Фанни Ҳуқуқи инсон

Мафҳумҳои фарҳанги ҳуқуқҳои инсон ва фарҳанги ҳуқуқӣ

  1. Мафҳуми фарҳанги ҳуқуқӣ

Фарҳанг— чун сиёсат, иқтисодиёт соҳаи иҷтимоии ҳаёти ҷамъият — он соҳаи муносибатҳои ҷамъиятист, ки дар он арзишҳо ва идсолҳои умумибашарӣ ташаккул ёфта, дар инсон оғози эҷодиёт ифодаи худро пайдо мекунад. Фарҳанг бе маънии васеъ ҳамаи дастовардҳои инсоният, ҳамаи он чизҳоест, ки инсон офаридааст. Фарҳанг дар худ иттилооти ғайригенетикиеро, ки инсоният дорад, фаро мегирад. Мо онро фарҳанги рӯҳӣ (илм, санъат, дин, афкори солим); фарҳанги моддӣ, барандагони моддии дониш (забон, китобҳо, суратҳову расмҳо ва ҳама гуна ашёи эҷодиёт ва санъат – мизҳо, пиёлаҳо ва ғайра, ки инсон офаридааст); фарҳанги иҷтимоӣ (яъне усулҳои амалиёти байниҳамдигарӣ, механизмҳои рафтори инсон (одат, расму оинҳо, малакаҳои касбӣ) меномем.

Фарҳанг (аз лотинии cultura – парваридан, тарбия, омӯзиш, рушд, эҳтиром) – сатҳи таърихан муайяншудаи рушди ҷомеа, қувваҳои эҷодӣ ва лаёқатмандиҳои инсон аст, ки дар навъҳо ва шаклҳои ташкили ҳаёт ва фаъолияти одамон, дар муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо, инчунин дар арзишҳои моддию рӯҳии офаридаи онҳо ифода мегардад.

Фарҳанги ҳуқуқӣ – қисми ҷудонопазири фарҳанги умумии халқ буда, замина бар ибтидои он дорад, таҷассуми сатҳи рушди он, мафкураи халқ мебошад. Зери мафҳуми фарҳанги ҳуқуқӣ маҷмӯи мураккаби зуҳуроти ҳаёти ҳуқуқӣ (муносибатҳои ҳуқуқӣ, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, рафтори ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва ғайра) фаҳмида мешавад, ки бояд вазифаи дар ҷамъият фароҳам овардани фазои ахлоқӣ- ҳуқуқиро ба ҷо оред. Фазои ахлоқӣ – ҳуқуқии ҷамъият озодии воқеии рафтори шахсиятро кафолат дода, дар якҷоягӣ бо масъулиятмандӣ дар назди ҷомеа ҳуқуқҳои ӯ, ҳифзи иҷтимоӣ ва эҳтироми шаъну эътиборашро таъмин менамояд, яъне инсонро дар маркази равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мегузорад. Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ наметавонад раванди асосдошта бар рушди дигар навъҳои фарҳанг – сиёсӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ бошад.

Фарҳанги ҳуқуқӣ вазъи шуури ҳуқуқӣ, қонуният, мукаммалии қонунгузорӣ ва амалияи юридикии ифодакунандаи мавҷудият ва рушди ҳуқуқ ҳамчун арзиши иҷтимоӣ, яъне як навъ «сарвати юридикӣ»-и ҷомеа мебошад.

Вобаста ба баранда фарҳанги ҳуқуқиро ба фарҳанги ҳуқуқии шахсият, фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва фарҳанги ҳуқуқии г8урӯҳи касбӣ- ҳуқуқшиносон ҷудо мекунанд, ки ҳама бо якдигар алоқаманданд. Масалан, фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ҳамеша сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шахсиятҳои алоҳида ва фарҳанги ҳуқуқии ҳуқуқшиносонро инъикос менамояд.

Фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа пеш аз ҳама аз сатҳи рушди шуури ҳуқуқии аҳолӣ, яъне аз он вобаста аст, ки аҳолӣ чунин хирқаҳои ҳуқуқиро чун арзишмандии ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон, арзишманди тартиботи ҳуқуқиро ҳангоми ҳалли баҳсҳо, ҷустуҷӯи созишҳо ва ғайра то чӣ андоза амиқ аз худ кардаанд, аҳолӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба кадом андоза огоҳ аст, муносибати эмосионалии аҳолӣ ба қонун, суд, мақомоти гуногуни ҳифзи ҳуқуқ, воситаҳо ва тартиботи юридикӣ чӣ гуна аст, муқаррароти аҳолӣ ба риояи (риоя накардани) нишондодҳои ҳуқуқӣ чӣ тавр аст ва ин унсури аввалини фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад. Сатҳи рушди шуури ҳуқуқӣ танҳо дар фаъолияти воқеии ҳуқуқӣ, дар қоидаҳои рафтор аён мегардад. Бинобар ин унсури дуюми сохтори фарҳанги ҳуқуқӣ сатҳи рушди фаъолияти ҳуқуқӣ мебошад. Фаъолияти ҳуқуқӣ аз қисматҳои назарӣ – фаъолияти ҳуқуқшиносон, омӯзишӣ- фаъолияти донишҷӯён ва шунавандагони мактабҳо ва таълимгоҳҳои олии ҳуқуқшиносӣ ва ғайра ва амалӣ – фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ, аз ҷумла истифодаи ҳуқуқ иборат аст. Унсури сеюми фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа сатҳи инкишофи тамоми низоми санадҳои юридикӣ, яъне матни ҳуҷҷатҳое мебошад, ки дар онҳо ҳуқуқи ҳамон ҷомеа ифода гардида ва таҳким бахшида мешавад. Барои арзёбии фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа низоми қонунгузорӣ аҳамияти аз ҳама муҳимтар дорад. Масалан, дар моддаи 10-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфтани муқарраротро дар хусуси он ки агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд, чун комёбии барҷастаи низоми қонунгузории Тоҷикистон арзёбӣ кардан мумкин аст.

2.Мафҳуми фарҳанги ҳуқуқҳои инсон

Бо фарҳанги умумибашарӣ умуман ва сатҳи рушди фарҳанги ҳуқуқӣ мафҳуми дигари фарҳанг – фарҳанги ҳуқуқҳои инсон алоқаманд аст.

Фарҳанги ҳуқуқҳои инсон қисми таркибии фарҳанги рӯҳӣ аст, ки бо худ низоми донишҳо, тамоюлҳо ва ақидаҳои арзишманд, эҳсосоти равонии ба эътироф ва эҳтироми шаъну эътибори инсон асосёфта, ҳуқуқҳо ва озодиҳои ӯ, ҳамчунин малакаҳо ва маҳоратҳои амалии татбиқу ҳифзи онҳоро мемонад.

Фарҳанги ҳуқуқҳои инсон падидаи мураккаб, том ва бисёрҷабҳаи иборат аз унсурҳое чун дониш, муқаррароти ҷаҳонбинона ё ақидаҳо, эҳсосот, малакаҳо ва маҳоратҳои дар амалиёти мунтазами байниҳамдигарӣ буда аст.

Барои ташаккул додани сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқҳои инсон дар ҷомеа зарур аст, ки худи шаҳрвандон ҳуқуқу озодиҳои хешро дарк кунанд, дар ин соҳа донишҳои муайянеро соҳиб гарданд ҳуқуқҳо ва шаъну эътибори одамони дигарро эҳтиром намоянд, ҳамчунин дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодиҳо малакаву маҳорат дошта бошанд.

Огоҳии инсон аз ҳуқуқҳо ва вазифаҳои хеш, бешак, унсури муҳимтарини фарҳанги ҳуқуқҳои инсон мебошад. Аммо танҳо донистани мундариҷаи ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон кофӣ нест, бар илова рафтори асоснок – фаҳмидани фалсафаи ҳуқуқҳои инсон, донистани пайдоишу ташаккул ва рушди он ва ғайра зарур аст.

Дар пешрафти фарҳанги ҳуқуқҳои инсон дар ҷомеа инкишофи арзишҳои ахлоқӣ, эътиқодмандиҳо, ки ҳуқуқҳо ва озодиҳоро ҷонибдорӣ мекунанд, ҳамчунин дар одам ташаккул ёфтани муқаррароти мувофиқи ҷаҳонбинона ва муносибат нисбат ба равандҳои рушди ҷамъиятӣ нақши муҳим мебозанд. Дар ҳазорсолаи нав аз одамон муқаррар сохтани тарзи нави афкор, сохтори нави арзишҳо, дигаргунсозии шуур тақозо мешавад. Амалиётҳои пурсамари байниҳамдигарии фарҳангҳои миллӣ, наздикшавии онҳо, муттаҳидшавии халқҳо дар рӯ ба рӯи хатарҳои глобалӣ танҳо дар асоси арзишҳои заминавӣ, ки бе тағйирот ва ба таври доимӣ ба ҳамаи фарҳангҳо хосанд (арзишмандии ҳаёти инсон ва шаъну эътибори ӯ, баробарии ҳамаи одамон ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон, ҳамдигарфаҳмӣ ва тоқатпазирӣ (толерангӣ), эътирофи «бисёррангӣ» ва бисёрченакии ҷаҳон, даст кашидан аз зӯроварӣ ва ғайра) имконпакзир мебошад. Бинобар ин эътирофи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ дастоварди басо бузурги тамаддун аст.

Дар ин маврид шарти дарки масъулиятмандии байниҳамдигарии шаҳрванд ва давлат бояд иҷро шавад, «давлат на бо маҷбурсозию тарсу ваҳм андохтан, балки бо муносибати озодонаи шаҳрвандони худ, садоқати онҳо ба қарз, бо мардонагии шаҳрвандӣ, ҷасорати ташаббускорона ва интизом барқарор мемонад».

Эҳсосоти равонӣ ва ҳаяҷонҳои эмосионалӣ низ чун унсури фарҳанги ҳуқуқҳои инсон аҳамияти муҳимтарин доранд. Ҳаяҷон, дарккунӣ, сарфаҳмравии ҳуқуқҳо ва озодиҳо ба ҳосил гардидани тамоюлҳои арзишию ҷаҳонбинонаи инсон ва рафтори ӯ, ба ташаккули эҳсоси ҳифозатмандӣ ва масъулиятмандӣ таъсири басо калон мерасонанд.

Дар раванди ташаккули фарҳанги ҳуқуқҳои инсон ҳамчунин мавҷудияти таҷрибаи амалӣ – маҳорат ва малакаҳои ҳифзу барқарорсозии ҳуқуқҳо ва озодиҳои вайронкардашуда нақши калон мебозад. Бешак, танҳо одами басаводу донишманд метавонад ҳуқуқҳои худро амалӣ гардонад, ҳамчунин ҳуқуқҳо ва озодиҳои вайронкардашудаи одамони дигарро ҳифзу барқарор созад. Вақте одам бо сатҳи зарурии донишҳо ва малакаҳои амалӣ мусаллаҳ аст, вай метавонад тамоми неруи механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳоро дар сатҳи миллӣ ба кор андозад. Дар сурати зарурат ва тамомшавии ҳамаи воситаҳои дохилидавлатии ҳифзи ҳуқуқҳо бошад, вай қодир аст, ки ба механизмҳои байналмилалӣ ё аврупоии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон муроҷиат намояд.

Барои интихоби тарзи рафторе, ки ба эътиқоди ботинӣ ва манфиатҳо, ҳамчунин манфиатҳо ва талаботи ҷомеа ҷавоб дода тавонад, шахсият бояд дорои неруи кофии фарҳангӣ бошад. Дараҷаи баланди фарҳанги ҳуқуқии шахсият, бешак, шарти зарурии ба таври бояду шояд амалишавии ҳуқуқҳо ва озодиҳо аст. Хулоса, фарҳанги ҳуқуқҳои инсон як навъ таҷассумест дар категорияҳои фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, дар мавриди мазкур дар фарҳанги ҳуқуқӣ мафҳуми «ҳуқуқҳои инсон».

Ба ин тариқ, «фарҳанги ҳуқуқӣ» ва «фарҳанги ҳуқуқҳои инсон» мафҳумҳои мусовӣ набошанд ҳам, ҳамчун қисматҳои таркибии фарҳанги рӯҳии ҷомеа дар ягонагии мураккаби узвӣ қарор доранд. Зимнан, фарҳанги ҳуқуқҳои инсон барои ташаккули фарҳнги ҳуқуқӣ аҳамияти басо муҳим дорад. Ҳамин тавр, ҳуқуқ худ ба худ омил ва усули басо муҳими амалишавии ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон аст, бинобар ин характери инсондӯстонаи фарҳанги ҳуқуқӣ ба нисбатан воқеӣ ва пурсамар акмалӣ гаштани ҳуқуқҳои инсон дар ҳаёт мусоидат мекунад. Фарҳанги ҳуқуқҳои инсон бошад, омилест, ки ба кафолатҳои ҳуқуқҳои инсон дахл дорад. Ҳамчунин қайд кардан муҳим аст, ки дар асоси мундариҷаи «фарҳанги ҳуқуқӣ» таркибҳои юридикӣ бартарӣ доранд. Дар ин маврид дар асоси фарҳанги ҳуқуқҳои инсон ғояи шаъну эътибори шахсияти инсонӣ меистад, ин бошад, бешак, категорияи маънавист. Бинобар ин дар мавриди тавсифбахшии мафҳуми мазкур ҷанбаи ахлоқӣ-маънавӣ бартарӣ дорад.

Раванди камолоти дараҷаи баланди фарҳанги ҳуқуқҳои инсон раванди ҳамеша дуру дароз ва ғайриоддист. Таълиму тарбияи аҳолӣ ва пеш аз ҳама ҷавонон дар рӯҳи тоқатпазирӣ (толерантӣ) ва истифода накардани зӯроварӣ, эҳтироми шаъну эътибори инсонӣ ва дигар арзишҳои ҳуқуқҳои инсон ҳоло ба сифати афзалиятдошта дар сатҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ эътироф мегарданд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: фарҳанг, фарҳанги ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқҳои инсон.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *