Фанни Педагогика

Шаклҳои ташкили кори таълим дар мактаб ва хелҳои омӯзиш

Зермавзӯъҳо:

Маълумот дар бораи шаклҳои ташкилии кори таълим
Системаи таълимӣ
Хелҳои омӯзиш
  1. Шаклҳои ташкили таълим – ин ифодаи зоҳирии фаъолияти якҷоя мутобиқкардашудаи муаллим ва толибилмон аст, ки нисбати иҷрокунии тарзи муайяни омӯзиш дар мактаб мебошад. Шаклҳои таълим вобастагии иҷтимоӣ доранд, ба воситаи инкишофёбии системаи дидактикӣ пайдо шуда, такмил меёбад.

Дар замонҳои қадим наврасон фаъолияти одамони калонсолро дида, тақлидкунон тарзи зиндагиро ёд мегирифтанд. Бо ҳамин, гӯё, кӯдакон ба ҳаёт тайёр мешуданд. Мураккабшавии меҳнат ва донишҳо ба он оварда расонид, ки таълим ва шаклҳои кори таълим пайдо шуданд. Дар Чин, Миср, Юнони қадим дар мактабҳо шакли гурӯҳии таълим ҷорӣ шуда буд. Аввалҳо шакли фардии таълим вуҷуд дошт, ки як нафар устод ё муаллим як шогирдро таълим медод. Бо ин роҳ одамони саводноки бисёр тайёр кардан мушкил буд, аз ин лиҳоз шакли гурӯҳии таълимро ба вуҷуд оварданд.

Дар хусуси аҳамияти гурӯҳи таълими гурӯҳӣ ҳанӯз ҳазор сол пеш аз ин А. Сино чунин гуфта буд: «Таълими гурӯҳӣ ба ҷамъият имконияти калони тайёр намудани саводнокҳои сершуморро дорад». Дар мактабҳои асримиёнагӣ шаклҳои фардию гурӯҳии омӯзиш ҳукмфармо буд. Дар ин шакли таълим омӯзгор дар хонаи худ ё дар хонаи кӯдак сабақ меомӯхт. Дар шароити Тоҷикистон мактабҳои назди масҷид кор мекарданд, ки омӯзгор ба гурӯҳ сабақ меомӯхт. Бо мурури замон шаклҳои нави кори таълим пайдо шуда, қисми кӯҳна шуда аз байн рафт. Ҳоло дар мактаб шаклҳои зерини асосии таълим амал мекунад: дарс, вазифаи хонагӣ, экскурсия (саёҳат), корҳои берун аз синфӣ, берун аз дарсӣ.

  1. Дар ибтидои асри ХVII аз ҷониби педагоги барҷастаи чех Я. А. Каменский системаи дарсии синфӣ тавассути китоби «Дидактикаи бузург» (1632) кашф карда шуд. Дар ин шакли оммавии таълим талабагон мувофиқи синну сол ва дараҷаи донишашон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, омӯзонида мешуданд. Ба мактаб омадани хонандагон дар вақти муайяни сол ба низом дароварда шуда, соли таҳсил, рӯзи таҳсил, дарс, танаффуси байни машғулиятҳо, чорякҳо, таътилҳо ташкил ёфт. Ҳамин тавр системаи дарсии синфӣ ба вуҷуд омад, ки он чунин таъриф дода мешавад: «Гурӯҳе, ки аз хонандагони синну солашон якхела иборат буда, таълим мегиранд, системаи дарсии синфӣ (синф) меноманд». Я.А. Каменский дар системаи дарсии синфӣ истифодаи аёниятро махсус қайд карда, онро «Принсипи тиллоии дидактика» номидааст.

Баъдтар барои тағйир додани системаи дарсии синфӣ шаклҳои дигари таълим низ пайдо шуданд, ки онҳо чунин буданд:

  • Бел-Ланкастерӣ – соли 1798 чунин номро аз барпокунандаи худ: руҳонии англис А. Белла ва муаллим Д. Ланкестера гирифтааст. Он дар як маврид дар Англия ва Ҳиндустон истифода бурда мешуд. Хонандагон таҳти роҳбарии муаллимон маводи таълимиро омӯхта, баъдтар дасти рафиқони хурдсоли худро гирифта меомӯзониданд.
  • Далтон-план – соли 1905 дар шаҳри Далтони ИМА аз тарафи муаллима Елена Паркхерст таъсис ёфт. Ин системаро лабороторӣ ё худ устохонавӣ низ меномиданд. Хонанда ба ҷои синфҳои анъанавӣ дар устохонаҳои фаннӣ супоришҳоро мустақилона иҷро мекарданд. Дар ин система нақшаи умумӣ ва ҷадвали дарсӣ вуҷуд надошт.
  • Лоиҳавӣ – дар аввалҳои асри 20 дар заминаи прогматизм (юнонӣ – кор, амал) дар ИМА ҷорӣ гардид. Ин системаи омӯзиш аз роҳи мунтазам ва чуқур азхуд кардани асосҳои илм баромада, кӯтоҳназарона фаъолияти асосиро ба ҳосил кардани маҳорату малакаҳои оддитарини меҳнатӣ равона карда буд.

Бояд гуфт, ки ин системаҳои нави пайдошуда ҷои системаи дарсии Я. А. Каменскийро гирифта, натавонист, ин аст, ки он 300 сол инҷониб дар тамоми дунё истифода шуда истодааст.

  1. Дар мактабҳои муосир се намуди хелҳои омӯзиш истифода бурда мешавад:
  • таълими эзоҳиву тасвирӣ (анъанавӣ ё муқарарӣ);
  • таълими проблемавӣ;
  • таълими барномашуда, ки таълими компютерӣ ё компютеркунонидашуда, тараққӣ карда истода.

Таълими эзоҳиву тасвирӣ таърихи бисёрсола дошта, моҳияташро гум накардааст. Ин намуди омӯзиш-таълим вақтро сарфа карда, самарабахшии раванди таълимро таъмин мекунад.

Таълими проблемавӣ бо роҳи мустақилона ҳосил кардани донишҳо гузаронида мешавад. Бартарии таълими проблемавӣ ин дар натиҷаи ҷустуҷӯи мустақилона ҳосил кардани донишҳо бо роҳи фаъолияти эҷодии шахсӣ мебошад, ки қобилияти фикрронии хонандаро инкишоф медиҳад.

Омӯзиши барномашуда – ин  беҳтар гардонидани идоракунии раванди таълим аст. Омӯзиши барномашуда аз дидактикаи амрикоӣ сарчашма гирифтааст, ки маънои амалиёти пай дар пай иҷрошавии натиҷаҳоро, ки пешакӣ ба нақша гирифта шудааст, ифода мекунад.   Омӯзиши компютерӣ таъминкунандаи махсуси бо барнома омӯзандагон, самаранок мувофиқаткунонӣ баҳри ҳалли вазифаҳои дидактикӣ – нишон  додани ахборот, идора кардани рафти омӯзиш, назорат ва ислоҳи натиҷаҳо, иҷрои машқҳои омодашавӣ, азхудкунии маълумотҳо дар бораи инкишофи раванди таълим ва ғайраҳо мебошад. Омӯзиши компютерӣ дар дидактикаи ҷаҳонӣ технологияи нави таълимро ба вуҷуд овард.

Адабиёт:

  1. Вилямс Р., Маклин К. Компютери в школе. — Москва, 1988.
  2. Зотов Ю. Б. Организатсия современного урока. Москва, 1984.
  3. Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир. — Душанбе, 2001.
  4. Раҳимов Х. Нуров А. Педагогика. — Душанбе, 2000.

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *