Фанни Экология

Мониторинги экологӣ  ва намудҳои он

Мониторинги экологӣ  ва намудҳои он 

Нақша:

  1. Асосҳои илмии мониторинги экологӣ
  2. Намудҳои мониторинг ва роҳҳои дар амал татбиқ намудани онҳо
  3. Мониторинги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  4. Асосҳои мониторинги биологӣ
  5. Автоматикунонии системаи мониторингии муҳити ҳавои шаҳрҳо ва сифати обҳои табиию рўйи заминӣ
  6. Моделсозии экологӣ ва пешгўйиҳо

Истилоҳи мониторинг аз калимаи лотинӣ «monitor» гирифта шуда, маънояш мушоҳида, назорат ва огоҳкунӣ аст. Маънои мониторинг ин системаи мушоҳидаҳои доимӣ ва назорат оид ба вазъи муҳити табиӣ ва тағйирёбие, ки зери фаъолияти одамон ба амал меояд, мебошад.

Мақсади асосии мониторинг ин ҳар чӣ барвақттар огоҳ намудани оқибатҳои номатлуби таъсири антропогенӣ ба табиат буда, вазифаи асосии мониторинг бошад, таҳқиқи тағйирёбии биосфера, баҳо додан ба вазъи муҳит ва пешгўӣи оид ба оянда тағйирёбии муҳит ва роҳҳои пешгирии он мебошад.

Ташкил намудани мониторинги муҳити зист ва худи истилоҳи «Мониторинг» дар давраи тайёрӣ ба гузаронидани конференсияи Стокголмии СММ доир ба муҳити зист, ки соли 1972 барпо мешуд, соли 1971 ба амал омад. Таклиф шуд, ки барои омўхтану муайян намудани тағйиротҳое, ки зери таъсири антропогенӣ дар табиат ба амал меоянд, системаи мониторинг ташкил карда шавад.

Профессор Р. Мэни соли 1973 консепсияи мониторингро дар шакли қарор баён намуд, ки ин қарор дар маҷлиси маш­варатии якуми байнидавлатӣ, ки моҳи феврали соли 1979 дар шаҳри Найробӣ баргузор шуда буд, муҳокима ва тасдиқ шуд. Якчанд шакли ифодаи маънои истилоҳи мониторинг вуҷуд дорад:

Р. Мэни пешниҳод намуд, ки системаи назорати такрории як ё якчанд элементҳои муҳити иҳотакардаи табиӣ дар Замин ва фазо бо мақсади муайян ва барномаи пешакӣ тартибдодашуда мониторинг, номида шавад.

Мувофиқи барномаи байналхалқии ЮНЕСКО аз соли 1979 ифодаи мониторингро ҳамчун системаи назоратии доимии Замин ва фазо, ахборҳоро доир ба гузаштаю ҳозираи ҳолати муҳити зист пешниҳод менамоянд, ки дар асоси ахборҳои пешниҳодшуда имконияти пешгўйи намудани тағйирёбии муҳит дар оянда, барои аҳли башар аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Вале ифодаи муайяну аниқи истилоҳи мониторингро соли 1974  олими рус Ю.А. Израэл пешни­ҳод намудааст. Мувофиқи ақидаи ў мониторинг ҳамчун систе­маи муҳити табиӣ дар мадди аввал ифлосшавӣ ва натиҷаи таъсири ба бор овардаи онҳо ба биосфера – системаи назорати комплексӣ баҳо додан ва пешгўйӣ намудан ба тағйирёбии ҳолати биосфера ё худ элементҳои алоҳидаи он зери таъсири омилҳои антропогенӣ мебошад. Фаъолияти одамонро ҳангоми мони­торинг ба се зина мушоҳидаҳо; баҳодиҳӣ ба вазъи муҳит; пеш­гўйи оид ба имконияти пешгирӣ намудани тағйирёбии муҳит ҷудо мекунанд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *