Фанни Экология

Омилҳои фитогенӣ (растанигн)

Аз ҳама паҳншудатарин шаклҳои муносибати байни растаниҳо таснифоти онҳо аз рӯи В. Н. Сукачев ба ҳисоб меравад (ҷадвали 22 ).

Ҷадвали 22

Шакли асосии муносибати байни растаниҳо
( аз рӯи В.Н.Сукачев. Н. В. Дылису ва диг, 1964)

Муносибати байни растаниҳо

Бавоситаи механикӣ

(шикастани навдаҳо, эпифитизм, фишор ва бо ҳам печутобхӯрии поя ва решаҳо)

Физиологй

(симбиоз, муфтхӯрй ва ниммуфтхурй, пайвастшавии реша)

Ба воситаи трансбиотй

(ба воситаи ҳайвонот ва микроорганизмҳо)

Ба воситаи трансбиотй

(таъсири ҳосилкунан- даҳои муҳит, рақобат, аллелопатия)

Таъснри бевоситаи байни растаниҳо. Мисоли баҳамтаъсиркунии механикии растаниҳо зараррасонии коҷ ва санавбвр дар ҷангалҳои омехта бо таъсири навдвҳои тӯс шуда метавонад. Зимистон вақти бебарг будани навдаҳои тӯс хеле хуб ба назар мерасад. Ба ҳам фишор овардан ва печидани тана бо дарахтон таъсири манфй мерасонад. Ин бештар дар зери хок мушоҳида мешавад, чунки массаи зиёди решаҳо дар ҳаҷми на он қадар калони хок ба ҳам зич мепечанд. Ин гуна алоқаҳо гуногун буда аз печидани оддӣ то пайвастшавии устувор оварда мерасонанд, ки дар баъзе ҳолатҳо ба хушкшавй ва мурдани дарахтон меорад. Мисол, печидани чӯброст (лиан) дар пояи дарахтони растаниҳои тропикӣ. Агар як растанӣ ба сифати субстраг дигар растаниро бе алоқа бо хок истифода барад номи эпифит ва ҷойгиршавии онҳоро дар барг бошад, эпифилл меноманд. Дар тафовут аз муфтхурон онҳо бо растании субстратӣ а’лоқаи бевоситаи физиологй кадошта, мустақилона аз ҳисоби фотосинтези организми худ фаъолият. мекунанд. Ба акидаи як қатор олимон қариб 10% — и тамоми намуди растаниҳо тарзи ҳаёти эпифитй мегузаронанд. Аз ҳама бештар эпифитҳо дар ҷангалҳоп тропикй вохӯрда, ба онҳо қисми зиёди бромелиевиҳо ва саҳлабиҳо дохил мешаванд.

Маҳфуми экологии эпифитизм ин мутобиқшавии организм ба режими рӯшной дар ҷангалҳои анбӯҳи тропикй мебошад. Пайдоиши тарзи ҳаёти эпифитй ин мубориза барои рӯшной мебошад. Қисми зиёди эпифитҳо берун аз растании субстратй худ сабзида наметавонанд, лекин баъзе намудҳое вомехӯранд, ки дар гармхонаҳо қобилияти дар хок расиш карданро доранд. Алоқаи физиологии байни растаниҳо муфтхӯрй, симбиоз, сапрофитизмй, пайвастшавии решаҳоро дар бар мегирад. Муфтхурй яке аз мисолҳои бевоситаи таъсири физиологии байни растаниҳо ба ҳисоб меравад, яъне гузариши яке аз шарикон ба тарзи ғизогирии гетеротрофй ва ҳаёт гузаронидан азҳисоби организми хӯҷаин. Мисол, зардпечак аз ҳисоби шарбати юнучқа ғизо гирифта инкишофи онҳоро нигоҳ медорад ва баъди якчанд сол дар марғзоре, ки зардпечак пайдо шудааст, юнучқа пурра нест мешавад. Муфтхӯрҳо дар байни занбӯруғ ва бактерияҳо зиёд буда, дар байни растан1ғҳои гулдор хеле каманд.

Симбиоз ё ки мутуализми байни растаниҳоро дар мисоли ҳамзистии обсабз ва занбӯруғ, ки организми бутуни гулсангро ҳосил мекунанд, мушоҳида намудан мумкин аст.

Алоқаи байни шарикон дар симбиоз хеле мураккаб мебошад, ки баъзе тадқиқотчиён симбиозро «муфтхӯрии хеле хуб ташаккулёфта» меноманд. Обсабзҳо аз ҳисоби фотосинтез дар гулсанг ба занбурӯғ ангиштоб ва дигар моддаҳои узвиро таъмин мекунанд (туршиҳои нуклеинй, протеинҳо ва ғ.). Занбӯругҳо бошад ба обсабзҳо об ва моддаҳои маъданиро таъмин менамоянд. Дар вақти норасоии рӯшной ва дигар омилҳои номусоиде фотосинтез қатъ мекард, обсабзҳо метавонанд аз занбӯруғҳо моддаҳои узвиро гиранд, кадоме занбӯруғ аз субстрат мегирад. Дар мисоли гулсангҳо такомули оҳиста — оҳиста аз муносибати муфтхӯрй ба мутуализм гузаштанро хеле хуб мушоҳида кардан мумкин аст. Дар баъзе гулсангҳои оддй занбӯруғ воқеъан ба ҳуҷайраи обсабз медарояд ва дар асл муфтхур аст (расми 49 А).

Намуди гулсангҳои дар зинаи такомул болотар ҷойгирифта обсабз ва занбӯруғ дар мувофиқати ҳамдигарй ҳаёт гузаронида ба якдигар фоида меоранд (расми 49 Б ва В).

Дигар мисоли симбиоз ин ҳамзистии растаниҳои олй бо бактерияҳо мебошад, ки онро бактериотрофия меноманд. Симбиози бактерияҳои лундагии нитрогеназхудкунанда дар байни лӯбиёгиҳо (93% намудҳои омӯхташуда) ва нозгулон (87%) васеъ пахн шудааст. Бактерияи авлоди КЫхоЫшт), ки дар лӯндаи решаи растаниҳои лӯбиёгй ҳаёт мегузаронад,бо ғизо (қандҳо) ва ҷои зист таъмин мешавад, растанй бошад дар ивази он шаклҳои барои он дастраси нитрогенро мегиранд (расми 50).

image56
image57

Расми 49. Самти такомул аз муфтхури ба мутуализм гузаштан дар
занбӯруғҳо (аз рӯн Е. Одум, 1963)

Г ифи занбуруғ Г ифи занбуруғ

ба дохили ҳуҷайраи бо риштаи обсабз обсабз дохил мешавад мепечад

Г ифи занбуруғ бо ҳуҷайраи обсабз зич ҷойгир мешавад, вале ба дарун дохил намешавад

Расми 50. Лӯндаҳо дар решаи растаниҳои лӯбиёгй:

А- юнучқа; Б- лӯбиё; В- сои; Г- тирмис (аз рӯи А.П. Шенников, 1950)

Ҳамчунин симбиози митселлияи занбӯруғ бо решаи растаниҳои олӣ ё ки ҳосилшавии микоризӣ мушоҳида мешавад. Ин гуна растаниҳоро микотрофӣ ё ки микотрофҳо меноманд, ки дар решаи растаниҳо ҷойгир шуда гифи занбӯругҳо ба растаниҳои олй қобилияти баланди ҷабида гирифтани об ва моддаҳои маъданиро 10 — 14 маротиба зиёдтар таъмин менамоянд. Дар намудҳои зиёди растаниҳои олй (79%) ҳосилшавии микоризӣ мушоҳида шудааст.

Гурӯҳи алоҳидаи растаниҳо, ки тарзи ғизогирии гетеротрофӣ доранд, сапрофитҳо мебошанд. Сапрофитҳо — намудҳое мебошанд, ки ба сифати сарчашмаи карбон моддаҳои узвии боқимондаи организмҳои мурдаро истифода мебаранд. Дар гирдгардиши биологй таҷзиякунии боқимондаи моддаҳои узвӣ ба моддаҳои соддатар звенои асосиро актиномитсетҳо, бактерияҳо ва занбӯруғхо ташкил медиҳанд. Дар байни растаниҳои гулдор ҳам сапрофитҳое вомехӯран.ц, ки хлорофилли худро гум карда ба ғизогирии моддаҳои тайёри узвӣ гузаштаанд. Мисол, подьелники (зерикоҷй) одцй (Мопо1гора Ырор1Й8) надбородники бебарг (Ер1ро§оп арКуПит). Дар байни ушнаҳо ва фарнҳо сапрофитҳо хеле кам вомехӯранд.

Пайвастшавии решаи дарахтони сабзидаистодаи ба ҳам наздик (як намуд ё ки намудҳои хешу табор буда) ба ҳамтаъсиркунии бевоситаи физиологии байни растаниҳо дохил мешавад. Ин ҳодисаи дар табиат хеле паҳншуда мебошад. Дар дарахтзори зичи коҷ Рюеа айез қариб 30% решаҳои ҳамаи дарахтон ба ҳам мепечанд.

Даррандагӣ на танҳо дар байни ҳайвонҳо, балки дар байни растаниҳо ҳам васеъ паҳн шудааст. Мисол, як қатор растаниҳои ҳашаротхӯр мушлак (росянка), непентес ба растаниҳои «дарранда» дохил мешаванд (расми 51).

Расми 51. Растаиии даррандаи мушлак
(аз рӯи Е.А.Криксунов ва диг., 1995)

Муносибати бевоситаи трансбиотии байни растаниҳо ба воситаи ҳайвонот ва микроорганизмҳо аҳамияти муҳими экологии ҳайвонотҳо ба ҳаёти растаниҳоро собит мекунад ва иштироки онҳо дар ҷараёни гардолудшавй, паҳншавии тухми онҳо зоҳир мегардад. Гардолудшавии растаниҳо бо ёрии ҳашарот номи энтомофилро гирифтааст, ки ба растанй ва ҳашарот як қатор тавсифи мутобиқшавиро амалй гардонидааст. Аз ин рӯ, мутобиқати энтомофилии баргҳо хеле шавқовар аст; нақшу нигори «риштаҳои роҳнамуд» ба шахддон ва гардбарг равона мекунанд, дар баъзе ҳолатҳо танҳо ба тарафи нурҳои ултрабунафш дида мешаванд, ки ин бо биниши ҳашарот муяссар мегардад; фарқи ранги гулҳо пеш ва баъд аз гардолудшавй, ритми шабонарӯзаи синхронизатсии кушодашавии тоҷгул ва садбарг. на танҳо амиқ афтидани гардҳоро дар бадани ҳашарот, балки афтидани онҳоро ба дигар гардгирак таъмин менамояд.

Гуногунй ва мураккабии сохтори гулҳо (шаклҳои гуногуни гулбарг, ҷойгиршавии симметрй ва ғайрисимметрй хӯшагуҳо ва ғ.), ки гетеростилия ном дорад, ҳамаи ин мутобиқшавиҳо барои еохтори бадан ва рафтори ҳашаротҳо мувофиқ карда шудааст. Мисол, гули зардаки ёбой (Оаисих саго!а) зира (Сагиш сат) ки аз тарафи мӯрчаҳо гардолуд мешаванд, аз густурдаи ҷангал берун намебароянд.

Дар гардолудшавии растаниҳо паррандаҳо ҳам иштирок доранд, ки онро орнитофилия меноманд. Ин намуди гардолудшавй дар ҷангалҳои тропикй ва субтропикй хеле паҳн шудааст, ки зиёда аз 2000 намуди паррандаҳо иштирок мекунанд.

Гардолудшавии растаниҳо аз тарафи ширхӯрҳо ё ки зоогомия хеле кам ба назар мерасад. Зоогомия дар Австралия, ҷангалҳои Амрикои Ҷанубй ва Африка мушоҳида мешаванд. Мисол, буттаи австралиягй аз авлоди Бпапбга бо ёрии кенгуру, ки шахди онро нӯши ҷон мекунад, аз як гул ба гули дигар гузашта гардолуд мешавад. Паҳншавии тухм, мева, спораи растаниҳоро бо ёрии ҳайвонот зоохория меноманд. Ҳамчунин вобаста аз тарзи паҳнкунии ҳайвонот- эпизоохория, эндозоохория ва синзоохория фарқ карда мешавад.

Дар алоқаи муносибатҳои трансбиотии байни растаниҳо микроорганизмҳо фаъолият доранд. Ризосфераи решаи дарахтон, мисол булут, ки таркиби муҳити хокиро хеле тагйир медиҳад, бахусус таркиби туршии онро, ин бошад барои ҷойгиршавии микроорганизмҳо (Аго1оЬас1ег сЬгоосо1еит, Рвиботапак 8р, ТпсЬо1оте 1е§погит) шароит муҳаё мекунад. Ин микроорганизмҳо аз ҳисоби моддаҳои ҷудокардаи решаи булут ва модцаҳои узвии ҳосилкардаи занбӯруғҳои микориз ҳосилкунанда гизо гирифта афзоиш меёбанд. Бактерияҳо дар назди решаҳои булут ҳаёт ба сар бурда, барои ба дохили реша даромадани занбӯруғҳои касалиовар ҳамчун монеъа хизмат мекунад. Ин монеъаи биологй аз ҳисоби антибиогикҳои ҷудокардаи бактерияҳо ҳосил карда мешавад, ки ин ба ҳолати растанй таъсири мусбй мерасонад.

Муносибати бавоситаи трансбиотии байни растаниҳо (таъсири муҳит ҳосилкунй, рақобат, аллелопатия) тағйир додани муҳити зисти худ яке аз паҳншудатарин типи муносибати растаниҳо дар вақти якҷоя ҳаёт гузаронидан ба ҳисоб меравад. Дар ҳолати як намуд ё ки гурӯҳи намудҳои растаниҳо дар рафти фаъолияти ҳаётии худ микдоран ва сифатан таносуби омилҳои асосии экологиро тағйир медиҳанд, ба дигар намудҳои дар ҷамоа буда лозим меояд, ки дар ин шароит фаъолият кунанд, дар ин ҳолат мо метавонем оиди аҳамияти муҳит ҳосилкунй ва таъсири муҳит ҳосилкунии як намуд ба дигар намуд сухан ронем. Як намуди райганй ба дигараш ба воситаи тағйирёбии омилҳои микроиқлим ( мисол, пастшавии нури рӯшноӣ, дар дохили растаниҳо, пастшавии фаъолнокии нурҳои фотосинтетикй ва ғ.) таъсир мерасонанд.

Дигар намуди расатаниҳо бошад ба воситаи ҳарорати ҳаво, намнокии он, суръати шамол, микдори СОг ва ғ.. таъсир мерасонанд.

Роҳи дигари баҳамтаъсиркунии растаниҳо дар ҷамоа бо ёрии қабатҳои наздихокӣ аз боқимондаи моддаҳои узвӣ бой, ки дар даштҳо бокимондаи растаниҳо, ё ки «намади даштӣ» ва дар ҷангалҳо фарш(густурда) меноманд. Ин қабат барои ба хок афтидани тухм ва спораҳо ва ҳам барои неш зада баромадани онҳо монеъа мешавад.

Роҳи дигари баҳамтаъсиркунии растаниҳо ба воситаи ҷудокунии модцаҳои кимиёвӣ амалй мешавад. Растаниҳо ба муҳити атроф (об, ҳаво, хок) моддаҳои гуногуни кимиёвиро дар ҷараёни гутатсия, ҷудокунии шахд, равганҳои эфирй, смола ва ғ, дар рафти борон шусташавии намакҳои маъдании К, М§, Иа аз болои барг, дар рафти мубодилаи моддаҳо ҷудокунии моддаҳои газмонанд Нг, СНг^СНг ва г, дар рафти вайроншавии бутунии бофта ва узвҳои растанй моддаҳои паррон (фитонсидҳо) ва ғайраро амалй мегардонанд (расми 52).

Расми 52. Таъсири як растни ба дигараш (аз рӯи А.М.Гродзинский, 1965)

1- миазминҳо; 2- моддаҳои фитонсидй; 3- модаҳои фитогеннӣ; 4- моддаҳои фаъоли дар давраи ҳаёти ҷудокрдашуда; 5- моддаҳои ғайрифаъоли дар давраи ҳаёти ҷудокрдашуда; 6- моддаҳои баъди мурдан ҷудокрдашуда; 7- коркард аз тарафи организмҳои гетеротрофй.

Пайвастагиҳои ҷудокардашуда барои растанй лозиманд, лекин бо инкишофи сатҳи болоии растанй талаф ёфтани онҳо ҳамчун бухоршавй зарур аст.

Ҷудокунии модцаҳои кимиёвӣ дар байни растаниҳои ҷамоа метавонад ҳамчун заҳр ё ки фаъолкунанда таъсир расонад. Ин баҳамтаъсиркунии растаниҳоро бо роҳи кимиёвй, аллелопатия номидаанд. Мисол, Нут (Сюег апейпий) ба картошка, ҷуворимакка, офтобпараст, помидор, лӯбиё ба расиши гандуми баҳорй ва ғ., ҷудо кардани моддаҳои решавии марғ (пырея, Адгоругит герепз) ва кострец (Вгошиз 1пегш18) бо диғар растаниҳои дар наздашон буда, ҳатто дарахт таъсири манфй мерасонанд. Дар баъзе ҳолатҳо ҷудокунии модаҳои кимиёвй аз тарафи як намуд, расиши дигар намудҳоро дар ин муҳити зист ғайриимкон мегардонад, ки онро аменсализм меноманд. Мисол, ба туфйли ҷудокунии моддаҳои заҳрнок ястребянка (Шеғасшш рШоиИа) аз оилаи мураккабгулон дигар растаниҳои яксоларо танг карда мебарорад ва танҳо ин намуд дар майдонҳои васеъ мушоҳида мешавад. Занбӯруғ ва бактерияҳои зиёд антибиотикҳоеро ҳосил мекунанд, ки расиши диғар бактерияҳоро суст мегардонанд.

Растаниҳое, ки муҳити зисг ва шароити ҳаётии худро барои дигар бошандагони ин муҳит фаъолона барқарор мекунанд, эдификаторҳо ном доранд. Эдификаторҳои қавй ва сустро фарқ мекунанад. Ба эдификаторҳои қавй коҷ (соягии баланд, камшавии хок аз модцаҳои ғизой ва ғ.) ушнаҳои ботлоқй (нигохдории намнокй ва ҳосил кардани намнокии барзиёд, зиёдашавии ҳомизй, ҳарорати режими хос ва г.). Ба эдификаторҳои суст навъи растаниҳои паҳнбарг (тӯс, шумтол) растаниҳои алафии густурдаи ҷангалҳо дохил мешаванд.

Ба сифати шакли хосаи муносибати трансбиотии растаниҳо рақобат ҷойи муҳимро ишғол мекунад. Рақобати байнирастаниҳо неш аз ҳама барои намнокии хок, моддаҳои ғизоии хок ва ғ. мушоҳида мешавад. Рақобати байни намуди думи рубоҳи марғзорй (А1орекиги8 рга1еп818) ва силугиёҳ (типчак, ҒевШса 8и1са1а) мисоли ин шуда метавонад. Силугиёҳ дар хокҳои намнок мерӯяд, вале дар ҷамоаи думи рӯбоҳ дар марғзор намерӯяд, чунки думи рубоҳ тез расиш ёфта, онро сояғй мекунад. Дар ҷойҳои муҳити зисти хушк бошад, силугиёҳ ба думи рубоҳ ғолиб меояд, дар марғзорҳои намнок бошад, думи рубоҳ ғолиб меояд.

Рақобати байнинамудӣ ба монанди дохилинамудии расганиҳо ба тағйирёбии морфологӣ, паст шудани миқцори тухмҳо ва ғ. меорад. Намуди бартаридошта оҳисга оҳисга қобилияти ҳаётии диғар намудҳоро паст ё ки танғ карда мебарорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *