Мавзуҳои тоҷикӣ

Ташкили тайёрӣ, омӯзиши аҳолӣ ва баҳисобгирии нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ

Саволҳои таълимӣ:

  1. Тайёрии ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳӣ ва сардорони МГ.
  2. Воситаҳои ҳимояи фардӣ.
  3. Вазифаҳои асосии тайёри ва омӯзиши донишҷӯён оид ба ҲФ ва МГ.

Адабиёт:

  1. Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ » Душанбе, 2004с.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табӣ ва техногенӣ» Душанбе, 2004с.
  3. «Курси мухтасари МГ» Ғафуров Ф. Г. Малахов Ф. А. Душанбе, 2007с.
  4. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1964с.
  5. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1970с

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» аз 28 феврали соли 2004. № 6

Боби 6. Тайёри ва омӯзиш оид ба мудофиаи гражданӣ :

Моддаи 20. Тайёрии ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳӣ ва сардорон, ҳайати шахсии қушунҳо ва нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ.

Тайёрии ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳӣ ва сардорони МГ дар:

  • Маркази таълимию методӣ;
    • Курсҳои оид ба ҲФ ва МГ вилоятӣ ва байниноҳиявӣ;

-Бо озод намудан аз истехсолот, нигох доштани музди миёнаи меҳнат ва пардохти сафархои хизмати аз чои кори асоси, тибки тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрию ҳуқуқии ҶТ;

-дар ташкилотҳо ҳар сол бе озод намудан аз истеҳсолот тибқи барномаҳои тайёрии онҳо, ки аз ҷониби Кумита таҳия ва тасдиқ карда мешавад;

  • тайёрии ҳайати шахсии нерӯҳои ғайриҳарбии МГ дар ҷои кор бе озод намудан аз истеҳсолот, мувофиқи барномаҳои тайёрии онҳо, аз ҷониби Кумита таҳия ва тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад.
    • Омӯзиши аҳолӣ оид ба МГ дар ҷои кор ва истиқомат мувофики барномахои омузиши ахоли оид ба МГ, ки аз тарафи Кумита тахия гардидааст, бо роххои гузаронидани

машғулиятҳо ва машқҳо, инчунин аз тариқи воситаҳои ахбори умум анчом дода мешавад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16-солаги расидаанд, ба омӯзиши МГ ҷалб карда мешаванд.

-Омӯзиши кормандоне, ки ба хайти нерӯҳои ғайриҳарбӣ ва хадамотҳои МГ шомил нагаштаанд дар ҷои кор бе озод намудан аз истеҳсолот амали карда мешаванд.

-Омузиши хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, ОКТ, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, миёнаи махсус ва дигар муассисаҳои таълимӣ дар вақти таълимӣ мувофиқи барномаҳои аз ҷониби ҲҶТ ва тартиби муқаррарнамудаи Сардори МГ ҶТ гузаронида мешаванд. -Омӯзиши аҳолии бекор дар ҷои зист бо тартиби муқаррарнамудаи Сардори МГ Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Воситаҳои ҳимояи фардӣ

  • Таъмин намудан бо воситаҳои ҳимояи фардӣ яке аз вазифаҳои асосии мудофиаи гражданӣ ба ҳисоб меравад, чунки дар ҲФ ба мисли садама, дар корхонаю муассисаву ташкилотҳое, ки моддаҳои заҳрноки пуртаъсирро истифода мебаранд, ҳангоми ошкор намудани радиатсия, воситаҳои ҳимояи фардӣ истифода бурда мешавад.
  • Воситаҳои ҳимояи фардӣ барои химояи узвҳои дохилӣ ва берунии инсон аз моддаҳои заҳрноки пуртаъсир ва воситаҳои бактериологӣ хизмат мекунад.
  • Аз рӯи таъинот ин воситаҳоро ба 2 гурӯҳ тақсим мекунанд:
  • Воситаҳои ҳимояи узвҳои нафаскашӣ, ки ба он ниқобҳои зиддигазӣ, респираторҳо ва воситаҳои оддитарин – ниқобҳои аз чанг нигоҳдорандаи латтагӣ ва бандинаҳои докаю пахтагин дохил мешавад.
  • Воситаҳои ҳимояи пӯсти бадан, ки ба он никоби зиддигазии умумикушуни, никоби зиддигазии шахрванди барои калонсолон ва хурдсолон дохил мешавад.

Вазифаҳои асосии тайёри ва омӯзиши донишҷӯён оид ба ҲФ ва МГ инҳо мебошанд:

  • Ба донишҷӯён омӯзонидани усулҳои ҳимоя аз хатарҳое, ки дар натиҷаи сар задани амалиётҳои ҷангӣ, ба вуҷуд меоянд. Тартиби амал намудан хангоми бонгҳои хабардоркунӣ.
  • Ба донишҷӯён омӯзонидани қоидаҳои рафтор, усулҳои асосии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ва амали онҳо дар ҲФ, қоидаҳои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба осебдидагон, тарзи истифодабарии воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва дастаҷамъӣ .
  • Тайёри ва омӯзиши донишҷӯён оид ба ҲФ ва МГ, дар мактабхои олии тиббӣ дар курси 5, дар дигар мактабҳои олӣ дар курси 4 дар вақти омӯхтани фанҳои касбӣ тавсия карда мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Як шарҳ

  1. Right here is the right web site for everyone who would like to find out about this topic.

    You realize a whole lot its almost hard to argue with you (not that I personally would want to…HaHa).
    You certainly put a new spin on a topic that’s been discussed for
    a long time. Excellent stuff, just great!

  2. Hey! This post couldn’t be written any better! Reading this post reminds
    me of my good old room mate! He always kept talking about this.
    I will forward this article to him. Fairly certain he will have a good read.
    Thanks for sharing!

  3. I think the admin of this web site is really working hard in support of his web page,
    for the reason that here every information is quality based stuff.

  4. It’s really a cool and useful piece of information. I’m happy that you shared this helpful information with us.
    Please stay us up to date like this. Thank you for sharing.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *