Консепсияхои табиатшиноси

Хусусиятҳои принсипиалии манзараи табиӣ – илмии олам

Тасаввуротҳои мо дар бораи хосиятҳои табиати Моро иҳотакунанда дар асоси донишҳое аб вуҷуд меоянд, ки дар ҳар як давраи таърихӣ илмҳои гуонгуне, ки ҷараён ва ҳодисаҳои табиатро меомӯзанд, медиҳанд. Барои он ки ҳарактери фундаменталӣ доштани донишҳои асосӣ ва аҳамиятинок дар бораи табиат қайд карда шавад, олимон фаҳмиши манзараи илмӣ- табии оламро дохил намуданд, ки дар таҳти он системаи принсип ва қонунҳои дар асоси олами Моро иҳотакунанда хобанда, фаҳмида мешавад. Одатан, консепсия ва усулҳо дар бораи табиат ва манзараи табиӣ- илмии оламро ба таври пурра, муайян мекунанд. Маназараи илмии олам таърихан дар ҷараёни инкишоф ва хулосаҳои табиатшиносӣ таъсис ёфтааст. Аввал манзараи механикии олам ба вуҷуд омад, чунки омӯзиши табиат аз таҳлили намуди оддитарин ҳаракати материя – ҷойивазкунии механикӣ оғоз меёбад. Манзараи механики олам, ки асоси онро се қонунҳои Нютон ташкил мекунад, мавҷудияти худро то охири асри ХIХнигоҳ дошт. Манзараи механики оламро назарияи электромагнитӣ, ки асосгузоронаш Эрстед, Фарадей ва Максвелл мебошад, пурра намуд. Мувофиқи ин назария дар олам мода на танҳо дар намуди ҷисм, балки дар намудҳои гуногуни майдони физикӣ мавҷуд мебошад. Агар дар билогия консепсияи эволютсия анъанаи устувори қадима дошта бошад, дар физика ва кимиё солҳои 70- ум равияи нави илми синергетика ба вуҷуд омад, ки асосгузорони он олими олмонӣ Г. Хакен ва олими белгияӣ И. Пригожин ба шумор мераванд. Маънои синергетика худмурататабӣ мебошад. Асоси консепсияи ҳозиразамони худмураттабӣ инкишофи термодинамикаи ғайри мувозинатӣ ба шумор меравад, ки он просессҳои барнагардандаро тадқиқ менамояд. Мувофиқи иптидои якуми термодинамика (қонуни бақо ва табдилёбии энергия) тағирёбии энергия мумкин аст, ки баргардондан бошад. Аммо иптидои дуюми термодинамика яктарафагӣ, якравишии тақсимоти энергияро дар системаҳои сарбаст (маҳдуд карда шуда) қайд менамоянд. Вобаста ба ин ибтидои дуюми термодинамикаро чунин ифода кардан мумкин аст: ҳаногоми просессҳои ихтиёрӣ дар системаҳои энергияи собит дошта, энтропия ҳамеша мафазояд, яъне гармӣ аз ҷисми ҳарораташ баланд ба ҷисм ҳарораташ паст мегузарад, на баръакс.

Макроолам: консепсияи табиатшиносии классикӣ

Мувофиқи ақидаҳои ҳозиразамон ҳамаи объектҳои табии структураи тартибнок доранд. Дар илмҳои табиатшиносӣ ду намуди системаҳои материалиро аз ҳамдигар фарқ менамоянд. Системаҳои табиати зинда ва ғайризинда. Дар табиати ғайризинда ба сифати сатҳи структурии таъсисёбии материя зарраҳои бунёдӣ, атомҳо, молекулаҳо, майдон, вакуум, ҷисмҳои макроскопӣ, сайёраҳо, ситораҳо, галактика, метагалактика, ва ғайраҳоро ҷудо менамоянд. Дар табиати зинда ба сатҳи структурии материя системаҳои то сатҳи ҳуҷайрагӣ- кислотаи нуклеин, сафедаҳо, ҳуҷайраҳои ба намуди организмҳои якҳуҷайрагӣ ва бисёрҳуҷайрагӣ ташкил ёфта, структураҳои берун аз организмӣ, ки намудҳо, популятсия, биосенозҳо ва биосфераро дар бар мегирад, таалуқ доранд. Дар табиат ҳама ба ҳамдигар алоқаманданд, бинобар ин системаҳоеро ҷудо кардан мумкин аст, ки элементҳои ҳам табиати зинда ва ҳам табиати ғайризиндаро дар бар мегиранд.

Дар илм се сатҳи сохти материяро ҷудо менамоянд: Макроолам – олами макрообъектҳо, ки андозаашон бо масштаби миллиметр, сантиметр, километр ва вақт бо сония, дақиқа, соат, рӯз, ҳафта, моҳ, сол муқоиса карда мешавад.

Микроолам – олами микрообъектҳои мушоҳида нашаванда, андозаи фазоии онҳо аз 10-8 то 10-16 см ва вақти ҳайёташ аз беохири то 10-24 сония мебошад. Мегаолам – олами масштаби коинотии бузург ва суръатҳои калон, дар он масофа бо солҳои рушнои ва вақти мавҷудияташон бо миллион ва миллиардҳо сол чен карда мешавад. Гар чанде ин сатҳҳо қонуниятҳои махсуси худро доранд, микро – макро – ва мегаолам байни ҳамдигар алоқаи зич доранд. Тавсифи асосии олами Нютони фазои се ченака геометрияи Евклидӣ мебошад, ки он мутлақ, собит ва ҳамеша ором аст. Вақт ҳамчун бузургиест, ки аз фазо ва материя вобастагӣ надорад. Ҳаракат ҳамчун ҷойивазкунӣ хосияти корпуклии зарраро (рушноиро) тасдиқ менамояд, дуруст маънидод кард. Хосияти мавҷии рӯшноиро таҷрибаҳо доир ба интерференсия ва диффраксия тасдиқ карданд. Ҳамин тариқ, дуализми корпускулӣ – мавҷӣ дар физикаи муосир масъалаи умумӣ гардид. Ҳамаи объектҳои материалӣ ҳам хосияти корпускулӣ ва ҳам бо хосияти мавҷӣ тавсиф карда мешавад. Қонунҳои механикаи класскӣ барои микрозарраҳо татбиқнашавандаанд, яъне умуман як хел аниқи муқаррар намудани мавқеъ ва бузургии инпулси микрозаррар имконпазир мебошад.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Анвари Абурасул. Файзи Нормурод. Консепсияҳои табиатшиносии муосир Душанбе 2007с.
  2. Ҳ. Маҷидов. Ф.Ҳакимов. Консепсияҳои табиатшиносии муосир

Душанбе 2007с.

  • Карпенков С.Х. Консепции современного естествознанаия. –

М.: 2003с.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *