Консепсияхои табиатшиноси

Консепсияи фазо ва вақт дар манзараи илмии ҳозиразамони олам

Дар манзараи механики олам фаҳмиши фазо ва вақт яке аз хосиятҳои материяи ҳаракаткунанда дида баромада мешавад. Дар механика танҳо просессҳои баргарданда дида баромада мешавад, вақт дар он ҳамчун параметр дохил мешавад. Камбудии дигари манзараи механикии олам дар он аст, ки фазо ва вақт ҳамчун шакли мавҷудияти материя дар алоҳидагӣ омӯхта мешавад. Роли аввалиндараҷаро дар инкишофи тасаввуротҳо дар бораи фазо кашфиёти Г.Галилей – принсипи механикаи классикӣ, ки принсипи нисбии Галилей ном дорад, бозид. Мувофиқи ин принсип ҳамаи ҳодисаҳои физикӣ (механикӣ) дар ҳамаи системаҳои ором ё мунтазаму ростхатта бо суръати аз ҷиҳати бузургӣ ва равиши собит ҳаракат кунанда, якхела мегузаранд. Ин гунна системаҳоро инерсиалӣ меноманд.

Консепсияи Нютонии фазо ва вақт, ки дар асоси он мазараи физикии олам ба вуҷуд оварда шудааст, то охири асри XIX мавҷудияти худро нигоҳ дошт.

Нуқтаҳои асоси ин манзараи олам ба шумор мераванд:

  1. Фазо бе охир, ҳамвор, ростхатта, эвкледӣ ҳисоб карда мешавад.
  2. Вақт мутлақ, якҷинса, мунтазам ҷоришаванда фаҳмида мешавад.
  3. Фазо ва вақти мутлақ барои шаклдигаркуниҳои Галилей – Нютон, ки ба воситаи он гузаштан ба системаи инерсиалӣ таъмиин карда шуд, асос ба шумор меравад.
  4. Қабул кардани вақти мутлақ ва якҷинсагии он, универсалӣ будани қувваи ҷозиба дар тамоми коинот барои назарияи дуртаъсиркунӣ асос ба шумор меравад,

То асри ХIХ физика асосан физикаи модда ба шумор мерафт, яъне он рафтори объектҳои материалиро бо шумораи охириноки дараҷаҳои озод ва массаи ороми охирнок дида мебаромад. Омӯзиши ҳодисаҳои электромагнитӣ якқатор хосиятҳои фарқкунандаи онҳоро нисбат ба хосиятҳои механики ҷисмҳо ошкор намуд.

Агар дар механикаи Нютон қувва аз масофаи байни ҷисмҳо вобаста ва аз рӯихатти рост равона бошад, дар назарияи электромагнитӣ, қувва аз масофа ва суръат вобаста асту аз рӯи хатти росте, ки ҷисмҳоро мепайвандад, равона намебошад. Таъсири қувва лаҳзавӣ не, балки бо суръати охирнок гузаронида мешавад.

Ҳамин тариқ, Максвелл тавонист таъсири қонунҳои бақо ва наздиктаъсиркуниро дар асоси фаҳмиши майдони электромагнитӣ тасдиқ намояд. Эйнштейн қайд менамояд, ки назарияи нисбӣ аз проблемаи майдон ба вуҷуд омад. На танҳо ҳамагуна ҳаракат, балки фазо ва вақт низ нисбӣ мебошанд.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Анвари Абурасул. Файзи Нормурод. Консепсияҳои табиатшиносии муосир Душанбе 2007с.
  2. Ҳ. Маҷидов. Ф.Ҳакимов. Консепсияҳои табиатшиносии муосир

Душанбе 2007с.

  • Карпенков С.Х. Консепции современного естествознанаия. –

М.: 2003с.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *