Фанни Педагогика

Акидахои педагогии Ахмади дониш (1826 — 1897)

Нақша:

1. Фаъолият ва ақидаҳои педагогии Аҳмади Дониш.

2. Аҳмади Дониш дар бораи тарбияи ахлоқӣ.

3. Аҳмади Дониш дар бораи тарбияи меҳнатӣ.

4. Аҳмади Дониш дар бораи интихоби касбу ҳунар.

1с. Аҳмади Дониш соли 1826 дар оилаи Носир ном мулло таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро дар назди модараш гирифтааст ва баъд ба хоҳиши падараш ба мактаб дохил мешавад. Мазмун ва тарзу усулҳои кӯҳнаи таълим ба ӯ маъқул намешавад ва ба зуддӣ мактабро тарк мекунад. Баъди ин барои маълумот гирифтанаш падараш ӯро ба мадраса мефиристонад, вале мазмуни таълим низ дар мадраса талаботи ӯро қонеъ гардонида наметавонад. Бинобар ин ӯ берун аз нақшаи таълимии мадраса мустаъқилона фанҳои табиат, риёзиёт, нуҷум, таърих, фалсафа, адабиётро меомӯзад. Дар соҳаи ҳусни хат, санъати расомӣ, нақша ва меъморӣ инз маҳорати баланд пайдо мекунад.

Аҳмади Дониш барои қонеъ гардонидани талаботи маънавиаш баъди дарсҳо ба майдони Регистони Бухоро рафта дар қиссахонию афсонагӯиҳои таърихии қиссагӯёни халқӣ иштирок мекард. Ва чи тавре, ки худи ӯ навиштааст: «… Ҳамин ки аз мактаб берун мешудам, дар маъракаи таъриххонон ҳозир мешудам ва бар он рағбате ва шавқе дар табиат доштам, ки аҳволи гузаштагонро … муфассалан дар ин маҷлис мешунидам ва ҳам мароқ ва ҷидоли салотин дар мамлакатдорӣ бидонистам. Агар маро дар хона гум кунанд, аз маркази қиссахонон меёфтанд».

Аз рӯи донишмандӣ ва ҳунармандиаш Аҳмади Дониш ба дарбори амир Насрулло ба кор даъват карда мешавад. Аҳмади Дониш ҳамчун шахси боистеъдод донишманди дарбор ҳайъати сафорати амири Бухороро дохил гардида бори аввал соли 1857 ба пойтахти Россия шаҳри Санкпетербург сафар мекунад. Баъди баргаштан ба амир Музаффар қасида навишта хоҳиш мекунад, ки барои ободонии пешрафти мамлакат ба илму ҳунар шароити зиндагии одамони илму ҳунарро беҳтар намояд, вале амир ба ин таклифи ӯ эътибор намедиҳад.

Аҳмади Дониш боз солҳои 1868 ва 1870 ҳамрои ҳолати сафорати Бухоро ба Санкпетербург сафарбар намуда, ба ҳаёт ва маданияти халқҳои Россия бештар шинос шуда, ӯ дар фикри ислоҳ намудани тарзи идораи мамлакат афтод оид ба ин масъала Дониш рисола бо номи «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» — ро (1870 – 1873) навишт. Пешниҳодоти Дониш оид ба ислоҳоти мамлакат барои давлати феодалии аморати Бухоро ва ҳокимияти амир як хатари бузурге буд бинобар ин амир на танҳо пешниҳодотро қабул накард, балки Донишро барои худ ва аморат як хавфи калоне донист.

Ҷаҳонбинӣ ва ақидаҳои маорифпарвари Аҳмади Дониш дар зери таъсири философияи Шарқ, шароити иқтисодӣ, сиёсӣ ва маъдании аморати Бухоро ба ҷараёни пешқадами илму маданияти Россия ташаккул ва такомул ёфтааст. Ӯ дар асарҳои худ оиди пайдоиши олам ва модда, ҳаракат ва ҷараёни олами набототу ҳайвонот, рӯҳ ва нафси инсон, азамияту адабияти олам, зоти илоҳӣ ва муносибати он ба мавҷудот баҳс намудааст.

Ақидаҳои педагогии Аҳмади Дониш дар «Наводир – ул вақоеъ» ва махсусан дар бобҳои дар «Дар васоёи (васияти) фарзандон ва баёни ҳақиқати касбҳову пешаҳо», «Дар бораи ҳуқуқи абавайн (падару модар) ва ҳалли ҳуқуқи эшон» баён гардидаанд.

Аҳмади Дониш ақидаҳои мутафакирони пешгузаштаро давом дода одамонро ба инсондӯстӣ, накӯкорӣ, хоксорӣ, баландҳиматӣ, дӯстию рафоқат ва дигар сифатҳои ахлоқӣ ҳамидаи инсонӣ даъват намудааст, ки одамон нисбати пирону ятимон ва барҷомондагон ғамхор бошанд.

2с. Дар ақидаҳои педагогии Аҳмади Дониш яке аз ҷойҳои марказиро тарбияи ахлоқӣ ташкил медиҳад. Ӯ вазифаи тарбияи ахлоқиро дар он медид, ки аз ҷавонон одамони тарбиякардашуда ба камол расонида шаванд ва ба дигарон фоида оварда оварданро вазифаи худ шуморанд. Ӯ бо ин мақсад дар насли наврас тарбия намудани ҳиматдӯстӣ, нафрат ба ҳама гуна корҳое, ки ҳисси даромади осон ва ғун кардани боигариро мепарваранд, талқин намудааст. Ғайр аз ин Дониш дар асарҳояш доири дар ҷавонон тарбия кардани ҳисси муҳаббат ба истиқлолият, ҳисси донистани қадру қимати худро тавсия намудааст. Ба ақидаи ӯ инсон бояд дӯстӣ ва рафоқатро бузург дошта, дар ҳар як фард, ҳатто одами бадтарин ҳам чизҳои хубро дида тавонанд.

3с. Дар ақидаҳои педагогии Аҳмади Дониш тарбияи меҳнатии насли наврасу ҷавонон мақоми махсус дорад. Барои тарбияи меҳнатии фарзандонаш Абулкарим ва Асад китоби «Дар васоёни фарзандон ва баёни ҳақиқати касбҳову пешаҳо» — ро навиштааст. Вай панд додааст вақте, ки одам ҳунар омӯхта соҳиби касб мегардад ва ба меҳнати худ зиндагӣ мекунад дар ӯ эҷодиёту мақсадҳои нав пайдо мешавад.

Мувофиқи ақидаи ӯ инсон дар давраи тифлӣ серҳаракат буда, бештари вақти худро ба бозӣ мегузаронад. Вале оҳиста оҳиста дар таъсири калонсолон характери худро дигар карда, оромона рафтор менамояд, зиндагиро мушоҳида карда бо неъматҳои гуногуни ҳаёт ошно мешавад ва дар эҳтиёҷоти худ аз ин неъматҳо истифода мебарад. Ва ҷавон фаҳмида мегирад, ки ин неъматҳоро бе пул истифода кардан ғайри имкон аст. Барои пул пайдо кардан бошад меҳнат кардан, ҳунар омӯхтан ва соҳиби касб гардидан лозим аст.

Барои он ки насли наврас ба зиндагӣ тайёр шавад Аҳмади Дониш бо онҳо тавсия додааст, ки касбу ҳунар омӯзанд. Ба ақидаи ӯ дар вақти интихоби касб ва омӯхтани дониш инсон на манфиатҳои шахсӣ, балки манфиатҳои одамони дигар ва манфиати ҷамъиятро ба назар гирад. Касбу ҳунарҳое, ки ҷавонон аз худ мекунанд барои ҷамъият ва аъзоёни он фоидаовр бошад.

4с. Аҳмади Дониш ба интихоби касбу ҳунар диққати махсус додааст. Ба ақидаи ҳар як ҷавон бояд ба хоҳиши худ касби фоидаовар ва дӯстдоштаашро интихоб намояд ба фарзандонаш муроҷиат намуда гуфтааст. Пеш аз оне, ки ба касб шуғл варзед онро пурра омӯзед, интихоби шумо мувофиқи хоҳишатон бошад ва дар бораи ҳамаи касбу ҳунарҳо ва ҷиҳатҳои хубию баъдии ҳамаи онҳо Аҳмади Дониш маълумот додааст. Аҳмади Дониш ҳамаи касбу ҳунарҳоро ба 4 гурӯҳ ҷудо кардааст:

  1. Машғулиятҳои гурӯҳҳои низомиён.
  2. Машғулиятҳои ҳунармандон.
  3. Машғулиятҳои деҳқонон.
  4. Машғулиятҳои аҳли қалам (олимон, шоирон, нависандагон).

Аҳмади Дониш аз ҳунарҳо аҳли қаламро аз дигар ҳунарҳо афзалтар донистааст. Ӯ аз худ намудани касбу ҳунарҳоро ба омӯхтани илму дониш дар алоқамандӣ дида ба касбу ҳунар тайёр кардани одамон диққати ҷиддӣ додааст. Таъкид кардааст, ки касбу ҳунар бояд характери амалӣ дошта бошад ва ба манфиати халқ хизмат кунад.

Маорифпарвари бузург Аҳмади Дониш ба ҷавонон тавсия додааст, ки илму дониш ва касбу ҳунарҳо барои он омӯзанд, ки дар дигарон ҳиссӣ омӯхтани онҳоро бедор намоянд. Касбу ҳунарро дар байни онҳо равнақу ривоҷ дода ин анъанаро аз насл ба насл гузарад.

Адабиётҳо:

1. Х. Афзалов, Б. Раҳимов. Таърихи педагогикаи тоҷик. Душанбе маориф 1994.

2. М. Орифӣ. Аз таърихи афкори педагогии халқи тоҷик. Душанбе 1962.

3. А. Дониш Путешествие из Бухары в Петербург, с. 95 – 96.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *