Фанни Педагогика

Инноватсияи педагогӣ

Ба ҳамагон маълум аст, забонҳо тавассути робитаи одамон бо мурури замон аз ҳисоби забонҳои дигар захираи луғавии худро ғанӣ гардонида меоянд. Ҳоло мо нисбати ба захираи луғавии илми педагогика ворид шудани калимаи «инноватсия» маълумот медиҳем.

Дар мобайни солҳои 80 – уми қарни 20 – ум аввал рӯзноманигорон ва минбаъд шахсони касбӣ барои дар таркиби луғавии педагогика ҷорӣ кардани калимаи «инноватсия» нисбати нишон додани саршавии ҷараёни азнавсозии системаи педагогии ватанӣ[1] кӯшиш ба харҷ додаанд.

Инноватсия (аз англ. Innovatio – навигарӣ, навӣ, новатсия) – ин дигаргунии дар зимни системаҳо. Дар шарҳи педагогӣ ва маънои умумии худ инноватсия дар андарунии системаҳои педагогӣ навигариро ифода намуда, баҳри беҳтар намудани ҷараён ва натиҷаҳои раванди таълиму тарбия аҳамият дорад. Вале навигарӣ метавонад ҷараёни системаро бад кунад. Мумкин аст, сухан махсусан дар хусуси азнавсозӣ, новатсия (навигарӣ) ва беҳбудиро, ки дар ҷойҳо вуҷуд надорад ва шояд барои фаҳмидани калимаҳои мураккаби хориҷӣ лозим шавад.

Бо вуҷуди он, чун ҳамеша, ба иқтибос карда, фаҳмидагирии фикри ҳақиқии ин истилоҳ он вақт фурсат нашуд. Гап дар он ки барои нишон додани навигарӣ ивазкунии он бо калимаи англисии «innovation» вуҷуд дорад. Инноватсия низ ба система аз ҳисоби манбаи махсуси худ (in – дохил) ҳамин маъноро медиҳад. Яъне, ҳамаи он чизе, ки аз берун дохил карда мешавад, на инноватсия аст.

Эзоҳ додани моҳияти педагогӣ доштани инноватсия ҳоло боихтилоф аст. Дар «Педагогикаи касбӣ» (М., 1997. с. 497) чунин шарҳро мехонем: «Инноватсия раванди ташкилкунии комплексӣ, паҳнкунӣ ва истифодабарии воситаҳои нави амалӣ (навигарӣ) дар соҳаи техника, технология, педагогика, тадқиқоти илмӣ». Оё чунин муайянкунӣ ба шумо маъқул мешавад: ба ҳар ҳол равшан – ин воситаи амалии нав нест – инноватсия нест. «Воситаи амалии нав» — ро дар педагогика бо ангуштони як даст шуморидан мумкин аст – ҳамааш ин тавр оддӣ нест. Инноватсия бо ташкилкунии воситаҳо хабар шуда наметавонад. Инноватсия – ин ғоя ва раванд, восита ва натиҷаҳо ва дар якҷоягӣ сифатан такмилдиҳии системаи педагогӣ.

Дар кишварҳои ҳамсоя, хусусан Руссия, бо тамоми қувват раванди инноватсия» мераваду мо бошем, ҳамчун кӯҳнапараст якравӣ намуда, ба ақиб менигарем, ба истилоҳот часпида, кай ба хулосаи ҳолати инноватсия меоем? Аммо ҳар чӣ набошад ҳам, масъалаи нав кардани системаи педагогӣ ниҳоят муҳим ва зарур аст, он таҳлили даркории касбӣ металабад. Бо вуҷуди он дар даҳсолаи охир мувофиқи нишондодҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба системаи педагогикаи ватанӣ назар карда шуд. ҷадвалҳои нави тасрифӣ ва консепсияҳо, инноватсия ва барқарорсозӣ, стандарти давлатӣ ва нақшаву барномаҳои таълимии алтернативӣ, хели мактабҳои нав ва ғ. нисбати индекси маълумотгирии ЮНЕСКО хеле пеш рафтем. Аммо дар бораи бисёр масъалаҳои ҳалталаб боз бояд фикр кард.

Моҳият ва самти навигариҳо

Ҳоло мо нисбати мафҳумоти «системаи педагогӣ» ва «навигариҳои системаи педагогӣ» маълумот медиҳем.

Раванди педагогӣ, чӣ тавре ки мо медонем, дар системаи педагогӣ ҷараён меёбад. Системаи педагогӣ (СП) – ин пайвастагии мустаҳками қисматҳои бо ҳам алоқаманд, ки аснои дигаргуниҳо пойдор мемонанд. Агар дигаргуниҳо (навигариҳо) хусусият ва имконияти аз ҳад болоравӣ (бо захираи пойдор) гиранд, онгоҳ система вайрон мешавад, ба ҷои он бо хислатҳои хоси худ дигар системаи нав ба вуҷуд меояд.

Профессор В. И. Беспалько нисбати системаи педагогӣ менависад: «Системаи педагогӣ – муттаҳиди аносири хеле устувор ва пойдор. Сохти ҳар системаи педагогӣ (антиқӣ ва асримиёнагӣ, буржуазӣ ё сотсиалистӣ) дар замони муосир ба таври алоқакунии маҷмӯи вариантҳои аносири зайл тасаввур карда мешаванд: 1 – талабагон; 2 – мақсади тарбия (умумӣ ва хусусӣ); 3 – мазмуни тарбия; 4 – ҷараёни тарбия (тарбия ва омӯзиши хусусӣ); 5 – муаллим ё ки воситаҳои техникии омӯзиш – (ВТО); 6 – шаклҳои ташкилии кори тарбиявӣ»[2]. Ҳар кадоми ин қисмҳои системаро метавон ба унсурҳо тақсим кард ва бо дараҷаи гуногун тафсилот дод.

Асосҳое ҳаст, ки сохти системаи мазкурро нопурра бишморем. қисматҳои муҳими СП ба қисмҳо ҷудо карда нашудаанд, ҳамчунин «натиҷаҳо», «идоракунии раванди таълимӣ – тарбиявӣ», «технология» ҳам. Онҳо дар намуди нақшаи СП – и зайл пешниҳод карда мешаванд. Мақсадҳо аз натиҷаҳои пайвастагии силсилаҳо вобастаанд. Пуррагии мақсадҳо мувофиқ ба натиҷаҳои меъёри муфидонаи умедбахши педагогӣ хизмат мекунад. Идоракунӣ, якҷокунии ҳамаи қисматҳои СП ба қисматҳои мустақилӣ муносибанд, зеро ки онҳо мақсад ва сохти худро доранд.

Қисматҳои системаовар гуфта, бештар технологияи раванди таълимӣ – тарбиявиро меноманд, ки онро ба маркази алоҳидаи тартиботи омилҳо ҷудо мекунад. Дар чунин муносибат СП – комплекси устувори ташкилию технологӣ гашта, ноилгардонии вазифаву мақсадҳоро таъмин мекунад. Бояд қайд кард, ки системаи педагогӣ ҳамеша технологист. Бо ин аломат СП – ро аз худсарона қабулкунии қисмҳои таркибӣ осон фарқ кардан мумкин аст. Технологиябобӣ – сифати дохилии системаҳо буда, он имконият ва тобеъгардонии бағоят мантиқии ҷиддӣ ташкилкунӣ (ва идоракунӣ).

Барои фарқ кардани технология аз методика профессор А. Кушнир, қисман қайд мекунад, ки технология бо аз нав бавуҷудоварии натиҷаҳо, ғайри «агар» — ҳои зиёди худ фарқ мекунад: агар муаллими боистеъдод, кӯдакони боистеъдод, мактаби бой…Аллакай одат шудааст, ки методика дар натиҷаи ҷамъбасти таҷриба ё ихтироъҳои воситаҳои нави пешниҳод шудан донишҳо пайдо мешавад. Технология бошад, тарҳрезӣ карда, дар асоси шароити аниқ ва нишондоди супоришҳо, вале на бо натиҷаҳои тахминӣ амал мекунад.

Дар ин ҳолат технолог акнун дар сатҳи арзиши супориш ба хусусиятҳои дақиқ ва механизмҳои муайяни ҷараён, ҳамчунин ба мисолҳо такя мекунад. Равандҳои маълум дар сифати пешбурди далелҳои формулавӣ амалан иҷро карда мешаванд, вале амсолаҳои ягонаи натиҷаҳо дар сифати манбаи нави далелҳо ва формулаҳо ҳисоб мешаванд. Лоиҳакашии технологияи таълимӣ дар фарқият аз методикии «ҷамъбасти таҷрибаҳо» хулосаи «имконнопазир» — ро тан намегирад. Барои технолог ин фақат масъалаи муваққатӣ ва сарф.

Нақ. 4

Технолог махусан ба далелҳои хуби маълумгашта, маъқул донисташуда, асосгаштае, ки бешубҳа исбот шудаанд, такя мекунад.

Технолог кори озмунӣ намебарад, вай ба натиҷаҳои дақиқ сарукор дорад. Технология ба вариантҷӯӣ ҳам роҳ намедиҳад, вазифаи муҳими он – гирифтани натиҷаи таъминшуда, ки он доим ба таври оддӣ нисбати ҳалли муҳими худ мебошад. Ҳалли ин муҳимот калиди кушоиши ҳамаи дигар фикрҳо мегардад ва аносири зарурӣ андаруни система мавқеъ меёбад. Аз технология ягон қисмро партофтан мумкин нест ва дар он набояд ягон чизи зиёдатӣ бошад. Агар дар он ягон дигаргуниҳои сабук рӯй диҳад, нестшавии технологиябобӣ муқаррар. Фаҳмиш ҳамчун воситаи беҳтарин, алгоритми ноилшавӣ ба мақсади мушаххас мебошад.

Системанокӣ бо технология, матни амалии вазъият – супоришҳои ҷамъиятӣ, базаи маводи техникӣ ва ғ. Алоқаи ногусастанӣ дорад.

Ин ҳамин хел кори аз ҳад зиёд, биноан аз ду яке аз муаллимон дар тартиботи рӯзи ҷустуҷӯӣ – тадқиқотӣ, пурқувват гардонидани он чизе, ки оқибат барои ҳаёти кӯдакони мактаб ноаёнро ошкор бинмоянд.

Мумкин аст бо академизми мактаби руссиягӣ бениҳоят фахр кард, умед бастан ба мардонагии шаҳрвандӣ ва садоқат ва касби муаллими русиягӣ мумкин, дилгарм шудан ба системаи муаллифии гуногун ва методӣ, вале на дар як ҷо пой задан аснои масъалаи махсусан мазмуни педагогии эволютсияи мактабӣ[3].

Педагогикаи инноватсионӣ

Ҳоло ин ном ғайрирасмӣ. Аммо мутахассисони тамоми олам якдилона дар танқиди педагогикаи анъанавӣ. Дар бораи тавлиди илми нав ҷиддӣ сухан меронанд, ки вазифаи асосии он аз дигаргун кардани назарияи ҳукмронанда ва азнавташкилкунии тамоми системаи таълимӣ – тарбиявӣ дар асоси инноватсионӣ тағйирдиҳӣ иборат бошад.

Педагогикаи инноватсионӣ (мо онро шартан ҳамин тавр меномем) ивазкунии парадигмаи (ҷадвали тасрифии) тарбияро талаб мекунад. Парадигма (аз юн. рaradigma — намуна, маҳак) – назарияи ҳукмронанда, ки асоси ҳалли назариявӣ ва амалии масъалаҳои муқарраршударо ифода менамояд. Ба фикри инноваторҳо назарияи педагогикаи классикӣ лоилоҷ кӯҳна шудааст, он дар шароити кунунӣ бино кардани тарбияи насли ҳозира ғайримумкин аст.

Хусусан педагогикаи советӣ ақиб монд, ғояи таъминкунии системаи маълумотгирӣ ва тарбияи ватанӣ давом дорад. Ҳатто ба таври нав «шонакунии мӯй» ҳам ҷадвали нақшаи методӣ талаб мекунад, ки ҳоло ба таври бояду шояд ислоҳот кардани таҷриба имкон намедиҳад, чунки асоси методологии онҳо тағйирнаёбанда мебошад.

Бояд тазаккур кард, ки ҳаёти чандин наслҳои мактабии русиягӣ ва муаллимон дар замони муборизаи бошиддати байни педагогикаи идеалистию сотсиалистӣ гузашт. Аввалинҳо – беэътиборона несту нобуд шуданд, дувуминҳо – то ба охир нафаҳмида ва буд карда натавонистанд. Ҳоло дар дураҳа. Бо нерӯи нав баҳс якбора аланга гирифт – ба кадом соҳил часпида гирифтан? Дар кадом назария тарбия кардани насли наврас?

Агар ба маҷрои афкори инкишофи ҷаҳонии педагогика баргардем, онгоҳ бояд асосҳои методологии педагогикаи классикиро аз нав ба вуҷуд овард – ба принсипи табиатворонагии Я. А. Коменский мувофиқ созем. Педагогикаи советӣ ин принсипро «идеалистӣ» эълон кард ва бо талаботи норавшане онро ба ҳисобгирии хусусиятҳои синнусолии мактабиён иваз кард. Аз сабаби фаровонии догмаҳои идеалистӣ педагогикаи советӣ ҳеҷ вақт илм набуд. Ба хотир овардани принсипи аввалини методологии он дар бораи баробарии модарзодии одамон, нисбати имконияти баробарӣ доштан дар омӯзиш ва тарбия кифоя аст. Чӣ, магар ин тавр не – ба ин таҷрибаи талхи ватани мо: аз мактабҳои Федератсияи Русия дар соли 1997 бо сабабҳои гуногун, асосан аз беқобилиятӣ ва хоҳиши хондан надоштан қариб 2 млн талабагон мактабро тарк карданд. Ҳол он ки бо тарбия бисёриҳоро ислоҳ кардан мумкин, вале табиатро дигар кардан мумкин нест.

Вазиъят ва хусусияти умумии илми педагогика ҳамин тавр. Дар ин ҷо инноватсия ниҳоят зарур. Назарияи педагогӣ бо кадом роҳ меравад, вале аз паси он мактаб ҳам, ин аз мо чӣ қадар чуқур, оқилона дарк кардан, раванди асосии таълиму тарбияро дар кадом методология сохтан, илми нав ба таҷрибаи тарбияамон вобаста аст.

Педагогика – системаи донишҳои илмӣ. Хусусиятҳои асосии он – воқеиятӣ, мақсаднокӣ, пойдорӣ, беихтилофӣ. Системаи педагогикаро ҳамчун дигар назарияҳои илмӣ принсипи системаофарӣ нигоҳ дошта, онро тарҳрезӣ, васлкунӣ мекунад, яъне мавқеи асосиро системаи мазкур ташкил менамояд. Принсипи умда дар назарияи воқеият метавонад фақат принсипи илмӣ бошад, вале на идеологӣ. Мувофиқи сатҳи дониш дар бораи одам, ташаккулёбӣ ва тарбияи вай – ин ҳамеша яктарафа муносибат бинмуда, ба ин ё он гурӯҳи иҷтимоӣ, мафкура ва хабарҳои арзанда бор мекунад. Дар назарияи педагогикаи ҷаҳонӣ кайҳо эътироф шудааст, ки ҷараёни тарбия на бояд гаравгони вазъи одамони ҳокимият бошад. Тарбияи насли наврас ниҳоят кори муҳим, бояд он ба тобеияти гузарандаи арзишнок гузошта шавад.

Дар кишвари мо нисбати тарбияи одам дар рӯҳияи идеалҳои коммунистӣ вақтҳои тӯлонӣ бо нишондодҳои идеологӣ ҳукмронӣ кард. Ба ҳамаи ин қоидаҳои он, даъватҳои дилрабоҳ пайдо шуда бошад ҳам, онро илмӣ шуморидан мумкин нест, зеро ки дар қоидаҳо нисбати тарбияи воқеии табиатворонагӣ ва рушди одам муқобил гузошта шуда буд. Тарбияи пурқувват ва стабилӣ фақат дар таҳкурсии воқеӣ зимни системаи илмӣ ва дар таҷриба санҷидашуда газошта мешавад.

Ба ин самти инкишоф аввало ба чорабиниҳои назариявии педагогикаи инноватсионӣ – педагогикаи рад кардашудаи табиатворонагии асосонидашудаи классикии Я. А. Коменский баргаштан. Самти дуюми раванди инноватсиониро ба маънидоди К. Роджерс системаи педагогии гуманистӣ донистанамон мебошад. Ин ҳарду майл барои ҷаҳониён нав нест, вале барои педагогикаи ватанӣ рағбати зиёд меорад. Алалхусус ба педагогикаи мо зарур аст, ки ба асли аввалаи худ – солҳои 20 – уми асри гузашта баргардад.

Принсипи табиатворонагӣ ва моҳияти бунёди онро барои тарбияи педагогикаи воқеӣ дида мебароем.

Он комилан возеҳ: кӯдакон хусусусиятҳои гуногуни табиӣ (модарзодӣ) доранд, ба онҳо ҷараён ва натиҷаҳои раванди педагогӣ муайян карда мешавад.

Я. А. Коменский мухтасар ифода кардааст: «ҳамчун дар алаф, дарахт, ҳайвонот хусусиятҳои гуногуни табиӣ ҳаст – бо яке ин тавр, бо дигаре таври дигар муомила кардан лозим ва барои ину он мақсади ягона гузоштан мумкин нест – ҳамин хел монандӣ дорад қобилияти табиӣ ва барои одамон ҳам. Хуштобеъоне вомехӯранд, ки ҳама чизро донистан мехоҳанд, вале дар чунинҳо ҳам камбудӣ нест, баъзеҳо дар фанҳои муайян тааҷҷубовар бефаҳм ва кунд. Дигар – дар улуми ҳаннотӣ – уқоб, вале дар хирадмандии амалӣ – маркаб бо лира. Иддае дар мусиқӣ кунд, аммо дар дигарҳо моҳир, ба омӯзиш. Дар дигарҳо ҳам чунин монандӣ ҷой дорад: бо математика ё назм ё бо мантиқ ва ғ. Ин ҷо чӣ бояд кард? Ҷое, ки қобилият нест, он ҷо тела надеҳ. Мубориза бурдан бо мизоҷон – кори беҳуда… Ва агар ба яке аз талабагон, бар хилофи хоҳиш, чизе водор карда шавад, бо вай ҳеҷ чиз рӯй намедиҳад, ба ғайр аз нафрат ва кундии қувваи ақл; ҳар кӣ пеш меравад (бо амри рӯҳи олӣ) барои он ки завқи ниҳони ғаризаи табиӣ дорад, вале сипас дар ҷойи худ ба манфиати Худо ва ҷамъияти инсонӣ хизмат мекунад»[4].

Джон Локк ба вай ҳамовоз мешавад: «Худо дар дили ҳар одам мувофиқи сиришти зоҳириаш мӯҳри муайяне гузоштааст, мумкин як қадар ислоҳёфта, вале ба гумон ки ӯро ба тамом дигаргун карда ва ё ба тарафи муқобил табдил диҳад. Барои ҳамин касе, ки бо кӯдакон сарукор дорад, бояд онҳоро бо мадади санҷиши хусусӣ (!) устуворона табиат ва қобилияташонро омӯзад, ба он эътибор дода шавад, ки ба кадом тараф онон осон майл доранд ва бо онҳо наздикӣ (муносибат) кард, аломатҳои истеъдоди табиаташон кадомҳо, чӣ тавр онҳоро бояд такомулот дод ва онҳо ба кадом кор лозим мешаванд»[5].

И. Г. Песталоцци (Pestalozzi), мавзӯъро инкишоф дода, изҳор кардааст: «Мақсади охирини ҳар фанни илмӣ асосан аз он иборат аст, ки табиати одамиро мукаммал гардонидан, онро инкишоф дода, ба дараҷаи ниҳоят баланд бардоштан аст. На инкишофи илм, балки инкишофи табиати инсонӣ тавассути илм… вазифаи муқаддас мебошад. Биноан табиати инсонӣ на бояд ба сатҳи фанҳои илмӣ оварда шавад, балки фанҳои илмӣ бо табиати одамӣ»2.

Ба чӣ ноил мешавад назария, ҳангоми ба принсипи табиатворонагӣ баргаштан? Пеш аз ҳама, возеҳ фаҳмидани имконияти омӯзандагон, асосҳои воқеияти сифатнокии омӯзиш. Дар ин назария ба фикрбофӣ кардан ҷой нест, субъективизм шуда наметавонад: фақат ҳазорҳо маротиба таҷрибаи исботшуда дурустии масъаларо ҳақиқат мешуморад. Назарияи мантиқан аниқ ва исботшуда роҳи кайҳо тай кардаи идорашавандагиро таҷриба нишон медиҳад.

Муассисаҳои таълимии инноватсионӣ

Муассисаҳои таълимие, ки номи инноватсионӣ гирифтаанд, ба навоварӣ ё аносири он шурӯъ карданд. Қариб ҳамаи роҳбарони муассисаҳои талимии мамлакат ба раванди инноватсионӣ тарафдорӣ бинмудаанд. Ба хотири минбаъда баҳри асосонидани ин даъво нисбати моҳият, мазмун ва самтҳои инноватсионии азнавсозиро бояд равшан кард.

Барои ба шакли муайян даровардани меъёри инноватсионии муассисаҳои таълимӣ инҳоро хотировар мешавем:

навоварӣ на фақат ҷараён ва натиҷаҳои раванди таълиму тарбияро беҳтар, ҳамчунин метавонад бад кунад;

эълон дар бораи инноватсия маънои тамоман гирифтани натиҷаҳои муфидро надорад;

бавуҷудоварии инноватсия на ба хотири инноватсия, балки барои самарабахшии омӯзиш ва тарбия;

системаи педагогиро дар як вақт бо як чанд параметр беҳтар кардан мумкин нест. Вале агар навовариҳо як ҷабҳаро беҳтар гардонда, бадшавии дигарро ба миён оранд, онҳо магар лозиманд?

Дар асл фақат инноватсия, вале на бо ном ё шаклаш дар беҳтар кардани шароити меҳнати омӯзиш ва педагогӣ мусоидат карда метавонад.

Аз ин маҳдудият, ҳамчунин аз аломатҳои аслии навоварии зикрёфтаи фавқ маълум мешавад, ки меъёри муассисаҳои таълимии инноватсионӣ пурра дар шакли муайян ташкил карда мешавад, агар ба таври зайл бошанд:

    1. раванди таълимӣ – тарбиявӣ ба принсипи табиатворонагӣ асосонида мешавад ва ба принсипҳои педагогикаи классикӣ итоат мекунад;
    2. системаи педагогӣ онро ба таҳаввулоти гуманистӣ майл медиҳад;
    3. ташкили раванди таълиму тарбиявӣ ба сербории мактабиён ва муаллимон намебарад;
    4. баландшавии натиҷаи раванди таълимӣ – тарбиявӣ на аз ҳисоби селексияи (сунъии) таълимгирандагон ё муаллимон, балки аз ҳисоби истифодабарии системаҳои кушоданашуда ва амалнаёфта ба миён меояд;
    5. сермаҳсулии раванди таълиму тарбия оқибати ҷорикунии мустақими васоили арзанда ва медиасистем намебошад.

Маънои талаботи меъёри мазкур аз он иборат аст, ки барои таъмин кардани имконияти муқоисакунии мактабҳо аз ҷиҳати гуногун: база, ҳайати педагогӣ ва талабагон, таҷҳизот, маблағдиҳӣ ва ғ. имконпазир гардад. Агар ин муносибат истифода бурда нашавад, онгоҳ гимназияи яккачин ҳамеша ба таври автоматикӣ ба сарфи инноватсионӣ дохил мешавад, вале мактаби деҳот ба қатори умқи ақибмонҳо, агарчи афзоиши аввали маҳсулнокӣ аз ҳисоби муаллимон ва талабагони деҳот меравад, вале дар навбати дуюм – аз манбаи дохилӣ, яъне инноватсияи ҳақиқӣ.

Ба меъёри бавуҷудоварда такя намуда, муассисаҳои таълимии инноватсиониро бо ғайриинноватсионӣ муқоиса мекунем.

Барои тазод ба зери охирин хат мекашем.

Муассисаҳои таълимӣ

ғайриинноватсионӣ

Инноватсионӣ

Муайянкунӣ

Муассисаҳои таълимии солҳо ва даҳсолаҳо навовариро таҷриба накарда, ки ба ғайр аз инҳо бо супоришҳои ҳокимияти маъмурии болоии органҳои ма- ориф қаноаткунанда. Бештар бо инертсия амалкунанда. Беқиёфа, якхела.

Муассисаҳои таълимии ҷори- кунандаи навигариҳо бо та- шаббуси хусусӣ баҳри қонеъ- гардонии рушди талаботи та- лабагон ва муаллимон, беҳтар аз ҳисоби манбаъҳои дохилӣ, бо ба ҳисобгирии ғояҳои нав ва комёбии педагогӣ. Қиёфаҳои шахсӣ доранд.

Таъинкунӣ

Додани дониш, тарбияи сари- роҳӣ, шиносшавӣ бо мадани- яти мавҷуда, азхудкунии таҷри- баи иҷтимоӣ. Мафкура, сиёсат, мақсад ва ҳолати муассисаҳои таълимиро давлат муайян мекунад.

Ёрии худамалкунӣ ва худтас-диқнамоӣ, бештар ташаккул-диҳии байни шахсӣ ва муно-сибати иҷтимоӣ. Тарҳсозии перспективии роҳҳои зиндагӣ. Муносибати гуманистӣ. Мақ- сад ва вазъиятро талаботи шахсият муайян мекунад.

Намуд

Бештар муайянкунии давлатӣ

Муайянкунии шахсиятӣ ва ҷамъиятӣ

Принсипҳо

Тағйирдиҳии идеологӣ

Илмӣ, воқеятӣ

Хусусият

Аз нав бовуҷудоварӣ, ғайриэ- ҷодӣ

Эҷодӣ, сермаҳсулӣ

Мақсад

Азхудкунии донишҳои интизо- мӣ

Рушди шахсият. Огоҳонидани сарбастагиҳои инкишоф

Мазмун

ҷудогонагии фанҳо бо суст- ифодаёбии робитаи байнифан- нӣ

Арзандагӣ (муносибат, эътиқод, сабабҳои фаъолият). Курсҳои якҷокардашуда

Раванди таълим

Шакли афзалияти ҷабҳавӣ ва донишҳои тазаккурӣ, амалкунӣ аз рӯи намуна

Шакли бартарии тафриқӣ – инфиродӣ муносибати эҷодӣ

Технология

Кӯҳнашуда, меҳнатталаб, суст ва камсамар

Нав, сабуку сарфаҳмраванда бо меҳнати хонанадагон ва муаллимон

Идоракунӣ

Талабагон – объекти идоракунӣ

Талабагон – субъекти фаъоли- ят. Объекти идоракунӣ ягонагии вазъияти педагогӣ. Дастгирии ташаббуси шахсии талабагон

Услуб

Авторитарӣ – ҷазоӣ

Демократӣ, рағбатонӣ

Ташкилкунӣ

Анъанавӣ, исканҷавӣ оид ба маъмуриятпарастӣ ва фишур- дашавӣ

Асосёфта ба дониш ва ба ҳи- собгирии ҳаёти қонунии саб- занда ва инкишофёбандаи шахсият

Талабагон

Объекти таъсиррасонӣ. Мақса- ди фаъолиятро муаллимон ме- гузоранд.

Сарчашмаи инкишофи хусусӣ. Объекти фаъолият

Муаллим

Хизматчӣ. Транслятори дониш- ҳо. Ташкилотчии раванди таъ- лим. Вазифаи асосиаш – ахбо- ротдиҳӣ ва назоратбарӣ. Ба талабагон пӯшида

Дӯсти кӯдакон. Гуманист. Ку- шодадил барои талабагон. Ба ҳамкорӣ нигаронидашуда. Фатсилитатор

Назорат

Зоҳирӣ, ҷарроҳӣ

Ботинӣ, яклухтӣ

Натиҷа

Ҷудоӣ аз арзишҳои таълимӣ, мактаб, муаллимон. Хусумат, рақобат

Муҳаббат ба мактаб, хоҳони омӯзиш, ҳамкорӣ кардан, рушдёбӣ, муттаҳидӣ, ҳамди- гарфаҳмӣ, эътимод

Натиҷаҳо

Беташаббус, донишҳои «қима» — и кандашуда, камфаъолиятӣ, ба ҳаёти шахсият ғайримувофиқ

Фаъол, ташаббускор, инки- шофёфта, аз зулм озод, ба худ боваридошта. Ба ҳақкории шахсияш боваридошта

Ба номукаммалии муқоиса нигоҳ накарда фарқияти асосии муассисаҳои таълимии инноватсионӣ аз ғайриинноватсион доштаро дидан мумкин аст. Вале боз фаҳмидан лозим, ки навоварӣ, дигаргунӣ, иваз кардани кӯҳна ба нав дар марҳалаи кунунии инкишофи мактаб, педагогика даъват ба такомулоти системаи педагогӣ, наздикшавии имкониятҳои он ба афзоиши талаботи шахсият ва ҷомеа мебошад.

Муносибгардонии системаи педагогӣ

Нагузарандагии инноватсияи умумӣ ба системаи педагогӣ комилан марбут буда, муносибгардонии раванди таълимӣ – тарбиявӣ мебошад. Коркарди ин ғоя дар аввали солҳои 70 – уми асри гузашта таҳти роҳбарии олими намоён академик Ю. К. Бабанский сурат гирифта буд. Бо роҳбарии ӯ дар мамлакат ҳаракати такмилдиҳии системаи таълимӣ – тарбиявӣ ба миён омад. Натиҷаҳои муайяни ноилшавӣ пайдо шуданд, ки ҳоло ҳам баҳри педагогикаи ватанӣ ва мактаб аҳамияти калон дорад.

Муносибгардонии СП аз истилоҳи лотинии «optimum» — беҳтарин, муносиб ибтидо ёфта, маънои аз имкониятҳои зиёд интихоб намудани вариантиҳои беҳтарин – муносибро дорад. Дар чунин системаи мураккаб, динамикӣ, сернақшагӣ, иерархӣ, ҳамчун педагогӣ, ҳазорҳо имконияти созмони вариантҳо, ҷараён ва ташкили фаъолияти таълимию тарбиявӣ, ноилшавӣ ба мақсади гузошташуда вуҷуд дорад. Дар шароити мушаххас фақат яке аз онҳо беҳтарин шуда метавонад. Ҷустуҷӯи он – вазифаи умдаи муносибгардонӣ. Он бо роҳи таққоси вариантҳо ва арзёбии алтернативӣ ҳал карда мешавад.

Дар таҳти оптимизатсия – муносибгардонӣ сатҳ ва дараҷаи мувофиқи СП ба он мақсаде, ки баҳри ноилшавии он барпо карда шудааст, фаҳмидан мумкин. Ноилшавии зиёд барои як шароит ва қариб ҳеҷ вақт дар шароити дигар ҷой надорад, барои ҳамин ҳам фаҳмиши муносибгардонӣ ҳамеша наметавонад, он фақат ба муносибати интихоби вазифа рӯй медиҳад. Дар ин асно дақиқ тасаввур кардан зарур аст, ки чӣ бояд муносиб гардонда шавад, кадом параметри СП бояд ба комёбии зиёди мақсади гузошташуда мувофиқ ояд.

Ю. К. Бабанский ба педагогика дохил кардани принсипи оптималӣ – муносиб ё беҳтаринро таклиф гузошт, то ки ҷараёни комёбӣ на фақат як беҳбудӣ, балки ноили чандин комёбӣ гардад. Принсипи муносибгардонӣ оқилона ва сарфакорона истифода бурдани меъёри ҳамаи аносири раванди омӯзишро тақозо мекунад. Он ба имконпазирии вақти кам сарф карда, ба натиҷаҳои муфиди зиёд ниолгардӣ даъват менамояд. Дар ҳамин дида мешавад моҳияти гуманистии он[6].

Дар ин ҷода бояд майли назариявӣ ва амалиро фарқ кард. Фаҳмиши синоними мафҳуми «оптималӣ» — ин мувофиқгардонӣ дар назария ҷанбаи ҳисоб, таққоси вариантҳоро ифода мекунад. Дар ҷанбаи амалӣ муносибгардонӣ инноватсия, азнавташкилкунии СП — ро мефаҳмонад.

Ҳалли вазифаҳои муносибгардонӣ аз интихоби маҳак сар мешавад. Маҳаки муносибгардонӣ – ин аломат (нишондод), ки дар асоси он имконпазирии вариантҳо (алтернатив) – и инкишофи раванд ва интихоби беҳтарини онҳоро арзёбӣ мегардонанд. Талаботи мантиқ истодагарӣ мекунад, ки меъёр фақат аз як мазмун нишондод (параметр) иборат бошад, дар педагогика ин ҳамеша ҳалли комплексӣ мегирад, чунки ба инкишофи сабабҳои ҷудогонаи раванд, ки аз ҷараёни системаи педагогӣ сар мешавад, имкон намедиҳанд.

«Оптимизатсия (муносибгардонӣ) гуфта мо раванди омӯзишеро меномем, ки – менависад академик Ю. К. Бабанский, — якбора ба меъёрҳои зайл ҷавоб медиҳад: а) мазмун, сохт ва мантиқи муфидона ва босифати вазифаҳои омӯзиш, тарбия ва иникшофи талабагонро мувофиқи талаботи барномаҳои давлатии таълимӣ (акнун стандарти давлатӣ меноманд) дар сатҳи имконияти зиёди таълимии ҳар мактабхон таъмин мекунад; б) ба мақсади гузошташуда ноилшавӣ бидуни сарфи зиёди вақти ҷудо кардаи нақшаи таълимии амалӣ барои машғулиятҳои синфӣ, ҳамчунин барқароршудаи мактаб ва меҳнати гигиенӣ барои машғулиятҳои хонагии талабагон ва муаллимон, таъмин карда мешавад, то ки якбора далелҳои хасташавӣ ба муаллимон ва хонандагон бояд огоҳонида шавад»[7].

Дар боло мисолҳо нисбати иддаи муассисаҳои таълимии «инноватсионӣ» нишон дода шуда буд, ки натиҷаҳо бо роҳи сербории муаллимон ва талабагон ҳосил мегардад. Сербории дарозмуддат ба пастшавии қобилияти меҳнатӣ, бадшавии саломатӣ меорад. Талаботи меъёри муносибгардонӣ ҳаммаънои беҳтарин буда, онро ҳамчун раванди таълиму тарбия шуморидан мумкин аст, он бидуни сербории талабгаон ва муаллимон ҷорӣ мегардад ва дар ҳамин асно натиҷаҳои зиёд ба даст оварда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи нормаи пештара, ки ҳоло ягон кас иваз накардааст, мактабиён бояд ба корҳои хонагӣ дар ҳудуди зайл вақт сарф кунанд: дар синфи I – 1 – соат, дар синфи II – 1,5 соат, дар синфҳои III – IV – 2 соат, дар синфҳои V – VI – 2,5 соат, дар синфи VII – 3 соат, дар синфҳои VIII – X – 4 соат. Имрӯзҳо саломатии талабагон бад шуд, ин нормаро фақат аз ҷиҳати камкунии вақт бояд ислоҳ кард.

Ҳамин тавр, барои сифати асосии меъёри муносибгардонии раванди таълимӣ – тарбиявӣ ду нишондоди боҳам робитадор қабул карда мешавад:

  1. дар шароити ҳозира гирифтани имкониятҳои зиёди (комёбиҳои воқеӣ) натиҷаҳои маълумот, тарбия ва инкишофи талабагон;
  2. риояи нормаҳои сарфкунии вақти барқароршудаи корҳои синфӣ ва хонагии талабагон ва муаллимон мувофиқи синну сол.

Асосҳои методологии муносибгардонӣ рафтори системанок, ки дида баромадани ҳамаи қисматҳои раванди педагогиро дар ягонагии қонунмандии робитадорӣ талаб мекунад, ба назарияи умумии идоракунии системаҳои динамикии мураккаб риоя менамояд. Муносибгардонӣ ба «андозаи» фалсафа асосонида мешавад. Он ба муқобили муболиғакунии ин ё он қисми системаи педагогӣ, аз будаш зиёд ё камкунии суръати фаъолият, мураккабии омӯзиш ва ғ. мебарояд, вале фақат интихоби маҳаки андоза ва истифодабарии онҳоро талаб мекунад.

Ба асосҳои талаботи методологии муносибгардонии СП инҳо дохил мешаванд:

  1. Фарогирии яклухти расму қоидаи муносибгардонии тамоми система.
  2. Аснои интихоби вариантҳои беҳтарин такякунӣ ба тамоми қонунияти системаи раванди таълимӣ – тарбиявӣ.
  3. Ҳисоби пай дар пайи имкониятҳои муносибгардонии тамоми қисматҳои система.
  4. Тафтиши муносибгардониро ҳамчун ҷараёни мунтазами раванди инноватсионӣ аз ҳама вазифаи бештар баландбардорӣ ва баланди ҳалли мукаммали технологӣ бояд донист.

Талаботи аз ҳама охирин нишон медиҳад, ки дар қисман муносибгардонӣ нисбати СП чанде пас беҳтаргадонӣ намешавад: тағйирёбии шароит, пайдошавии далелҳои нав баробарвазнии барқароршударо вайрон мекунад ва ҳамаашро аз нав сар кардан лозим меояд. Дар ҳамин аст абадияти мухолифатҳои раванди педагогӣ, аз оне ки қувваи ҳаракатдиҳандаи раванди он тавлид меёбад.

Ба он эътибор бояд дод, ки, аз як тараф, муносибгардонӣ фараз мекунад, ки раванди педагогиро бо шароити мавҷуда мувофиқ гардонад, вале аз дигар тараф, худаш шароити нав барпо мекунад ва ба он раванд мутобиқшавиро талаб менамояд. Дар ин ҷо ҳеҷгуна мухолифат нест, ҳамин тавр, ҳарду раванд бо алоқамандии ҳамдигар амал мекунанд. Агар имрӯз мо ба воқеият мутобиқ шавем, онгоҳ он ба вазъият вобастагӣ дорад, на ба мо. Аммо педагог ҳама вақт мекӯшад, ки онҳо баҳри ҷараёни раванд беҳтарин бошанд. Чунин талаб тағйирнопазир муносибгардонӣ аст.

Муносибгардонии амалӣ аз он сар мешавад, ки нисбат ба муайян кардани меъёри баҳо дар сатҳи таълимгирифта, бомаърифатшуда, инкишофёфтаи талабагони синф ва тамоми мактаб ноилшуда бошад. Ҳамчун қоида, вай аз имконияти объективӣ поёнтар меравад (агар ин сатҳ ҳамаро қонеъ гардонад, муносибагрдонӣ шуда наметавонад: ба мақсад расидааст, беҳтар кардани дигар чиз нест). Сипас имконпазирии дараҷаи инкишофи натиҷагирӣ, лоиҳакашӣ карда мешавад (талабаи аниқ чӣ тавр метавонад ва бояд нағз хонад, худро идора кунад). Баъди ин истифода (татбиқ) кардани чорабиниҳои системаи таълимӣ – тарбиявӣ, таъмини майл ба дигаргуниҳои пешбинишуда гузаштан. Дар ҷамъбаст таққоскунии раванд ва натиҷаҳои ноилшуда ба имконият муносибгардонӣ, муқоиса кардани сарфакунии вақт барои корҳои хонагӣ ва беруназсинфӣ зимни нормаҳо, кӯшиши муаллимон ва талабагон хулосабарорӣ нисбати сатҳи муносибгардонӣ.

Муносибгардонӣ (оптимизатсия) тавассути системаи услубҳо амалӣ карда мешавад, ки он аз қонуният ва принсипҳои сидқан аз раванди таълиму тарбия ҷорӣ гашта, хусусияти чорабиниҳои дақиқ мегардад (ниг. нақшаи 5).

Услуби мутобиқгардониро Ю.К. Бабанский чун фаъолияти робитадори якҷояамалкунандаи муаллимон ва талабгон, оне ки пешакӣ барои гирифтани имкониятҳои зиёд дар вазъияти кунунии омӯзиши самарабахш зимни риоя кардани гигиенаи нормаи барқароршудаи сарфакунии вақт (ё ҳатто кам аз он), яъне бидуни сербории талабагон ва муаллимон меномад.

Дараҷаи фаъолияти зайли мактаб, муаллимон ва талабагон ба ҳамагон маълум – нокифоягӣ, танқидкорона, гузошташаванда ва беҳтарин. Барои таъмини охирини раванди таълиму тарбия услуби асосии муносибгардонии зайл истифода бурда мешавад:

  1. Муносибати комплексӣ бинмудан ҳамчун талаботи умумии пешгирикунии яктарафагӣ дар лоиҳакашӣ, банақшагирӣ, татбиқ кардани ченаки фаъолиятҳои амалӣ, арзёбии натиҷаҳо.
  2. Мушаххас намудани вазифаҳо бо назардошти хусусиятҳои (муайян кардан, имконият ва ғ.) системаҳои педагогӣ.
  3. Интихоби вариантҳои муносибгардонии мазмуни раванди таълимию тарбиявӣ бо ёрии ҷудокунии асосӣ, мутобиқаткунонии байнифаннӣ ва байниравиявӣ, оқилона созмондиҳии мазмун.
  4. Интихоби метод ва шаклҳои раванди таълиму тарбиявие, ки бештар имконяити бомуваффақият вазифаи гузошташударо дар вақти муайянкунанда ҳал мекунанд.
  5. Иҷрокунии рафтори тафриқавӣ ва инфиродӣ бо сустхонҳо, пешқадамон ва бо ҳамаи хонандагон.
  6. Оқилона пайвастани идоракунӣ ва худидоракунии фаъолияти таълимӣ – тарбиявӣ, банақшагирии фаврӣ ва ислоҳкории ҷараёни онҳо. Тадриҷан табдил додани омӯзиш ба худомӯзӣ, аммо тарбияро ба худтарбиякунӣ.
  7. Таҳлили натиҷаҳои раванди таълимӣ – тарбиявӣ ва сарфи вақт баҳри комёбиҳои онҳо мутобиқи меъёри муайяншудаи муносибгардонӣ ва муносибат ба сарфакории маҳсулот.

Агар мухтасар амалиёти асосии педагогиро роҷеъ ба муносибгардонии раванди таълиму тарбия ҷамъбаст кунем, ноили инҳо мешавем:

  • комплексонӣ ва мушаххасонии вазифаҳо;
  • марказонӣ (ҷудокунии асосӣ);
  • мутобиқаткунонии байнифаннӣ ва байниравиявӣ;
  • интихоби вариантҳо дар асоси муқоисаи арзёбии онҳо;
  • гуманиситикунӣ;
  • барпо намудани шароити зарурӣ;
  • якҷоягии идоракунӣ ва худидоракунӣ;
  • танзими фаврӣ ва ислоҳи раванд;
  • баҳои ҷамъбастии он мувофиқи меъёри муқарраршуда;
  • гузоштан ба масъалаҳои бештари мураккаб;
  • раванди доимӣ ва тадриҷиятӣ будани инноватсионӣ.

Санҷиши контролӣ

  1. Зимни инноватсияи педагогӣ чӣ фаҳмида мешавад?
  2. Системаи педагогӣ аз кадом қисматҳо иборат аст?
  3. Қонуни нигаҳдории СП – ро чӣ тасдиқ мекунад?
  4. Барои чӣ дар як вақт беҳтар кардани ҳамаи СП имконнопазир аст?
  5. Роҳи инкишофи бошиддат ва экстенсивии СП бо чӣ фарқ мекунад?
  6. Кадом самт ба инноватсионии педагогикаи умумӣ мансуб аст?
  7. Аз сатҳи инноватсия кадомаш таъсири ҳақиқии тағйирдиҳӣ дорад?
  8. Принсипи табиатворонагиро мухтасар ифода кунед.
  9. Барои чӣ педагогика бояд ба принсипи табиатворонагӣ бозгардад?
  10. Кадом натиҷаҳо педагогикаи ватаниро ба принсипи табиатворонагӣ баргаштан боис мегардонад?
  11. Кадом парадигма бештар ояндадор барои педагогикаи ватанӣ?
  12. Талаботи асосии гуманистии педагогика кадомҳо?
  13. Аз талаботи меъёри асосии инноватсионии муассисаҳои таълимӣ номбаред.
  14. Дар асоси нишондодҳо муассисаҳои таълимии инноватсияро аз ғайриинноватсионӣ фарқ кунед.
  15. Оё тасдиқ кардан дуруст аст: инноватсия – ин бозгашт ба кӯҳна, принсипи санҷидашуда?
  16. Магар муассисаҳои таълимие, ки аз ҳисоби серборкунии талабагон ва муаллимон ба натиҷаҳои хеле баланд ноилгашта инноватсионӣ шуда метавонад?
  17. Муносибгардони (оптимизатсия) – и СП чист?
  18. Меъёри муносибгардонӣ чист?
  19. Муносибгардонӣ амалан аз кадом услуб истифода мебарад?
  20. Муносибгардонӣ ба муаллимон ва талабагон чӣ медиҳад?

Адабиёт барои худомӯзӣ

  1. Подласый И. П. Педагогика. – М., 2000.
  2. Бабанский Ю. К. Избранные педагогические труды. – М., 1989.
  3. Беспалько В. П. Слагаемые педагогической технологии. – М., 1989.
  4. Берулова М. М. Гуманизация образования: проблемы и перспективы. – Бийск, 1995.
  5. Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир. – Душанбе, 2001.
  6. Декларация прав ребенка // Нар. образование. – 1993.
  1. Ниг. Подласый И. П. Педагогика. М., 2000. с.180.

  2. Беспалько В. Т. Слагаемые педагогической технологии. – М., 1989. с. 6 – 7.

  3. Ниг. Кушнир А. Новая Россия подрастает // Нар. образование. – 1997. — №8

  4. Коменский Я. А. Ибзр. Пед. соч. – М., 1955. – с. 300 — 301.

  5. Песталоцци И. Г. Избр. пед. Произв.: В 3т. Т. 3. – М., 1965. – с. 216

  6. Ниг. Педагогика/ Под. ред. Ю. К. Бабансикого. – М., 1983. – с. 237

  7. Ниг. Бабанский Ю. К. Оптимизация процесса обучения. – М., 1977. – с. 243.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *