Фанни Ҳуқуқи инсон

Тавсифи умумии ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ

1. Ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ: мафҳум, мундариҷа

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ гурӯҳи махсуси ҳуқуқҳои инсон мебошанд, ки дар соҳаи муносибатҳои истеҳсолӣ амалӣ мешаванд; дар соҳаи меҳнат ва моликият, яъне дар соҳаи иқтисодии фаъолияти ҳаётии ҷомеа ва давлат вусъат пайдо мекунанд.

Ҳуқуқҳои иқтисодӣ ҳуқуқҳои асосии аз ҷониби умум эътирофшудаи инсон мебошанд. Онҳо универсалӣ, ҷудонопазир, тақсимнашаванда буда, чун қоида, аз лаҳзаи таваллуд пайдо мегарданд ва ба соҳибияти инсон ба неъматҳои ҳаёти иқтисодӣ, озодиҳо дар соҳаи муносибатҳои хоҷагидорӣ ва меҳнатӣ нигаронида мешаванд.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ ба ҳамаи одамон: шаҳрвандон, хориҷиён, ашхоси бешаҳрвандӣ ва дигарон кафолат дода мешаванд. Гурӯҳи мазкури ҳуқуқҳо ва озодиҳо мақоми инсонро ҳамчун иштирокдори фаъолияти иқтисодӣ муайян карда, ба таъмини некӯаҳволӣ ва сифати ҳаёти одамон, қонеъсозии талаботу манфиатҳои иқтисодӣ ва дигар талаботу манфиатҳои моддии ба онҳо алоқаманд нигаронида мешаванд.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ метавонанд инфиродӣ бошанд, масалан, ҳуқуқи моликияти хусусӣ, ҳуқуқи интихоби касб. Онҳо инчунин дастаҷамъона мешаванд, масалан, ҳуқуқи коллективи меҳнатӣ ба корпартоӣ, озодии занон аз табъиз дар соҳаи шуғл.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ мутлақ нестанд ва метавонанд дучори маҳдудиятҳои қонунӣ гарданд.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ маҷмӯи ҳуқуқҳо ва озодиҳое мебошанд, ки имконияти таъмини озодона ихтиёрдорӣ кардани моликият ва фаъолиятро дар соҳаи меҳнат ва соҳибкорӣ мемонанд.

Ба ҳуқуқҳои асосии иқтисодӣ инҳоро мансуб донистан мумкин аст: ҳуқуқи моликияти хусусӣ, ҳуқуқи мерос, ҳуқуқи амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ, ҳуқуқ ба меҳнат, манъи меҳнати маҷбурӣ ва ғайра.

Дар ҷаҳони имрӯза ин категорияи ҳуқуқҳо ва озодиҳо бештар вайрон карда мешаванд, зимнан, на танҳо аз ҷониби давлат, балки инчунин корфармоёни хусусӣ, гурӯҳҳои ҷинояткор ва ғайра. Чунин вайронкуниҳо инҳоянд: ғайриқонунӣ аз кор озод намудани одамон, меҳнати маҷбурӣ, ба таври системанок дер додан ё напардохтани музди меҳнат, табъиз дар соҳаи шуғл ва бизнес, истифодаи меҳнати кӯдакон, маҳдудсозии имкониятҳои соҳиб шудан ба моликият ва бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани занон, ҷавонон, муҳоҷирин ва ғайра.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, бо ҳуқуқҳои иҷтимоӣ алоқамандии нисбатан зичтар доранд, бинобар ин дар адабиёт бисёр вақт онҳоро муттаҳид сохта, иҷтимоӣ-иқтисодӣ меноманд, ҳарчанд ҳар ду гурӯҳи ҳуқуқҳо хусусиятҳои махсуси худро доранд.

? Таснифоти ба Шумо маълуми ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсонро ба хотир оред, кадом ҳуқуқу озодиҳо ба «насли дуюм» тааллуқ доранд?

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодии инсон ба «насли дуюм»-и ҳуқуқҳо мансубанд. Онҳо дар раванди муборизаҳо бо нобаробариҳои иқтисодӣ барои некӯаҳволии моддии аҳолӣ ташаккул ёфтаанд. Ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби озодонаи кор, истироҳат ва фароғат, дараҷаи кофии пардохти музди меҳнат ва дигар ҳуқуқу озодиҳо асоси талаботи баромадҳои иқтисодии дар ҷаҳон дар охири асри XIX – ибтидои асри ХХ ба амаломадаро ташкил дода, бори аввал дар конститутсияҳои як қатор давлатҳои аврупоӣ таҳким бахшида шуданд. Аммо ҳуқуқи моликияти хусусӣ хеле барвақттар таҳким ёфт ва бинобар ин бисёр олимон онро ба ҳуқуқҳои «насли якум» мутааллиқ медонанд.

Банизомдарорӣ ва ҳимояи байналмилалӣ-ҳуқуқии ҳуқуқҳои иқтисодӣ соли 1948, вақте бисёре аз онҳо дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таҳким бахшида шуданд, шурӯъ гардид. Соли 1966 ҳуҷҷати муҳимтарини байналхалқӣ – Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қабул карда шуд, ки характери на тавсиявӣ, балки барои давлатҳои иштирокдор ҳатмӣ дорад ва он ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии иқтисодии инсонро кафолат бахшид.

Дар ҷаҳони имрӯза аксари конститутсияҳо ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодиро таҳким мебахшанд, зимнан, номгӯи онҳо пайваста васеъ мешавад. Умуман, амалисозии ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ дар ҷаҳони имрӯза аз бисёр ҷиҳат ба сатҳу вазъияти имкониятҳои молиявӣ-иқтисодии давлати мушаххас, аз мавҷудияти захираҳо ва омилҳои дигар вобаста аст.

2. Низоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ бо ҳам алоқаманд буда, низоми ягонаро мемонанд. Низоми ҳуқуқҳои иқтисодӣ дар моддаҳои 17, 23, 24-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, моддаҳои 6-8-и Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ- ҳуқуқӣ оварда шудаанд. Онҳо ҳамчунин дар қонунгузории миллии бисёр мамлакатҳои ҷаҳон инъикос ёфтаанд.

?Моддаҳои баёнгардидаи ҳуҷҷатҳои мазкури байналмилалиро бодиққат омӯзед. Дар онҳо кадом ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон кафолат дода шудаанд?

Ҳуқуқҳои иқтисодӣ дар низом тавре ташкил карда шудаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо бевосита бо дигаре вобаста аст, масалан, ҳуқуқ ба истироҳат давоми мантиқии ҳуқуқи меҳнат кардан мебошад ва ғайра.

Мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқҳои асосии иқтисодӣ инҳо мансубанд: ҳуқуқ ба моликият ва мерос (моддаи 32), ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқи интихоби касб; ҳуқуқи ҳимоя аз бекорӣ, ҳуқуқ ба пардохти баробари музди меҳнат, манъи меҳнати маҷбурӣ (моддаи 35), ҳуқуқ ба истироҳат (моддаи 37).

Қайд кардан зарур аст, ки ҷавҳари ҳуқуқҳои иқтисодиро ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳуқуқ ба моликияти шахсӣ ташкил медиҳанд, зеро онҳо тарафи муҳими рушди давлат – иқтисодиёти бозориро мунъакис карда, барои таъмини озодии шахсият дар соҳаи иқтисодиёт аҳамияти махсус доранд. Тақдири гузариши давлат ба низоми нави хоҷагидорӣ аз дараҷаи рушди соҳибкорӣ дар мамлакат ва сатҳи некӯаҳволии халқ вобаста аст. Бинобар ин масъалаи мазкур вақтҳои охир аз ҷониби давлатҳо ба таври ҷиддӣ дастгирӣ карда мешавад. Чунончи, дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи ҳифзи давлатӣ ва дастгирии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2002) қабул карда шудааст.

Бо дар назардошти рушди соҳибкорӣ ва моликияти хусусӣ ҳуқуқҳои иқтисодиро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст: 1) ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ ва мерос; 2) ҳуқуқи соҳибият, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани сарватҳои табиӣ (аз ҷумла замин); 3) ҳуқуқ ба фаъолияти озодонаи соҳибкорӣ ва дигар навъҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки бо қонун манъ карда нашудаанд; 4) ҳуқуқи озодона ихтиёрдорӣ кардани қобилияти меҳнатии худ, озодии интихоби навъи фаъолият ва касб; 5) ҳуқуқ ба меҳнат ва мукофотонидан барои меҳнати муваффақиятнок.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодии инсон, низоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *