Фанни Сотсиология

Ҷамъият-низоми худинкишофёбанда

Нақша:

1.Мафҳуми ҷамъият ва нишонаҳои асосии он

  1. Сохтори ҷамъият ва унсурҳои асосии он
  2. Иерархия (зинабандӣ) — и низоми иҷтимоӣ (типҳои ҷомеа)

Адабиёт:

  1. Баҳромбеков В., Миров Ф. Асосҳои сотсиология. — Душанбе: “Матбуот”, 2015.
  1. Гидденс Э. Социология. Перев. с англ. Изд. 2-е. -М.: Едиториал УРСС, 2005.
  2. Гулаҳмадов Ш.Н., Абдулвоҳидов С., Файзиев Б. Сотсиология. – Кулоб, 2011.
  3. Осипов Г. Социология. Основы общей теории. Второе издание. — М.: Инфра-М, 2013.
  4. Правильное общество. -М.: Питер, 2015
  5. Штомпка П. Социология. — М., 2010.
  6. Яковлев А. М.Социальная структура общества и право: учебное пособие для вузов. – М.:Норма, 2014.

Мафҳумҳои калидӣ:

“Љамъият”, “сохтори иҷтимоӣ”, “нишонаҳои ҷамъият”, “навъҳои ҷомеа”, “эволютсионизми иҷтимоӣ”, “идеология”, “консерватизм”, “либерализм”, “худинкишофёбандагӣ” ва ғайраҳо

  1. Мафҳуми ҷамъият ва нишонаҳои асосии он

Љамъият объекти омўзиш ва категорияи илми сотсиология буда, масъалаи маърифатии он ҷавҳари қадима дорад. Одамон дар бораи ҷамъият ҳар хел тасавурот доранд. Бисёр вақт бо ин мафҳум маҷмўи муайяни одамоне, ки аз рўи кадом шавку рағбат, таваҷўҳи тарафайн, тарзи ҳаёт ва фаолияти якҷоя муттаҳид мешаванд, ифода меёбад. Гурўҳи oдамоне, ки байни якдигар ягон чизи умумӣ доранд дар шуури муқарарӣ ба мафҳуми «ҷамъият» фаҳмида мешавад. Масалан, ҷамъияти ҳамкасбон. Дар фаҳмиши илмӣ «ҷамъият» — ин иттиҳоди худинкишофёбанда ва мустаҳками одамон аст, ки бо манфиатҳои умумӣ байни ягдигар алоқаманд ва дар асоси меъёру арзишҳои умуми ҳатмӣ барои қонеъ намудани талабот шахсии худ амал мекунанд. Љомеа ҷамъи тамоми муносибатҳои одамонро ифода менамояд. Ба маънои маҳдудтар иттиҳоди одамоне, ки як ҳудуди муайянро дар ихиёр доранд ва соҳиби маданият ва давлати худ мебошанд. Олими фронсавии асри ХVIII- ХIХ Анри Де Сен — Симон дар чунин ақида буд, ки ҷамъият ин як корхонаи калоне, ки ҳокимияти инсонро нисбат ба табиат таъмин менамояд.

Моҳияти ҳаёти ҷамъиятӣ ба фаъолияту амали инсон асос меёбад. Инсон фаъолияти худро дар асоси муносибат бо дигар одамон, ки шаклҳо ва навъҳои онҳо дар тули таърих ташакул ёфтанд, амалӣ мекунад. Барои ҳамин дар кадом соҳаи ҳаёти иҷтимоие, ки фаъолияти инсон амалӣ шавад, вай доимо характери иҷтимоӣ дорад. Љамъият ҳамчун системаи калони иҷтимоиест, ки зерсистемаҳои онро иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат ва фарҳанг ташкил медиҳанд. Њар яке аз ин системаҳои умумии ҷамъиятӣ зерсистемаҳои бисёреро дар бар мегирад, ки унсурҳои онҳоро худи институтҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ ва ғайра ташкил медиҳанд. Бояд қайд кард, ки ҷудокунии системаи иҷтимоӣ басо шартӣ буда, онро масъалаҳо ва мақсади таҳқиқот муайян мекунанд. Масалан: дар сотсиологияи марксистӣ ҷудо кардани чор зерсистемаи ҷамъият қабул шудааст: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, фарҳанг. Дар доираи таҳлили сохторӣ-функсионалӣ ҳамчун зерсистемаҳои ҷамият: умумиятҳои иҷтимоӣ, институтҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ, нақшҳои иҷтимоӣ, қоидаҳо ва арзишҳо ҷудо мешаванд.

Њамин тариқ, ҷамъият ин алоқаҳои иҷтимоӣ ва амали байниҳамии системавии муташаккилона буда, талаботҳои гуногуни одамонро таъмин ва қонеъ мегардонад, устувор, худтанзимшаванда ва худинкишофёбанда мебошад. Њамчун системаи бузург ҷамъият аз рўи қонунҳои худ амал мекунад. Ин имконият медиҳад, ки ҷамъиятро ҳамчун системаи пойдори байниҳамии иҷтимоии одамон, гурўҳҳои иҷтимоие, ки дар як ҳудуд зиндагӣ мекунад ва бо алоқаҳою муносибатҳои гуногуни фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ муттаҳид шуданд, ба анъана, урфу одат, институтҳои иҷтимоӣ ва системаи қойдавии арзишӣ такя мекунанд, дида баромадан мумкин аст. Барои дурустар дарк кардани моҳияти ҷамъият чанд аломатҳои асосии вайро ҷудо кардан лозим меояд:

  1. Њудуд-мавқеи ҷуғрофӣ, кидар он амали якҷоя ва мутаҳиддии одамон ба вуҷуд меояд;
  2. Ном;
  3. Афзудани шумораи аҳолӣ аз ҳисоби такрористеҳсолии насл;
  4. Мухторият — мустақилона вуҷуд дорад ва дараҷаи баланди худтанзимнамоиро дорост. Њаёт ва фаъолияти ҷамъият ба воситаи институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ дар асоси он меъёрҳо ва принсипҳое, ки дар дохили худи ҷамият ташаккул ёфтаанд ба низом дароварда, идора мешавад.Танҳо дар ҷамъият инсон ба касби алоҳида машғул шуда, талаботҳои худро ба хўрок, манзил ва пўшок таъмин карда метавонад, ба дастовардани илмӣ-маъданӣ ва ба пешрафти он ноил мешавад.
  5. Универсалиати ҷамъият ба одамон чунин шакли ташкили ҳастиро пешниҳод менамоянд, ки онҳо ба мақсади худ расида метавонанд;
  6. Ќувваи бузурги ҳамгироӣ- ҷамъият ҳар насли инсонро ба худ мутеъ менамояд, ба ҳам меоварад ва ба фаъолият равона месозад. Одамон бо риштаи ноаён умумиятҳои забонӣ, маданӣ ба ҳам баста шудаанд. Онҳо худ ба он ҷазб мешаванд.

2. Сохтори ҷамъият ва унсурҳои асосии он

Љамъият дорои сохтори махсус ва муайяни худ мебошад. Сохтори иҷтимоӣ яке аз мафҳумҳои бунёдӣ дар мавриди дарки моҳияти ҷомеа ва тарзи мавҷудияти он ба шумор меравад. Аз ин рў, омўзиши ҳама гуна раванду падидаи иҷтимоӣ одатан аз омўзиши сохтори вай оғоз мешавад. Яке аз ҳадафҳои асосии омўзиши сохтори иҷтимоии ҷомеа ин кўшиши дарёфти заминаҳои ба табақаҳо ҷудо кардани аъзоёни ҷомеа ва хусусияти дар ин заминаҳо пайдо шудани муносибатҳо дар байни онҳо мебошад.

Оиди сохтори ҷамъият назарияи марксистӣ пешниҳодоти худро дорад. Мувофиқи ин назария ҷамъият аз синфҳо, табақаҳо ва гурўҳҳои иҷтимоӣ таркиб ёфтааст. Дар ташаккули фаҳмиши сотсиологии сохтори иҷтимоии ҷомеа саҳми П. Сорокин низ хеле зиёд аст. Тибқи таълимоти ў ҷомеа иборат на аз афроди мушаххаси алоҳида, балки аз низоми ҷузъҳои алоқамандест, ки мавҷудияти ин низом афзудани имконияти назорат аз болои рафтори одамон вобастагӣ дорад.

Сохтори иҷтимоӣ ин усули муайяни алоқа ва амали байниҳамдигарии унсурҳо, яъне одамоне, ки мавқеи муайяни иҷтимоиро аз рўи маҷмўи меъёрҳо ва арзишҳои дар системаи иҷтимоӣ қабулшуда, ишғол мекунанд. Мафҳуми «сохтори иҷтимоии ҷамъият» — ин низоми тарафҳои ҷамъият ва робитаи унсурҳои ҷамъиятиро ифода менамояд. Ба маънои дигар синфҳо ва гуруҳҳои иҷтимоӣ робита ва таъсири мутақолбили онҳо сохтори ҷамъиятиро ташкил медиҳанд. Сохтори иҷтимои ҷомеа – ин маҷмуи умумиятҳои (гуруҳҳо, табақаҳо) ба ҳам алоқаманду ба ҳам амали байни ҳами доштаи институтҳои иҷтимоӣ, мақомҳои иҷтимоӣ ва муносибатҳои байни онҳост. Тамоми унсурҳои сохтори иҷтимоӣ ҳамчун организми ягонаи иҷтимоӣ дар амали байниҳамианд.

Сохтори иҷтимоиро вобаста ба он, ки дар кадом асос қисмҳои таркибии ҷамъият ҷудо мешавад, ҳар хел дидан мумкин аст, мисли умумиятҳои иҷтимоӣ — териториявӣ (аҳолии шаҳр, деҳот, минтақа), иҷтимоӣ — демографӣ (аз рўи синну сол ва ҷинс), иҷтимоӣ — этникӣ (авлод, халқият, миллат), иҷтимоӣ — синфӣ (буржуазия, прлетариат) ва иҷтимоӣ — касбӣ ҷудо кардан мумкин аст. Дар сатҳи макро сохтори ҷамъиятро системаи институтҳои иҷтимоӣ: оила, ҳуқуқ, иқтисодиёт, маориф ва илм, давлат, дин ва ғайра ташкил медиҳанд. Дар сатҳи микроӣ бошад сохтори иҷтимоиро системаи нақшҳои иҷтимоӣ ташкил медиҳанд.Аз рўи дигар асосҳо ҳам ҷамъият ба сохторҳо ҷудо мешавад. Масалан, аз рўи ба табақаҳо ҷудо шудани аҳолӣ дар асоси муносибат ба моликият: бойҳо ва камбизоатҳо; аз рўи муносибат ба ҳокимият: идорашавандагон ва идоракунандагон; дар асоси эътиборнокии касбу вазифа ва ғайра.Унсурҳои таркибии ҷамъият ҳамчун системаи иҷтимоӣ ин институтҳои иҷтимоӣ ва гурўҳҳое мебошанд, ки дорои арзишҳои муайяни иҷтимоӣ ва меъёрҳо буда, аз одамони алоҳида иборат ҳастанд, ки аз рўи алоқаҳо ва муносибатҳои иҷтимоӣ бо ҳам мутаҳид шудаанд ва вазифаҳои муайяни иҷтимоиро иҷро мекунанд. Њамаи ин унсурҳо бо ҳам алоқаманданд ва сохтори ҷамъиятро ташкил медиҳанд.

Шахс унсури тақсимнашавандаи ҷомеа мебошад. Дар ҷамъият ҳамчун система, ки аз мавҷудоти бошуур иборат аст, вазифаҳои идоранамоӣ дар мақомотҳои барои ин мақсад ташкилшуда ҷамъ карда мешавад. Алоқаҳои иҷтимоӣ ҳам дар шакли муносибат ва ҳам дар шакли амали иҷтимоӣ ва амали байниҳамдигарӣ ифода меёбанд.Амали иҷтимоӣ (ин мафҳум аз тарафи М. Вебер ба сотсиология ворид шудааст) ҳамчун шакли алоқаи иҷтимоӣ заминаи аввалини системаи иҷтимоӣ мебошад, яъне воҳиди соддатарини фаъолияти иҷтимоист. На ҳар як амали одамон, ки ба талаботи онҳо асос меёбад, амали иҷтимоӣ шуда метавонад. Амали инсон ҳамон вақт характери иҷтимоиро мегирад, ки агар:

  • Амал бошуурона бошад (то ин ё он дараҷа ҷанбаи ақлонӣ дошта бошад);
  • Амал ба рафтори дигарон равона гардида бошад. Дар дигар мавридҳо амали одамон амали иҷтимоӣ набуда, ҳамчун амали фардӣ мебошад.

Муносибатҳои иҷтимоӣ — ин системаи устувори одамон ва умумиятҳои иҷтимоиест, ки дар раванди амали байниҳамдигарии онҳо дар шароити ҳамин ҷамъият ташаккул ёфтааст.

3. Иерархия (зинабандӣ) — и низоми иҷтимоӣ

Дар ҷаҳони муосир типҳои гуногуни ҷомеа вуҷуд доранд, ки байни худ аз рўи бисёр аломатҳои аёнӣ (мисли забон, маданият, мавқеъи ҷуғрофӣ, ҳаҷми ҳудуд) ва ҳам ғайри аёнӣ (дараҷаи якҷоя будан ва дараҷаи устуворӣ) ва ғайра фарқ мекунад. Таснифоти илмӣ талаб мекунад, ки аломатҳои ба худ хос ва аслӣ ҷудо карда шаванд, ки як гурўҳи ҷамъиятро аз дигар гурўҳҳо фарқ кунанд ва ё ҷамъиятҳои ба як гурўҳи муайян дохилшударо муттаҳид кунанд. Навъбандии ҷамъият ин маҷмўи нишонаҳои устуворе, ки ҷамъият ва халқҳоро дар давраҳои гуногун тавсиф мекунад. Навъбанди ба мо нишон медиҳад, ки ҷамъият чи гуна тағйир ёфта, кадом давраҳоро аз сар гузаронидааст.

Бузургтарин антропологҳои асри XIX Э. Тейлор, ва Л. Морган ҷомеаро дар асоси инкишофи эволютсионӣ таснифот намудаанд. Морган андеша дорад, ки ҳама гуна ҷомеа дар инкишофи худ як роҳ, яъне аз «ваҳшигӣ» ба марҳилаи мобайнии «варварӣ» ва аз он ба ҳолати «таммадунӣ» тай менамояд. Дар мобайнҳои асри ХIХ Карл Маркс типологияи ҷамъиятҳоро пешниҳод кард, ки асоси вайро усули истеҳсолоти неъматҳои моддӣ ва пеш аз ҳама муносибат ба моликият ташкил медиҳанд. Ў ҳамаи ҷамъиятҳоро ба панҷ форматсияи ҷамъиятӣ — иқтисодӣ: обшинаи ибтидоӣ, ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ ва коммунистӣ, ки фазаи авали онро ҷамъияти сотсиалистӣ ташкил медиҳад, ҷудо кард.

Типологияи дигар ҷамъиятҳоро ба ҷамъиятҳои содда ва мураккаб ҷудо мекунад. Меъёр (аломат) — и асосӣ — ин сатҳи идоракунӣ ва дараҷаи ба табақаҳо ҷудошавии ҷамъият аст. Љамъияти содда ин ҷамъиятест, ки қисмҳои асосии вай яклухт мебошанд. Дар он сарватманду камбизоат набуда, тафриқаи сохтор ва вазифаҳо кам ҷой доранд ва ба осонӣ иваз мешаванд. Инҳо қабилаҳои ибтидоӣ мебошанд, ки дар баъзе ҷойҳо имрўз ҳам вуҷуд доранд. Љамъияти мураккаб ҷамъиятест, ки дорои тафриқаи зиёди сохтор ва вазифаҳои бо ҳам алоқаманду вобаста мебошад (Г.Спенсер).

К. Поппер ду хели ҷамъият: пўшида ва кушодаро ҷудо мекунад. Асоси фарқияти онҳо пеш аз ҳама ин муносибати назорати иҷтимоӣ ва озодии шахс мебошад. Ба шакли пўшидаи ҷамъият сохтори иҷтимоии камтағйирёбанда, ҷойивазкунии маҳдуд, дарк накардани навигариҳо, анъанавӣ, идеологияи авторитарӣ, коллективизм хос ҳастанд. Ба ин хел навъи ҷамъият Поппер Иттиҳоди Шўравии давраи Сталиниро дохил кардааст.

Љамъияти кушод дорои сохтори иҷтимоии тарақикунанда, ҷойивазкунии васеъ, қобилияти чизи навро қабул кардан, хосияти танқидӣ, индивидуализм ва идеологияи плюралистии демократӣ мебошад. Поппер намунаи ин хел ҷамъиятро дар давлатҳои демократии Ѓарби муосир мебинад.

Дар назарияи «ҷомеаи фаровони» — и худ Љон Кеннет Гелбрейт ба сифати талаботи таснифкунанда сатҳи истеъмолотро муайян мекунад. Љомеаи фаровонӣ мамлакатҳои тараққикардаи саноатиеро меномад, ки дар он аксарияти аҳолӣ ба сатҳи баланди зиндаги одат кардаанд. Истеҳсоли мол (маҳсулот) бефосила зиёд мегардад ва ба вуҷуд овардани талаботи сунъи ба чашм мерасад. Дар натиҷа истеҳсоли аз ҳад зиёд пайдо шуда, хариди молҳои нодаркор, танҳо барои нигаҳдории мақоми иҷтимоии худ аст.

Соли 70 — уми асри XX назарияи ҷомеаи посиндустриалӣ (баъдисаноатӣ) хеле машҳур гардид. Намояндагони он Д. Белл, А. Тоффлер, А. Турэн ва Ж. Фусате се зинаи инкишофи ҷомеаро дида баромадаанд:

  1. Љомеаи анъанавӣ ё тосаноатӣ (аграрӣ);
  2. Љомеаи индустриалӣ (саноатӣ);
  3. Љомеаи посиндустриалӣ (баъдисаноатӣ);

Дар анъанавӣ (тоиндустриалӣ) ҷомеа аз ҷиҳати иқтисоди қафомондае, ки асоси иқтисодиёташонро кишоварзи ташкил дода тамоми соҳаҳо аз рўи анъанаҳо ба танзим дароварда мешаванд.Дар ҷомеаи индустриалӣ саноат дар маркази фаъолияти иқтисодӣ қарор дорад. Дар ҷомеаи постиндустриалӣ шакли асосии фаолияти иқтисодии одамон хизматрасонӣ, истеҳсолоти фардӣ ва истеъмол мебошад. Ин гуна ҷомеа ба дастовардҳои илмӣ-техникӣ асос меёбанд ва захираи аз ҳама арзишнок дар ин ҷомеаҳо иттилоот ба шумор меравад, сохтори иҷтимоии ҷомеа мураккаб мегардад.Айни замон сотсиологҳо дар бораи пайдоиши типиинави ҷомеа — ҷомеи иттилоотӣ бисёр сухан гуфта истодаанд

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *