Консепсияхои табиатшиноси

Табиатшиносии асри 21 ва ояндаи тамаддун

Нақшаи дарс:

  1. Хусусиятҳои табиатшиносии асри 21
  2. Консепсияи худташкилёбӣ дар илм
  3. Табиатшиносӣ ва ояндаи тамаддун
  4. Биотехнологияи муосир ва ояндаи инсоният
  5. Хусусиятҳои табиатшиносии асри 21

Агар ба таърихи зиёда аз 2 ҳазору 500 солаи табиатшиносӣ назар андозем, дида мешавад, ки вай хусусан дар се садсолаи охир бо суръати бениҳоят баланд инкишоф ёфтааст. Дар ин муддат дар соҳаи физика аз тасаввуроти натурфалсафии олимони Юнони қадим то манзараи квантию релятивии микро-, макро- ва мегаолам, дар соҳаи химия аз тасаввуротҳои кимиёгарони асримиёнагӣ то химияи квантӣ, дар соҳаи кайҳоншиносӣ аз тасаввуроти геосентрӣ то манзараи муосири астрономии Олам ва дар соҳаи омӯзиши табиати зинда аз биологияи тасвирӣ то биологияи молекулавию генетика роҳ паймуда шуд. Имрӯз дар савияи микроолам просессҳое омӯхта мешаванд, ки дар фосилаҳои вақти 10-23 сония (аз сад миллиард триллион як ҳиссаи сония) ва дар масофаҳои 10-17 метр (аз сад ҳазор триллион як ҳиссаи метр) мушоҳида карда мешаванд. Дар савияи мегаолам бошад олимон бо просессҳое сарукор доранд, ки дар фосилаҳои вақти 1018 сония (миллион триллион сония ≈ 13 млрд сол) ва дар масофаҳои 1026 м (сад триллион триллион метр) ҷорӣ мешаванд. Бо ёрии дастгоҳҳои астрономӣ объектҳои кайҳоние ба қайд гирифта шудаанд, ки рӯшноии аз онҳо омада ҳанӯз 12 млрд. сол пештар баромада буд. Агар ба хотир орем, ки системаи Офтобӣ тақрибан 5 млрд сол пештар ба вуҷуд омадааст, пас ин рӯшноӣ аз объекти қайдшуда 7 миллиард сол пеш аз пайдоиши Замин баромадааст. Афканишоти реликтӣ, ки нишона аз «таркиши бузург» аст, имкон медиҳад, ки оид ба сонияҳо ва дақиқаҳои аввалини пайдоиши Олам маълумотҳои зарурӣ ба даст оварда шаванд.

Ин гуна мисолҳоро боз ҳам овардан мумкин аст, аммо хулосаи умумӣ иборат аз он аст, ки ин дастовардҳои илмӣ дер ё зуд дар амалия татбиқ карда мешаванд, яъне нақши илм дар ҷамъияти инсонӣ рӯ ба афзудан аст. ба дигар маънӣ, илм имрӯз ба қувваи бевоситаи истеҳсолкунанда табдил ёфтааст. Натиҷаи ин табдилёбӣ пешрафти илмию техникӣ мебошад, ки дар заминаи технологияҳои информатсионии нав, воситаҳои замонавии техникаи ҳисоббарор, муҳандисии генетикӣ ва биотехнология тарзу низоми ҳаёти инсонро комилан дигаргун месозад.

Дар гузашта ақидае маъмул буд, ки мувофиқи он инкишофи илму дониш бо роҳи ҷамъшавии маълумотҳои нав ба нав сурат мегирад. Вале дар амал инкишофи илм танҳо аз ҷамъшавии холисонаи донишҳо иборат намебошад. Гузашта аз он, тағйиротҳои қатъӣ дар илм асосан бо инқилобҳои илмӣ алоқаманданд, ки дар ҷараёни онҳо ақидаҳо, принсипҳо ва усулҳои тадқиқоти пештара аз назари танқидӣ тафтиш ва ислоҳ мегарданд. Гузариш ба ин ақидаю усулҳои нави тадқиқот ба тавассути проссесҳои дифференсиатсия ва интегратсияи дониш амалӣ мегардад.

Дифференсиатсияи дониши илмӣ яке аз марҳилаи зарурии инкишофи илм ба ҳисоб рафта, иборат аз он аст, ки барои тадқиқи ҳаматарафаи объекти таҳқиқшаванда фанҳои алоҳидаи илмӣ бо мавзӯю усули хусусӣ пайдо мешаванд. Масалан, дар Юнони қадим фанҳои ҷудогонаи илмӣ мавҷуд набуданд ва маҷмӯи донишҳои маълум дар чаҳорчӯбаи фалсафа гирд омада буд. Илмҳои алоҳидаи табиӣ бори аввал дар давраи Эҳё, вақте, ки табиатшиносии таҷрибавӣ пайдо шуд, арзи вуҷуд намуданд. Аввал механика ва сонитар фаслҳои дигари физика, химия, биология ва илмҳои бунёдии дигар оид ба табиат ба оҳистагӣ шакл гирифтанд.

Дар ибтидои асри 21 табиатшиносӣ ба марҳилаи нави инкишофи худ дохил гардид, ки дар он шаклҳои системавӣ ва байнисоҳавии тадқиқоти илмӣ ба мадди аввал мебароянд. Тадқиқотҳои байнисоҳавии муосир системаҳоеро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд, ки характери кушода, ғайрихаттӣ, ғайримувозинатӣ ва худташкилёбанда доранд. Яке аз чунин самти нави тадқиқот – синергетика ба шумор меравад, ки объекти омӯзиши он системаҳои худташкилёбанда ва просессҳои худташкилёбӣ мебошанд.

Дифференсиатсияи илм ба он меоварад, ки донишҳо оид ба табиат аниқтар ва чуқуртар мешаванд, вале ҳамзамон алоқаи байни илмҳои алоҳида ва ҳамдигар-фаҳмии байни олимон суст мегардад. Ҳамин тавр, дар натиҷаи дифференсиатсия донишҳо илми ягона ба маҷмӯи соҳаҳои маҳдуду ҷудогонаи тадқиқот табдил меёбад. Дар натиҷа олимон мавқеъ ва моҳияти кори хешро дар омӯзиши олами ягона, яклухт ва объективӣ надида мемонанд.

Хушбахтона роҳи баромад аз ин вазъият мавҷуд аст ва онро худи инкишофи илм пешниҳод мекунад. Нуқтаи назари нав, ки ягонагию яклухтии табиатро инъикос менамояд интегратсияи дониши илмӣ мебошад. Мувофиқи он мафҳумҳо, назарияҳо ва усулҳои як соҳаи илм дар соҳаи илмҳои дигар истифода мешаванд. Масалан, дар натиҷаи истифодаи усулҳои физика дар биология илми нави биофизика бунёд гашт. Айнан ҳамин тавр биохимия, геофизика, геохимия ва ғайра пайдо шуданд.

Консепсияи худташкилёбӣ дар илм

Объектҳои омӯзиши табиатшиносии классикӣ (масалан, термодинамикаи асри 19 ва нимаи аввали асри 20) системаҳои содда, пӯшида ва нисбат ба вақт баргардандаанд. Вале аксари кули системаҳои воқеӣ чунин намебошанд ва кушодаву мураккабанд. Система кушода номида мешавад, агар вай бо муҳити атрофи хеш дар додугирифти энергия, модда ва информатсия бошад. Аз системаҳои кушода ва мураккаб онҳое ҷолиби диққатанд, ки ба хусусиятҳои худташкилёбӣ ва худмураккабшавӣ соҳиб мебошанд. Системаҳои табиати зинда ва мансуб ба ҷамъияти инсонӣ аз қабили ин гуна системаҳоянд. Тадқиқотҳои нимаи дуюми асри 20 нишон доданд, ки системаҳои худташкилёбанда дар табиати ғайризинда низ кам нестанд. Натиҷаи тадқиқотҳо дар соҳаи моделсозии математики системаҳои кушода ба пайдоиши самти нави илмии интегративӣ – синергетика овард.

Синергетика (аз юнонӣ синергия – ҳамкорӣ, амали аҳлона) таълимот оид ба таҳқиқи принсипҳои сохт, пайдоиш, инкишоф ва худмураккабшавии системаҳои кушода, ғайрихаттӣ ва ғайримувозинатӣ мебошад.

Олами системаҳои худташкилёбанда нисбат ба олами системаҳои пӯшида мураккабтар ва рангинтар аст. Аз ин рӯ омӯзиши он, коркарди модели чунин системаҳо низ мушкилтар мебошад. Одатан муодилаҳое, ки ин гуна системаҳои мураккабро тасвир мекунанд, ғайрихаттианд ва, бинобарон, ҳалли онҳо истифодаи усулҳои аналитики муосир ва мошинҳои ҳисоббарори электрониро талаб мекунад.

Масъалаи асосие ки бояд синергетика ҳал намояд муқаррар намудани қонуниятҳои илмиест, ки бояд пайдоиши сохтор ва амали системаҳои худташккилёбандаро идора намоянд. Барои ба ин масъала равшанӣ андохтан характеристикаҳои муҳимтарини чунин системаҳоро дида мебароем.

Тавре қайд намуда будем, яке аз хусусиятҳои системаҳои худташкилёбанда кушода будани он аст. Ба хотир меорем, ки объектҳои муоинашавандаи термодинамикаи классикӣ системаҳои пӯшидаанд, яъне системаҳоянд, ки бо муҳити атрофи хеш дар додугирифти энергия, модда ва информатсия намебошанд. Мафҳуми асосии термодинамика энтропия мебошад. Энтропия S функсияи ҳолати система буда, тағйирёбии он барои системаҳои пӯшидаи ҳарораташ Т ва дар ҳолати мувозинатии ҳароратӣ мавҷуд буда бо формулаи ΔS = Δq/T муайян карда мешавад. Ин ҷо Δq – миқдори гармии ба система додашуда ва ё гирифташуда аст.

Қонунҳо, ё худ асосҳои термодинамика, ки просесҳои ҳароратиро идора менамоянд, маҳз барои системаҳои пӯшида ҷой доранд. Мувофиқи асоси якӯми термодинамика дар системаҳои пӯшида энергия нигоҳ дошта мешавад. Вай нест намешавад, ё аз ҳеҷ пайдо намегардад ва танҳо аз як намуд ба намуди дигар табдил меёбад. Ба дигар маънӣ ин – қонуни бақо ва табдили энергия аст. Асоси дуюми термодинамика муқаррар менамояд, ки дар системаҳои пӯшида энтропия кам намешавад, балки то ба қимати максималӣ меафзояд. Максимуми энтропия ба ҳолати мувозинатии ҳароратии система мувофиқ меояд. Аз ин ҷост, ки асоси дуюми термодинамикаро қонуни зиёдшавии энтропия меноманд.

Ҳамин тавр, агар системаи пӯшида аз ҳолати мувозинатӣ бароварда шавад, вай мувофиқи қонуни зиёдшавии энтропия дер ё зуд ба ҳолати мувозинатӣ меояд, ҳама гуна просесҳо қатъ мегарданд, яъне дар система ҳолати бетартибии том (хаос) барқарор мешавад. Агар ин қонунро ба Олами яклухту ягона татбиқ намоем ба хулоса меоем, ки бо мурури замон захираи энергияи Олам ба охир мерасад, энтропия ба қимати максималӣ соҳиб мешавад ва дар Олам мувозинати ҳароратӣ ба вуҷуд меояд. Ин хулоса бо номи «марги ҳароратии Олам» машҳур аст.

Дар айни замон назарияи эволютсия Дарвин бо қатъият нишон медиҳад, ки просессҳои эволютсионӣ на ба пастшавии савияи ташаккул, балки ба мураккабшавӣ ва болоравии дараҷаи ташаккули Олам меоваранд. Ҳамин тавр, байни термодинами-каи классикӣ ва назарияи эволютсияи Дарвин зиддият ба миён меояд ва сабаби ин зиддият иборат аз он аст, ки термодинамикаи классикӣ қонуниятҳои системаҳои кушодаро маънидод карда наметавонад. Чунин имконият бо бунёди термодинамикаи ғайримувозинатӣ пайдо гардид, ки объекти омӯзиши он системаҳои кушода мебошанд.

Аз назари синергетикӣ омӯхтани ҳодисаҳои табиат нишон дод, ки системаҳои худташкилёбанда хоси табиати зинда набуда, балки дар табиати ғайризинда низ ин гуна системаҳо зиёданд. Мисоли равшани он асбоби физикии лазер номида шаванда мебошад, ки дар натиҷаи аз берун дода шудани энергия, дар резонатори лазер мавҷи электромагнитии сирф монохроматикӣ (басомади якхела дошта) ҳосил мешавад. Маҳз бо кори лазерҳо шинос шуда, солҳои 60 ӯми асри 20 физики амрикоӣ Герман Хакен ба татқиқи системаҳои худташкилёбанда шурӯъ кард ва истилоҳи «синергетика»-ро дохил намуд. Мисоли дигари системаҳои худташкилёбанда реаксияҳои химиявие мебошанд, ки дар ҷараёни онҳо ферментҳо ҳосил мешаванд, ки ҳамчун катализатор хизмат карда, аз як тараф суръати реаксияро меафзоянд ва аз тарафи дигар, барои боз ҳам зиёдтар ҳосил шудани ферментҳо мусоидат мекунанд.

Хулоса, ғояи асосии синергетика иборат аз он аст, ки дар натиҷаи просессҳои худташкилёбӣ аз бетартибию бенизомӣ ба вуҷуд омадани тартибу низом комилан имконпазир аст. Ташаккули просесҳои худташкилёбӣ аксар вақт аз характери таъсири мутақобилаи омилҳои зарурӣ ва тасодуфии система ва муҳити атрофи он вобастагии калон дорад. Просесси худташкилёбӣ одатан содда, равон ва ногузар намебошад, дар ҷараёни он ҳолатҳое мешаванд, ки лаҳзаҳои тағйироти қатъӣ номидан мумкин аст. Ин гуна ҳолатҳоро нуқтаҳои бифуркатсия меноманд. Дар наздикии ин нуқтаҳо параметрҳои система ба флутуатсияҳои калон соҳиб мешаванд ва, бинобарон, нақши омилҳои тасодуфӣ меафзояд. Дар чунин ҳолат гуфтан мумкин аст, ки система «роҳгум» мезанад ва як флуктуатсияи ночизи ягон параметри система онро ба яке аз самтҳои имконпазири эволютсия равон месозад ва ояндаи системаро муайян мекунанд. Аз ин нуқтаи назар пайдоиши ҳаёт дар рӯи Замин, яъне пайдоиши зинда аз ғайризинда ҳодисаи мӯъҷизабор набуда, балки яке аз натиҷаҳои имконпазири просессҳои эволютсионии Олам аст.

Табиатшиносӣ ва ояндаи тамаддун

Агар ба таърихи инкишофи табиатшиносӣ бори дигар назар андозем, дида мешавад, ки дар ҳама давру замон вай яке аз воситаҳои асосии пешрафти ҷомеа ҳисобида мешавад. Кашфиётҳои илмӣ ва татбиқи амалии онҳо ба тақдиру сарнавишти инсон таъсири беандоза калон дорад. Кашфи қонунҳои механика дар асри 17 ва сохта шудани мошину механизмҳо, кашфи мавҷҳои электромагнитӣ дар асри 19 ва бунёди электротехника, радиотехника ва радиоэлектроника, пешниҳоди назарияи ядрои атом дар асри 20 ва истифодаи энергияи атом, кашфи асрори ирсият дар нимаи дуюми асри 20 ва бунёди муҳандисии генетикӣ ва ин гуна мисолҳоро бисёр овардан мумкин аст. Хулоса, ҳаёти имрӯзаи инсонро бе истифода аз дастовардҳои илму техника тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Дар айни замон инсони асри 21 ба илму техника ва ояндаи он на танҳо бо ҳисси шавқу завқ ва эҳтиром, балки бо тарсу ҳарос низ менигарад. Мегӯянд, ки илм ба инсон на танҳо хайру манфиат, балки бадбахтиву мусибат низ меоварад ва ин гуна суханҳо асос ҳам доранд. Проблемаҳои экологӣ, аз ҷумла ифлосшавии атмосфера, садамаҳо дар истгоҳҳои барқии атомӣ, нобудшавии намудҳои набототу ҳайвонот, пайдоиши бемориҳои нав ба нави табобатнашаванда ва ҳакозоро одамон бо илм алоқаманд менамоянд. Вале дар асл сабаби асосии пайдо шудани проблемаҳои экологӣ илм набуда, балки он сохторҳои ҷамъиятию давлатианд, ки самти инкишофи илм ва самти татбиқи кашфиёти илмиро муайян менамоянд.

Илм яке аз шохаҳои фарҳанги инсонист ва бино бар он бо рушду инкишофи ҷамъият вобастагии зич дорад. Мушкилоту ихтилофи вазъи имрӯза иборат аз он аст, ки илму дониш дар ҳақиқат ба зуҳуроти проблемаҳои экологӣ ва масъалаҳои дигари ҳалталаби замон сабабгор аст. Дар айни замон ҳалли ин проблемаҳо бидуни илм ва инкишофи минбаъдаи он комилан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ нақши илм дар ҷомеаи инсонӣ рӯз аз рӯз меафзояд ва дониставу надониста паст задании мақоми илм дар ҷамъият ба оқибатҳои нохуш хоҳад овард.

Аз миёнаҳои асри 20 сар карда болоравии талаботи инсон ва фаъолияти истеҳсолии вай боиси он гашт, ки таъсири инсон ба табиат рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Дар натиҷаи фаъолияти инсон обанборҳои калон ва каналҳо сохта мешаванд, миқдори зиёди канданиҳои маъданӣ истихроҷ мешаванд, ботлоқзорҳо хушконида шуда, заминҳои бекорхобида ба майдони киштукор табдил меёбанд, моддаҳои нав ба нави химиявӣ истеҳсол мешаванд. Дасти инсон имрӯз ба қаъри уқёнусу авҷӣ кайҳон низ расидааст. Ин корҳо аксар ба манфиати инсон аст, вале таъсири рӯзафзуни инсон ба муҳити атроф оқибатҳои нохуш низ дорад.

Ҳамин тавр, фаъолияти беназорат ва пешгӯинашавандаи инсон ба ҷараёни просессҳои табиӣ таъсири манфӣ расонида, ба тағйиротҳои барнагардандаи ҳам муҳити атроф ва ҳам табиати биологии худи инсон меоварад. Чунин тағйироти амалан барнагарданда тамоми муҳити атроф – атмосфера, гидросфера, қабати ҳосилхези қишри замин, олами ҳайвоноту растаниҳоро фаро гирифтааст. Дар баробари ин шумораи аҳолии рӯи замин бемайлон афзоиш меёбад. Ҷолиби диқаат аст, ки мувофиқи маълумотҳои боэътимоди илмӣ дар авали солшумории милодӣ дар рӯи Замин ҳамагӣ 300 млн. одамон зиндагӣ доштанд. Ин шумора дар соли 1000 – ӯм ба 400 млн., дар миёнаҳои асри 17 ба 500 млн, соли 1900 ба 1,6 млрд, соли 1950 ба 2,5 млрд ва соли 1970 ба 3,7 млрд. расида буд. Ҳоло дар рӯи Замин зиёда аз 7 млрд. одамон умр ба сар мебаранд. Ҳамин тавр, танҳо дар давоми 100 соли охир аҳолии рӯи Замин тақрибан 4 маротиба афзудааст (1927 – 2 млрд н. дар давоми 123 сол, 1960 – 3 млрд н. дар давоми 33 сол, 1974 – 4 млрд н. дар давоми 24 сол, 1987 – 5 млрд н. дар давоми 13 сол, 1999 – 6 млрд н. дар давоми 12 сол, 2011 – 7 млрд н. дар давоми 12 сол) (расми 39).

Хулоса, инсон, ҷамъият ва тамаддун имрӯз дар ҳолати бӯҳрони шадиди экологӣ қарор дорад. Агар пеши роҳи он гирифта нашавад, фанои биосфера ва тамаддуни инсонӣ ногузир аст.

Оид ба аломатҳои асосии бӯҳрони экологии замони ҳозира дар мавзӯи пештара (ҳафтӯм) маълумот дода будем. Боиси таассуф аст, ки дар ҷамъияти муосир ба вазъи экологии мавҷуда аҳамияти зарурӣ дода намешавад. Одамон гумон доранд, ки табиати сайёраи Замин беҳудуду адонашаванда аст. Онҳо аз офияту беҳбудии муваққатии имрӯзаи худ қаноатманд буда, дар бораи он, ки наслҳои оянда дар кадом шароит зиндагӣ хоҳанд кард, фикр ҳам намекунанд. Чунин рафтори худбинона оқибат ба марги тамаддун хоҳад овард.

Расми 39. Нуфузи аҳолӣ

Принсипҳо ва роҳҳои баромадан аз бӯҳрони экологӣ зеринҳоянд:

а) давраи таъсири беназорати инсон ба муҳити табиӣ ба охир расида истодааст;

б) аз истифодаи ғоратгаронаи боигариҳои табиат даст кашидан лозим аст;

в) бояд дар назар дошт, ки муносибати эҳтиёткоронаи экологӣ аз назари иқтисодӣ низ манфиатовар аст;

г) танҳо табиати сернамуду гуногунранг сермаҳсул ва устувор буда метавонад.

д) бояд аз ақидаи ғалати «инсон – шоҳи табиат» даст кашид;

е) шиори имрӯза бояд чунин бошад – «инсон на шоҳи табиат, балки иҷоранишини он аст».

Дар ҳалли проблемаҳои экологӣ, ки характери умумиҷаҳонӣ дорад, саъю кӯшиши якҷояи тамоми давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналхалқӣ зарур аст. Беҳуда нест, ки чунин проблемаҳои минтақавӣ ба монанди проблемаи кӯли Сарез ва баҳри Арал диққати олимони тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб кардааст. Шубҳае нест, ки дар ояндаи наздик инсоният аз ӯҳдаи ҳалли масъалаҳои экологӣ ба хубӣ мебарояд.

Биотехнологияи муосир ва ояндаи инсоният

Биотехнология просесси технологиест, ки бо истифодаи системаҳои биологӣ, ё худ организмҳои зинда сурат мегирад. Асоси биотехнологияро дастовардҳои навтарини соҳаҳои илми муосир – биохимия ва биофизика, микробиология ва биологияи молекулавӣ, муҳандисии генетикӣ, химияи антибиотикҳо, иммунология ва ғайра ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди он ки истилоҳи «биотехнология» нисбатан нав аст (солҳои 70 – ӯми асри 20 пайдо шудааст), одамон дар замонҳои қадим ҳам бо ин гуна просессҳо шинос буданд. Мисоли равшани он истифодаи хамиртуруш барои нонпазӣ, истеҳсоли ҷурғот, оби ҷав (пиво) ва ғайра.

Самтҳои асосии инкишофи биотехнологияҳои ҳозиразамон биотехнологияи тиббӣ, агробиотехнология ва биотехнологияҳои экологӣ мебошад.

Дар самти биотехнологияи тиббӣ таъсири просессҳои физикии ҳароратӣ, садоӣ, электромагнитӣ ва ғайраро ба узвҳои организми зинда муайян намуда, дар ин асос усулхои нави физиомуолиҷа инкишоф дода мешавад. Бо ин васила ба роҳу усули муолиҷаи ғайрианъанавӣ ва тибби халқӣ равшанӣ андохтан мумкин аст.

Биотехнология дар соҳаи дорусозӣ низ татбиқи васеъ дорад. Яке аз дастовард-ҳои муҳим дар ин самт ихтирои антибиотикҳо мебошад. Самти нав ва муҳими био-технологияи тиббӣ истеҳсоли витаминҳо, воситаҳои ташхисӣ, пластмассаҳои ҳалшаванда ва биоиловаҳои ғизоӣ мебошанд.

Яке аз муваффақиятҳои биотехнологияи асри 20 – истеҳсоли поруҳои маъданӣ ва пеститсидҳо мебошад, ки ҳосилнокии растаниҳоро баланд намуда ба «инқилоби сабз» замина гузошт. Вале, дере нагузашта маълум шуд, ки дар натиҷаи ин инқилоб маҳсулоти ғизоӣ ба нитратҳо ва заҳрхимикатҳо олуда шуданд. Дар натиҷа ба маҳсу-лоти «аз назари экологӣ тоза» эҳтиёҷ пайдо гардид, ки бо вуҷуди гаронии нарх талаботи бештар пайдо кардааст.

Биотехнологияи муосир яке аз воситаҳои муҳими ҳалли проблемаҳои экологӣ ба шумор меравад. Бо ин усул микроорганизмҳое истифода мешаванд, ки бо ёрии онҳо обро аз ғашҳои нафтӣ тоза мекунанд.

Яке аз шохаҳои муҳимтарини биотехнология, ки дар назди инсоният имконият-ҳои васеъ мекушояд, муҳандисии генетикӣ мебошад. Муҳандисии генетикӣ ҳамчун як бахши биологияи молекулавӣ солҳои 70 – ӯми асри 20 пайдо шуда, роҳҳои коркарди комбинатсияҳои нави ашёҳои генетикиро муайян менамояд, ки дар дохили ҳуҷайраҳо афзоиш ёфта, маҳсулоти ниҳоиро синтез мекунанд. Бо ин усул микроорганизмҳои трансгенӣ ҳосил карда шуданд, ки дар баробари гени бактерияҳо, гени организмҳои дигар, аз ҷумла, одамро низ доштанд. Дере нагузашта имкон пайдо гардид, ки бо роҳи синтези микробӣ моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол, ки дар бофтаҳои растанӣ ва ҳайвонот мавҷуданд (масалан, инсулин барои касалии қанд), ҳосил карда шаванд.

Муҳандисии генетикӣ имкон медиҳад, ки организмҳои биологии нав — растаниҳо ва ҳайвоноти трансгенӣ ба воя расонида шаванд. Дар натиҷа соҳаи нави истеҳсолот – биотехнологияи трансгенӣ ба вуҷуд омад, ки ба коркард ва истифодаи организмҳои трансгенӣ машғул аст.

Дар шароити лабораторӣ коркарди микробҳои трансгении хосиятҳои гуногун дошта ба роҳ монда шудааст. Дар айни замон истифодаи ин микробҳо дар муҳити кушод (дар табиат) қонунан манъ карда шудааст, зеро оқибати ин корҳо то ҳол номаълуманд.

Бо вуҷуди ин дар соҳаи коркарди растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳои трансгенӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Дар давоми 15 – 20 соли охир зиёда аз 25 ҳазор навъи растаниҳои трансгенӣ аз таҷрибаҳои саҳроӣ гузаронида шудаанд. Соли 2000 – ӯм дар ҷаҳон масоҳати кишти зироатҳои трансгенӣ ба 28 млн. га расида, ҳосили рӯёнидашуда ба 3 млрд. доллар расида буд.

Зиёда аз 25 сол мешавад, ки байни тарафдорон ва муқобилони организмҳои трансгенӣ баҳсу мунозира давом дорад. Аз ин сабаб зарур аст, ки муносибатҳо дар соҳаи биотехнологияҳои нави муҳандисии генетикӣ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шавад.

Б) Саволҳои тестӣ

1. Захираҳои табии нафтӣ пас аз чанд сол тамом мешавад?

А) тақрибан 30 сол

Б) тақрибан 50 сол

В) тақрибан 100 сол

Г) тақрибан 200 сол

2. Захираҳои гази табиӣ пас аз чанд сол тамом мешавад?

А) тақрибан 30 сол

Б) тақрибан 50 сол

В) тақрибан 100 сол

Г) тақрибан 200 сол

3. Захираҳои табии ангишт пас аз чанд сол тамом мешавад?

А) тақрибан 30 сол

Б) тақрибан 50 сол

В) тақрибан 100 сол

Г) тақрибан 200 сол

4. Шумораи намудҳои олами набототи Замин чанд аст?

А) тақрибан 300 ҳазор

Б) тақрибан 500 ҳазор

В) тақрибан 1 миллион

Г) тақрибан 1,5 миллион

5. Шумораи намудҳои олами ҳайвоноти Замин чанд аст?

А) тақрибан 300 ҳазор

Б) тақрибан 500 ҳазор

В) тақрибан 1 миллион

Г) тақрибан 1,5 миллион

6. Суръати нобудшавии намудҳои олами растаниҳо чанд аст?

А) ҳар соат як намуд

Б) ҳар рӯз як намуд

В) ҳар ҳафта як намуд

Г) ҳар моҳ як намуд

7. Суръати нобудшавии намудҳои олами ҳайвонот чанд аст?

А) ҳар соат як намуд

Б) ҳар рӯз як намуд

В) ҳар ҳафта як намуд

Г) ҳар моҳ як намуд

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *