҳо шамшер кашид, вакилон ҳам даст ба сангу калтак бурданд. Воқеанигоре ин ҳодисаро чунин ба қалам овардааст:
«Умарои Бухоро (башитоб) аз қалъаи ҳисор берун омаданд, сипоҳиёнашон ҳам дар ҳоле, ки (аз қиёми мардум) ба ваҳшат ва биму ҳарос афтода буданд, ба ишон пайравӣ карданд. Он гоҳ аҳолии ҳисор, юзҳои қавми шодӣ, худро ба тороҷи хиргоҳу шомиёнаҳои бухороиёни шитобон фироркунанда дарандохтанд ва андаруни қалъа чунон талотӯбе барпо гардид, ки гӯё рӯзи ҳашр фаро расида»[14]. Дар ин маврид манфиатҳои аҳолии муқимии вилояти ҳисор ва тоифаи юзи ӯзбек ба ҳам мувофиқат намуд: халқ барои барҳам хӯрдани ҷангҳои феодалӣ дар сарзаминаш сар бардошт, юзҳо ҳаракати муваффақиятомези халқро тарафдорӣ карда, кори торумор намудани бухороиёнро ба анҷом расониданд.
Шӯрише, ки соли 1714 дар Бухоро ба амал омада буд, бо марому хусусиятҳои худ аз дигар ҷунбишҳои халқӣ тафовут дошт. Як гурӯҳ феодалони қабилаи кенагас бо сардории Иброҳим атолиқ ба мақсади иҷро кардани табаддулоти дарборӣ хост ба арк дохил шавад. Халқ ба ҳимояи ҳукумат бархос-та, дар шаҳр сангарҳо барпо намуд. ҳамин тариқа, фақат тавассути кӯмаки мардум ба хон муяссар гардид, ки душманонашро нобуд созад.[15]
Аммо, қабл аз ин, соли 1708 дар вақти эълони ислоҳоти пул халқи Бухоро, баръакс, бар зидди Убайдуллохон шӯриш бардошт. Норозигӣ табақаҳои гуногуни ҷамъиятро фаро гирифта, аввал ба шакли муқобилати ғайрифаъол зуҳур намуд: дӯкону корхонаҳо баста шуданд: кори савдо қатъ гардид, дар бозор чизе ёфт намешуд. Баъдҳо норизоятии мардум авҷ гирифта, ба як шӯриши ошкорои мардуми фақиру бенаво фурӯ рехт. Ба қавли, яке аз муаррихони онвақта – Мирмуҳаммадамини Бухорӣ шӯриш бераҳмона пахш карда шуд, чанд касро ба дор кашиданд, ислоҳот комилан ҷорӣ гардид ва ҳама сари итоат фуруд оварданд.[16] Чанд вақт таърихшиносон ин баҳои ғаразноки шӯришро ғайританқидӣ қабул карда буданд. Таҳқиқ ва муқобилаи манбаъҳои санадии он давр нишон дод, ки ин ҷунбиши халқӣ муваффақияти калоне пайдо карда будааст, ҳукумат аз он хеле ба ҳарос афтода, маҷбур шудааст, ки маънии ислоҳотро тағйир диҳад.[17]
Дар нимаи аввали асри ХVIII ҷунбишҳои халқӣ чунон бисёр сар мезаданд, ки ҳатто муаррихони дарбор, бигзор ғаразолуд ва рӯпӯшида бошад ҳам, аз зикри онҳо гурез надоштанд. Ғайр аз шӯришҳои номбурда, боз дар солҳои 1713–1714 дар Бухоро, соли 1713 дар Самарқанд, соли 1719 дар Балх, соли 1746 дар Тошканд шӯру ошӯбҳои халқӣ ба вуқӯъ омаданд. ҳарчанд муаррихони дарбор воқеияти ҷунбишҳои халқиро таҳриф кунанд ҳам, шубҳае боқӣ намемонад, ки дар шароити иртиҷо ва истибдоди феодалӣ оммаи халқҳои тоҷик ва ӯзбек ба муборизаи зидди сохти беҳуқуқиву ситамкорӣ, зидди ҷангҳои дохилии феодалӣ бармехостанд.
Касбу ҳунар, тиҷорат, муомилоти пулӣ
Дар давлати Ҷониён шароит барои тараққиёти касбу ҳунар ва тиҷорати дохилию хориҷӣ хеле номусоид буд ва ба қадри авҷ гирифтани низоъҳои салтанатталабӣ ва ҷангҳои феодалӣ боз ҳам бадтар мешуд. Баъзе шаҳру вилоятҳои тамом чунон дучори тороҷ ва харобӣ мегардиданд, ки пас аз ин муддати дуру дарозе ба худ омада наметавонистанд. Вале мардум малакаи касбӣ, пешаварӣ ва ҳунари худро фаромӯш намекард: бе сабаб нест, ки дар як худи Бухоро Сайидои Насафӣ беш аз дусад навъи касбу ҳунарро ном бурдааст. Харобии иқтисодие, ки ҷангҳои дохилӣ, тохтутози хевагиҳо, ҳуҷуми тоифаҳои бодиянишин ва қӯшунҳои аҷнабӣ ба сари мамлакат меоварданд, ба инкишофи мӯътадили истеҳсолоти молӣ ва тиҷорат халал мерасонид. Қашшоқӣ, гуруснагӣ, хонавайроншавӣ – ҳамаи ин боиси кам шудани харидорони муқаррарии колоҳои оддӣ мегардид. Сайидои Насафӣ, ки дар айёми пирӣ ба бофандагӣ машғул будааст, дар ашъори худ ба набудани харидор, тамоман аз равнақ бозмондани бозор дар охирҳои асри ХVII ишорат мекунад.[18]
Дар таҳи гарди касодӣ шуд матоам поймол,
Рӯзгоре шуд хиҷолат аз дукон бошад маро,
Ё худ:
Гоҳе матои худ, ки ба бозор мебарам,
Домону остини харидор мекашам.
Вазъият дар нимаи аввали асри ХVIII боз ҳам бадтар гардид. Дар натиҷаи тохтутозҳои муттасили ҳафтсолаи қазоқҳо (1723– 1730) водии Зарафшон тамоман ба харобазор табдил ёфт. Қаҳтӣ ва гуруснагии сахт сар шуд, касони аз чанги ин фалокат раҳоёфта ба ҳар тараф фирор карданд, Бухоро ва Самарқанд беодам монд.[19] Аҳволи фақат он шаҳру вилоятҳое, ки аксаран дар гӯшаву канорҳои мамлакат воқеъ гардида, ба арсаи ҷангҳои доимии феодалӣ, тохтутозҳои хевагиҳо ва ҳамлаи бодиянишинон мубаддал нашуда буданд, нисбатан беҳтар буд. Ба харобӣ рӯ ниҳодани ноҳияҳои марказии давлат ба тараққиёти онҳо ҳатто таъсири мусоид ҳам расонид, зеро косибону ҳунармандон барои эмин мондан аз хавфу хатар ва пайдо намудани имкони кори осоишта марказҳои бузурги касбу ҳунар ва тиҷоратро тарк карда, ба ин гӯшаҳои дурдаст паноҳ мебурданд.
Вазъи умумии пулдорӣ ва сиёсати ҳукумат дар соҳаи пулбарорӣ ва гардиши пул низ барои касбу ҳунар ва тиҷорат номусоид гардид.[20] Ба болои душвориҳои аз ҳилаву найранги қурб ба миён омада, ки ҳанӯз дар асри ХVI чун бори гароне бар дӯши касбу ҳунар ва тиҷорат афтода буд, акнун босуръат вайроншавии сиккаҳои нуқра зам шуд. Пулро аз омезаи нуқраву мис зарб мезаданд, лекин миқдори мис торафт меафзуд. ҳар бор, ки иёри пул паст мефуромад, хазина фоида мебурду аҳолӣ зарар медид. Аз ин рӯ, аҳолӣ ба муқобили шикастани қурби пул фаъолона мубориза мебурд ва дар ин маврид манфиатҳои қариб тамоми табақаҳои ҷамъият ба ҳам мувофиқат менамуд. Аҳолӣ «пули асил»–пули маҳкаму устувор ва ҳамеша якхелаву баландиёрро мехост. Ин мубориза дар асри ХVII гоҳо натиҷаи матлуб медод: аҳолӣ муваффақ мешуд, ки ҳукуматро ба баландтар кардани иёри пул водор намояд. Аммо дар чоряки охири асри ХVII зарби пули баландиёр тамоман қатъ гардид. Аҳолӣ агарчи мисли пештара барои «пули асил» муборизаи худро давом медод, вале барори он хеле кам ва ночиз буд: миқдори нуқра дигар аз 35% баланд набаромад. Баъдтар, соли 1708, чунон ки дар боло оварда шуд, Убайдуллохон миқдори нуқраро дар сиккаҳои худ ба 9% фуроварда, боиси сар задани шӯриши халқ гардид, ки он қисман муваффақиятомез анҷом ёфт.
Вале ҳукумат аз кори пулбарорӣ на фақат бо чунин роҳи бевосита фоида ба даст медаровард. Найрангҳое, ки дар бобати тағйири қурби пул карда мешуд, чун бори боз ҳам гаронтар ба дӯши аҳолӣ меафтод. Дар аҳди Ҷониён ҳам, мисли асри ХVI, ҳамаи пулҳои нуқраро ба «пули нав» ва «пули кӯҳна» ҷудо мекарданд. ҳукумат ҳар вақт ки хоҳад, «пули нав»-ро «кӯҳна» эълон менамуд, лекин иқтидори хариди пули «кӯҳна» дар бозор комилан ба иёри он вобаста буд. Чунончи, пулҳое, ки 60% нуқра доштанд, вақти нав будани худ ҳамчун пули баландиёр бо нархи иҷборӣ гардиш мекарданд. ҳамин ки ин пулҳоро «кӯҳна» эълон карданд, фавран 40% иқтидори хариди он аз даст мерафт, яъне аҳолӣ дарҳол 40% зарар медид. Агар таври дигар гӯем, дар давоми асри ХVII меъёри истифодаи зарби пул фавқулодда афзоиш ёфт ва ин ҳол вазъияти косибону тоҷиронро назар ба он чи, ки Ҷенкинсон дар миёнаҳои асри ХVI навишта буд, хеле вазнинтар намуд.
Аз ин ҳама ба таври равшан бармеояд, ки косибон дар ин давра ҳоло тамоми хусусиятҳои пешаву ҳунари худро ҳифз карда буданд, вале шароити онвақта ба пешрафти касбу тиҷорат имкон намедод. Ин буд, ки ҳаҷми онҳо хусусан аз охирҳои асри ХVII сар карда сахт коҳиш ёфт ва ин ба анвои молҳо низ бетаъсир намонд. Албатта, он навъи касбу ҳунар, ки маҳсулоти он ба хориҷ содир мешуд, як дараҷа вазъи беҳтаре дошт: талаботи беруна дар чунин шароити сахт низ ба пешрафти истеҳсолот мусоидат мекард. Аз ин ҷиҳат муносибатҳои тиҷоратии торафт мустаҳкамшаванда ва вусъатёбанда бо Россия аҳамияти махсусе дошт.
Давлати Рус аз инкишофи тиҷорат бо Осиёи Миёна хеле манфиатдор буд ва барои он шароити мусоид фароҳам месохт. Ба савдогарони осиёимиёнагӣ тадриҷан иҷозат дода шуд, ки дар тамоми шаҳрҳои ин мамлакати паҳновар тиҷорат кунанд. Хусусан, пеш бурдани корҳои савдо ба воситаи Сибир имтиёзҳои зиёде дошт – дар ин ҷо аз тоҷирони Осиёи Миёна хеле кам боҷ мегирифтанд ва ҳатто аз баъзе молҳо аслан боҷ ситонда намешуд. Баъди ба вуҷуд омадани истеҳкоми Оренбург дар соли 1735 ба мақсади ҷалб кардани тоҷирони Осиёи Миёна чанд муддат дар ин ҷо савдои бегумрук эълон карда шуд.
Савдогарони Осиёи Миёна ба тарафи Россия бештар матоъ ва мансуҷоти пахтагӣ мебурданд. Аз дафтарҳои гумрукии тиҷоратхонаҳои Сибир ва Аштархон метавон дид, ки ба он мамлакат чӣ андоза молҳои зиёде содир мегардидааст. Дар рӯйхати муфассали ин дафтарҳо анвои мухталифи газворҳои истеҳсоли Осиёи Миёна, аз қабили матои «зандонӣ» (себандӣ, дубандӣ, пурбенӣ, бурматӣ), матоъҳои гулдор, хомсуф ва амсоли инҳо зикр ёфтаанд.
Як қатор мадракҳо дар ин вақт ба сабаби нарасидани абрешими хом (ҳатто ба хориҷ баровардани он манъ гардида буд) ҳам аз ҷиҳати ҳаҷм ва ҳам аз ҷиҳати навъ коҳиш ёфтани истеҳсоли шоҳивориро нишон медиҳанд. Бад шудани шароити зиндагӣ теъдоди касонеро, ки ба парвариши кирми абрешим шуғл доштанд, ҳамчунин талабгорони матоъҳои шоҳӣ ва шоҳивориҳои гаронбаҳоро беш аз пеш кам менамуд.
Чарм, баъзе навъҳои мӯйина, қолин ва ғ. аз молҳои асосии содиротӣ ба шумор мерафтанд. Анвои молҳои ба истилоҳ тиҷорати хонӣ, яъне он молҳое, ки сафирони тоҷир мебурданд, хеле зиёд ва гуногун буд. Азбаски талаботи давлати Рус нисбат ба молҳои Осиёи Миёна ҳамоно меафзуд, ҳаҷми ин молҳои содиротӣ ҳам бештар гардида, табиатан ба истеҳсолоти онҳо шароити мусоидтаре фароҳам меомад.
Истеҳсоли аслиҳаҷот ва, умуман, маснуоти фулузӣ ниҳоят дараҷа равнақ ёфт. Онҳо низ ба кишварҳои хориҷӣ содир мегардиданд. Баъзе намунаҳои олоти сафолии онвақта то замони мо расидаанд ва чунин ба назар мерасад, ки ғайр аз зарфҳои оддӣ ва муқаррарӣ, зарфҳои нафиси луобии мунаққаш низ истеҳсол мешудаанд. Дар асри ХVII касбу ҳунари амалӣ низ аз равнақ намонда буд, махсусан хотамкорӣ, қошинкорӣ ва кандакориҳои рӯи гаҷ ва чӯб ба дараҷаи баланди тараққӣ расид. Аммо дар асри ХVIII талабот нисбат ба осори ҳунари амалӣ тақрибан қатъ гардид.
Дар соҳаи тиҷорати хориҷӣ мавқеи муҳимро муомилоти савдо бо давлати Рус ишғол менамуд.[21] Чунон ки хотирнишон гардид, ба ин мамлакат молҳои хеле зиёд ва гуногуннавъи Осиёи Миёна бурда мешуд. Дар ин ҷо бояд илова кард, ки тоҷирони Осиёи Миёна роли миёнаравиро ҳам бозӣ мекарданд: онҳо ба Россия на фақат молҳои худро, балки бисёр молҳои хориҷӣ, хусусан ҳиндиро низ мебурданд. Ин албатта, дар навбати худ боиси ба Осиёи Миёна бештар ворид гардидани молҳои ҳиндӣ мегардид, ҳарчанд ки бо сабабҳои дар боло овардашуда талаботи аҳолӣ ба молҳои воридотӣ хеле кам шуда буд.
ҳодисаи нав дар таърихи тиҷорати байни Россияву Осиёи Миёна на фақат афзудани ҳаҷми содироту воридот, балки дар ин кор фаъолона ширкат намудани савдогарони рус ҳам буд. Савдогарони рус ва ё дӯкондорони онҳо акнун дар шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна 2–3 сол иқомат намуда, молҳои худиро меоварданд ва молҳои инҷоиро мебурданд. Аз молҳои русӣ дар Осиёи Миёна на фақат ба ашёи таҷаммулӣ (мӯина, чарм, моҳут ва дигар чизҳои қиматбаҳо) балки ба асбобҳои гуногуни рӯзгор, аз қабили зарфҳо, чарчинворӣ ва ғ. низ талабот зиёд буд.
Дар ин давра Осиёи Миёна ҳамчунин бо ҳиндустон, Эрон, Хитой робитаҳои тиҷоратӣ дошт, вале ҳаҷм ва миқёси ин муомилот ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ омӯхта нашудааст. Дар ин бобат чунин амри воқеӣ диққатро ба худ ҷалб менамояд, ки дар Бухорои онвақта гузари махсуси савдогарони ҳиндӣ мавҷуд будааст. Убайдуллохон барои давлат зиёда манфиат доштани инкишофи тиҷорати хориҷиро ба хубӣ дарк намуда, дар роҳи беҳтар гардидани он чораҳо меандешид. Аммо ин як ҳодисаи кӯтоҳмуддате буд, ки бо қувват гирифтани харобии хоҷагии мамлакат ба зудӣ аз байн рафт. Флорио Беневени, ки соли 1722 дар Бухоро зиста, масъалаҳои тиҷоратро махсус омӯхта баромадааст, хотирнишон месозад, ки агарчи молҳои ҳам барои Бухоро ва ҳам барои Россия зарурӣ мавҷуданд, аммо шароит барои инкишофи тиҷорат вуҷуд надорад.[22]
-
Дар бораи сохти идороти давлати Xониён ниг.: Бартольд В. В., 1964 и, с. 388 ва давомаш; Семёнов А. А., 1948 а, с. 137 ва давомаш. ↑
-
Абдура[имов М. А., 1966, с. 260. ↑
-
Пазухин Б., 1894, с. 61. ↑
-
Мирзоев А. М., 1954, с. 17. ↑
-
Мирму[аммадамини Бухорb, 1957, с. 157. ↑
-
Чехович О. Д.,1954, б, с. 1Х-ХП. ↑
-
Иванов П. П. 1954, с. 68–80. ↑
-
Пазухин Б., 1894, с. 61. ↑
-
ИТН, П, 2, с. 37. ↑
-
Чехович 0. Д., 1954 б, с. ХV-ХУШ. ↑
-
Пазухин Б., 1894, с. 61; Беневени Ф., 1853, с. 373. ↑
-
Чехович 0. Д., 1954, с. 63–71; Абдурахимов М. А., 1956, с. 64–72; Чехович О. Д., 1959 а, с. 221–223; Давидович Е. А., 1964; с. 135–145; ИТН, П, 2, с. 44–47; «История Узбекской ССР», т. 1, 1967, с. 579–580. ↑
-
Му[аммадюсуфи Муншb, 1956, с. 162. ↑
-
Мирму[аммадамини Бухороb, 1957, с. 68. ↑
-
Абдурра[мони Толеъ, 1959, с. 60-63. ↑
-
Мирму[аммадамини Бухорb, 1957, с. 159. ↑
-
Давидович Е. А., 1964, с. 140 ва давомаш. ↑
-
Мирзоев А. М., 1954, с. 77–78. ↑
-
Чехович 0. Д., 1954, с. 72–73. ↑
-
Давидович Е. А., 1964, с. 100–134. ↑
-
Рычков П. И., 1949; Чулошников А., 1932; Зиёев X. З., 1962; Юлдошев М. Ю., 1964; Xамолов R., 1966. ↑
-
Беневени Ф., 153, с. 376, 380–381. ↑