Консепсияхои табиатшиноси

Манзараи муосири астрономии Олам

Асосҳои космологияи асри 20

Нақшаи дарс:

  1. Модели стандартии эволютсияи Олам ва консепсияи таркиши бузург.
  2. Эффекти «ҷойивазкунии сурх» ва афканишоти реликтӣ (ёдгорӣ).
  3. Синну сол ва сенарияи ояндаи Олам.
  4. Кашфиётҳо дар кайҳоншиносии муосир ва аҳамияти он дар ташаккулёбии ҷаҳонбинии шахс.
  5. Модели стандартии эволютсияи Олам ва консепсияи таркиши бузург

Дар ҳама давру замон одамонро сирру асрори пайдоиши Олам, осмони ситоразор, Офтобу Замин, сабабҳои ивазшавии фаслҳои сол, шабу рӯз ва ғайра ба худ ҷалб менамуданд. Бино бар он, аз қадимулайём, аз замонҳое ки донишҳо оид ба ҳодисаҳои табиат асоси илмӣ (ба маънои имрӯзааш) надоштанд, дар байни мардум ақидаҳои гуногуни асотирӣ, ё худ афсонавӣ оид ба ин масъалаҳо мавҷуд буданд. Ақидаҳои динӣ бошанд пайдоиши Оламу ҷирмҳои осмонӣ ва ҳодисаҳои табиатро амру хости худованд баён менамоянд.

Бо пайдоиши донишҳои илмӣ тасаввуротҳои пештара оид ба масъалаҳои зикршударо фикру ақидаҳо ва тахминҳои илмӣ иваз мекунанд. Пайдоиш ва эволютсияи Оламро қисми махсуси астрономия – космология меомӯзад.

Космология, ё худ кайҳоншиносӣ Оламро ҳамчун системаи ягонаву яклухт меомӯзад ва ҳадафи асосии он муқаррар намудани қонуниятҳои пайдоиш ва эволютсияи ин система мебошад. Хулосаҳои ин омӯзиш, ки моделҳои космологии Олам номида мешаванд, ба қонунҳои физикӣ, маълумотҳои астрономӣ ва принсипҳои фалсафӣ асос ёфтаанд. Яке аз принсипҳои муҳимтарини фалсафии кайҳоншиносӣ нуқтаи назарест, ки мувофиқи он қонунҳои физикии дар ягон қисми маҳдуди Олам (масалан, дар рӯи Замин) муқаррар гардида, дар соҳаҳои хеле васеътари он ва, умуман, дар тамоми Олам амалкунанда ҳисобида мешаванд. Принсипи дуюми фалсафӣ талаб менамояд, ки натиҷаи мушоҳидаҳои астрономии ягон қитъаи Олам барои қитъаҳои дигари он низ татбиқ карда мешаванд. Мувофиқи принсипи сеюми фалсафӣ танҳо он хулосаҳо ҳақиқӣ ҳисобида мешаванд, ки ба имконияти мавҷудияти худи мушоҳидакунанда мухолифат накунад. Масалан, мувофиқи принсипи якум тахмин карда мешавад, ки қонуни ҷозибаи умумиолами Нютон на танҳо барои ҳодисаҳои рӯи заминӣ ва ё системаи офтобӣ, балки барои ҳодисаҳои қитъаҳои дигари Олам низ татбиқшавандааст. Танҳо бо назардошти ин принсипҳо космология таълимоти илмӣ ҳисобида мешавад.

Тавре қайд намудем, ҳодисаҳои космологӣ моделҳои пайдоиш ва эволютсияи Олам номида мешаванд. Саволе ба миён меояд, ки «Чаро модел?». Сабаб дар он аст, ки мувофиқи принсипи асосии табиатшиносии муосир танҳо он хулосаҳои илмӣ ҳақиқӣ ва аслӣ ҳисобида мешаванд, ки исботи таҷрибавӣ дошта бошанд. Яъне танҳо ва танҳо таҷриба меъёри ҳақиқати илмӣ ҳисобида мешавад. Вале аксари мушоҳидаҳои астрономиро дар таҷриба такрор кардан ғайриимкон аст. Бино бар он хулосаҳои ин мушоҳидаҳоро қонун гуфтан хатост ва онро модел, ё худ яке аз маънидодҳои имконпазир меноманд.

Моделҳои космологии ҳар давру замони таърихӣ вобаста аз он, ки ба кадом принсипҳову қонунҳои физикӣ асос ёфтаанд, аз якдигар хеле ва хеле фарқ мекунанд. Тасаввуротҳои космологии аввалин, ки дар замонҳои қадимтарин пайдо шудаанд, ғайриилмӣ ва соддалавҳона буданд. Вале бо мурури замон, дар баробари инкишофи илмҳои мухталиф, аз ҷумла табиатшиносӣ, тасаввуротҳои космологӣ низ инкишоф ёфта, заминаҳои илмӣ пайдо мекунанд. Пайдоиши космологияи муосир бо бунёди назарияи нисбияти Эйнштейн, астрофизикаи релятивӣ ва механикаи квантӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Яке аз моделҳои дар космологияи муосир эътироф шуда модели Олами васеъшавандаи якҷинса, изотропӣ, ғайристатсионарӣ ва тафсон мебошад, ки дар асоси назарияи умумии нисбият ва назарияи ҷозибаи релятивии Эйнштейн пешниҳод шудааст. Якҷинса ва изотропӣ будани Олам маънои онро дорад, ки хосиятҳои Олам, мувофиқан, дар тамоми нуқтаҳои он ва дар ҳама самтҳо якхелаанд. Ғайристатсионарии Олам бошад аз вақт вобаста будани хосиятҳои онро нишон медиҳад.

Соли 1916 А. Эйнштейн ҳалли статсионарии (аз вақт новобастаи) муодилаҳои назарияи умумии нисбиятро ёфта, модели статсионарии эволютсияи Оламро пешниҳод кард. Физик ва математики рус Александр Фридман соли 1922 ҳалли ғайристатсионарии муодилаҳои Эйнштейнро пешниҳод намуда, бо роҳи назариявӣ исбот намуд, ки олами бо моддаи ҷазбшаванда пуршуда статсионарӣ буда наметавонад ва бояд ба таври даврӣ васеъ ва фишурда шавад. Дар аввалҳо Эйнштейн ин натиҷаи илмии Фридманро инкор кард, вале соли 1923 вай иқрор шуд, ки хулосаҳои Фридман комилан дурустанд. Дере нагузашта олими амрикоӣ Эдвин Хаббл ҳодисаи «эффекти ҷойивазкунии сурх» номидашавандаро такроран кашф ва маънидод намуд, ки он тасдиқи таҷрибавии ақидаҳои А. Фридман мебошад. Мувофиқи ин натиҷаҳои назариявӣ ва таҷрибавӣ ба хулоса омадан мумкин аст, ки Олам васеъшаванда аст. Вале агар Олам васеъшаванда бошад, пас вай бояд ибтидо дошта бошад. Онгоҳ саволҳое ба миён меоянд, ки Олам дар ибтидо дар кадом ҳолат буд, аз ибтидо то имрӯз чанд вақт гузаштааст, ояндаи Олам чӣ гуна хоҳад буд ва ҳоказо.

Солҳои 40 – уми асри 20 физики амрикоӣ Георгий Гамов дар асоси натиҷаҳои назариявӣ ва таҷрибавии зикршуда модели стандартии Оламро пешниҳод намуд. Мувофиқи ин модел Олам дар ибтидо нуқтаеро мемонад, ки зичии беандоза калон (ρ ~ 1094 г/см3) ва ҳарорати ниҳоят баланд (Т > 1015 0С) дорад. Мувофиқи принсипҳои физикӣ чунин ҳолати система мутлақо ноустувор аст ва система бояд аз ин ҳолат раҳо ёбад. Роҳи ягонаи баромадан аз ин ҳолати ноустуворӣ таркиш аст. Аз ин рӯ, хулосаҳои модели мазкурро консепсияи таркиши бузург низ мегӯянд ва лаҳзаи ибтидоии ин таркишро ибтидои эволютсияи Олам меҳисобанд. Фарз карда мешавад, ки ин таркиш тақрибан 15 – 20 миллиард сол пеш ба амал омада, дар натиҷаи он Олам аввал бо суръати баланд ва минбаъд оҳистатар васеъ ва хунук мешавад. Аз рӯи дараҷаи васеъшавӣ олимон оид ба ҳолати материя дар давраҳои гуногуни васеъшавӣ хулосаҳо мебароранд.

Тахмин карда мешавад, ки ҳамагӣ пас аз 0,01 сонияи баъди таркиш зичии материя то 1014 г/см3 ва ҳарорат то 109 0С кам мешавад. Дар ин вазъият дар Олами васеъшаванда бояд фотонҳо, электронҳо, позитронҳо, нейтронҳо, антинейтронҳо ва миқдори камтари нуклонҳои сабук (ядрои атоми ҳидроген ва гелий) мавҷуд бошанд. Дар айни замон ба амал омадани табдилёбиҳои аннигилятсия ва тавлиди ҷуфти зарра ва антизарра аз рӯи нақшаи е + е+ γ + γ аз эҳтимол дур набуд. Боз эҳтимол меравад, ки пас аз 3 дақиқаи баъди таркиш аз нуклонҳо ва электронҳои мавҷуда атомҳои сабуктарини ҳидроген ва гелий ба вуҷуд омада, Олам аз омехтаи ин газҳо пур мешавад.

Эволютсияи минбаъдаи Олам, ки дар ҷараёни он ситораҳо, ҷирмҳои дигари кайҳонӣ ва системаи онҳо пайдо мешаванд, дар мавзӯи оянда муҳокима карда мешавад (нигар мавзӯи 6.). Ҳоло бошад ба муҳокимаи кашфиётҳое шурӯъ менамоем, ки боэътимодии модели стандартиро нишон медиҳад ва аз он хулосаҳои аз назари илмӣ боварибахш ҳосил мешаванд.

Эффекти ҷойивазкунии сурх ва афканишоти реликтӣ

Ҳанӯз соли 1912 (яъне пеш аз бунёди назарияи умумии нисбияти Эйнштейн) астрономи амрикоӣ Весто Слайфер ҳодисаи ба ном «эффекти ҷойивазкунии сурх» – ро кашф карда буд. Вай рӯшноии аз галактикаҳои дигар омадаро мушоҳида намуда, муқаррар кард, ки дар спектри он нисбат ба спектри рӯшноии манбаи беҳаракат (нисбат ба мушоҳидакунанда), хатҳои спектралӣ ба тарафи дарозмавҷи спектр (канори сурхи спектр) ҷой иваз кардаанд. Мувофиқи ҳодисаи физикие, ки эффекти Доплер номида мешавад, ин ҷойивазкунӣ дуршавии галактикаҳо, ё худ васеъшавии Оламро нишон медиҳад.

Соли 1929 астрономи дигари амрикоӣ Эдвин Хаббл масофа то галактикаҳоро ҳисоб намуд ва онро бо ҷойивазкунии сурхи спектри ин галактикаҳо муқоиса карда нишон дод, ки бузургии ҷойивазкунӣ бо зиёдшавии масофа меафзояд. Ин натиҷаро, ки қонуни Хаббл номида мешавад, ба намуди зерин навиштан мумкин аст:

v = Hr

Ин ҷо v – суръати дуршавии галактикаҳо (васеъшавии Олам), r – масофа то галактикаҳо ва Н – коэффисиенти мутаносибӣ мебошад, ки доимии Хаббл ном дорад. Аз қонуни Хаббл бармеояд, ки дар замони ҳозира бузургии суръати дуршавии галактикаҳо функсияи масофа то ба онҳо буда, вобастагии мутаносиби роста дорад, яъне чӣ қадаре, ки галактика дуртар бошад, суръати дуршавии он ҳамон қадар калонтар аст. Аз рӯи ченкуниҳои ҳозира ин суръат ба 50 – 100 км/сон ба ҳар як мегапарсек масофа баробар аст (1 мегапарсек = 1 миллион парсек ва 1 парсек = 3,08 * 1016 м – воҳиди масофа дар астрономия буда, масофаест, ки онро рӯшноӣ дар зарфи 3,26 сол тай мекунад). Дар замони ҳозира ҷойивазкунии сурхи ҳазорҳо галактикаҳо чен карда шудаанд.

Ба хотир меорем, ки пас аз 3 дақиқаи баъди таркиш фазои Оламро омехтаи газҳои ҳидроген ва гелий пур мекунад. Чунин муҳит барои фотонҳо (- нурҳо) шаффоф мебошад ва дар фазои Олам афканиши фотонҳо оғоз мегардад. Яке аз хулосаҳои модели Олами тафсон ва васеъшаванда иборат аз он аст, ки дар замони ҳозира дар кайҳон бояд боқимондаи афканишоти зикршудаи давраи ибтидоии Олам мавҷуд бошад. Ҷолиби диққат аст, ки соли 1965 ин гуна афканишот дар ҳақиқат кашф гардид ва он «афканишоти реликтӣ» ном гирифт (реликт – боқимондаи давраи қадим). Мавҷудияти афканишоти реликтӣ тасдиқи дигари боэътимодии модели стандартии эволютсияи Олам ба ҳисоб меравад.

Синну сол ва сенарияи ояндаи Олам

Яке аз натиҷаҳои муҳимтарини тадқиқотҳои космологии асри 20 муайян намудани синну сол ва сенарияи эволютсияи ояндаи Олам ба шумор меравад. Дар ҳақиқат, агар Олам ибтидо дошта бошад, пас саволи муқаррарие пайдо мешавад, ки аз лаҳзаи ибтидо то имрӯз чанд вақт гузаштааст, яъне синну соли Олам чанд аст? Ба ин савол қонуни Хаббл ба осонӣ ҷавоб медиҳад. Аз баробарии дида мешавад, ки бузургии ба доимии Хаббл чаппа ченаки вақт ва маънои синну соли Оламро дорад (Дар ҳақиқат, дар механика суръати ҷисм — ро ҳамчун нисбати масофаи тайшуда бар вақти сарфшуда маънидод мекунанд: . Мувофиқи таърифи овардашуда дар ин формула — фосилаи вақтест, ки ҷисм бо суръати масофаи r — ро тай кардааст, яъне — фосилаи вақти ҳаракати ҷисм аст). Мувофиқи маълумотҳои астрономӣ қимати доимии Хаббл ба баробар аст. Аз ин рӯ синну соли Олам , ё худ тақрибан 13 миллиард сол тахмин карда мешавад. Албатта ин рақам тахминӣ аст ва аз қонуниятҳои тағйирёбии доимии Хаббл вобаста мебошад. Агар дар оянда маълум шавад, ки васеъшавии Олам рафта – рафта суст мешавад, синну соли Оламро кам кардан зарур аст. Вале агар муайян карда шавад, ки дар Олам қувваҳои космологии теладиҳӣ амал мекунанд, синну соли Оламро то 20 миллиард сол ва аз он ҳам бештар тахмин кардан мумкин аст.

Инсон натанҳо гузаштаи Олам ва синну соли онро, балки сенарияи ояндаи Оламро низ донистан мехоҳад. Барои муайян намудани сенарияи эволютсияи ояндаи Олам аз хулосаҳои космологияи релятивии ғайристатсионарӣ истифода мебаранд. Тавре қайд намуда будем, ин хулосаҳоро олими рус А.А. Фридман пешниҳод карда буд. Ӯ нишон дод, ки олами пур аз моддаҳои ҷазбшаванда статсионарӣ буда наметавонад ва вай бояд ё васеъ ва ё фишурда шавад. Маълум шуд, ки ҳалли муодилаҳои космологӣ аз зичии миёнаи моддаҳои Олам ва нисбати он ба зичии бӯҳронӣ (критикӣ) , ки аз муодилаҳои Эйнштейн бармеояд, вобаста аст (нигар ба расми 21).

Расми 21. Тағйирёбии масофаи байни нуқтаҳои Олам R аз вақт t дар моделҳои эволютсияи Олам мувофиқи Фридман

Аз ин вобастагӣ се модели эволютсияи ояндаи Олам имконпазир аст. Агар зичии миёнаи моддаҳо аз зичии бӯҳронӣ хурд бошад , Олам бо суръати афзоянда беохир васеъ мешавад (васеъшавии гиперболӣ). Агар бощад, он гоҳ Олам бо суръати сустшаванда беохир васеъ мешавад (васеъшавии параболӣ). Ва ниҳоят, агар бошад, Олам васеъшаванда ва фишурдашаванда мешавад. Дар ҳар се модел Олам ибтидо дорад (нуқтаи О). Дар ду модели аввала аз ҳисоби васеъшавӣ масофаи байни галактикаҳо беохир калон мешавад. Дар модели сеюм ба таври сиклӣ (даврӣ) васеъшавӣ ба фишурдашавӣ иваз шуда, дар нуқтаи О1 Олам ба ҳолати ибтидоии нав бармегардад. Дар ин ҳолат зичӣ ва ҳарорат боз ба қиматҳои фавқулодда калон соҳиб мешавад. Дар натиҷа таркиш ногузир аст ва сикли нави эволютсия оғоз мегардад. Дар расм to замони ҳозираи эволютсияи Оламро нишон медиҳад.

Барои интихоби яке аз сенарияи имконпазир зарур аст, ки бузургии зичии бӯҳронӣ () ва зичии миёнаи моддаи Олам () муайян карда шавад. Мувофиқи маълумотҳои имрӯза зичии бӯҳронӣ ва зичии миёнаи моддаи Олам тахмин карда мешавад, яъне аст. Ҳамин тавр, мувофиқи тасаввуротҳои имрӯза, Олам аз рӯи модели гиперболӣ васеъ шуда истодааст.

Бояд қайд кард, ки ин натиҷаҳо сад дар сад боварибахш намебошанд. Бино бар он аз эҳтимол дур нест, ки дар оянда, бо пайдо шудани тасаввуротҳо ва хулосаҳои нав, моделҳои дигари сенарияи ояндаи Олам афзалияти бештар пайдо кунанд.

Агар ояндаи Олам мувофиқи моделҳои якум ва дуюм сурат гирад, онгоҳ пас аз 1014 сол ситораҳо хомӯш ва хунук мегарданд, сайёраҳо аз ситораҳо ва ситораҳо аз галактикаи худ канда мешаванд, яъне галактикаҳо нест мешаванд.

Оид ба эволютсияи минбаъдаи Олам маълумотҳои дақиқ мавҷуд нест ва он, тавре тахмин карда мешавад, аз устувории зарраи элементарии протон вобаста аст. Мо медонем, ки (нигар мавзӯи 3) протон зарраи устувор аст. Агар маълум шавад, ки протон устувор набуда, мувофиқи яке аз тахминҳо пас аз 1031 сол ба γ – квант ва нейтрино таҷзия гардад, онгоҳ Олам ба маҷмӯи нейтрино ва γ – квантҳо (фотонҳо) – и энергияи хурд дошта табдил ёфта, пас аз 10100 сол дар Олам танҳо омехтаи электронию позитронии зичии бениҳоят хурд дошта боқӣ хоҳад монд.

Вале агар протон зарраи комилан устувор бошад, пас аз 1065 сол тамоми моддаҳо ва ҳатто ҷисмҳои сахт ба моеъ мубаддал мегарданд. Онгоҳ ҳамаи объектҳои боқимондаи Олам ба қатраҳои моеъ табдил меёбанд ва пас аз 101500 сол ҳамаи моддаҳо хосияти радиактивӣ пайдо намуда ба оҳан мубаддал мегарданд.

Акнун ояндаи Оламро мувофиқи модели сеюм дида мебароем. Дар ин ҳолат, тақрибан пас аз 30 миллиард сол, Олам аз васеъшавӣ бозмонда, фишурдашавии он сар мешавад. Ва пас аз 50 миллиард соли дигар ба ҳолати нави ибтидоӣ (нуқтаи О1 дар расми 1) бармегардад. Сикли пурраи васеъшавӣ ва фишурдашавии Олам тақрибан 100 миллиард солро дар бар хоҳад гирифт. Пас аз он боз таркиши бузург ва боз васеъшавӣ оғоз мегардад…

Кашфиётҳо дар кайҳоншиносии муосир ва аҳамияти онҳо ташаккулёбии ҷаҳонбинии шахс

Дар ҳама давру замон проблемаи пайдоиш ва эволютсияи Олам то ба ҳолати имрӯзааш ҳам аз назари маърифат ва ҳам илму фалсафа яке аз масъалаҳои ҳалталаби асрорангез ба шумор мерафт. Бо вуҷуди он ки асри 20 бо бунёди назарияи нисбияти Эйнштейн, механикаи квантӣ, мукаммал шудани заминаҳои техникии мушоҳидаҳои астрономӣ ва оғози фатҳи кайҳон ба масъалаи зикршуда равшанӣ андохт, дар ибтидои асри 21 ҳам паҳлӯҳои норавшани пайдоиши Олам боқӣ мондаанд.

Тавре дар мавзӯъҳои оянда хоҳем дид, проблемаи дигари ҳамсони пайдоиши Олам проблемаи пайдоиши инсон аст. Ҳар шахсе, ки ба ин ду проблема ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, беихтиёрона робитаи байни онҳоро меҷӯяд. Яъне саволҳои зайли бешуурона пайдо мешаванд: 1. Олам барои инсон ва зиндагию фаъолияти вай офарида шудааст, ё, баръакс инсон барои омӯхтану фатҳи кайҳон? 2. Оё Оламе ки дар он ҳаётӣ биологӣ мавҷуд аст, ягона аст, ё дар кайҳон ингуна Оламҳо бисёранд? Ин гуна саволҳо зиёданд, вале илми муосир, мутаассифона, имрӯз ба онҳо ҷавобҳои дақиқ дода наметавонад.

Бо вуҷуди он асри 20 ба проблемаи пайдоиш ва эволютсияи Олам равшанӣ андохта, хулосаҳое пешниҳод карда тавонист, ки бо роҳи таҷрибавӣ тасдиқ шудаанд. Ин хулосаҳоро бори дигар ба хотир меорем:

— олами ҳастӣ системаи яклухт ва комил буда, тамоми ҳодисаҳои дар он ҷараёнгиранда байни худ вобастаанд;

— Олам ибтидо дорад, дар натиҷаи таркиши бузург пайдо шудааст ва дар замони ҳозира васеъшаванда аст;

— синну соли Олам 10 – 20 миллиард сол тахмин карда мешавад.

— оид ба сенарияи ояндаи Олам ду мулоҳизаи илмӣ мавҷуд аст:

(а) Олам беохир васеъ мешавад, онгоҳ, пас аз солҳои фавқуллода зиёд, дар Олам танҳо фотонҳои фавқулдарозмавҷ ва плазмаи электронию позитронии фавқултунук боқӣ мемонад;

(б) Олам ба таври сиклӣ (даврӣ) васеъ ва фишурда мешавад, онгоҳ, пас аз як сикли пурра Олам ба ҳолати ибтидоии нав меояд ва сикли нав оғоз меёбад;

— мушоҳидаҳо ва хулосаҳои космологӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки инсоният дар ин Олам (ҳеҷ набошад, дар Галактикаи мо) яккаю танҳо аст. Ин ақида ба хулосаҳои муҳимтарини ҷаҳонбинона оид ба мақому мартабаи инсон, аҳамияту арзиши тамаддуни заминӣ ва комёбиҳои вай дар ин Олами фонӣ меоварад. Аз эҳтимол дур нест, ки инсон дараҷаи олитарини эволютсияи Олам бошад. Дар ин сурат мо, одамон, бояд масъулияти хешро оид ба поку беғаш нигоҳ доштани табиати сайёраи Замин ва инкишофи ин Олами беканор доимо аз хотирҳо фаромӯш накунем.

Саволҳои тести

1. Кашфиёти Э. Хаббл ба кадом соҳаи илм тааллуқ дорад?

А) физика

Б) химия

В) астрономия

Г) биология

2. Асоси модели стандартии эволютсияи Оламро кадом назария ташкил медиҳад?

А) назарияи ҷозибаи Нютон

Б) назарияи квантӣ

В) назарияи махсуси нисбияти Эйнштейн

Г) назарияи умумии нисбияти Эйнштейн

3. Синну соли Олам чанд аст?

А) тақрибан 5 миллион сол

Б) тақрибан 5 миллиард сол

В) тақрибан 13 миллион сол

Г) тақрибан 13 миллиард сол

4. Қонуни Хабблро формулаи зерин ифода мекунад;

А) v = wR

Б) v = HR

В) v = R/t

Г) v = at

5. Дар кадом соҳаи илм таълимоти Н.Коперник инқилоб ба вуҷуд овард?

А) физика

Б) химия

В) астрономия

Г) биология

6. Дар кадом соҳаи илм таълимоти Кант ва Лаплас инқилоб ба вуҷуд овард?

А) физика

Б) химия

В) астрономия

Г) биология

7. Дар кадом соҳаи илм таълимоти Э. Хаббл инқилоб ба вуҷуд овард?

А) физика

Б) химия

В) астрономия

Г) биология

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *