Консепсияхои табиатшиноси

Сохти модда ва Системаи кимиёвӣ – ҷараёнхои кимиёвӣ

Намудҳои реаксияҳои кимиёӣ. Сохти модда. Системаи кимиёвӣ – ҷараёнҳои кимиёвӣ. Эволютсияи системаи кимиёвӣ.

Реаксияи таҷзияшавӣ реаксияест, ки дар натиҷаи он аз ду ё якчанд модда як моддаи нав ҳосил мешаванд:

2Нg O = 2Hg + O2

2K cℓO3 = 2K cℓ +3O2

Реаксияи пайвастшавӣ реаксияест, ки дар натиҷаи он аз ду ё якчанд мода як нав ҳосил мегардад. Масалан: С+ О2 =СО2 (оксиди карбон, газ). Ин моддаи ҳосилшуда нисбат ба моддаҳои аввала мураккабтар мебошад.

Реаксияи ҷойивазкунӣ реаксиест, ки дар ҷараёни он шумораи моддаҳои ба реаксия дохилшаванда тағйир наёфта, ҷойивазкунии қисми таркибии моддаи мураккаб бо моддаи дигар ба амал меояд. Масалан, бо оҳан иваз шудани мисс дар сулфати мисс:

Fe + C ғ S O4 = Fe SO4 + Cғ

Реаксияи муовиза реаксияест, ки дар натиҷаи он моддаҳои бо ҳам таъсиркунанда қисмҳои таркибии худро иваз мекунанд.

Масалан: Ваcℓ2 + Na2 SO4

Реаксияи табдилёбӣ – реаксияе мебошад, ки дар он модда аз шакли кристалӣ ба шакли дигар мегузарад. Масалан, йодиди симоби (НgI2) рангаш сурх ҳангоми гармкунӣ ба йодиди симоби рангаш зард табдил меёбад. Хусусияти реаксияҳои кимиёӣ аз он иборат аст, ки он бо ҷудошавӣ ё фурӯбарии энергия мегузарад. Гузаштани реаксияи кимиёӣ бо кандашавии як робитаи кимиёӣ ва ба вуҷудоии робитаҳои дигари кимиёӣ ва ба вуҷудоии робитаҳои дигари кимиёӣ алоқаманд мебошад. Энергияи, ки дар рекасияи кимиёи ҷудо мегардад, энергияи кимиёи номида мешавад. Аксар вақт дар реаксияҳои кимиёӣ энергияи ба гармӣ ё баракс табдил миёбад. Қонуни асосӣ барои ҳисобкуниҳои термокимиёӣ қонуни суммаи эффектҳои гармӣ, ки Г.ГЕСС кашф карда буд, ба шумор меравад.

Мувофиқи ин қонун эффекти гармии реаксияи кимиёӣ аз ҳолати моддаҳои ба реаксия дохилшаванда ва маҳсулоти натиҷавӣ вобаста буда, аз зинаҳои мобайнии реаксия вобастагӣ надорад. Масалан, ҷараёни реаксияи сӯзишии ангиштро ба намуди зерин навиштан мумкин аст:

1) С + О2 = СО2 = + ΔQ1 ;

2) С + О2 = СО + ΔQ2 ;

3) СО +О = СО + ΔQ3 ;

Қонуни Гесс имконият медиҳад, ки эффекти гарми ин се ҷараёнро ба намуди зерин ифода менамоем: ΔQ1 = ΔQ2 + ΔQ3 .Агар эффекти гармии ду ҷараёни маълум бошад, аз рӯи онҳо эффекти гармии ҷараёни сеюмро ёфтан мумукин аст.

Сохти мода ва системаҳои кимиёӣ

Моддаҳои содда ва муракабро аз ҳамдигар фарқ менамоянд. Молекулаҳои моддаҳои содда аз атомҳои якхела иборатанд. Масалан молекулаи оксиген (О2) аз ду атоми оксиген иборат аст. Молекулаҳои моддаҳои муракаб ё пайвастагиҳои кимиёӣ аз атомҳои гуногун иборатанд. Масалан молекулаи об (Н2О) аз 2 атом гидроген ва як атоми оксиген иборат мебошад. Хосияти моддаҳои муракаб аз хосияти қисмҳои таркибии онҳо яъне атомҳо фарқ мекунанд. Масалан, об моеъ мебошад, ҳоло он, ки вай аз ду моддаи газшакл гидроген ва оксиген таркиб ёфтааст. Якчанд элементҳои кимиёӣ дар якҷоягӣ системаи кимиёиро ташкил менамоянд.

Xараёнҳои кимиёӣ, худмураттабӣ ва эволютсияи системаи кимиёӣ

Яке аз параметрҳое, ки давомнокии гузаштани реаксияи кимиёиро муайян мекунад, суръати реаксия ба шумор меравад. Суръати реаксияи кимиёӣ гузаштани ҷараёни биологиро ва суръати сӯзишӣ сӯзишворӣ дар ракета суръати ҳаракати онро муайян менамояд. Шароитҳои ҷоришавии реаксияи кимиёӣ гуфта аз омилҳои термодинаикӣ ҳаракат, фишор, ҷараёни электрикӣ рӯшноӣ, таъсири механикӣ ва ғайраҳо вобаста будани реаксияро меноманд. Моддаҳое, ки суръати реаксияи кимиёиро тағйир вобаста будани рекасиро меноманд. Моддаҳое, ки суръати реаксияи кимиёиро тағйир дода ба таркиби маҳсули реакси дохил мешаванд, катализаторҳо номида мешавад.

Консепсия доир ба биосфера ва эволютсияи он

Аз нуқтаи назари савияи ташккулёбӣ, биосфера маҷмӯи васеътарини организмҳои зинда ба шумор меравад. Мафҳуми «биосфера»- ро соли 1875 барои авали геологи австрияӣ Эдуард Зюсс ба илм дохил намуда ва он маънои соҳаи ҳаёти зистро дорад. Биосфераро аз табитати ғайризинда дар алоҳидагӣ дида баромадан мумкин нест, аз як тарафаз он вобастагӣ дорад ва аз тарафи дигар ба он таъсир мерасонад. Xараёни бефосилаи эволютсия, ки бо вуҷудоии намудҳои нави мавҷудотҳои зинда алоқаманд аст, ба таври пурра ба ҳамаи биосфера аз он ҷумла ба ҷисмҳои табии – реша, обҳои болоизаминӣ ва обҳои зери заминӣ ва ғайраҳо таъсир намуд. Ҳамин тариқ, эволютсияи намудҳо оҳиста – оҳиста паҳн мешавад ва ба тамоми биосфера мегузарад.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Анвари Абурасул. Файзи Нормурод. Консепсияҳои табиатшиносии муосир Душанбе 2007с.
  2. Ҳ. Маҷидов. Ф.Ҳакимов. Консепсияҳои табиатшиносии муосир

Душанбе 2007с.

  • Карпенков С.Х. Консепции современного естествознанаия. –

М.: 2003с.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *