Фанни Педагогика

Системаи таълиму тарбия дар Тоҷикистон

Зермавзўъҳо:

  1. Маълумотҳои мухтасари таърихӣ дар бораи таълиму тарбия дар

Тоҷикистон.

  1. Системаи таълиму тарбия дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон.
  2. Таърихи Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

  1. Маълумотҳои мухтасари таърихӣ оиди таълиму тарбия дар Тоҷикистон.

То инқилоби октябр дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон қисми зиёди аҳолӣ савод надоштанд. Мактабу мадрасаҳо дар ихтиёри бою амалдорон буданд, ки дар онҳо асосан  фарзандони онҳо мехонданд. Дар ибтидои асри XX солҳои 1914-1915 дар шаҳри Хуҷанду Уротеппа ва Конибодом 10 мактаби русии 4 — сола ташкил гардид, ки дар онҳо 369 хонанда таҳсил карда 13 муаллим кор мекард.

Соли 1918 низомнома «Дар бораи ташкили маорифи халқ дар кишвари Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки дар он таълим бепул ( ба забони модарӣ) ва ҷудо кардани мактаб аз дин муайян шуда буд. Соли 1918 дар шимоли Тоҷикистон 15 мактаби Шуравӣ кушода шуд, соли 1919 шумораи онҳо ба 73 расид. Соли 1926 дар ҳудуди Тоҷикистон 161 мактаб  ва 10 хонаи бачагон (5430 нафар хонанда) мавҷуд буд.

Соли 1925 дар Душанбе аввалин техникуми педагогӣ, соли 1931 Институти педагогии шаҳри Душанбе, соли 1932  дар шаҳри Ленинобод  (Хуҷанди ҳозира) инчунин институт таъсис ёфт. Донишкадаю Донишгоҳҳои дигари Ҷумҳуриамон баъди онҳо арзи вуҷуд намуданд.

Мувофиқи барўйхатгирии соли 1939 фоизи саводнокӣ, дар байни аҳолии  Тоҷикистон синну солашон аз 9 то 49  сола ба 82,8 фоиз (мардҳо 84,4, занҳо 77, 5) — ро ташкил мекард. Ба ҳуруфоти нави русиасос  гузаронидани  алифбои тоҷикӣ (соли 1940) дар инкишофи системаи таълиму тарбия аҳамияти калон дошт.

Аз рўи маълумотҳои соли 1979 саводнокии аҳолӣ 99,7% (мардҳо 99, 85% , занҳо 99, 45%) буд.   Системаи таълиму тарбия дар мактабҳо инкишоф ёфта:  соли 1966 дар шаҳри Душанбе қасри пионерон барои  мактаббачаҳо ташкил карда шуд . Он вақт дар Ҷумҳуриамон 79 хонаи пионерон, 9 стансияи (марказӣ) техникҳои ҷавон, 8 истгоҳи табиатдўстони ҷавон, 7 истгоҳи сайёҳӣ 75 китобхонаи бачагона амал мекаард.

  1. Системаи таълиму тарбия дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон

Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон 9.09. соли 1991 дар   ҳамаи ҷабҳаҳои хоҷагии халқ, аз он ҷумла дар системаи таълиму тарбия низ дигаргуниҳо ба вуҷуд омад. Дар ин давра як қатор қонунҳо:

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф (с. 1994)
  2. Низомномаи маълумоти то мактабӣ (с. 1995).
  3. Стандарти давлатии маълумоти миёнаи умумӣ (с. 1997).
  4. Консепсияи миллии маълумот (2003)
  5. Консепсияи миллии тарбия (2006).
  6. Қонуни Ҷ. Тоҷикистон «Дар бораи масъуляти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2. 08. 2011) қабул карда шуданд, ки онҳо дар беҳтар кардани системаи таълиму тарбия мусоидат намуданд. Дар ин давра дар системаи таълиму тарбия дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад:

1.Баробари мактабҳои муқаррарӣ шаклҳои навӣ мактабҳо: литсеияҳо,

гимназияҳо, коллеҷҳо, ва мактабҳои олӣ ривоҷ ёфтаанд.

2.Муассисаҳои таълимии хусусӣ, ғайри давлатӣ (тоҷикӣ —  руссиягӣ, тоҷикӣ –туркӣ, тоҷикӣ – америкоӣ, муассиаҳои хусусии то мактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсйҳо, коллеҷҳо, мактабҳои олӣ ва дигар мактабҳои хадамоти маърифатӣ) таъсис гардидаанд.

3.Омўзиш дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз рўи равияҳои: умумӣ, гуманитарӣ ва табиию  риёзӣ ҷорӣ гардид, ки дар таълими он хонандагоне, ки ба ин ривояҳо майл доранд қабул карда мешаванд.

4.Низоми идоракунии системаи таълиму тарбия такмил ёфт, ки тавассути  додани ваколатҳо ва ҳуқуқҳо мустақиляти мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, мактабҳо, техникумҳо ва мактабҳои олӣ мустаҳкам гардид.

5.Дар ин давра нақшаҳои таълим, барномаҳо, китобҳои дарсии

мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ва низомномаҳои муассисаҳои таълимӣ

дар ҳамаи зинаҳо нав карда шуданд.

6.Дар Донишгоҳҳою  Донишкадаҳо системаи таълими кредитӣ ҷорӣ

гардид.

Сохтори таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, аз рўи зинаҳои   зерин муайян карда шуданд:

  1. Муассисаҳои то мактабӣ
  2. Мактабҳои таҳсилотии умумӣ
  3. Маълумоти миёнаи махсус (колледжҳо, омўзишгоҳҳо)
  4. Мактабҳои олӣ.

Сохтори мактабҳоии таҳсилоти умумӣ ба тариқи зайл, аз рўи зинаҳои зерин ташкил гардиданд:

  1. Мактаби ибтидоӣ.
  2. Мактаби асосӣ.
  3. Мактаби миёна.

 

  1. Таърихи Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Баъд аз ташкил шудани Давлати Шўравӣ  дар Тоҷикистон  соли 1918 дар шаҳри Хуҷанд шўъбаи маорифи халқ ташкил карда шуд, ки  мудири он Абдуллоҳ Раҳмонов буд.

Маорифи халқ чист?   Системаи муассисаҳои талиму тарбия буда, кори онҳо мувофиқи манфиату  талаботи ҷамъият ва давлат ба соҳибмаълумот ва тарбия намудани  халқ нигаронида шудааст.

14 декабри соли 1924 комиссариати маорифи халқи РАСС Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки 11. феврали соли 1925 дар Душанбе ба кори худ шурўъ кард.

Аввалин раиси  комиссариати  маорифи халқи Тоҷикистон Аббос Алиев буд. Ў соли 1899 дар Бухоро ба дунё омада 16. 01. 1968 дар Алмаато вафот кардааст.

Дар таърихи Тоҷикистон  инҳо  вазири  маориф  шуда  кор  кардаанд:

  1. Алиев Аббос с. 1924 — 1927
  2. Носирмуҳаммадов Юсуфулло с. 1927- 1929 – 1930 — 1932
  3. Масаидов Мухаммад Мадалиевич с. 1929 — 1930
  4. Носиров Саид Турабоевич с. 1932 — 1934
  5. Абдимов К. с. 1934 — 1936
  6. Ҳасанов Сироҷиддин Файзуллоевич с. 1936 — 1937
  7. Ниёзов Муҳаммад с. 1937 — 1938
  8. Пулотов Тоҳир Пирмуҳаммадович с. 1938 — 1942, 1954 — 62
  9. Солеҳбоев Ҳотам Ҳокимбоевич с. 1942 — 1945
  10. Саидов Ҳошим Умарович с. 1945 — 1947
  11. Неъматуллоев Ҳабибулло с. 1947 — 1954
  12. Осимов Муҳаммад Сайфиддинович с. 1962 — 1963
  13. Юсуфбеков Рустам с. 1963 — 1974
  14. Дадабоев Рауф с. 1974 — 1986
  15. Рашидов Абдубашир Рашидович с. 1986 — 1988
  16. Назаров Талбак с. 1988 — 1989
  17. Давлатов Исмоил с. 1990 — 1992
  18. Вазиров Зокир с. 1992
  19. Додхудоева Бозгул Додхудовна с. 1992 — 1994
  20. Иноятова Мунира Абдуллоевна 1994 — 2000
  21. Раҷабов Сафаралӣ Раҷабович с. 2000 — 2005
  22. Раҳмонов Абдуҷаббор с. 2005 — 2012
  23. Саидов Нуридди 10.0 1 с. 2012 —

24-майи соли 1995 низомномаи Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он чунин омадааст:

  1. Дар идораҳо, ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф амалӣ мегарданд.
  2. Низомномаҳои муассисаҳои маорифи Ҷумҳуриро таҳийя намуда барои тасдиқ ба мақомоти болои пешниҳод мекунад.
  3. Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф мувофиқи тартибӣ муқаррар шуда шартномаҳои байнидавлатӣ мебандад.
  4. Нақшаҳо ва барномаҳои таълимии маорифро барои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳийя ва тасдиқ мекунад.
  5. Номгўи китобҳои дарсӣ ва васоитҳои методии мактабҳои таҳсилоти умумию олиро муҳокима намуда онро тасдиқ мекунад.
  6. Масъалаҳои кадрҳоро мувофиқи тартиби муқаррарӣ ҳал мекунад.
  7. Вазоратро вазир роҳбарӣ мекунад. Ўро президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

                                                             Адабиёт

  1. Энсиклопедияи Советии Тоҷик. Ҷ.7. Д. — 1987
  2. И. Юнусов. Педагогика Д. — 2005
  3. И. Исмоилов. Асосҳои идоракунии маориф Д. — 2008.

4.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф». Душанбе -1994.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *