Фанни Педагогика

Фанни педагогика мақсад ва вазифаҳои он

Дар Точикистони соҳибистиқлол соҳаи таълиму тарбияи наcли наврас дигаргуниҳои муҳим ва чашмрасро соҳиб шуда, тағйиротхои қобили таваччуҳро ба амал овардааст.
Дар боби бозсозии маънавияти халқ, такмил ва пешбурди он тадбирҳои пурманфиат пиёда мешаванд. Зеро, ҳар як давлат ва ҳар як миллат на танҳо бо сарватҳои зеризаминиву руизаминии худ, қудрати ҳарби ва иқтидори истеҳсолии худ, балки пеш аз ҳама, бо фарҳанг ва маънавияти волои худ муқтадир аст. Аз ин ру, акнун сахифаҳои пешгар пурсояи осори пурмаънии алломаҳои гузашта аз қаъри таърих ру ба равшани меоранд.Фанни педагогика ҳам дар заминаи тағйир ёфтани мақсади таълиму тарбия, ки вобаста ба талаботи чамъият ва хусусиятҳои пешрафти он ба вучуд омадааст, ба худ маз­мун ва моҳияти нав касб намуда, пайваста роҳҳои самарабахши таълиму тарбия, робитаи қисмҳои таркибии педа­гогика, танзими ҳамкории онро бо дигар илмҳои ҳамравия чустучу менамояд. Ичрои чунин вазифаҳо, пеш аз ҳама ба ривоч ва пешрафти назарияи педагогика вобаста аст. Маҳз назарияи педагогика тачрибаҳоеро, ки дар соҳаи таълим ва тарбия мавчуданд, умуми намуда, истиқболи ривочи минбаъ-даи педагогикаи умуми ва роҳҳои амали намудани онро барраси мекунад. Дар Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи маориф» гуфта шудааст, ки соҳаи таълим дар тараққиёти ичтимоии Чумҳурии Точикистон дар чои устувор карор до­рад. Вазифаи таълиму тарбия, қабл аз ҳама, офаридани имкониятҳои ақливу амали барои чавонон буда, он бояд ба ошкор сохтани қобилияти эчоди, таъмини ривочи интеллектуалии наврасон, интихоб ва мукаммал омухтани касби дилхоҳи ондо нигаронида шавад.

Дар чамъияти инсони аз азал саволе ба миён гузошта мешуд: дар боби таълиму тарбия чи бояд кард, бо кадом роҳ бояд пеш рафт, ба чи бояд эътибор дод, то авлод аз
ачдоди худ хубтар зиндаги кунанд ва саодати бештаре дошта бошанд? Ба ин ва дигар саволҳои шабеҳи он ҳамеша фан­ни педагогика чавоб медод ва медиҳад. Манбаъҳо шадодат медиҳанд, ки аз замони зуҳури чамъияти инсони барои таълими тачрибаҳо ба насли оянда эдтиёч пайдо гардид. Дар натича нахустин омилҳои таълим ва тарбия падид омаданд. Дар асоси тачрибаҳо оид ба табиат ва даёти ичтимои донишҳои муайян руз аз руз такмил ёфтанд. Мураббиёне,ки бо кори таълиму тарбия машғул буданд, ба сифати ҳомиёни касбу ҳунар чудо шудан гирифтанд. Фаъолияти онҳо дар соҳаи таълиму тарбия ва тачрибаҳои андухтаи онон ва мавриди истифода қарор гирифтани он ҳама, боиси пайдоиши фанни педагогика гардид. Дар ҳамин асно муасси­саҳои ибтидоии амсоли мактаб ба вучуд омада, тараққи ёфтанд.

Ниҳоят, педагогика ба фанне табдил ёфт, ки мақсад ва вазифаҳои таълиму тарбия, мазмун, усул ва шаклҳои ташкилкунандаи онҳоро дар бар мегирад. Маълум аст, ки тарбия санъати бағоят нозук ва чараё­ни басо ноҳамвор буда, ба худ муносибати чидди меходад. Алалхусус, касонеро, ки кори педагогиро барои худ касб интихоб кардаанд, лозим аст ин фанро амиқ, ва пухта донанд. Мураббиёне, ки аз илми педагогика бехабаранд, бо­иси ба вучуд овардани камбудиву нуқсонҳо дар тарбия ва албатта дар хулқу атвори насли наврас мешаванд. Онҳо наметавонанд истеъдоди шогирдонро инкишоф диҳанд, ба тараққиёти савияи дониши онҳо халал мерасонанд.

Фанни педагогика тақозо мекунад, ки он чи аз чиҳати назари ва чи аз бобати амали хеле мукаммал омухта ша­вад. Дарки мақсади таълиму тарбия ва дар заминаи он додани донишҳои нав шарти ҳатми ва дурусти тарбия аст. Илова бар ин, маҳз меҳнати беғаразонаи тарбиятгар, меҳнати фидокоронаи у самаранокии тарбияро таъмин хоҳад кард.

Пас, педагогика фаннест, ки барои чун инсони солимфикр ба воя расонидани насли наврас, барои муайян намудани мазмуни таълиму тарбия, конунҳои умуми ва
роҳҳои татбиқи онро дар амал меомузад.Ахамияти илми педагогикаро дар чамъият ба инобат гирифта, давлат ва чамъият бояд кафили инкишофи доими ва такмили мунта-зами системаи маориф ва тайёркунии мутахассисон бошанд. Дар ин замина ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз панч тамоилҳое, ки модели миллии Точики­стон ном гирифтааст, гузаронидани ислохот дар тамоми Чабҳаҳои зиндаги мебошад ва он мархилаи зина ба зина Чори намудани ислохотро пешбини карда, вазифаҳои зеринро дар бар мегирад: .
— истифодаи самараноки иқтидори илму истехсолот барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар таълимгоҳҳои шакл ва хелашон гуногун; .

—муайян намудани пешомади талаботи умумидавлати, минтақави ба мутахассисони сохибиқтидор аз руи тахассус ва сатхи касбии онҳо; .

— такмили фаъолияти муассисаҳои давлати ва чамъиятии тамоили касби;

—тарбияи чавонони ватандуст, некуахлок, ва бомаърифати ба мехнат вичдонан муносибат дошта;

— таъмини пурраи муассисахои маориф, пеш аз хама мактабҳои таълими хамагони аз чониби давлат, вусъат до­дани меъёрҳои молияви ва моддию техники ва такмили
механизми онҳо; .

— истифодаи васеи имкониятҳои моддиву молиявии ниёзмандони системаи тайёркунии кадрҳо барои мустаҳкам намудани базаи моддию молиявии мактабҳои касбҳои техники ва таълимгоҳҳои оли;

— дар чаҳорчубаи конунгузори вогузории ҳуқуқи мустақилона муайян сохтани нақшаи таълим, барнома ва дастурҳо, истифодаи усули худидоракуни ба муассисаҳои маориф ва ба мактабҳои оли

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *