Фанни Педагогика

Ташхиси тарбия

Чунон ки мо медонем, тарбия раванди бомухолифат ва дарозмуддат аст. Дар он душвориҳои ҷиддӣ рӯй дода меистад, баъзан канда мешавад. Натиҷаҳои тарбия гоҳо хусусияти дуродурро мегирад, ки ба ҳисобгирии онҳо душворӣ меорад. Тарбия пеш аз ба мактабоӣ сарчашма гирифта, дар равандди фаъолияти меҳнатӣ ҳам идома меёбад. Дар синну соли муайян тарбия ба худтарбиякунӣ мепайвандад. Инчунин ислоҳи рафторҳои ношоями радшуда тавассути азнавтарбиякунӣ ба вуқӯъ мепайванданд.

Пурра ё қисман ба мақсадрасии раванди тарбияро чӣ тавр бояд донист? Табиист, ки барои ин он тарбияи қаблан гирифтаро бо натиҷаҳои тарбияи нав гирифтаи воқеӣ муқоиса кардан лозим аст. Бидуни донистани натиҷаҳои ноилшуда, ҳамчун андармиён ва охирин на банақшагирӣ, на идоракунии раванд мумикн нест. Дар таҳти натиҷаҳои раванди тарбия дараҷаи ноилгардии тарбияи шахсият ё коллектив қайд карда мешавад. Он метавонад ба нақшаи гирифташуда мувофиқат ва ё аз он фарқ кунад. Ба зоҳир намудани дараҷаи муайян ташхис ёрӣ мерасонад. Ба мо ҳоло маълум, ки ин тартиб барои муайян кардани вазъиият, зоҳир намудани сатҳи ҳақиқии тарбия хуб равона карда шудааст. Маълумотҳои омӯзиши ташхиси бо натиҷаҳои аввалини шахс муқоиса карда мешавад, фарқияти байни аввалину охирин самарабахшии раванди тарбияро муайян мегардонад.

Тарбияёбии шахсият чӣ тавр муайян карда мешавад? Ин басо мураккаб ва дар педагогикаи муосир проблемаи пурра ҳалли худро наёфта дониста мешавад. Илм фақат барои коркарди боэътимоди «андозагирӣ» бо натиҷабахшии тарбия наздик мешавад. Имрӯзҳо нисбати сатҳи тарбиёбӣ фақат тасаввуроти тахминӣ карда, ба иҷрои мураккабу душвори он бо таҳлил тартиби ташхис натиҷагирӣ кардан мумкин аст.

Ба сифатҳои нишондоди маҳак натиҷаҳои камёбшуда бо меъёр муқоиса карда мешаванд.

Меъёри тарбияёбӣ – ин меъёри коркарди назариявии дараҷаи ташаккулёбии сифати гуноугни шахсият ва коллектив. Онҳо одатан дар намуди ҷадвали сиёсӣ танзим дода мешаванд. Агар дараҷаи зоҳиршавии сифат ба миқдори баҳои шартӣ дода шавад, он гоҳ ба ҷо овардан мумкин аст. Муайянкунии сатҳи тарбияёбандагӣ бо роҳи санҷиши (тест) рафтори амалии (назарӣ) тарбияёбӣ дар вазъияти муайян бурда мешавад, то ки сифати иҷро шудан ё нашудани талабот шоён гардад.

Дар меъёрҳои ҳозираи тарбия як қатор тавсифҳои муайянкунандаи дараҷаи дониш нисбати ину он нишондиҳанда истифода бурда мешавад. Меъёри тарбияёбиро шартан бо «сахт» ва «мулоим» ҷудо кардан мумкин аст. Меъёри «сахт» дар педагогика нисбатан кам истифода бурда мешавад; ба он нишондодҳои муҳими эҳсоиявӣ вобаста карда шудааст, дар комплекси сатҳи умумии тарбияёбии ҷавонон инҳо нишон дода мешаванд: миқдори ҳуқуқвайронкунандагон ва анъанаи тағйирёбии онҳо; миқдори одамони ҷавони тамомкардаи мӯҳлати ҷазо барои содир кардани ҷиноят; миқдори талоқкунӣ, миқдори кӯдакони бепарастор; паҳншавии майзадагӣ, тамокукашӣ, нашъамандӣ ва дигар нишондодҳои ношоям.

Барои тавсифи тарбияи мактабӣ меъёри сабук «мулоим» истифода бурда мешавад, ки он ба тарбиядиҳандагон оиди раванди тарбия натиҷаҳои тасаввуроти умумӣ ҳосил кардан ёрӣ мерасонад, вале ба чуқур ва дилпурона ташхискунии сифати пӯшида имконият намедиҳад. Ба камбудиҳо ин меъёр на ҳамчун комплексӣ, балки фақат барои сифатҳои алоҳидаи ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва ғ. истифода мешавад. Шахсият, ки дар ин бобат борҳо қайд карда шуд — маълумоти яклухт ва дар комплекс ҳамаи сифат ва хислатҳои ӯро омӯхтан зарур аст. Аммо коркарди меъёре, ки ҳамаи сифатҳои шахсият ва коллективро дар ягонагӣ биомӯзад, ҳоло ба касе муяссар нашудааст, ин проблемаи муҳим ба авлоди ояндаи тадқиқотчиён гузошта мешавад.

Меъёрҳои бисёри тарбияёбиро ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: пурмазмун ва мувофиқ. Аввалинаш ба нишондиҳандаи ҷудокунии омӯзиш мувофиқ меояд, вале дуйюминаш бо имконияти каму беши дақиқ ба қайкунии сифати сермаҳсули ташхиси тарбия.

Боз меъёри умумӣ ҳам ҳаст барои ташхиси натиҷаҳои охирини ноилшудаи сатҳи тарбияёбандагии шахсият ё коллектив – ба меъёри умумӣ ва ҷузъӣ барои таҳлили натиҷаҳои мобайнӣ, ки вобаста ба коркарди хусусиятҳои сифатҳои алоҳида мебошад. Аввалинаш талаботро мутобиқи тасвияти мақсад ифода мекунад, дуюмаш – вазифаҳои мушаххаси раванди тарбияро. Бо майл, тарз, тамоюл (мавқеи истифода) меъёрҳои тарбияёбандагӣ шартан ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: 1) ба зоҳиршавии натиҷаҳои шакли зоҳирии вобастаи тарбия ва 2) ба зоҳиршавии аз чашми тарбиягар ниҳон – бо мотивҳо, нақшаҳо, тамоюл.

Қайд кардани натиҷаҳои ташхис ба шакли гуногун бурда мешавад. Баъзе педагогҳо аз ҷадвали рақамии шашбаллӣ истифода мебаранд. Дар он се баҳои мусбат (+1, +2, +3), ки сатҳи ахлоқан тарбияёфта (тайёр) ифода меёбад ва се баҳои манфӣ (-1, -2, -3) – сатҳи ахлоқии тарбиянаёфта (беназорат).

Баҳои босифат бо миқдори эквивалентҳо (ҳаммаъноҳо) ба таври зайл қайд карда мешавад:

+ 1 (тайёрӣ ба зоҳиршавии мусбат);

+ 2 (кӯшиш ба амалиёти мусбат);

+ 3 (устувор, фаъол барои баҷооварии амалиёти мусбат);

  • 1 (тайёрӣ ба зоҳиршавии инкорӣ);
    • 2 (кӯшиш ба амалиёти инкорӣ);
    • 3 (рафтори зидди ҷамъиятӣ).

Бояд дар назар дошт, ки дар асоси баҳои тарбияёбӣ бояд майли ахлоқи умумии шахсият гузошта шавад, вале на сифатҳои алоҳида. Охиринро бо алоқадории мотивҳои рафтор бояд дид, зеро ки кирдор ё амалиёт на аз алоқамандии мотивҳо гирифта шудааст. Маълум, ки баъзан ҳатто кирдори одамдӯстӣ, гӯё дар бораи тарбияёбии одам гувоҳӣ медода бошад, вале мутаассифона ин тавр шуда наметавонад.

Мотивҳои муносибати мактабӣ бо омӯзиш гуногун шуда метавонад. Ҳатто талабаи хубхон ҳам аз мотивҳои беҳтарин дурӣ мекунад. Мувофиқи тадқиқотҳои дар наздикӣ бурдашуда, бисёриҳо «барои баҳо» (33%) мехонанд; 22% аз боиси ба фан шавқманд будан; 12% ба хотири шавқмандии раванди фаъолият; 16% — бо мотивҳои худтакмилдиҳӣ; 17% — бо ҳисси масъулият. Муаллимон ва роҳбарони синф бояд ба тарбияи мусбати мотивҳои иҷтимоӣ эътибор диҳанд[1].

Санҷиши контролӣ

  1. Раванди тарбия чист?
  2. Мақсаддор равонакунии раванди тарбия чиро мефаҳмонад?
  3. Барои чӣ раванди тарбия бисёромил аст?
  4. Мураккабии раванди тарбияро чӣ муайян мекунад?
  5. Комплексии раванди тарбия дар чист?
  6. Нерӯи ҳаракатдиҳандаи раванди трабия чист?
  7. Кадом мухолифатҳо ба «ботин» ва «зоҳир» тааллуқ доранд?
  8. Моҳияти шахсияти тарбиягар дар раванди тарбия аз чӣ иборат аст?
  9. Сохти раванди тарбия дар чист?
  10. Қонунияти умумии раванди тарбияро тавсиф диҳед.
  11. Мазмуни раванди тарбия чист?
  12. Қисматҳои асосии тарбияро маънидод кунед: а) шаҳрвандӣ; б) коргар; в) оиладорӣ.
  13. Ташхиси тарбияёбӣ чӣ маъно дорад?
  14. Кадом меъёрҳои ташхис ба шумо маълум?
  15. Ташхиси тарбиявӣ чӣ тавр гузошта мешавад?
  16. Проблемаи вазъияти тарбиядиҳандагӣ чист?

Адабиёт барои худомӯзӣ

Измерения в исследовании проблем воспитания. – Тарту, 1973.

Подласый И. П. Педагогика. В двух книгах. – Книга 2. – М., 2000.


[1] Ниг. Подласый И. П. Педагогика (книга 2). – М., 2000. – с. 31 – 37.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *