Консепсияхои табиатшиноси

Маданиятҳои илмӣ-табии ва гуманитарӣ

Маданият аз калимаи лотини «Cultura» гирифташудааст ва маънои парваридан, тарбия, маълумот, инкишоф, эҳтиром ва ғайраҳоро дорад. Инчунин фаҳмиши «Маданият» барои тавсифи инкишофи материалӣ ва маънавии давраи муайяни таърихӣ, фарматсияи xамъиятию иrтисодии халrиятҳою миллатҳои муайян истифода бурда мешавад.

Маданияти илмӣ-табии ба донистани илмҳои дақиқу табиатшиносӣ-физика, астрофизика, кимиё, математика, биология, геология ва ғайраҳо, ки табиати органикӣ ва ғайри органикии коинотро тадқиқ менамоянд, асос карда шудааст. Ҳамин тариқ, тасдиқ кардан мумкин аст, илмҳои табиатшиносӣ объектҳои микро, макро ва мегаомро тадқиқ менамоянд.

Маданияти гуманитарӣ ба донистани фанҳои фалсафа, таърих, этика, педагогика, ҳуrуrшиносӣ, адабиётшиносӣ ва ғайраҳо асос карда шудааст.

Дар давраҳои аввали пайдоиши ҳаёт дар Замин, фаҳмидагирии ҳодисаҳои ба амал омадаи табиат, тавсифи морфологӣ ва динӣ доштанд. Ба назари мо ба таври реалӣ илм дар асрҳои XIV – XVIII вақте, ки корҳои Кеплер., Декарт., Г.Галилей., И.Нютон ва дигарҳо пайдо гардид, ба вуҷуд омад. Аммо хеле пештар, асрҳои VII- XI дар шарқ чун давраи равнақи илм машҳур мебошад. Ал-Хоразмӣ муаллифи арифметика ва маънидодкунандаи алгебра ба шумор меравад. Берунӣ ченкуниҳои аниқи астраномӣ ва географиро гузаронидааст. E ба таври хеле аниқ кунҷи моилии эклиптикаро ба экватор муайян кард ва тағироти асрии онро муқарар намуд. Ҳангоми гирифтани Моҳ тағирёбии ранги онро маънидод кард, радиуси Заминро муайян намуд ва ғайраҳо. Улуғбек феҳристи аниқи ситораҳо ва ҷадвали ҳаракати сайёраҳоро тартиб дод. Дар ин замон илми ҳозира зиёда аз 15ҳазор фанро дар бар мегирад, ки ҳар яки онҳо бо дараҷаҳои муайян аз ҳамдигар фарқ менамоянд. Мувофиқи ақидаи олимон аз он ҷумла академик В Вернадский дар замин давраи антропогении нав оғоз ёфт. Илми ҳозиразамон фанҳои хеле зиёдеро дар бар мегирад, ва онҳо ба ҳамдигар робитаи чуқур доранд ва ба ҳамдигар таъсир мерасонанд. Якум бо усули татқиқотиашон, ки мушоҳидакорона ба шумор меравад. Дуюм бо намуди дохилшавӣ ба мазмуни объект: сатҳи донистагирии эмпирикӣ ва назариявӣ, ки дар фанҳои гуногун ба дараҷаҳои гуногун пешкаш гардидаанд. Сеюм антропогенӣ (тавасути инсон), ки ҳамчун асоси универсалии алоқаи байни ҳамдигарӣ баромад менамоянд.

Инсон звенои асоси робитаи ҳамаи имлмҳо ба шумор меравад, бевосита ҷараёни донистагириро ба амал меорад, мазмуни илмҳоро муайян карда, инкишофи ояндаи онҳоро пешгӯйи мекунад.

Дар асоси консепсияи гуманизми эволютсиони ақидаҳои асосии зерин мехобанд:

Якум фаҳмидани он, ки инсон барои ояндаи худ, инчунин ба инкишофи сайёра ҷавобгӯй мебошад.

Дуюм дар замони ҳозира одам танҳо як намуд, як воҳиди ақлонаи мавҷуд будаи ҳайёт, дар Замин ба шумор меравад.

Сеюм ба ҷои ақида комёбиҳои материалӣ бояд идеяҳои бойшавии умумируҳиявӣ, ки инсониятро мутаҳид мекунад, ба вуҷуд ояд.

Дар охир чорум дар сатҳи зарурӣ сифатӣ зиндагӣ ва ҳамаи муҳити иҳотакунандаро баланд бардоштан лозим аст, аммо миқдори арзишҳои материалӣ, маҳсулоти истеҳсолот ва бойигарии материалии гурӯҳи одамони алоҳидаро барзарари дигарон баланд бардоштан лозим нест. Бо ёрии ин ақидаҳо мо парокандагиро бартараф намуда, ба ягонагии пурра табдил меёбем, ва ҳайёти инсониятро дар таҳкурсии мустаҳкам бунёд мекунем.

Элементҳои асосии маданият илм, санъат ва забон ба шумор мераванд. Маданиятро ҳамчун дастовардҳои қиматбаҳое, ки инсоният дар давоми таърихи ҳайёти худ ба даст овардааст, фаҳмидан лозим аст. Маданият низ ба монанди материя дар ҳаракати доимӣ буда, инкишоф ва тағир ёфта бо маданиятҳои дигар миллатҳою давлатҳо омезиш меёбанд ва ғанӣ мегардад. Масалан аз забони юнонӣ ва алифбои юнонӣ то ба имрӯз барои ифодаи бузургиҳои гуногун дар математика, физика ва илмҳои дигар истифода бурда мешавад. Аз забонӣ лотинӣ дар илми тиб васеъ истифода бурда, номи доруҳо касалиҳо, растаниҳо, ҳайвонотҳо ва микроорганизмҳо бо ин забон навишта мешаванд ва як қисми халқҳои дунё бо ин забон гуфтугӯ менамоянд. Олими бузурги физикдон ва кимиёдони рус, таъсисдиҳандаи системаи даврии элементҳо Д.И. Менделеев гуфтааст: «Вақте мерасад, ки ҳамаи ҷаҳон ба илми ягона, ҳақиқати ягона, саноати ягона, бародарии ягона, дӯстии ягона, ба табиат соҳиб мешаванд. Ин боварии ман аст, ки илм ба ҳаракат медарорад, илм мустаҳкам мекунад ва барои илм зиндагӣ кардан меарзад, ҳаст чизеро ки интизор шавед». Ҳамин тариқ, маданият низ ба монанди илм, забон ва санъат сарҳад надорад.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Анвари Абурасул. Файзи Нормурод. Консепсияҳои табиатшиносии муосир Душанбе 2007с.
  2. Ҳ. Маҷидов. Ф.Ҳакимов. Консепсияҳои табиатшиносии муосир

Душанбе 2007с.

  • Карпенков С.Х. Консепции современного естествознанаия. –

М.: 2003с.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *