Консепсияхои табиатшиноси

Эволютсия дар геология

Таъсисёбии сайёраи Замин; сохт ва эволютсияи он

Ба маҷмӯи илмҳои табиатшиносии макроолам дар навбати аввал илм дар бораи Замин дохил мегардад. Замин Офтоб сайёраи сеюм буда, даври гардиши он дар атрофии тираш ба 24 соат ва даври гардиши он аз эллиптикӣ дар атрофи Офтоб ба 365 шабона рӯз баробар аст.

Чархзании Замин дар атрофи тираш сабаби табдилёбии шабу рӯз ва чархзании он дар атрофии Офтоб сабаби табдилли фаслҳои сол мегардид: дар марказаш ядро бо радиуси қариб 1500км ҷойгир Буда, ядро бо мантия ва мантия бо қишри Замин пӯшонида шудааст, ки радиуси миёнааш 600км (қисми мантия дар якоҷоягӣ бо қишри Замин литосфераро ташкил менамоянд) мебошанд.

Мантияи Замин, яке аз қабатҳои дарунии геосфераи он мебошад, ки байни қишр ва ядрои он ҷойгир аст.

Ба таркиби қишр ва ядрои он ҷойгри аст.

Ба таркиби қишри Замин гирдросфера – маҷмӯи ҳамаи обектҳои оби Замин дохил мешавад. Замин бо атмосфера, ки аз муҳтии гази (асосан 78,1% нитроген, 21% оксиген ) бо ҳамроҳии он чархзананда иборат буда, пӯшонида шудааст. Дар тарикиби Замин зиёдтар Оҳан (34,6%), оксиген 29,5%), силитсий (15,2%) магний (12,7%) мавҷуд мебошанд.

Қисми берунии ядро моеъ ҳисоб карда мешавад. Дар ядро фишор ба 3,6 11 Па ва ҳарорат ба 4000- 50000 С баробар мебошад.

Баландии миёнаи хушкӣ 875 м чуқурии миёнаи уқёнус -3,8 км , максималиаш 11 км мебошад. Ҳарорати максималаш дар ҷойҳои тропикӣ (Ливия) ба пилюси 57,8оС, минималиаш ба минуси 90оС (Антрактида) баробар аст.

Иқлими Замин ҳамеша дар маркази диққати инсоният буд. Мушоҳидаҳои бисёрсола нишон медиҳад, ки дар Замони ҳозира тавсифҳои миёнаи иқлим, ба монади ҳарорат, намнокӣ дар ҳамаи сайёра бетағйиранд. Тавсифи ҳаётии иқлимӣ – боду ҳаво дар ҳар як минтақаи географӣ дар давоми умри инсон тағйир намеёбад ва давомнокии миёнаи умри инсон дар рӯи ҳамин ба 75 сол баробар аст. \Сину соли Замин тахминан 5 млрд солро ташкил менамояд.

Орагнизми зинда дар рӯи Замин баъди (1,2 -1,7) млрд соли таъсисёбии он ба вуҷуд омадааст.

Пайдоиш ва динамикаи робитаи байни ҳамдигарӣ ва таъсири мутақобилон геосфераи Замин.

Ҳамаи ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои дар Кайҳон ба амал оянда байни ҳамдигар алоқаи канданашаванда дошта, бо муҳити атроф ва сайёраи Замин аз кайҳон бефосила сели материя ба намуди шуоъҳои космикӣ, афканишоти офтобӣ ва моддаҳои мет рорӣ омада мерасанд.

Замин ба воситаи қабатҳои болоии атмосфера дар фазои байни сайёравӣ газҳои ионизатсияшуда (плазма) меафканад.

Xилдҳои Замин низ байни худ робитаи зич доранд. Таъсири мутақобилаи геосфераҳои Замин аз мубодилаи модда ва ба ҳамдигар таъсир кардани динамикаи муҳитҳои онҳо иборат мебошад.

Шаклҳои робитаи байни ҳамдигарӣ ва таъсири мутақобилаи геосфераи Замин ниҳоят гуногун мебошад.

Таъсири мутақобилаи геосфераи Замин дар ҷараёнҳои вайроншавии маъданҳои кӯҳӣ ва таъсисёбии боришҳо, бавуҷудоии маъданҳои кӯҳӣ ва тасисёбии боришҳо, бавуҷудоии вулканҳо ва ғайраҳо таҷасум меёбад. Ҳамаи ин ҷараёнҳо дар ҷамъбасти умумӣ намуди Заминро тағйир дода таъсисёбии қабатҳои нави қишри Заминро метезонад.

Xараёнҳои табии, ки бавуҷудоӣ ва инкишофи қишри Заминро асосноки мекунанд,ҷараёнҳои геологӣ номида мешаванд. Ба инҳо бодхӯрдашавӣ, фаъолияти дарёҳо, кӯлҳо, баҳрҳо, заминҷунбӣ, вулканҳо ва ғайраҳо тааллуқ доранд.

Қабати ҳаракатноки ин ҷараёнҳо, гармии Офтоб, гармии қаръи Замин ва энергияи гравитатсионии он ба шумор мераванд. Xараёнҳои экзогении геологӣ – ин ҷараёни таъсири мутақобилаи қишри Замин бо геосфераи берунии он мебошад. Xараёнҳои экзогенӣба маъданҳои кӯҳии хушкиҳо таъсирнамуда, онҳоро вайрон мекунанд. Дар вайронкунии онҳо шамол, об ях ва омилҳои дигар таъсири калон мерасонанд.

Xараёнҳои экзогении геологӣ ноҳамвориҳои бузурги релефӣ, кӯҳҳо, қонусҳои вулканӣ, чуқуриҳо ва ҳамгиҳои океаниро ба вуҷуд меоранд.

Дар ин ҷараёнҳо роли асосиро ҳаркати тектоникӣ мебозад. Онҳо метавонад аз ҳаракти лаппишнноки суст ва ҳаракатҳои лаппишноки тез, ки ҷойивазкунии қисмҳои яклухти қишри Заминро ба вуҷуд меоранд, иборат бошанд.Дар ҷараёни чунин ҳаракатҳо қисми хушкиҳо ба таги баҳр ё баръакс ба баландиҳо табдил меёбанд.

Суръат ва ҳудуди таъсири ҷараёнҳои геологи вобаста ба вақт фазо ба таври даврӣ тағйир меёбанд.

Адабиётҳо

1.Ҳакимов Ф.Х. Маҷидов Ҳ. М. Асосҳои консепсияҳои табиатшиносии муосир Душанбе 2003.

2. Анвари Абурасул. Файзи Нормурод. Консепсияҳои табиатшиносии муосир Душанбе 2007.

  1. Ҳ. Маҷидов. Ф.Ҳакимов. Консепсияҳои табиатшиносии муосир

Душанбе 2007.

  • Карпенков С.Х. Консепции современного естествознанаия. –

М.: 2003.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *