Консепсияхои табиатшиноси

Таърихи фанхои табиатшиносӣ

Усулҳои илмии дарккунии ҳодисаҳои табиат

Дар байни илмҳои табиатшиносӣ аз ҳама пештар астрономия инкишоф ёфтааст. Ин бо он вобаста мебошад, ки одамон дар аввал ба Офтоб, моҳтоб, ситораҳо мароқ зоҳир намуда, ба онҳо зарурияти сайругашт кардан дар баҳру хушки, корҳои чӯпонию кор кардан дар Замин пайдо мегардад. Дар баробари астрономия инчунин математикаи элементари инкишоф меёбад. Баъди ба вуҷуд омадани шаҳрҳо ва заруриятӣ сохтмонҳои калон, корҳои ҳарбӣ, механикаю математикаи олӣ тараққи намуд. Дар баробари инкишофи ин илмҳо фанҳои дигари табиатшиносӣ – физика, кимиё, биология, геология, минералогия, физиологияи растаниҳою ҳайвонҳо рӯ ба тараққӣ ниҳоданд. Дар байни илмҳои табиатшиносӣ роли пешбарандаро физика мебозад, бинобар ин аз ҳама бештар ба таърихи инкишофи физика шуруъ мекунем. Инкишофи физикаро асосан ба се давра тақсим кардан мумкин аст:

  1. Давраи аввали инкишофи физика, аз замонҳои қадим то асри XVII – ро дар бар мегирад.
  2. Давраи физикаи классикӣ, аз охирҳои асри XVII то соли 1905 – ро дар бар мегирад.
  3. Физикаи муосир, аз соли 1905 то то ин давраро дар бар мегирад.

Дар давраи аввали инкишофи физика доир ба ҳодисаҳои гуногун табиат донишҳо ҷамъ гардидаанд, таълимотҳои алоҳида ба вуҷуд омаданд.

Галилео Галилей (1564 – 1642), олими италявӣ асосгузори илми табиатшиносӣ ба шумор меравад, чунки ӯ физикаро ҳамчун илм инкишоф дод. Давраи аз Галилей то Исаак Нютон (1643 – 1727) – олими англис, давраи барқароршавии физика ба шумор меравад. Нютон дар асоси фактҳои таҷрибавӣ мавҷуда манзараи физикии олам – манзараи механикии оламро таъсир дод, ки асоси онро се қонуни он ташкил менамоянд ва он то охири асри XIX ва аввалҳои асри XX мавҷудияти худро нигоҳ дошт.

Дар охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри XX дар табиатшиносӣ инқилоб ба вуҷуд омад ва он ба кашфиётҳои соҳаи кимиё, биология, ва махсусан физика алоқаманд буданд. Ин инқилоб ба кашфи мавҷҳои электромагнитӣ, нурҳои рентгенӣ, ҳодисаи радиоактивӣ, электрон, фишори рӯшноӣ, ба вуҷудоии назария нисбият, ихтирои радио, ба вуҷудойии генетика, модели атом алоқаманд буд. Охирҳои асри XIX манзараи механикии оламро назарияи электромагнитӣ, ки асосгузорони он Эрстед, Фарадей, Максвелл мебошанд пурра намуд. Кашфиётҳои физикон ва олимони табиатшинос бо мукофотҳои машҳур қадр карда шуда. Физикдони Немис Конарт Рентген (1845 – 1923), барои кашфи шуоъҳои Рентгенӣ, аввалин бор аз физика ба гирифтани мукофоти Нобелй сазовор гардид. Назарияи электромагнитиро физики немис Генрих Гертс (1857-1894) ва физики нидерланди Антон Лоренс ( 1853- 1938) инкишоф доданд. Дар асоси назрияи электромагнитӣ манзараи электродинамикии олам таъсис дода шуд. Соли 1905 бо ба вуҷуд омадани назарияи нисбии А. Эйнштейн давраи нави инкишофи физика оғоз гардид. Физики немис Макс Планк назарияи квантии рӯшониро пешниҳод намуд, ки мувофиқи он рӯшноӣ аз моддаҳо бо квантҳои ( фотонҳои) алоҳида, афканда мешавад. Дар физика солҳои 1905 – 1931 давраи инкишофи механикаи квантӣ, солҳои 1932 – 1954 давраи инкишофи физикаи атомӣ ба ҳисоб меравад ва аз соли 1955 давраи инкишофи физикаи ядроӣ ва зарраҳои элементарӣ ( бунёдӣ) оғоз меёбад. Дар ин давраҳои инкишофи физика илму техника, саноат, энергетикаи атомӣ, яроқҳои ракетию ядроӣ, техникаи ҳарбӣ ва тадқиқоти кайҳон ба авҷи тараққиёт расиданд. Доир ба таърихи инкишофи фанҳои табиатшиносӣ дигар ба таври мухтасар гуфтан мумкин аст, ки омӯзиши гардиши хун дар одам соли 1950, кӯшиши аввалини таснифоти растаниҳо соли 1590 барқароршавии кимиё ҳамчун илм соли 1650, инкишофи таҳлили математикӣ соли 1710, инкишофи гидродинамика соли 1750, инкишофи физиология, алалхусус омӯзиши ҷараёни нафасгирӣ соли 1760, таъсиси харитаи геологӣ соли 1820, назарияи ҳуҷайрагии тухмҳуҷайраи ғизогирандаҳои хурд соли 1835, инкишофи бактералогия соли 1845, назарияи бавуҷудоии намудҳои Дарвин бороҳи интихоби табиӣ соли 1856, назарияи дигари Ч. Дарвин дар бораи пайдоиши одам ва интихоби ҷинсӣ соли 1870, қонуниятҳои асоси ирсиятро Г. Мендел соли 1865, инкишофи палентология соли 1855 ва ғайраҳо оғоз ва пешниҳод гардидан.

Солҳои 70- ум дар илмҳои физикаю кимиё равияи нави илмӣ бо номи синергетика оғоз гардид, ки асосгузорони он Г.Хакен ва И. Пригожин мебошанд.

Дар инкишофи илмҳои табиатшиносӣ дар Ҷумҳурии мо аҳмияти зарурӣ дода мешавад. Ҳоло дар Ҷумҳурӣ якчанд пажуиҳшгоҳҳо ба монанди физикаю – техникаи ба номи Султон Умаров, астрофизика, кимиё, геология, биофизика, ботаника ва паризитология дар назди академияи улуми Ҷумурии Тоҷикистон ба татқиқи соҳаҳои гуногуни илмҳои табиатшиносӣ машғуланд.

Махусан тадқиқотҳои олимони тоҷик дар соҳаи астрофизика дар арсаи байналхалқӣ маълуму машҳуранд. Якчанд сайёраҳои хурде, ки астрофизикони амрикоӣ кашф карданд ба шарафи олимон- астрофизикони тоҷик Бобоҷонов П. Б., Ибодинов Х.И., Доброволский О.В. ва дигарон номгузори карда шудаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар соҳаи тадқиқоти ҷирмҳои осмонӣ астрофизикҳои тоҷик саҳми арзандаи худро гузоштаанд.

Усулҳои илми дарккуни ҳодисаҳои табиат

Маълум аст, ки олами моро иҳотакунанда системаи ягона ва пурраеро ташкил менамояд, ки дар он предметҳо ва ҳодисаҳо дар алоқамандӣ ва таъсири мутақобилаи ҳамдигарӣ мебошанд. Тағиротҳое, ки ба он материя дучор мегардад, ҳодиса номида мешавад. Дар табиат ҳодисаҳо бороҳи мушоҳида ва таҷрибавӣ омӯхта мешаванд. Омӯхтани ҳодисаҳо дар шароити табии мушоҳида номида мешавад. Омӯхтани ҳодисаҳо дар шароити лабароторӣ таҷриба номида мешавад. Натиҷаҳое, ки ҳангоми мушоҳидаҳою таҷрибагузаронӣ ба даст оварда мешаванд, фактҳо (далелҳо) номида мешаванд. Дар натиҷаи муқарар намудани алоқамандии байни фактҳо қонуниятҳо ба вуҷуд меоянд. Барои илмҳои табиатшиносӣ донишҳои илмӣ бо ду усул ба даст оварда мешаванд: эмперикӣ (таҷрибавӣ) ва назарявӣ.

Дар сатҳи эмперикӣ одатан чунин усулҳо ба монанди мушоҳида, навиштаҷот, ченкунӣ, таҷриба ва ғайраҳо гузаронида мешавад. Назарияи истифодабарии усулҳои аксиоматикӣ, системавӣ, моделиронии математикӣ ва ғайраҳоро афзалтар мешуморанд.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Анвари Абурасул. Файзи Нормурод. Консепсияҳои табиатшиносии муосир Душанбе 2007с.
  2. Ҳ. Маҷидов. Ф.Ҳакимов. Консепсияҳои табиатшиносии муосир

Душанбе 2007с.

  • Карпенков С.Х. Консепции современного естествознанаия. –

М.: 2003с.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *