Консепсияхои табиатшиноси

Принсипҳои асосии эволютсияи биологӣ

Таълимот дар бораи эволютсияи биологӣ – илм дар бораи сабабҳои, қувваи пешбаранда, тағйироти қонуниятҳо ва инкишофи организмҳои зинда мебошад.

Таълимоти эволютсионӣ, ки асосгузори он Ч.Дарвин Буда, асоси назариявии биологияи ҳозиразамон ба шумор меравад, натиҷаҳои ба даст овардаи фанҳои биологии хусусиро ҷамъбаст менамояд.

Принсипҳои асосии назарияи эволютсионии Дарвин ба шумор мераванд:

Принсипи якум чун постулат баён шудааст, ки мувофиқи он тағйирпазирӣ хосияти ҷудонашавандаи организмҳои зинда ба шумор меравад.

Дарвин ду намуди тағйрпазириро ҷудо менамояд. Ба якумаш тағйирпазирии инфиродӣ ё номмуайянӣ , ки ба воситаи ирсият дода мешавад, мансуб аст.

Намуди дуюмро ӯ ҳамчун тағйирпазирии муайян ё гурӯҳи тавсиф мегнамояд ва ба он организмҳое тааллуқ доанд, ки дар таҳти таъсири факторҳои муайяни муҳити мутатсия ва муайянро- модификатсия меномандагӣ шуданд.

Принсипи дуюми назарияи эволютсионӣ аз кушодани зиддиятҳои дохилии инкишофи табиати зинда иборат мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки аз як тараф ҳамаи организмҳо тамоили аз рӯи прогрессии геометрӣ афзуншудан доранд, вале қисми на он қадар зиёди наслҳои он зинда меноманд ва ба камол мерасонанд.

Принсипи сеюмро одатан принсипи интихоби табии меноманд, ки он дар назарияи эволютсионии Даврин ва назарияи ҳозиразамон роли фундаменталӣ мебозад.

Маҳз он хатти магистрали (марказии) инкишофи таърихии организми зиндаро муайян менамояд, дар организмҳои зинда қобилияти мувофиқро барои зиндагӣ ва худҳосилкунӣ ба вуҷуд меорад.

Ҳамаи гуфтаҳои болоро ба эътибор гирифта хулосаи асосӣ баровардан мумкин аст: ҳамаи рафти эволютсияи намудҳо ба он оварда мерасонад, ки нишонаҳои генетикӣ ва ғайраҳо, ки ҳайётро таъмин мекунанд, аз насл ба насл дар популятсияи мавҷуда вомехӯрад ва равиши инкишофи намудро муайян менамоянд.

Ҳамин тариқ, эволютсия ин ҷараёни нигаронидашудаи тағйироти таърихии организмҳои зинда мебошад.

Назарияи ҳозиразамони эволютсия ва рушди он.

Назарияи ҳозиразамони эволютсияи органикӣ аз назарияи дарвинӣ бо як қатор нуқтаҳои асосӣ фарқ менамояд.

1. Он структураи элементариро, ки аз он эволютсия оғоз мегардад аниқ ҷудо менамояд. Мувофиқи он ин структура популиятсия ба шумор меравад, на зотҳои алоҳида ё намудҳо, ки дар таркиби худ якчанд популятсия доранд.

2. Ба сифати ҳодисаҳои элементарӣ ё ҷараёни эволютсия, назарияи ҳозиразамон тағйир устуворӣ генотипи поплуятсияро дида мебарояд.

3. Он ба таври васеъ ва ҷуқур, омилҳо ва қувваҳои пешбарандаи эволютсияро меънидод менамояд ва дар байни онҳо асосӣ ва ғайриасосиро (дуюмдараҷаро) ҷудо менамоянд

Дарвин ва пайравони ӯ ба сифтаи фактоҳои асосии эволютсия тағйирпазирӣ, ирсия ва мубориза барои ҳаётро дохил намуданд.

Факторҳои асосие, ки ҳоло фаҳмида мешаванд, ҷараёнҳои мутатсионӣ, шумораи мавҷи популятисонӣ ва изолятсия ба шумор мераванд.

Ҳамин тариқ, мувофиқи назарияи ҳозиразамони эволютсия факторҳои асосӣ ба шумор мераванд:

1 Xараёни мутатсионӣ, аз эътирофкунии факти раднашаванда бармеояд ва мувофиқи он массаи асосии маводи эволютсиониро намудаҳои гуногуни мутатсия, яъне тағйирёбии хосияти ирсии организмҳо, ки бо роҳи табии ё воситаҳои сунъӣ ба вуҷуд меояд, ташкил менамояд.

Фақти дуюм эволютсионӣ ё мавҷҳои ҳайёт ба шумор мераванд. Онҳо флуктуатсияи миқдорӣ ё майлкуниро аз қимати миёна шумораи организмҳо дар популятсияҳо муайян менамоянд. Барои эволютсия ва бавуҷудоии намудҳои нав аз ҳам мувофиқтар популиятсияҳои андозаи миёнадоштае, ки дар он доимо тағйироти шумораи зотҳо ба вуҷуд меоянд, ба шумор мераванд.

3. Ба сифати фактории асосии сеюми эволютсия, алоҳидагии (изолятсияи) гурӯҳҳои организмҳо ҳисоб карда мешавад. Дар замони ҳозира муқарар гардидаст, ки алоҳидагӣ ва маҳдудияти гурӯҳи организмҳо барои он зарур мебошад, ки онҳо натавонанд, бо дигар намудҳо алоқаи ҷинсӣ намоянд ва ба онҳо иттилооти генетикӣ диҳанд ё аз онҳо гиранд.

Махсусан назарияи эволютсияи ҳозиразамон якчанд намуди механизми интихоби табииро кушода медиҳад:

1. Интихоби стабилизатсия шуда, ки дар он ҳамаи майлкуниҳои назаррас аз ягон меъёри муқаррарӣ барҳам зада мешавад ва дар натиҷаи он намудҳои нав ба вуҷуд намеоянд.

Ин гунна интихоб дар эволютсия роли ночиз мебозад, чунки шакли мавҷудаи организмҳои зиндаро нигоҳ медорад.

2. Шакли пешбарандаи интихоб ҳамоне ба шумор меравад, ки тағйиротҳои хурдтаринеро дар бар мегирад ва дигаргуншавии прогрессивии системаҳои зинда ва бавуҷудоии намудҳои хеле такмилёфтаи навро мусоидат менамояд.

3. Интихоб дезруптивӣ, ки одатан ҳангоми якборо тағйирёбии шароити мавҷудияти организмҳо, ки гуруҳи сершумори зотҳои навъи миёна ба шароити номусоид афтида мемирад, ба вуҷуд меояд.

4. Интихоби баланкунондашуда характери мураккаб дорад ва Сухан пеш аз ҳама дар бораи мавҷудият ва ивазӣ шаклҳои адаптивӣ ё мувофиқ гардонидашуда меравад.

Микорэволютсия ҷаъми тағиротҳои эволютсионие, ки дар генофонди популятсия дар давраи вақти на он қадар калон ба вуҷуд меоянд ва ба пайдоиши намуди нав оварда мерасонад, мебошад.

Макроэволютсия бо эволютсияи дигаргуншавӣ дар давраи вақти дарози таърихӣ, ки ба бавуҷудоии шакли болоинамудии таъсиси организмҳои зинда оварда мерасонад, алоқаманд мебошад.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Анвари Абурасул. Файзи Нормурод. Консепсияҳои табиатшиносии муосир Душанбе 2007с.
  2. Ҳ. Маҷидов. Ф.Ҳакимов. Консепсияҳои табиатшиносии муосир

Душанбе 2007с.

  • Карпенков С.Х. Консепции современного естествознанаия. –

М.: 2003с.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *