Консепсияхои табиатшиноси

Консепсияи совияҳои таркибҳои биологӣ

Совияҳои ташакулёбӣ системаҳо зинда.

Биология ҳамчун таълимот оид ба ҳаёт дар замонҳои қадим пайдо шуда, таърихан чун илми тасвири шаклҳо ва намудҳои гуногуно лами наботот ва ҳайвонот инкишоф ёфтааст. Дар биология усулҳои таҳлил ва таснифи маълумотҳои сершумори таҷрибавӣ оид ба табиати зинда мавқеи муҳимтарин дорад.

Таснифоти (классификатсия) аввалини растаниҳоро табиатшиноси шведӣ Карл Линней ва таснифоти ҳайвонотро олими фронсавӣ Жорж Бюффон пешниҳод намудаанд.

Дар заминаи тадқиқотҳои К.Линней, Ж. Бюффон ва табиатштноси дигар, олимон имкон пайдо карданд, ки таркибҳои зиндаро аввал дар савияи ҳуҷайрагӣ ва баъд дар савияи молекулавӣ тадқиқ намоянд.

Тасаввурот доир ба савияҳои таркиби ташаккулӣ системаҳои зинда пайдо шуданд. Соли 1665 биологи англис Роберт Гук бо ёрии микроскоп ҳуҷайраро кашф намуд ва то нимаи асри ХIХ ҳуҷайра ба монанди атоми моддаҳои ғайриорганикӣ ҳамчун воҳиди ниҳоии (хурд) материяи зинда шинохта мешуд. Тахмин мекарданд, ки ҳамаи системаҳои зинда аз ҳамин ҳуҷайраҳо аз рӯи принсипи мувофиқи танзимшавӣ сохта шудаанд.

Ин ақидаҳоро асосгузори назарияи ҳуҷайрагӣ набототшиноси немис Матиас Шлейден пешниҳод карда буд.

Биологи дигари машҳури немис Эбист Геккей бошад тахминие пешниҳод намуд, ки мувофиқи он протоплазма (моддаи асосии) ҳуҷайра ҳам таркиби муайян дошта, аз қисмҳои фавқуллода иборат аст.

Олимон таркиби сафедаҳоро тадқиқ намуда ба хулосае омаданд, ки онҳо аз 20 аминокислотаҳои бо занҷирҳои полипепдии дарози ба ҳам пайваст иборат мебошанд. Ба таркиби сафедаи организми инсон 20 аминокислотаҳо дохил шаванд ҳам, дар организм мавҷуд будани танҳо 9 – тои онҳо қатъиян зарур аст.Эҳтимол амонакислотаҳои боқимондаро худи организм ҳосил менамояд. Ҳамаи организмҳои зиндаи якҳуҷайрагӣ ва бисёрҳуҷайрагӣ савияи онтогенетикиро ташкил менамояд.

Вобаста ба характери сохт ва функсияашон ҳамаи ҳуҷайраҳоро ба ду синф (гурӯҳ) тақсим кардан мумкин аст:

  1. Прокариотҳо, ҳуҷайраҳое, ки ядро надоранд.
  2. Эукариотҳо, ҳуҷайраҳое, ки ядро надоранд.

Ду намуди асосии ғизогириро фарқ мекунанд:

Автотрофӣ – ба онҳо организмҳое, ки ба ғизои органикӣ зарурат надоранд ва метавонанд аз ҳисоби ассимилятсияи углекислотаҳо (бактерияҳо) ё ки фотосинтез (растаниҳо) зиндагӣ намоянд, дохил мешаванд.

Гетеротрофӣ – ба онҳо организмҳое дохил мешаванд, ки бе ғизои органикӣ зиндагӣ карда наметавонанд.

Таъсиси савияи онтогенетикӣ, ба организмҳои зиндаи алоҳидаи якҳуҷайрагӣ ва бисёрҳуҷайрагӣ таалуқ дорад. Онро инчунин савияи организмӣ меноманд, чунки сухан дар бораи структура ва функсияи организми алоҳида бе баҳисобгирии робита ва таъсири мутақобила бо организмҳои дигар меравад.

Савияи хеле баланд, савияи популятсионӣ ба шумор меравад, ки аз омӯзиши робитаи байниҳамдигарӣ ва таъсири мутақобилаи байни маҷмӯи зоти як намуд, ки генофонди ягона ва территорияиягона доранд, Сар мешавад.

Ин гуна маҷмӯҳо ва системаҳои организмҳои зинда популятсияи муайянро ташкил менамояд. Вобаста ба ин гуфтанмумкин аст, ки сатҳи популятсионӣ аз ҳудуди организмҳои алоҳида мебарояд, бинбар онро ташкилёбии

савияи беруназорганизмӣ меноманд.

Мувофиқи тасаввуротҳои ҳозиразамон популиятсияҳо ҳамчун воҳиди элементарӣ хизмат менамоянд. Савияи беруназорганизмии дуюми ташакули организмҳои зиндаро, системаҳои гуногуни популятсияҳо ташкил менамоянд онҳоро биосенозҳо меноманд.

Биосеноз маҷмӯи растаниҳо, ҳайвонотҳо микроораганизмҳоянд, ки қисми муҳити шароити якҷинсаи ҳаёти доштаро ишғол менамоянд.

Маҷмӯи биогеносенозҳои гуногун савияи охирини ташакули системаҳои зиндаро ташкил медиҳад ва он биосфера номида мешавад.

Қисми биологияе, ки популятсиҳо ва беосенозҳоро меомӯзад, биологияи популятсионӣ меноманд. Яке аз масъалаҳои асосии ин шохаи биология аз муқаррар намудани таркиби (структураи) фазоӣ ва андозаҳои популятсияҳои иборатаст.

Муайян кардани сарҳади байни популятсияҳо мушкиласт, зеро элеменнтҳои онҳо доимо ҷойивазкарда меистанд ва омехта мешаванд. Консепсия доир ба биосфера ва эволютсияи он.

Аз нуқтаи савия ташакулёбӣ, биосфера маҷмӯи васеътарини организмҳои (мавҷудоти) зинда ба шумор меравад.

Мафҳуми «биосфера» -ро соли 1875 бори аввал геологи австрягӣ Эдуард Зюсс ба илм дохил намуда ва он маънои соҳаи ҳаёти ё муҳтити зистро дорад.

Биосфераро аз табиати ғайризинда дар алоҳидагӣ дорад ва аз тарафи дигар ба он таъсир мерасонад. Xараёни бефосилаи эволютсия, ки бо бавуҷудоии намудҳои нави мавҷудотҳои зинада алоқаманд аст, ба таври пурра ба ҳамаи биосфера аз он ҷумла ба ҷисмҳои табии – реша, обҳои болоизаминӣ ва обҳоиз зери заминӣ ва ғайраҳо таъсир намуд.

Ҳамин тариқ, эволютсия намудҳо оҳиста паҳн мешавад ва ба тамоми биосфера мегузарад.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Анвари Абурасул. Файзи Нормурод. Консепсияҳои табиатшиносии муосир Душанбе 2007с.
  2. Ҳ. Маҷидов. Ф.Ҳакимов. Консепсияҳои табиатшиносии муосир

Душанбе 2007с.

  • Карпенков С.Х. Консепции современного естествознания. –

М.: 2003с.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *