Фанни Педагогика

Назорат аз рӯи фаъолияти таълимии хонандагон

 Назорат аз рӯи фаъолияти таълимии хонандагон

Зермавзӯъҳо:

Назорат аз рӯи фаъолияти таълим
Талаботҳои педагогии назорат
Методи назорат аз болои фаъолияти хонандагон

1. Назорат аз болои фаъолияти таълимии хонандагонро робитаи байни муаллиму хонанда таъмин менамояд. Назорат қисми таркибии раванди таълим буда, ба омӯзиши маводи барномавӣ, азхудкунӣ, устуворгардонию истифодаи он, ташаккули малакаю маҳорат узван алоқаманд мебошад. Мунтазам аз рӯи нақша ташкил карда гузаронидани назорат ба муаллим имконият медиҳад, ки маводи дар давраи муайян аз худ кардани хонандагонро ба система дарорад, муваффақиятҳоро дар таълим, сифати азхудкунии маводи таълимиро муайян кунад.

Назорат аз болои фаъолияти таълимии хонандагон дар ҳама ҳолат се вазифаро иҷро мекунад, ки инҳо: маълумотдиҳӣ, тарбиядиҳӣ ва инкишофдиҳӣ мебошанд. Назорате, ки дар раванди таълим аз болои фаъолияти таълимӣ – маърифатии хонандагон ташкил карда гузориш дода мешавад, бояд ба талаботҳои зерини педагогӣ ҷавобгӯ бошад:

  • назорат аз болои ҳар як хонанда вобаста ба хислаташ инфиродӣ бошад;
  • назорат дар ҳамаи зинаҳои таълим системанок ва пайдарпай гузаронида шавад;
  • назорат бояд вазифаҳои маълумотноккунонӣ, тарбиякунонӣ ва инкишофдиҳиро таъмин намояд;
  • назорат бояд объективӣ бошад.
  1. 2. Дар амалияи мактабҳои муосир асосан се намуди назорати педагогӣ истифода бурда мешаванд:
  2. Назорати ҷорӣ
  3. Назорати даврӣ
  4. Назорати ҷамъбастӣ

Назорати  ҷориро муаллим дар кори ҳаррӯзаи худ исифода бурда, онро дар ҷараёни муносибатҳои таълимӣ: пурсиши вазифаи хонагӣ, ҳалли масъалаҳо, навиштани корҳои  хаттӣ, мустаҳкамкунӣ ва ғайра амалӣ мегардонад.

Назорати даврӣ  баъди омӯхта мантиқан ба охир расонидани ин ё он мавзӯи қисмати барнома дар охири ҳар як чоряк дар асоси баҳисобгирии натиҷаи назорати ҷорӣ амалӣ гардонида мешавад.

Назорати ҷамъбастӣ дар охири соли таҳсил  ва инчунин вақти хатмкунии синфҳои IX-XI – мактаби асосӣ ва миёна бо баҳисобгирии натиҷаҳои назорати ҷорӣ ва даврӣ истифода бурда мешавад.

Дар бораи талаботҳои педагогии назорат аз болои кори хонандагон фикру ақидаҳои мухталиф мавҷуданд, вале супоридани вазифаи хонагӣ ҳатмӣ буда, миқдори зерини сарфи вақт муайян гардидааст:

барои синфҳои I-IV,  1-1,5 соат

барои синфҳои V-IX, 1,5-2 соат

барои синфҳои X-XI, 2-2,5 соат

Омодагии муаллим яке аз масъалаҳои асосии таълиму тарбия буда, тайёрии пешакии ӯ ба дарс ҳатмӣ мебошад. Агар дарси  муаллим шавқовар бошад, чунон ки А. Ҷомӣ фармудааст:

Дарси муаллим ар бувад замзамаи муҳаббате,

Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.

Омодагии муаллимро ба дарс ба ду марҳила ҷудо кардан мумкин аст:

а)  Мураттаб сохтани нақшаи тақвимӣ – мавзӯӣ.

 Дар нақшаи тақвимӣ – мавзӯӣ ҳар дарс мақсаду вазифаҳои дарс, тарзи баёни мавзӯъ, корҳои мустақилона, истифодаи аёният, шаклҳои назорату санҷиши азхудкунии мавзӯъ, вақти гузаштани мавзӯъ, додани вазифаи хонагӣ ва эзоҳаш дарҷ карда мешавад.

Нақшаи тақвимӣ – мавзӯӣ омӯзиши мунтазами фанни таълимиро таъмин намуда ба муаллим шарту шароит фароҳам меорад, ки аз рӯи он ба ҳар дарс тайёрӣ бинад.

б) Марҳилаи мураттаб сохтани дарс, ки ба нақшаи тақвимӣ – мавзӯӣ вобастагӣ дорад, муаллим пас аз дида баромадани он нақшаи аниқи гузаронидани дарси яксоатаи худро доир ба ягон мавзӯъ месозад. Дар нақшаи дарс мавзӯъ ва мазмуни он навишта мешавад, мақсаду вазифаҳои таълимӣ ва тарбиявии дарс гузошта хоҳад шуд. Хел ва сохтори дарс акс меёбад. Равиши дарс бо қисму лаҳзаҳо нишон дода мешавад.

Таҷрибаи муаллимон собит менамояд, ки ҳар муаллим бояд тартиб додани нақшаи дарс ва конспектнависиро ба дараҷаи кофӣ тавонад, чунки сифати дарс натиҷаи ҳамин корҳост.

3. Дар вақти ташкил карда гузаронидани назорати педагогӣ аз болои фаъолияти хонандагон методҳои гуногуни назорат истифода бурда мешавад. Методи назорат ин усулест, ки бо ёрии он натиҷаи фаъолияти таълимии идоракунии хонандагон ва фаъолияти педагогӣ муайян карда мешавад. Барои бурдани назорат аз болои фаъолияти таълимии хонандагон се методи назорат истифода бурда мешавад:

  • методи мунтазам ва системанок аз болои кори хонандагон мушоҳида бурдан;
  • методи гирифтани корҳои хаттӣ (имтиҳонҳои хаттӣ, шифоҳӣ, пурсиши инфиродию фронталӣ, корҳои контролӣ, иншо, диктант ва ғайра);
  • методи амалии назорат (бо мақсади санҷиши маҳорату малака бо ёрии истифодаи донишҳо).

Барои ҳалли масъалаҳои таҷрибавӣ аз физика, химия, биология гузаронидани таҷрибаҳои мустақилона муфид аст.

Мазмуни назорати педагогӣ аз болои фаъолияти таълимии хонандагон аз рӯи вазифаҳои дидактикӣ дар ҳамаи зинаҳои таълим, хусусиятҳои фанҳои таълимӣ ва дараҷаи тайёрию инкишофи хонандагон муайян карда мешавад. Дар раванди назорат тафтиши мукаммали ҳамаи фаъолияти таълимии хонанда аҳамияти калон дорад.

 

Адабиёт:

  1. Аҳмадов Т., Ашурова Д. Педагогика  дар саволу ҷавобҳо. -Душанбе, 2007.
  2. Амонашвили Ш. А. Воспитательная и образовательная функӣии оценки учения школҳников. — Москва, 1984.

Гузик Н. П.  Учитҳ учится. — Москва, 1987.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *