Фанни Педагогика

Муносибгардонии (октимизасияи) системаи педагогӣ

Нагузарандагии инноватсияи умумӣ ба системаи педагогӣ комилан марбут буда, муносибгардонии раванди таълимӣ – тарбиявӣ мебошад. Коркарди ин ғоя дар аввали солҳои 70 – уми асри гузашта таҳти роҳбарии олими намоён академик Ю. К. Бабанский сурат гирифта буд. Бо роҳбарии ӯ дар мамлакат ҳаракати такмилдиҳии системаи таълимӣ – тарбиявӣ ба миён омад. Натиҷаҳои муайяни ноилшавӣ пайдо шуданд, ки ҳоло ҳам баҳри педагогикаи ватанӣ ва мактаб аҳамияти калон дорад.

Муносибгардонии СП аз истилоҳи лотинии «optimum» — беҳтарин, муносиб ибтидо ёфта, маънои аз имкониятҳои зиёд интихоб намудани вариантиҳои беҳтарин – муносибро дорад. Дар чунин системаи мураккаб, динамикӣ, сернақшагӣ, иерархӣ, ҳамчун педагогӣ, ҳазорҳо имконияти созмони вариантҳо, ҷараён ва ташкили фаъолияти таълимию тарбиявӣ, ноилшавӣ ба мақсади гузошташуда вуҷуд дорад. Дар шароити мушаххас фақат яке аз онҳо беҳтарин шуда метавонад. Ҷустуҷӯи он – вазифаи умдаи муносибгардонӣ аст. Он бо роҳи муқоисаи вариантҳо ва арзёбии алтернативӣ ҳал карда мешавад.

Дар таҳти оптимизатсия – муносибгардонӣ сатҳ ва дараҷаи мувофиқи СП ба он мақсаде, ки баҳри ноилшавии он барпо карда шудааст, фаҳмидан мумкин аст. Ноилшавии зиёд барои як шароит ва қариб ҳеҷ вақт дар шароити дигар ҷой надорад, барои ҳамин ҳам фаҳмиши муносибгардонӣ ҳамеша наметавонад, он фақат ба муносибати интихоби вазифа рӯй медиҳад. Дар ин лаҳза дақиқ тасаввур кардан зарур аст, ки чӣ бояд муносиб гардонда шавад, кадом параметри СП бояд ба комёбии зиёди мақсади гузошташуда мувофиқ ояд.

Ю. К. Бабанский ба педагогика дохил кардани принсипи оптималӣ – муносиб ё беҳтаринро таклиф гузошт, то ки ҷараёни комёбӣ на фақат як беҳбудӣ, балки ноили чандин комёбӣ гардад. Принсипи муносибгардонӣ оқилона ва сарфакорона истифода бурдани меъёри ҳамаи унсури раванди омӯзишро тақозо мекунад. Он ба имконпазирии вақти кам сарф карда, ба натиҷаҳои муфиди зиёд ниолгардӣ даъват менамояд. Дар ҳамин дида мешавад моҳияти гуманистии он[1].

Дар ин ҷода бояд майли назариявӣ ва амалиро фарқ кард. Фаҳмиши синоними мафҳуми «оптималӣ» — ин мувофиқгардонӣ дар назария ҷанбаи ҳисоб, муқоисаи вариантҳоро ифода мекунад. Дар ҷанбаи амалӣ муносибгардонӣ инноватсия, азнавташкилкунии СП — ро мефаҳмонад.

Ҳалли вазифаҳои муносибгардонӣ аз интихоби мақсаднок сар мешавад. Маҳаки муносибгардонӣ – ин аломат (нишондод), ки дар асоси он имконпазирии вариантҳо (алтернатив) – и инкишофи раванд ва интихоби беҳтарини онҳоро арзёбӣ мегардонанд. Талаботи мантиқ истодагарӣ мекунад, ки меъёр фақат аз як мазмун нишондод (параметр) иборат бошад, дар педагогика ин ҳамеша ҳалли комплексӣ мегирад, чунки ба инкишофи сабабҳои ҷудогонаи раванд, ки аз ҷараёни системаи педагогӣ сар мешавад, имкон намедиҳанд.

«Оптимизатсия (муносибгардонӣ) гуфта мо раванди омӯзишеро меномем, ки – менависад академик Ю. К. Бабанский, — якбора ба меъёрҳои зайл ҷавоб медиҳад: а) мазмун, сохт ва мантиқи муфидона ва босифати вазифаҳои омӯзиш, тарбия ва иникшофи талабагонро мувофиқи талаботи барномаҳои давлатии таълимӣ (акнун стандарти давлатӣ меноманд) дар сатҳи имконияти зиёди таълимии ҳар мактабхон таъмин мекунад; б) ба  мақсади  гузошташуда  ноилшавӣ  бидуни  сарфи зиёди вақти ҷудо кардаи нақшаи таълимии амалӣ барои машғулиятҳои синфӣ, ҳамчунин барқароршудаи мактаб ва меҳнати гигиенӣ барои машғулиятҳои хонагии талабагон ва муаллимон, таъмин карда мешавад, то ки якбора далелҳои хасташавӣ ба муаллимон ва хонандагон бояд огоҳонида шавад»[2].

Дар боло мисолҳо нисбати иддаи муассисаҳои таълимии «инноватсионӣ» нишон дода шуда буд, ки натиҷаҳо бо роҳи сербории муаллимон ва талабагон ҳосил мегардад. Сербории дарозмуддат ба пастшавии қобилияти меҳнатӣ, бадшавии саломатӣ меорад. Талаботи меъёри муносибгардонӣ ҳаммаънои беҳтарин буда, онро ҳамчун раванди таълиму тарбия шуморидан мумкин аст, он бидуни сербории талабгаон ва муаллимон ҷорӣ мегардад ва дар ҳамин лаҳза натиҷаҳои зиёд ба даст оварда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи нормаи пештара, ки ҳоло ягон кас иваз накардааст, мактабиён бояд ба корҳои хонагӣ дар ҳудуди зайл вақт сарф кунанд: дар синфи I – 1 – соат, дар синфи II – 1,5 соат, дар синфҳои III – IV – 2 соат, дар синфҳои V – VI – 2,5 соат, дар синфи VII – 3 соат, дар синфҳои VIII – X – 4 соат. Имрӯзҳо саломатии талабагон бад шуд, ин нормаро фақат аз ҷиҳати камкунии вақт бояд ислоҳ кард.

Ҳамин тавр, барои сифати асосии меъёри муносибгардонии раванди таълимӣ – тарбиявӣ  ду  нишондоди  боҳам  робитадор  қабул карда мешавад:

  • дар шароити ҳозира гирифтани имкониятҳои зиёди (комёбиҳои воқеӣ) натиҷаҳои маълумот, тарбия ва инкишофи талабагон;
  • риояи нормаҳои сарфкунии вақти барқароршудаи корҳои синфӣ ва хонагии талабагон ва муаллимон мувофиқи синну сол онҳо мебошад.

Асосҳои методологии муносибгардонӣ рафтори системанок, ки дида баромадани ҳамаи қисматҳои раванди педагогиро дар ягонагии қонунмандии робитадорӣ талаб мекунад, ба назарияи умумии идоракунии системаҳои динамикии мураккаб риоя менамояд. Муносибгардонӣ ба «андозаи» фалсафа асосонида мешавад.   Он  ба   муқобили   муболиғакунии   ин   ё   он   қисми  системаи педагогӣ, аз будаш зиёд ё камкунии суръати фаъолият, мураккабии омӯзиш ва ғ. мебарояд, вале фақат интихоби маҳаки андоза ва истифодабарии онҳоро талаб мекунад.

Ба асосҳои талаботи методологии муносибгардонии СП инҳо дохил мешаванд:

  1. Фарогирии яклухти расму қоидаи муносибгардонии тамоми система.
  2. [ангоми интихоби вариантҳои беҳтарин такякунӣ ба тамоми қонунияти системаи раванди таълимӣ – тарбиявӣ.
  3. Ҳисоби пай дар пайи имкониятҳои муносибгардонии тамоми қисматҳои система.
  4. Тафтиши муносибгардониро ҳамчун ҷараёни мунтазами раванди инноватсионӣ аз ҳама вазифаи бештар баландбардорӣ ва баланди ҳалли мукаммали технологӣ бояд донист.

Талаботи аз ҳама охирин нишон медиҳад, ки дар қисман муносибгардонӣ нисбати СП чанде пас беҳтаргадонӣ намешавад: тағйирёбии шароит, пайдошавии далелҳои нав баробарвазнии барқароршударо вайрон мекунад ва ҳамаашро аз нав сар кардан лозим меояд. Дар ҳамин аст абадияти мухолифатҳои раванди педагогӣ, аз оне ки қувваи ҳаракатдиҳандаи раванди он тавлид меёбад.

Ба он эътибор бояд дод, ки, аз як тараф, муносибгардонӣ фарқ мекунад, ки раванди педагогиро бо шароити мавҷуда мувофиқ гардонад, вале аз дигар тараф, худаш шароити нав барпо мекунад ва ба он раванд мутобиқшавиро талаб менамояд. Дар ин ҷо ҳеҷгуна мухолифат нест, ҳамин тавр, ҳарду раванд бо алоқамандии ҳамдигар амал мекунанд. Агар имрӯз мо ба воқеият мутобиқ шавем, онгоҳ он ба вазъият вобастагӣ дорад, на ба мо. Аммо педагог ҳама вақт мекӯшад, ки онҳо баҳри ҷараёни раванд беҳтарин бошанд. Чунин талаб тағйирнопазир муносибгардонӣ аст.

Муносибгардонии амалӣ аз он сар мешавад, ки нисбат ба муайян кардани меъёри баҳо дар сатҳи таълимгирифта, бомаърифатшуда, инкишофёфтаи талабагони синф ва тамоми мактаб ноилшуда бошад. Ҳамчун қоида, вай аз имконияти объективӣ поёнтар меравад (агар ин сатҳ ҳамаро қонеъ гардонад, муносибагрдонӣ шуда наметавонад: ба мақсад расидааст, беҳтар кардани дигар чиз нест). Сипас имконпазирии дараҷаи инкишофи натиҷагирӣ, лоиҳакашӣ карда мешавад (талабаи аниқ чӣ тавр метавонад ва бояд нағз хонад, худро идора кунад). Баъди ин истифода (татбиқ) кардани чорабиниҳои системаи таълимӣ – тарбиявӣ, таъмини майл ба дигаргуниҳои пешбинишуда гузаштан. Дар ҷамъбаст муқосакунии раванд ва натиҷаҳои ноилшуда ба имконият муносибгардонӣ, муқоиса кардани сарфакунии вақт барои корҳои хонагӣ ва беруназсинфӣ зимни нормаҳо, кӯшиши муаллимон ва талабагон хулосабарорӣ нисбати сатҳи муносибгардонӣ.

Муносибгардонӣ (оптимизатсия) тавассути системаи услубҳо амалӣ карда мешавад, ки он аз қонуният ва принсипҳои сидқан аз раванди таълиму тарбия ҷорӣ гашта, хусусияти чорабиниҳои дақиқ мегардад (ниг. нақшаи 5).

Услуби мутобиқгардониро Ю.К. Бабанский чун фаъолияти робитадори якҷояамалкунандаи муаллимон ва талабгон, оне ки пешакӣ барои гирифтани имкониятҳои зиёд дар вазъияти кунунии омӯзиши самарабахш зимни риоя кардани гигиенаи нормаи барқароршудаи сарфакунии вақт (ё ҳатто кам аз он), яъне бидуни сербории талабагон ва муаллимон меномад.

Дараҷаи фаъолияти зайли мактаб, муаллимон ва талабагон ба ҳамагон маълум нокифоягӣ, танқидкорона, гузошташаванда ва беҳтаринро дар бар мегирад. Барои таъмини охирини раванди таълиму тарбия услуби асосии муносибгардонии зайл истифода бурда мешавад:

  1. Муносибати комплексӣ бинмудан ҳамчун талаботи умумии пешгирикунии яктарафагӣ дар лоиҳакашӣ, банақшагирӣ, татбиқ кардани ченаки фаъолиятҳои амалӣ, арзёбии натиҷаҳо мебошад.
  2. Мушаххас намудани вазифаҳо бо назардошти хусусиятҳои (муайян кардан, имконият ва ғ.) системаҳои педагогӣ.
  3. Интихоби вариантҳои муносибгардонии мазмуни раванди таълимию тарбиявӣ бо ёрии ҷудокунии асосӣ, мутобиқаткунонии байнифаннӣ ва байниравиявӣ, оқилона созмондиҳии мазмуни онҳост.
  4. Интихоби метод ва шаклҳои раванди таълиму тарбиявие, ки бештар имконяити бомуваффақият вазифаи гузошташударо дар вақти муайянкунанда ҳал мекунанд.
  5. Иҷрокунии рафтори тафриқавӣ ва инфиродӣ бо сустхонҳо, пешқадамон ва бо ҳамаи хонандагонро таъмин намудан аст.
  6. Оқилона пайвастани идоракунӣ ва худидоракунии фаъолияти таълимӣ – тарбиявӣ, банақшагирии фаврӣ ва ислоҳкории ҷараёни онҳо. Тадриҷан табдил додани омӯзиш ба худомӯзӣ, аммо тарбияро ба худтарбиякунӣ.
  7. Таҳлили натиҷаҳои раванди таълимӣ – тарбиявӣ ва сарфи вақт баҳри комёбиҳои онҳо мутобиқи меъёри муайяншудаи муносибгардонӣ ва муносибат ба сарфакории маҳсулот.

Агар мухтасар амалиёти асосии педагогиро роҷеъ ба муносибгардонии раванди таълиму тарбия ҷамъбаст кунем, ноили инҳо мешавем:

  • комплексонӣ ва мушаххасонии вазифаҳо;
  • марказонӣ (ҷудокунии асосӣ);
  • мутобиқаткунонии байнифаннӣ ва байниравиявӣ;
  • интихоби вариантҳо дар асоси муқоисаи арзёбии онҳо;
  • гуманиситикунӣ;
  • барпо намудани шароити зарурӣ;
  • якҷоягии идоракунӣ ва худидоракунӣ;
  • танзими фаврӣ ва ислоҳи раванд;
  • баҳои ҷамъбастии он мувофиқи меъёри муқарраршуда;
  • гузоштан ба масъалаҳои бештари мураккаб;
  • раванди доимӣ ва тадриҷиятӣ будани инноватсионӣ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *