Фанни Психология

Соҳаҳои илми психология

Соҳаҳои илми психология

1. Психологияи умумӣ

2. Психологияи педагогӣ

3. Психологияи тиббӣ.

4. Психологияи ҳуқуқ

5. Психологияи ҳарбӣ

6. Психологияи меҳнат ва муҳандисӣ

7. Психологияи эҷодиёти илмӣ

8. Психологияи эҷодиёти бадеӣ

9. Психологияи менеҷмент ё психологияи идоракунӣ

10. Психологияи тарбияи ахлоқӣ.

11. Психологияи ташаккули аномалӣ ё психологияи

12. Психологияи муқоисавӣ ё зоопсихология

13. Психологияи иҷтимоӣ

14. Психологияи фардият

15. Психологияи генетикӣ

16. Психологияи тафриқавӣ

17. Психологияи синнусолӣ

Психология дар замони муосир худро ҳамчун илми мутараққӣ муаррифӣ намудааст. Аз он соҳаҳои бешумор ҷудо шуда, ҳар яке дар самти худ то андозае мустақилона тадқиқоти илмӣ мебарад. Суръати ташаккули ин илм имконият додааст, ки тақрибан дар ҳар 4 — 5 сол самт ё соҳаи нави он ба вуҷуд меояд. Ҳамаи инро ба назар гирифта истода, месазад, ки на дар бораи психология ҳамчун як илм, балки ҳамчун комплекси илмҳои психологӣ сухан ронем.

Якчанд кўшишҳои таснифоти соҳаҳои илмҳои психологӣ мавҷуданд. Намояндаи муосири психологияи рус Р.С. Немов тамоми соҳаҳои ин илмро ба соҳаҳои фундаменталӣ, амалӣ, умумӣ ва махсус ҷудо менамояд. Ба ақидаи вай, соҳаҳои фундаменталӣ ё базавии психология дар фаҳмиш ва шарҳ додани рафтори одамон новобаста аз кӣ ва ба кадом фаъолият машғул буданашон аҳамияти бузург доранд. Соҳаҳои амалӣ гуфта, ў соҳаҳоеро меномад, ки дастовардҳои онҳо дар амалия истифода мешаванд. Соҳаҳои умумӣ масъалаҳои барои тамоми соҳаҳо муҳимро пайдо ва ҳал менамоянд ва соҳаҳои махсус бошанд масъалаҳоеро баррасӣ мекунанд, ки ба омўзиши як ё гурўҳи ҳодисаҳо равона гаштаанд.

Дар илми муосир таснифоти пешниҳоднамудаи психологи шинохтаи рус А.Р. Петровский низ васеъ дар истифода қарор дорад. Вай дар таснифоти соҳаҳои психология се меъёри асосиро ба эътибор мегирад:

а) фаъолияти мушаххас;

б) инкишофи психика;

в) муносибати шахс ва ҷамъият.

Агар меъёри аввалро ба эътибор гирем, пас як қатор соҳаҳоро ҷудо намудан мумкин аст, ки масъалаҳои психологии намуди мушаххаси фаъолияти одамро меомўзанд, аз қабили: психологияи педагогӣ, психологияи тиббӣ, психологияи ҳуқуқ, психологияи судӣ, психологияи ҳарбӣ, психологияи муҳандисӣ ва меҳнат, психологияи варзиш ва ғайра.

Агар ҳангоми таснифот ҷанбаҳои психологии тараққиёту инкишофро ба назар гирем, он гоҳ чунин соҳаҳо ба миён меоянд: психологияи муқоисавӣ ё зоопсихология, психологияи синнусолӣ.

Ҳангоми ба эътибор гирифтани ҷанбаҳои психологии муносибат ду шохаи соҳаҳоро фарқ намудан мумкин аст: психологияи фард ва психологияи иҷтимоӣ.

Ба сифати соҳаи умумиятдиҳанда ва муттаҳидсозандаи ин комплекси илмҳои психологӣ психологияи умумиро фарқ кардан мумкин аст.

Психологияи умумӣ маъалаҳои методологии тадқиқоти психологӣ, таърихи психология, қонуниятҳои умумии тараққиёту зуҳуроти психика ва масъалахои дигари барои ҳамаи соҳаҳои психология умумиро мавриди омўзиш қарор медиҳад. Психологияи умумӣ ҳар як шакли зуҳуроти психика: раванд, ҳолат, хусусият ва ҳар як зуҳуроти мушаххаси психологиро дар алоҳидагӣ ва дар алоқамандӣ бо зуҳуроти дигари психологӣ меомўзад.

Соҳаҳои дигари илми психологияро чунин тавсиф намудан мумкин аст:

Психологияи педагогӣ. Он масъалаҳои психологии раванди таълиму тарбияро дида мебарояд, психологияи хонанда ва муаллимро омўхта истода, усулҳои самарабахши пешниҳоди дарс ва роҳҳои беҳтарини азхуднамоии онро тавсия медиҳад. Психологияи педагогӣ дар навбати худ, аз зерсоҳаҳои психологияи таълим, психологияи тарбия, психологияи муаллим, психологияи корҳои таълимӣ-тарбиявӣ бо кўдакони аномалӣ таркиб ёфтааст.

Психологияи тиббӣ. Ин соҳа масъалаҳои муносибати байни бемору табиб, муҳити психологии беморхона, психологияи корманди тиб ва беморони гуногунро омўхта, зерсоҳаҳои зеринро дар бар мегирад: нейропсихология ё психофизиология, психофармакология, психотерапия, психопрофилактика ва психогигиена.

Психологияи ҳуқуқ масъалаҳои психологии вобаста ба амалигардии системаи ҳуқуқро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Он аз зерсоҳаҳои психологияи судӣ, психологияи криминалӣ ва психологияи пенитенсиарӣ ё психологияи ислоҳоти меҳнатӣ иборат аст.

Психологияи ҳарбӣ рафтори одамро дар шароити амалиёти ҷангӣ, масъалаҳои психологии хизмати ҳарбӣ, муносибати байни аскарону афсарон, усулҳои психологии ташвиқу тарғиб, аксулташвиқот, масъалаҳои психологии идораи техникаи ҳарбӣ ва ғайраро меомўзад.

Психологияи меҳнат ва муҳандисӣ хусусиятҳои психологии намудҳои мухталифи фаъолият, масъалаҳои интихоби тахассус, ҷобаҷогузории кадрҳо, муҳити психологии корхона, кор бо дастгоҳҳои гуногун, шароити кор ва ғайраро дида мебарояд. Он бо соҳаҳои дигари психология, ба монанди психологияи ташхиси меҳнат, психологияи маълумоти касбӣ — техникӣ, психологияи ташкили илмии меҳнат ва психологияи ҳавонавардӣ алақаи зич дорад.

Психологияи варзиш хусусиятҳои психологии шахсият ва фаъолияти варзишгарон, шароит ва воситаҳои психологии тайёрии онҳо, омилҳои психологии алоқаманд бо ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳои варзиширо меомўзад.

Психологияи савдо. Ин соҳа шароитҳои психологии таъсири реклама, хусусиятҳои инфиродӣ ва синнусолии эҳтиёҷот, омилҳои психологии хизматрасонӣ ба мизоҷон, масъалаҳои психологии муд ва монанди инҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Психологияи эҷодиёти илмӣ хусусиятҳои шахсияти эҷодкор ё кашшоф, омилҳои ангезандаи фаъолии эҷодӣ, нақши фаросат (интуитсия) дар амалинамоии кашфиёти илмиро меомўзад. Дар таркиби ин соҳа эвристикаро фарқ мекунанд, ки вазифаи он аз омўзиши қонуниятҳои ҷараёнҳои эвристикии фаъолияти эҷодӣ ва коркарди методҳои идоранамоии раванди эвристикӣ иборат аст.

Психологияи эҷодиёти бадеӣ масъалаҳои психологии эҷодиётро дар соҳаҳои адабиёт ва санъат дида мебарояд.

Психологияи тарбияи ахлоқӣ. Ин соҳа низ бешубҳа аҳамияти муҳимро соҳиб аст, вале айни ҳол нисбатан кам омўхта шудааст.

Психологияи синнусолӣ онтогенези ҷараёнҳои мухталифи психикӣ ва хусусиятҳои психологии одами мутараққиро омўхта истода, ба психологияи кўдакон, психологияи наврас, психологияи давраи ҷавонӣ, психологияи давраи камолот ва геронтопсихология ҷудо мешавад.

Психологияи ташаккули аномалӣ ё психологияи махсус аз чунин қисматҳо таркиб ёфтааст: патопсихология, ки тамоюлҳоро дар инкишофи психикӣ меомўзад; олигофренопсихология, ки патологияи инкишофи психикии алоқаманд бо ноқисиҳои модарзодии мағзро баррасӣ мекунад; сурдопсихология, ки психологияи ташаккули кўдакро ҳангоми ноқисиҳои узви шунавоӣ меомўзад ва тифлопсихология, ки психологияи инкишофи сустбиноён ва нобиноёнро мавриди омўзиш қарор медиҳад.

Психологияи муқоисавӣ ё зоопсихология соҳаи илми психология мебошад, ки масъалаҳои вобаста ба намудҳои филогенетикии ҳаёти психикиро баррасӣ намуда, психикаи ҳайвон ва одамро бо мақсади дарёфти қонуният ва механизмҳои инкишофи таърихии психика муқоиса менамояд.

Психологияи иҷтимоӣ зуҳуроти психикиеро меомўзад, ки дар ҷараёни ҳамкории одамон дар гурўҳҳои мухталифи муташаккилу номуташаккили иҷтимоӣ ба вуҷуд меоянд. Ба сохтори психологияи иҷтимоӣ дар айни замон се гурўҳи масъалаҳо шомиланд: зуҳуроти иҷтимоӣ — психологӣ дар гурўҳҳои калон (макромуҳит); зуҳуроти иҷтимоӣ — психологӣ дар гурўҳҳои хурд (микромуҳит); ва зуҳуроти иҷтимоӣ — психологии шахсияти одам (психологияи иҷтимоии шахсият).

Психологияи фардият зуҳуроти психикии ба фард хосбударо меомўзад.

Психологияи генетикӣ механизмҳои ирсии психика ва рафтор, вобастагии онҳоро аз генотип дида мебарояд.

Психологияи тафриқавӣ фарқияти инфиродии одамон, заминаҳои онҳо дар ҷараёни шаклгирӣ ва ғайраро баррасӣ менамояд.

Психологияи менеҷмент ё психологияи идоракунӣ масъалаҳои психологии идораи намудҳои мухталифи фаъолияти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ, психологияи роҳбарӣ ва шахсияти роҳбар, инчунин психологияи муоширати кориро мавриди омўзиш қарор медиҳад.

Қайд намудан лозим аст, ки психология дар тамоми соҳаҳои худ предмети тадқиқотиашро ҳифз менамояд ва бо вуҷуди сершоха будан ба мустақилияту ягонагиаш халале ворид намесозад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *