Фанни Педагогика

Ақидахои педагогии Роберт Оуен

1. Фаъолияти Оуен дар Нҷю- Ленарк.

2. Оуен дар бораи инкишофи хислат.

3. Аҳамияти таҷриба ва идеяҳои педагогии Оуен.

Роберт Оуен (1771- 1858) дар оилаи ҳунарманд таваллуд шудааст ва хеле барвақт бо меҳнати худ ба зиндагӣ шуруъ намудааст. Оуен ба қобилияти фавқулоддаи худ фарқ мекард ва дар синни бистсолагиаш аллакай ба дараҷаи роҳбари корхонаи калон мерасад. Вай дар шароити даҳшатвор зиндагӣ кардани меҳнаткашонро бо чашмони худ мебинад.

Оуен ба сари оммавои халқ чӣ гуна кулфатҳо овардани капитализмро мефаҳмид ва ба тартиб додани нақшаҳои ислоҳотчигӣ, ки он аҳволи коргаронро бояд беҳтар менамуд, шурӯъ мекунад. Аз соли 1800 сар карда, Оуен дар Нҷю- Ленарк, дар Шотландия сардори фабрикаи ресмонресӣ мешавад. Дар ин фабрика ҳам шароити меҳнат ба мисли шароити меҳнати тамоми фабрикаҳои ҳамонвақта буд: рӯзи корӣ 13-14 соат давом мекард, музди кор ночиз ва шароити зиндагӣ ҳам даҳшатангез буд. Савияи маданӣ ва ахлоқии коргарон паст буд. Дар фабрика меҳнати бачагон (бачагони бисёр аллакай дар синни 6-7 солагӣ кор мекарданд) васеъ истифода бурда мешуд.

Оуен ба ақидаи ҳар як одам маҳсули муҳити иҳотакардаи худ мебошад, такя намуда, қарор дод, ки шароити зиндагӣ ва меҳнати коргаронро беҳтар намояд. Вай рӯзи кориро то 10-12 соат кӯтоҳ кунонд, музди корро зиёд намуд, барои коргарон хонаҳои нав сохт ва истироҳати оқилонаи онҳоро ба роҳ монд. Оуен ба кори фабрика ҷалб намудани бачагони аз 10 сола худро қатъиян манъ намуд ва як қатор муассисаҳои бачагонаи таълиму тарбиявӣ ташкил кард. Масалан, «Мактаби бачагонаи хурдсол», ки бачаҳои 1-6 соларо дар бар мегирифт ва дар дохили худ яслӣ, боцча ва майдончаи бозӣ ҳам дошт; мактаби ибтидоӣ барои бачагони аз 6 тол 10 сола мактаби шабона- барои наврасони дар ситеҳсолот кор мекардагӣ кушода шуданд. Барои коргарони калонсол ва оилаҳои онҳо бегоиҳо лексия, сӯҳбат ва машцулиятҳои дигари маданӣ ташкил карда мешуданд.

Оуен дар хусуси «Мактаб барои мактаббачагони хурдсол» бисёр цамхорӣ зоҳир намуд. Дар ин мактаббачагони аз синни хурдсолӣ суруд ва рашсро, меомӯхтанд, бисёр вақти худро дар ҳавои тоза мегузаронданд. Ба тарбияи ҷисмонӣ, машқҳои гимнастикӣ, ва ҳарбӣ (дар ин машқҳо ҳам писарҳо ва ҳам духтарҳо иштирок менамуданд) , диққати махсус дода мешуд. Оуен барои дар рӯияи коллективизм тарбия намудани бачагон аҳамияти калон медод. Ба бачагон характери рафтору кирдорҳояшон фаҳмонда дода мешуд, ба онҳо наранҷонидани рафиқони худ, ҳурмат кардани онҳо ва агар зарур шуда монад, ёрӣ расондан низ таълим дода мешуданд. Дар ин мактаб хат ва хониш мунтазам таълим дода намешуд, аммо дар бораи табиат, дар бораи ашёҳо ҳа ҳодисаҳои гирду атроф сӯҳбатҳо мегузарониданд. Ба тарбияи эстетикӣ, мусиқӣ ва машцулияти ҳаракатҳои мавзун бештар эътибор медоданд.

Дар мактаби ибтидоӣ талабагон забони модарӣ, арифметика, география, табиатшиносӣ ва таърихро меомӯхтанд. Ба тарзи дигар гӯем, курси ин мактаби ибтидоӣ, назар ба тамоми дигар мактабҳои ибтидоии Англия, беандоза васеъ буд. Цайр аз ин Оуен аз мактаби таълими динӣ — догматикии барои ҳамон вақт таомул бударо мутлақо хориҷ намуд. Вай саъй намудааст, ки хусусиятҳои сину солии бачагонро ба ҳисоб гирифта, ба онҳо дониш дода шавад, тафаккури онҳо инкишоф дода шавад. Тамоми рафти таълим дар асоси истифодаи васеи татбиқи принсипи аёният пеш бурда шауд: деворҳои мактаб бо расмҳои ҳайвонот ва наботот оро ёфта буданд; дар машцулиятҳо воситаҳои гуногуни аёнӣ истифода мешуданд.

Оуен ба тарбияи меҳнатии бачагон низ аҳамияти калон додааст. Бачагон дар хурдсолиашон меҳнати калонсолонро дида буданд, дар мактаб бошад, худи онҳо баъзе малакаҳои меҳнати пайдо менамуданд. Писарбачаҳо оддитарин усулҳои меҳнати касбиро аз худ менамуданд, ба боцдорӣ машцул мегардиданд, духтарон бошанд, либосбурию либосдӯзӣ ва инчунин таомпазиро ёд мегирифтанд. Бачагон аз синни даҳсолагӣ дар мактаби шабона мехонданд ва рӯзона дар фабрика кор мекарданд. Оуен бо меҳнати истеҳсолии фабрикии бачагон алоқаманд кунондани таълимро дар амал ҷорӣ кунонидада буд.

Ба ҳамин тариқ, Оуен аввалин бор дар таърих муассисаҳои томактабӣ (яслӣ, боцчаи бачагона) ва мактаби ибтидоиро барои бачагони коргарон бо прогаммаи васеи маълумоти умуми ташкил кард. Оуен барои бачагони аз 10 сола боло ва барои наврасони дар истеҳсолот кор мекардагӣ мактаби шабона бунёд кард, таълимро бо меҳнати истеҳсолии индӯстриалӣ пайваст, барои калонсолон клуби коргарӣ ташкил намуд, ки дар он ҳар хел чорабиниҳои маданӣ-равшаннамоӣ гузаронида мешуданд.

Оуен соли 1813 китоби худ «Ақидаи нав роҷеъ ба ҷамъият ё ки таҷрибаҳо дар бораи ташаккули хислати одам» —

ро чоп мекунонад. Вай дар ин асар даъво менамояд, ки хислати одам ба иродаи вай вобаста нест. Вай мустақил мебошад ва аз рӯи шароити муҳити ӯро иҳотанамуда муайян мегардад. Нуқсон ва камбудиҳои одамон, рафтору кирдори онҳо бо шароитҳои зиндагиашон вобаста аст. Одам гуфтааст Оуен, ҳеҷ гоҳ хислати худро насохтааст ва сохта ҳам наметавонад. Ба фикри Оуен агар шароити муҳит ва тарбия тацир дода шавад, пас ҳар гуна хислатро низ ташаккул додан мумкин аст. Ба ҳамин тариқ, ба ақидаи Оуен бо роҳи тарбия намудан ва маърифатнок кардани ба аз нав ташкил намудани ҷамъият муваффақ гардидан мумкин мебошад. Дар натиҷа одамони нав пайдо мешаванд ва онҳо бо роҳи осоишта муносибатҳои сотсиалистӣ барқарор мекунанд.

Оуен ҳам таълимоти Гелҷвецийро, ки одам маҳсули муҳит ва тарбия мебошад гуфта буд, такрор кард.

Асосгузорони марксизм ба ин таълимот ҳамчун таълимоти материалистӣ баҳо дода, аҳамияти мусбати таърихии онро қайд намудаанд. Дар айни замон онҳо яктарафа будани таълимотро, ки инсонро ҳамчун маҳсули цайрифаъоли муҳит ҳисоб мекард, ошкор ҳам кардаанд. К. Маркс исбот намуд, ки одамон иштирокчиёни фаъоли таърих мебошанд, ки дар ҷараёни амалияи револутсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дар баробари ин табиати шахсии худро ҳам дигаргун месозанд..

Классикони марксизм ба идеяҳои Оуен дар бораи инкишофи ҳаматарафаи одам баҳои баланд додааанд. Онҳо дар мисоли таҷрибаи дар асоси индустрия бо меҳнати истеҳсолӣ алоқаманд кунонидани таълим гузаронидаи ӯ «Ҷанин тарбияи оянда» — ро медиданд.

Робер Оуен якумин шуда идеяи ба бачагон аз солҳои нахустини ҳаёташон тарбияи ҷамъиятӣ доданро асоснок кунонд ва онро дар амал татбиқ кард, инчунин дар ҷаҳон аввалинбор барои бачагони пролетариат муассисаҳои томактабӣ ташкил кард. Дар муассисаҳои таълимӣ- тарбиявии Оуен ташкилнамуда, ба бачагон тарбияи фикрӣ ва ҷисмонӣ медоданд, бачагон дар рӯҳияи коллективизм тарбия меёфтанд. Дар бораи ин уассисаҳо бисёр одамони пешқадам, аз ҷумла револютсионер- демократҳои рус А. И. Герцен ва Н. А. Добролюбов ҳам баҳоҳои хеле баланд додаанд. Муассисаҳои равшаннамоии барои коргарони калонсол ташкил кардаи Оуен низ аҳамияти калон доштанд. Оуен сохти капиталистӣ ва тарбияи ҷамъияти буржуазиро мутассил тезу тунд танқид кардааст.

Аммо Оуен дар кори дигаргунсозии ҷамъият роли муборизаи синфии пролетариатро намефаҳмид, фақат бо роҳи револютсияи пролетарӣ ба сохти коммунистӣ муваффақ гардидан ва имконпазир будани дар аввал татбиқнамоии тарбияи оқилонаро идроку эҳсос карда натавонист. Дар айни замон Оуен ва дигар сотсиалистон- утопистон як қатор идеяҳои аҷоиб, аз ҷумла дар соҳаи тарбия ҳам, пеш ронданд, ки онҳоро К. Маркс ва Ф. Энгелс ҳангоми ба вуҷуд овардани системаи ҳаққатан илми тарбияи коммунистӣ аз назарияи танқид истифода бурдаанд.

Адабиёт.

1. Н. А. Константинов, Е. Н. Медҳнский, М. Ф. Шабаева «Таърихи педагогика» соли 1982.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *