Консепсияхои табиатшиноси

Тасаввуротхо дар бораи фазо ва вакт

Хосиятҳои фазо ва вақт

Ҳангоми ба вуҷуд овардани назарияи худ ба Эйнштейн лозим омад, ки тасаввуротҳои пешинаи механикаи классикиро дар бораи фазо ва вақт аз нав дида барояд.

Бинобар ин назарияи нисбии махсуси ба вуҷуд овардаи Эйнштейн (соли 1905) натиҷаи ҷамъбасткунӣ ва якҷоякунии механикаҳои классики Галилей — Нютон ва электродинамикаи Максвелл – Лоренс ба шумор меравад.

Ин назарияи қонунҳои ҳамаи просессҳои физикиро барои ҳаракатҳои суръаташон, ба суръати рӯшноӣ наздикро бе баэътиборгирии майдони ҷозиба менависад. Ҳангоми камшавии суръати ҳаракат, он ба натиҷаҳои механикаи классикӣ оварда мерасонад, ки ин мавриди хусусии он ба шумор меравад.

Ғайр аз ин натиҷаи дигари аҳмиятноки назарии мазкур ба фаҳмиши ягонаи бефосилагии фазою вақт табдил додани фаҳмишҳои механикаи классикӣ дар бораи фазо ва вақт мебошад.

Назрияи нисбӣ тасавуротҳои умумии илмро роҷеъ ба фазо, вақт ва ҳаракат,

ки зиёда аз 200 сол дар илм ҳукумфармо буданд, кулан тағйир дод. Дар ҳақиқат ҳам ба таҷрибаи ҳаррӯза такя намуда, тасаввур намудан басо мушкил аст, ки дарозии порчаи сим ва ё ҷисми ҳаракаткунанда ба самти ҳаракаташ кӯтоҳ мешаваду фосилаи вақт бошад, меафзояд. Хусусан афзудани фосилаи вақт ё худ эффекти сустшавии реалятивии ҷараёни вақт, ки яке аз хулосаҳои парадоксиалии назарияи нисбият ба шумор меравад, аз ҷониби «ақли солим» басо бо душворӣ қабул мешавад. Дар назарияи нисбии махсус ҳамаи системаҳои ҳисбокунӣ инерсиалианд, яъне нисбат ба ҳамдигар мунтазам ва ростхатта ҳаракат мекунанд.

Мувофиқи назарияи нисбии умумии Эйнштейн: ҳамаи системаҳои ҳисобкунии К, К1, К1 дар кадом ҳолате, ки ҳаракат накунанд, барои навиштани просессҳои табиат баробарқувваанд.

Эйнштейн ба натиҷаҳои назарияи электромагнитӣ, ки фаҳмиши майдонро дохил намудааст, такя намуда ҷозибаро ҳамчун қувваи дар майдони вазнинӣ муайян таъсиркунанда, дида баромад.

Натиҷаи аҳмиятнок назария нисбии умумӣ аз он иборат аст, ки мувофиқи он массаҳои инертсию гравитатсионӣ ба ҳамдигар баробаранд (m=m*) ва ин ба хулосае меорад, ки натанҳо системаҳои инерсиалӣ, балки ҳамаи системаҳои ҳисбокунӣ баробарқувваанд.

Хосиятҳои фазо ва вақт

Дар асоси гуфтаҳои боло, rайд менамоем, ки фазо ва вақт чӣ гуна хосиятҳо доранд:

1. Фазо ва вақт объективӣ ва реалӣ мебошанд.

2. Фазо ва вақт универсалӣ буда, шакли умумии мавҷудияти материя ба шумор мераванд.

3. Фазо реалӣ сеченака аст.

4. Вақт барнагарданда ва якченака ба шумор меравад ва аз гузашта ба воситаи замони ҳозира ба оянда ҷорӣ мешавад.

5. Фазо хосияти якҷинсангӣ ва изотропӣ дорад, вале вақт якҷинса мебошад. Якҷинсагии фазо аз баробарқуввагии ҳамаи нуқтаҳои он ва изотропии он аз баробарқуввагии ҳамаи равишҳо иборат мебошад.

Ҳамаи нуқтаҳо дар вақт баробарқувваанд, нуқтаи ҳисобкунии бартаридошта мавҷуд нест, дилхоҳ нест, нуқтаи ҳисобкунии бартаридошта мавҷуд нест, дилхоҳи онро ҳамчун ибтидо қабул кардан мумкин аст. Ин хосиятҳо бо қонунҳои асосии физика, махсусан бо қонуни бақо алоқаманд аст ва ҳодисаи симметрияро дар олам инъикос менамоянд. Дар илми ҳозиразамон инчунин аз фаҳмишҳои биологӣ, психологӣ ва иҷтимоии фазо ва вақт истифода мебаранд.

Ҳамин тариқ, қайд кардан мумкин аст, ки назарияи нисбӣ якумин назарияи физикие буд, ки ба таври радикалкидаиҳои олимонро доир ба фазо, вақт ва ҳаракат тағйир дод.

Ин назария қатъиян муқаррар намуд:

  1. Ҳама гуна ҳаракат танҳо нисбат ба ҷисмҳои дигар, ки ба сифати системаи ҳисобкуни қабул карда мешавад ва бо системаи координатаи муайян алоқаманд аст, навишта мешавад.
  2. Фазо ва вақт бо ҳамдигар алоқаи зич доранд ва дар якҷоягӣ онҳо ҳолати ҷисми мутаҳаррикро муайян менамоянд. Бинобар ин вақт дар назарияи нисбӣ ҳамчун координатаи чорум дохил мешавад.
  3. Назарияи нисбии махсус (ННМ) нишон дод, ки якхелагии қонунҳои механика дар ҳамаи системаҳои инерсалии ҳисобкунӣ барои қонунҳои электродинамика низ дуруст мебошад.
  4. Ҳангоми ҷамъбасткунии Принсипи нисбият ва татбиқи он ба просессҳои электромагнитӣ доимигии суръати рӯшноиро чун постулат баён мекунад, ки он дар механика ба эътибор гирифта намешавад.
  5. Ҳамаи системаҳои ҳисобкунии навиштани қонунҳои табиат баробарқувваанд.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Анвари Абурасул. Файзи Нормурод. Консепсияҳои табиатшиносии муосир Душанбе 2007с.
  2. Ҳ. Маҷидов. Ф.Ҳакимов. Консепсияҳои табиатшиносии муосир

Душанбе 2007с.

  • Карпенков С.Х. Консепции современного естествознанаия. –

М.: 2003с.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *